Сабабҳои бемориҳои системаи дилу рагҳо. Сабабҳои асосии бемории дил аз паст шудани
фаъолияти ҷисмонӣ, пурхӯрӣ, тамокукашӣ, истеъмоли аз меъёр зиёди шароб,
асабонишавӣ вобаста аст. Хусусан шароб ва заҳри тамоку (никотин) ба системаи
дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, аз меъёр зиёд истеъмол кардани
шароб дилро заҳролуд ва таркиби онро иллатнок месозад. Дар натиҷа кашишхӯрии
мушакҳои дил суст шуда, норасоии қалбӣ ва нафастангӣ ба амал меояд. Инчунин
шароб девори рагҳои хунгард, пеш аз ҳама, рагҳои худи дилро тағйир медиҳад. Дар
натиҷа мушакҳои дил ба миқдори кам оксиген ва моддаҳои ғизоӣ гирифта,
оҳиста-оҳиста суст шуда, ба бофтаҳои пайвандӣ мубаддал мегардад. Вайроншавии кори
дил боиси бо хун кам таъмин гаштани организм гашта, ба камқувватӣ оварда
мерасонад.
Рагҳои хунгарди одамони тамокукаш баъд аз
кашидани ҳар як тамоку то 30 дақиқа танг мешаванд. Аз ин сабаб рагҳои хунгарди
одамони тамокукаши ашаддӣ доимо танг буда, кори хунравонкунии дилро зиёд
мекунад. Дар натиҷа кори дил тез, мушакҳои он суст мешавад ва ин ба бемории
сактаи дил оварда мерасонад. Пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо на танҳо вазифаи
коркунони тиб, инчунин вазифаи давлатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Ҳалли
бомуваффақияти онҳо боиси саломатии аҳолӣ ва дарозумрии одамон мегардад.
Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемории
системаи дилу рагҳо машқҳои ҷисмонӣ, кори сабук, зиндагии ором ва фаъол даркор
аст. Ҳангоми кори ҷисмонӣ миқдори хуни аз мушакҳои дил гузаранда зиёд шуда, хун
аз оксиген ва моддаҳои ғизоӣ бештар таъмин мегардад ва ин боиси мустаҳкам
гардидану ташаккул ёфтани мушакҳои дил мешавад. Аз кам шудани кори ҷисмонӣ
мушакҳои дил суст мешавад. Масалан, дар сурати 70 шабонарӯз тамоман беҳаракат
будани одам ҳаҷми дилаш 13-18% хурд мешавад. Машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои варзишӣ
ба қадри афзудани синну сол мураккабтар шуда, мушакҳои баданро варзиш медиҳад.
Дар баробари ин мушакҳои дил хуб инкишоф меёбанд ва машқ мекунанд. Вале,
шабакаи рагҳои хунгарди бачагона аз рӯи сабзиш аз дил қафо мемонад. Сабабаш ин
аст, ки дили наврасон барои аз сӯрохиҳои танги рагҳо тела додани хун қувваи
иловагӣ сарф мекунад. Дар ин давра кори ҷисмонӣ ба ҳадди имконияти ҳар як бача
зарур аст.
Ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ. Дар рагҳои хунгарди одам қариб 5 литр хун
давр мезанад. Ҳангоми кам шудани миқдори хун фишори он паст шуда, мағзи cap,
дил ва дигар узвҳо аз оксиген таъмин намешавад. Тахминан 2-2,5 литр талаф
ёфтани хун барои одам марговар аст.
Хунравии мӯйрагӣ ҳатто аз андак ҷароҳат ба вудуд меояд. Аз сабаби он ки хун
дар мӯйрагҳо суст ҳаракат мекунад, чунин хунравиро нигоҳ доштан осон аст.
Ҳангоми ёрӣ расонидан ҷароҳатро бо маҳлули йод безарар карда, пас бо докаи тоза
бастан лозим аст. Ин дохилшавии микробҳоро ба организм нигоҳ медорад ва боиси
лахта бастани хун мегардад.
Хунравии варидӣ аз зарар дидани рагҳои
варидие ба вуҷуд меояд, ки дар онҳо суръати ҷараёни хун нисбат ба мӯйрагҳо тезтар
аст ва бинобар ин лахтаҳои дар ҷои захм ба вуҷуд омадаро шуста мебарад. Аз ин
ҷост, ки одам дар муддати кӯтоҳ хуни бисёр талаф дода метавонад. Барои нигоҳ
доштани хунравии кам аз рагҳои варид болои захмро бандпеч кардан кифоя аст. Ин
деворҳои захмро зер карда, хунро боз медорад. Шахси зарардидаро пас аз ёрии
аввалин зуд ба бемористон ё дармонгоҳ бояд фиристод (расми 54). Хунравии шарёнӣ
барои ҳаёт хатарнок аст. Хунравии сахти шарёнӣ аз рӯи ранги сурху баланди хуне,
ки аз ҷароҳат фаввора зада мебарояд, шинохта мешавад. Дар чунин ҳолат бандпечи
сахт хунро нигоҳ дошта метавонад. Бинобар ин ҳангоми хунравии шарёнӣ ҳар чӣ зудтар
рагҳои зарардидаро болотар аз захм бо ангуштон сахт зер карда, бо тофтаи резинӣ
ё матоъ сахт бастан лозим аст. Барои зарар надидани пӯст ба ҷои тофтабандӣ як
порча латта ё докаи покиза мемонанд. Баъд гирдогирди онро бо матоъпорае
мепечонанд. Байни тофтаю даст ё пой чӯбчаи бақувват гузошта, онро то лаҳзае
метобанд, ки тофта таранг шуда, аз захм хун набарояд. Чӯбчаро бо латта ба тофта
баста, захмро докапеч мекунанд. Пас аз расонидани ёрии аввалин ҷабрдидаро
фавран ба беморхона фиристодан даркор аст. Ба тофта хатчае часпонда, дар он
вақти тофта гузоштанро аниқ ишора мекунанд. Агар ба беморхона бурдани ҷабрдида дер
давом кунад, барои маҳв нашудани бофтаҳо тофтаро бо як муддати кӯтоҳ сует
мекунанд. Вақте ки гардиши хун дар даст ё пой аз нав барқарор шуд, тофтаро боз
таранг мекашанд. Агар тофта набошад, хунравиро дар натиҷаи қаткунии ниҳоии даст
ё пой боздоштан мумкин аст. Барои ин зери пои қатшуда лӯлачаи докагӣ ё пахтагин
мегузоранд ва даст ё пойро ба зӯрӣ қат карда, онро дар ҳамин ҳолат нигоҳ
медоранд (расми 54).
Хунравии дохилӣ (хунравии ковокии шикам, ковокии қафаси
сина ва косахонаи cap) махсусан хатарнок аст. Хунравии дохилиро аз намуди
зоҳирии одам муайян кардан мумкин аст. Дар ин ҳол рангу рӯи бемор сафед гашта,
арақи хунук мебарорад, рӯякӣ нафас мекашад, набзаш тез-тез зада, худаш бедор
мешавад.
Дар ин ҳолат мошини ёрии таъҷилиро фавран
ҷеғ зада, то омадани духтур беморро хобондан ё дар ҳолати такя ва оромӣ гузоштан
даркор аст. Ба ҷои эҳтимоли хунравӣ (шикам, сари сина, cap) халтачаи
полиэтилении ях ё барфдор, ё ки шишаи пур аз оби хунукро бояд гузошт.
Саволҳо:
1. Сабабҳои асосии бемории дилро номбар
кунед.
2. Чаро машкҳои ҷисмонӣ инкишофи мушакҳои дилро тезонида, онро мустаҳкам
месозад?
3. Хусусиятҳои инкишофи системаи дилу
рагҳои наврасон кадомҳоянд?
4. Шароб ва никотин ба дилу рагҳо чӣ хел
таъсир мерасонад?
5. Хунравии мӯйрагиро чӣ тавр боз
медоранд?
6. Тадбирҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравии
варидӣ кадомҳоянд?
7. Чаро хунравии шарёнӣ хатарнок аст? Ҳангоми хунравии шарёнӣ барои расонидани
ёрии аввалин чӣ тадбирҳо меандешанд?
8. Чаро дар вакти хунравии шарёнӣ тофтаро болотар аз ҷои захми даст ё пой
мебанданд?
9. Чаро барои наврасон кори аз ҳад зиёди
ҷисмонӣ зарарнок аст?
Реклама