Табиатшиноеи рус,
мутафаккири материалист, асосгузори мактаби физиологияи рус, эҷодкори равияи
табиатшиносии илмй дар психология. Аз соли 1869 аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои
Петербург ва аз соли 1904 аъзои фахрии он буд.
Соли 1863 аввалин бор
асари И.М.Сеченов «Рефлексҳои мағзи сар» чоп шуд. Соли 1866 асари И.М.Сеченов
«Физиологияи системаи асаб» чоп шуд. Соли 1901 асари «Очеркҳои ҳаракатҳои кории
одам» нашр шуд, ки он ба омӯзиши гигиенаи меҳнат ибтидо гузошт. И.П.Павлов И.М.
Сеченовро падари физиологияи рус номидааст.
Таълимоти И.М. Сеченов ва И.П Павлов оид
ба офаридани фаъолияти олии асаб. Чӣ хеле ки медонед дар давоми бисёр асрҳо одамон дар бораи шароити зист,
сукунат, мутобиқ шудани ҳайвонҳо фикрҳои гуногун баён кардаанд. Рафторҳои ба
мақсад мувофиқ ва оқилонаи одамон, ки аз ҳайвонот ба куллӣ фарқ мекарданд,
ҳайратовар буданд. Ин ҳодиса аз тарафи Худо офарида шудааст. Шуури мутташаккил,
тафаккури инсон ба рӯҳи абадӣ ва таҷрибаҳои худ, ки Худо ба ӯ додааст, вобаста
мебошад. Соли 1863 китоби И.М.Сеченов «Рефлексҳои мағзи сар» аз чоп баромад.
Дар ин асар аввалин бор дар таърихи табиатшиносӣ рафтор ва фаъолияти «ҷонӣ» -
рӯҳии одам бо принсипҳои рефлексии кори системаи асаб баён карда шуд.
И.М.Сеченов исбот кард, ки рефлексҳои мағзи cap се зинаро дар бар мегиранд.
Якум, ибтидоӣ - бо таъсироти беруна ба ангезиш омадани аъзои ҳис мебошад. Дуюм,
марказӣ - ҳолатҳои ба ангезиш омадан ва боз доштани он дар мағзи cap. Дар асоси
онҳо ҳодисаҳои рӯҳӣ (ҳиссиёт, тасаввурот, идрок ва ғайра) ба амал меоянд. Сеюм,
ҳаракату амали одам, яъне рафтори ӯ мебошад. Ҳамаи ин силсила бо ҳам алоқаманду
сабабгори якдигаранд.
И.П. Павлов давомдиҳандаи ғояҳои пешқадами
И.М. Сеченов буд. Вай усули илмиро кор карда баромад, ки бо ёрии он асрори кори
мағзи сари ҳайвоноту одам маълум гардид. У таълимотро дар бораи рефлексҳои
ғайришартӣ ва шартӣ ба вуҷуд овардааст. И.П. Павлов асосгузори назарияи умумии
фаъолияти олии асаб - физиологияи рафтор мебошад.
Зери мафҳуми фаъолияти олии асаб
И.П.Павлов «фаъолиятеро, ки муносибати мураккаби мӯътадили организми томро ба олами
беруна таъмин мекунад», мефаҳмад. Ӯ қисмҳои таркибӣ ё унсурҳои фаъолияти
олии асабро ҷудо карда омӯхт ва нишон дод, ки ҳаракат ба ҳар як ҳатто
мураккабтарин рафтори одам асос меёбад.
И.П.Павлов ду намуди рефлексро муайян
кард: ғайришартӣ, шартӣ.
Рефлексҳои ғайришартӣ. 1) Рефлекси
модарзодӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. 2) Барои ҳама намудҳо як хел ба амал
меояд. 3) Бо таъсири ангезандаҳои барои ҳаёт муҳим, масалан, хӯрок ё садамаҳо
ба вуҷуд меоянд. 4) Нест ва аз нав барқарор намешаванд, фақат аз як намуд ба
намуди дигар мегузарад. 5) Роҳҳои муайяни анатомӣ ва физиологии худро доранд,
ки дар вақти вайрон шудани мағзи cap нест мешаванд.
Дар байни рефлексҳои ғайришартӣ рефлекси
мавқеият ҷойи намоёнро ишғол мекунад. И.П. Павлов ин рефлексҳоро «навин» номидааст,
ки вай метавонад ба ҳар гуна ангезандаҳо ҷавоб гардонад ва мавқеи аъзо ва
системаҳоро муайян кунад. Набудани ин рефлекс ҳаёти ҳам ҳайвонот ва ҳам инсонро
дар хатар мемонад. Камонаки рефлекси ғайришартӣ дар асосии мағзи cap ва бо
иштироки ҳароммағз мегузарад. Барои ба амал омадани онҳо иштироки қабати қишрии
нимкураҳои калон шарт нест. Чунончӣ, тасодуфан кӯдаконе тавлид мешаванд, ки
нимкураҳои калони мағзи cap надоранд. Онҳо умри дароз намебинанд, вале дорои
оддитарин рефлексҳои организм мебошанд.
Саволҳо:
1. Корҳои И.М.Сеченов ва И.П.Павлов дар
инкишофи илмии рафтор чӣ аҳамият дорад?
2. Кадом рефлексҳои ғайришартиро медонед?
3. Рефлексҳои ғайришартӣ аз шартӣ чӣ фарқ
доранд?
Реклама