Пайвастшавии устухонҳо. Дар бадани одам зиёда аз 220 устухон
мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо байни худ пайвастанд. Пайвастшавии устухонҳо гуногунанд.
Баъзеашон ба воситаи дандонаҳо беҳаракат пайваст мешаванд (устухонҳои косаи
сар), дигар устухонҳо бо якдигар ба таври мутаҳаррик ё ниммутаҳаррик пайваст
мешаванд. Пайвастшавии мутаҳаррики устухонҳо, масалан, устухонҳои рон, зону,
оринҷро банд меноманд (расми 21).
Устухонҳои буғум ба пойҳо хеле мустаҳкам
пайваст шудаанд. Болои буғумро ғилофи буғум пӯшонидааст. Вай дорои моеъи буғум
аст, ки ба мағзчаи буғум ёрӣ расонида, соишхӯриро кам мекунад.
Пайвастагиҳои ниммутаҳаррикӣ устухонро, ки
дорои қабати тағоякианд, нимбуғумҳо меноманд.
Устухони (скелети) сар. Косахонаи сар аз холигии косаи сар ва
қисми абрӯй иборат буда, зиёда аз 20 устухонро дар бар мегирад.
Холигии косаи сар аз панҷ устухони суфтаи
байни ҳам беҳаракат пайвастшуда иборат буда, ҷӯякҳои махсусро ҳосил мекунанд.
Ба инҳо устухони пешонӣ - чакка (як ҷуфт), фарқи сар ва ақиби сар (расми 22)
дохил мешаванд.
Дар устухони чакка сӯрохии берунии гӯш ҷойгир шудааст. Дар сатҳи поёни
устухони ақиби сар сӯрохии калоне мавҷуд аст, ки ба воситаи он холигии
косахонаи сар ба канали сутунмӯҳра пайваст мешавад. Устухонҳои асосии косахонаи
сар бисёр сӯрохиҳои хурд доранд ва тавассути онҳо асабҳои косахонаю магз, инчунин
рагҳои хунгард мегузаранд. Қисми абрӯй аз 15 устухон иборат аст. Калонтарин
устухони ин қисм - устухонҳои ҷоғ мебошанд. Устухони ҷоғи поён ягона устухони ҳаракаткунандаи косахонаи сар
ба ҳисоб меравад. Дар ҳар ду ҷог дандонҳо ба тариқи раддавӣ ҷойгиранд (расми
22).
Устухони бадан. Асоси устухони баданро устухони сутунмӯҳра
ташкил медиҳад, ки аз 33-34 мӯҳра иборат буда, ба 5 қисм тақсим мешавад: 1)
мӯҳраҳои гардан (7); 2) қафаси сина (12); 3) миён (5); 4) чорбанд (5); 5) думғоза (4-5). Ҳар як
мӯҳра аз тана ва чанд шоха иборат аст. Мӯҳраҳо болои ҳам ҷойгир шуда, ба
тағоякҳо бе ҳаракат ба ҳам пайвастанд (расми 23). Дар холигии канали сутунмӯҳра
ҳароммағз ҷойгир аст.
Устухони скелети қафаси сина аз 12 ҷуфт
қабурға ва устухони сари сина (тӯш) иборат аст. Ба ҳар кадом мӯҳраи сина 1 ҷуфт
қабурға пайваст мешавад. Ин пайвастшавӣ имкон медиҳад, ки онҳо мавқеашонро
тағйир диҳанд: дар вақти нафаскашӣ болою ҳангоми нафасбарорӣ поён мешаванд
(расми 24).
Скелети дастҳо. Қулфаку шона скелети чанбари китфро ташкил медиҳанд. Ба он скелети холиси
дастҳо ба таври мутаҳаррик пайваст аст. Вай аз устухонҳои бозу, оринҷ, соид
(банди даст), пешкафи даст, кафи даст ва панҷаҳо иборат аст.
Устухонҳои дасту пой ба таври мутаҳаррик
пайванданд. Дасту пой аз як ҷой ба ҷои дигар ҳаракат кардани одамро таъмин намуда,
чун системаи мураккаби фишангҳо амал мекунанд.
Скелети пойҳо. Устухонҳои паҳни кос аз ақиб бо устухони
чорбанд ва аз пеш бо ҳамдигар пайваст шуда, холигии косро ташкил медиҳанд. Аз
ду тарафи қисми поёни устухони кос чуқуриҳое мавҷуданд, ки барои пайвастшавии
устухони рон хизмат мекунанд. Скелети пой аз устухони дарозтарин - устухони рон,
соқ, пошнаи пой, кафи пой ва панҷаҳои пой иборат аст (расми 25).
Хусусияти скелети одам ба ростгардӣ ва
фаъолияти меҳнатии ӯ вобаста аст. Аз сабаби он ки одам бо қомати рост роҳ
мегардад, бинобар ҳамин сутунмӯҳрааш нағз инкишоф ёфтааст. Хусусан ин дар сутунмӯҳраи
одамони миёнсол ва калонсол баръало аён аст. Дар он хамиҳое мавҷуданд, ки дар
вақти ҳаракатҳои бошиддату тез ин хамиҳо таконхӯрии баданро пружинавор нарм
месозанд.
Сутунмӯҳраи ҳайвонҳо аз сабаби ба таври
горизонталӣ (бо чор пой) роҳ гаштан ин гуна хамиҳоро надоранд. Дигаргуншавии қафаси
синаи одам назар ба ҳайвонҳо хубтар мушоҳида мешаванд. Яъне, қафаси синаи одам
ба ду тараф васеъ мешавад. Дар ҳайвонҳо қафаси сина, баръакс, аз ду тараф
фишурда мебошад. Яке аз муҳимтарин нишонаҳои хоси скелети одам сохти устухони дасти
ӯ мебошад, ки узви меҳнат гардидааст. Устухони ангуштҳо мутаҳаррик ва
серҳаракатанд, хусусан ангушти калони одам тамоми амалиётҳои мураккабро иҷро
карда метавонад.
Вобаста ба ҳолати вертикалӣ (амудии) бадани одам чанбари пой хеле васеъ ва
гирд мебошад. Ин васеӣ барои узвҳои таносул ва холигии шикам ҳамчун такягоҳ
хизмат мекунад. Вобаста аз ҷинс васеии холигии кос гуногун мешавад. Масалан,
коси мардон ҳаҷман хурд ва дароз аст. Коси занҳо баръакс, васеъ ва кӯтоҳ
мешавад. Устухони калони пойи одам аз устухони дасташ ғафстару бақувваттар аст,
чунки тамоми вазнинии баданро онҳо мебардоранд. Пошнаи пойи одам ҳангоми
роҳгардӣ, давидану ҷаҳидан таконро нарм мекунад (расми 27).
Дар скелети сари одам
қисми косахонаи сар аз абрӯй калонтар мебошад, зеро дар он магзи сар ҷойгир
аст. Дар ҳайвонҳо, хусусан маймунҳои одамшакл холигии косахонаи сар назар ба абрӯй
хурдтар мебошад, чунки мағзи сари онҳо он қадар калон нест (расми 28).
Саволҳо:
1. Кадом тарзи
пайвастшавии устухонҳоро медонед?
2. Скелети одам аз кадом
қисмҳои асосӣ иборат аст?
3. Сутунмӯҳра дар ҳафаси
сина чӣ аҳамият дорад ва сохташ чӣ гуна аст?
4. Скелети дасту пойҳо
аз кадом ҳисмҳо ва устухонҳо иборат аст?
5. Косахонаи сар аз
кадом ҳисмҳо иборат аст?
6. Скелети одам аз
скелети ҳайвонҳои ширхӯр чӣ фарҳдорад?
Реклама