Тавсифи умумӣ ва аҳамияти мубодилаи
моддаҳо. Дар байни организму муҳити мунтазам мубодилаи моддаҳо ва нерӯ ба амал меояд.
Аз лаҳзаи ба организм дохил шудани об ва моддаҳои ғизоӣ мубодилаи моддаҳою
муҳити берунӣ cap мешавад, як қисми моддаҳо дар нойи ҳозима то ҳадди оддитарин
таҷзия шуда, ба муҳити дохили организм - ба хун ба ҳуҷайраҳо дохил мешаванд.
Дар ҳуҷайраҳо раванди дигаргуниҳои кимиёвии онҳо - биосинтези сафедаю чарбҳо ва
карбогидрадҳои ба организм хос, инчунин таҷзияи пайвастагиҳои мураккаби
органикӣ ба амал меояд. Дигаргуншавии моддаҳо дар натиҷаи таъсири ферментҳо ба
вудуд омада, бо роҳи асабӣ - ҳуморалӣ танзим мешавад. Маҳсули охирини мубодилаи
моддаҳо бо пешоб, наҷосат, арақ ва бо роҳи нафас берун бароварда мешавад.
Силсилаи мураккаби табаддулоти моддаҳоро
дар организм мубодилаи моддаҳо меноманд, ки он аз лаҳзаи ба организм дохил
шудани онҳо то пурра хориҷ шудани маҳсули таҷзияро дар бар мегирад. Дар раванди
мубодилаи моддаҳо организм барои бунёди ҳуҷайраҳо модда ва барои раванди
ҳаётгузаронӣ нерӯ мегиранд.
Мубодилаи сафедаҳо. Сафедаҳо чун масолеҳи асосии таркиби
ҳуҷайравӣ хизмат мекунанд. Бисёр корҳои муҳим, бамонанди паҳншавии оксиген
кашишхӯрии мушакҳо ба сафеда вобастаанд.
Дар ҳуҷайра ҳамаи реаксияҳои химиявӣ тавассути
ферментҳо - сафедаҳо тезонда шуда, аз сафедаҳо тамоми органоидҳои ҳуҷайраҳо ба вуҷуд
меояд.
Сафедаҳо хеле гуногунанд. Гуногунии
сафедаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз 20 навъи аминокислотаҳои бо якдигар
пайваст шуда, молекулаҳои гуногунсохти сафеда ташкил меёбанд.
Маҳсулоти наботот ва ҳайвонот сафеда
доранд (расми 74).
Дар роҳи ҳозима сафедаҳои хӯрок то ба
аминокислотаҳо таҷзия шуда, ба хун медароянд. Дар ҳуҷайраҳо аз аминокислотаҳо
сафедаи ба организм хос синтез мешавад. Дар як вақт сафедаҳои ҳуҷайраҳо ва як
қисми аминокислота то ҳадди - гази карбонат, об ва ғайра таҷзия мешаванд.
Маҳсулоти таҷзия ва оби зиёдатӣ аз организм ба воситаи гурда, шуш ва пӯст
бароварда мешавад.
Мубодилаи карбогидрадҳо. Карбогидрадҳо барои ҳуҷайраҳои мағзи cap,
мушакҳо манбаи нерӯ буда, то ба моддаҳои оддитарин - глюкоза таҷзия шуда ба хун ҷаббида
мешаванд. Дар хун глюкоза доиман як хел (0,10-0,12%) буда, онро ҳормони ғадуди
зери меъда - инсулин танзим мекунад. Ба туфайли ни
ҳормон зиёдатии қанд дар ҷигар ва мушакҳо мемонад. Дигар ҳормони ғадуди зери меъда
ҳангоми дар хун нарасидани глюкоза боиси ба глюкоза табдил ёфтани гликоген
шуда, баръакс амал мекунанд.
Дар сурати норасогии инсулин одам ба
бемории вазнин гирифтор мешавад, ки дар он миқдори глюкозаи хун зиёд мегардад.
Як қисми он мунтазам ба воситаи пешоб берун мешавад. Аз ҳамин сабаб ин бемориро
диабети қанд меноманд.
То ба таври сунъӣ ҳосил кардани инсулин ин
беморӣ марговар буд. Ҳоло ба беморон мунтазам ҳормони инсулин гузаронда, ба онҳо
хӯрокҳоеро, ки карбогидрат надоранд, тавсия медиҳанд.
Мубодилаи чарбҳо. Чарбҳо дар пардаҳои мансуби бофтаи
пайвандӣ захира гашта, ба беҷоншавӣ ва осеби механикии узвҳо монеъ мешавад.
Чарби зери пӯст гармиро дуруст намегузаронад ва ин боиси нигоҳ доштани ҳарорати
доимии бадан мегардад. Нисбат ба таҷзияи 1г сафеда ё карбогидрат ҳангоми
таҷзияи 1г чарб 2 баробар зиёд нерӯ сарф мешавад. Чарби хӯрок дар узвҳои ҳозима
то ба глисерин ва кислота равған таҷзия шуда, аввал ба лимфа ва баъд ба хун дохил
мегардад. Бо хӯрок ҳам равғани ҳайвонот ва ҳам равғани набототро истеъмол
кардан зарур аст.
Қисми зиёди чарб захира мешавад. Захираи
чарбҳо ҳангоми дар организм нарасидани ғизо ва сарфи нерӯ истифода мешаванд.
Тағйирёбии пайвастагиҳои узвӣ дар организм.
Дар хӯрок нарасидани
баъзе пайвастагиҳои органикӣ аз ҳисоби фаровонии дигар пайвастагиҳои узвӣ
баробар мешавад. Ин равандҳо дар ҷигар бо таъсири ферментҳои махсус мегузаранд.
Сафедаҳо, чарб ба карбогидратҳо, баъзе карбогидратҳо бошанд, ба чарб табдил ёфта
метавонанд. Мумкин аст чарбҳо ба карбогидрат табдил ёбанд.
Бо нарасидани сафедаҳо хӯрокро рафъ кардан
мумкин нест, зеро онҳо фақат аз аминокислотаҳо ба вуҷуд меоянд ва аминокислотаҳо
на аз чарб ва на аз карбогидратҳо ҳосил шуда метавонанд. Нарасидани сафеда
хусусан барои организми инкишофёбанда хатарнок аст.
Ба одамон ҳам хӯроки аз ҳайвонот ва ҳам
хӯроки аз наботот гирифташуда зарур аст. Сафедаҳои таркиби наботот ҳама гуна аминокислотаҳои
ба одам зарур ва барои ҳосил шудани сафедаҳои ба ӯ хосро надоранд. Таркиби
аминокислотаҳои маҳсулоти аз ҳайвонот гирифташуда - гӯшт, тухм, шир бошад, ба
талаботи организм мувофиқат мекунанд.
Саволҳо:
1. Чаро мубодилаи моддаҳо мегӯянд?
2. Сафеда дар организм кадом нақшро
мебозад?
3. Мубодилаи сафедаҳо чӣ тавр ба амал меояд?
4. Мубодилаи карбогидрат чӣ хел ба амал
меояд?
5. Доимияти глюкозаи хун чӣ хел танзим
карда мешавад?
6. Чарбҳо дар организм кадом нақшро иҷро
мекунанд?
7. Чаро ба одамон хӯроки ҳам аз ҳайвонот ва ҳам аз наботот гирифташуда зарур
аст?
Реклама