Аҳамияти сомеа. Бо ёрии сомеа одамон дар фаъолияти меҳнатӣ
ва ҳаёти ҷамъиятӣ байни худ муносибат мекунанд. Омӯхтани нутқ ҳам ба сомеа
вобаста аст. Бо ёрии узви сомеа лаппишҳои садо ба импулси асаб - хабаррасони ҳодисаҳои
муҳити атроф табдил меёбанд.
Сохти узви сомеа. Узви сомеаи одам ва ҳайвоноти ширхӯр аз се
қисм - гӯши берунӣ, миёна ва гӯши дарунӣ (расми 101) таркиб ёфтааст.
Гӯши берунӣ аз суфраи гӯш ва роҳи берунии
сомеа иборат аст. Суфраи гӯш лаппишҳои ҳаворо ба роҳи берунии сомеа мефиристад,
ки он бо нағорапардаи таранг кашидашуда анҷом меёбад. Он гӯши беруниро аз гӯши
миёна ҷудо мекунад.
Ковокии гӯши миёна тавассути найчаи сомеа
бо ҳалқбинӣ пайваст аст. Ҳалқбинӣ аз тарафи ковокии гӯши миёна фишори якхелаи
ҳаворо ба пардаи гӯш медиҳад. Дар гӯши миёна се устухони паси ҳам пайваст ҷой
гирифтаанд. Онҳо пардаи гӯшро бо пардаи ёзандае, ки сӯрохии байзашакли гӯши
даруниро мепӯшонад, мепайванданд.
Гӯши дарунӣ аз системаи ковокиҳо ва
найчаҳои печон - лабиринти устухонӣ иборат аст (расми 101). Дар дохили он, чун дар ғилофак,
лабиринти пардагии пур аз моеъ ҷой гирифтааст. Дар ин лабиринти мураккаб
вазифаи сомеаро танҳо ҳалзун (улитка) (расми 102) иҷро мекунад ва дар он ретсепторҳои
сомеа ҷойгиранд. Қисми дигари лабиринт, аз ҷӯякҳои нимдоира иборат буда, ба
узви мувозинат тааллуқ дорад.
Вазифаи узви сомеа. Мавҷҳои садо ба гӯши берунӣ бархӯрда, ба воситаи роҳи берунии сомеа
гузашта, пардаи гӯшро ба лаппиш медароранд. Суръати лаппишҳои парда ба баландӣ,
дарозӣ ва қувваи садо вобаста аст. Устухончаҳои сомеаи гӯши миёна лаппиши
пардаи гӯшро пурзӯр карда, ба сӯрохии байзашакли дарунӣ мефиристанд. Ин моеъи гӯши даруниро ба лаппиш медарорад.
Ин лаппишҳоро ретсепторҳои гӯши миёна ба импулсҳои асаб табдил дода, тавассути
асаби сомеа ба мағзи сар мефиристанд. Дар минтақаи сомеаи қишрӣ нимкураҳои калон,
ки дар қисми чакка ҷойгиранд, хусусияти садо, қувва ва баландии он муайян карда
мешавад.
Пешгирии бемориҳои сомеа. Сустӣ ва карии гӯш мумкин аст ба носозии
интиқоли садо ба гӯши дарунӣ, вайрон шудани ретсепторҳои гӯши дарунӣ, инчунин
ихтилоли ба воситаи асабҳои сомеаи қишри нимкурраҳои калон гузаронидани
импулсҳои асаб вобаста бошад.
Ҳангоми дар роҳи дохилии сомеа ҷамъ шудани
моддаи часпак - чирки гӯш мумкин аст, шунавоии гӯш суст шавад. Чирки гӯш, ки
ғадудҳои роҳи берунии сомеа ҷудо мекунанд, вазифаи ҳимоявиро ба ҷо меоранд:
гарду чанг ва микробҳои аз муҳити атроф ба роҳи берунии сомеа дохилшавандаро
нигоҳ медоранд.
Чирки гӯш дар роҳи берунии сомеа ҷамъ
шуда, онро мебандад. Чирки гӯшро ҳаргиз бо чӯби гӯгирд, нӯги қалам ё сарсӯзан
тоза кардан мумкин нест. Чунин амал мумкин аст боиси зарарёбии пардаи гӯш ва
каршавӣ гардад. Чирки дар роҳи сомеа ҷамъшударо бояд духтури мутахассис тоза
кунад.
Ҳангоми бемориҳои гулӯдард, махмалак,
зуком мумкин аст микроорганизмҳои барангезандаи ин бемориҳо ба воситаи найчаи
сомеа аз ҳалқбинӣ ба гӯши миёна даромада, боиси газаки он гарданд. Дар ин ҳол
устухончаҳои сомеа ҳаракат намекунанд ва интиқоли лаппиши садо ба гӯши дарунӣ
вайрон мешавад. Агар ҷараёни газакгирӣ гӯши даруниро ҳам фаро гирад,
ретсепторҳои он зарар дида, аксар вақт боиси кар шудани одам мегарданд. Одатан
ҳангоми газакгирии узви сомеа гӯш дард мекунад. Вақти дард кардани гӯш ҳатман
ба духтур муроҷиат кунед. Ёрии тиббии сари вақт расонида инкишофи беморӣ ва
оқибатҳои бади онро пешгирӣ мекунад.
Садоҳои бисёр баланд узви сомеаро хароб
карда метавонанд. Масалан, ҳангоми таркиш мавҷи пурқуввати овоз ба пардаи гӯш бархӯрда,
онро даронда метавонад. Ҳангоми таркиш даҳонро кушодан тавсия карда мешавад.
Садоҳои баланди ҳар рӯз ба гӯш
таъсиркунанда ҳам зарари калон доранд. Аз таъсири тези доимии мавҷи овозҳо
пардаи гӯш бо суръат лаппиш мехӯрад. Дар натиҷа қобилияти ёзандагии он торафт
суст шуда, сомеаи одам заиф мегардад.
Одамони кар бояд асбоби шунавоии аз ҷониби
мутахассисон тавсияшударо гирифта гарданд.
Саволҳо:
1. Сомеа барои одам чӣ аҳамият дорад?
2. Лаппишҳои садо аз муҳити атроф ба ретсепторҳои сомеа чӣ хел мегузаранд?
3. Анализатори сомеа аз кадом қисмҳо
иборат аст?
4. Кадом сабабҳо аксар вақт ба сомеа таъсири бад мерасонанд ва ин таъсири
номатлубро чӣ гуна бартараф кардан лозим аст?
Реклама