§ 4. РАВАНДИ БАРҲАМ ДОДАНИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИИ КУҲНА

§ 4. РАВАНДИ БАРҲАМ ДОДАНИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИИ КУҲНА

  Барҳам додани сохторҳои куҳнаи давлатӣ.  Чӣ тавре медонем, ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҳайати ду давлат дохил буд: вилоятҳои Суғд ва ВМКБ ба Русия ва вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба аморати Бухоро. Дар ин минтақаҳо инқилобҳои сотсиалистӣ ҳам дар ду давра: ноябри соли 1917, ноябри соли 1918 дар қисмати русиягӣ ва феврал-майи соли 1921 дар қисмати бухороиаш ба вуқӯъ омада буд. Ин ҳукуматҳои сарнагунгашта гуногунсохтор буданд. Инқилоб фақат ҳукуматҳоро аз сари ҳокимият дур карда буд. Барҳам додани сохтори ҳукумати сарнагунгашта ба мисли худи инқилоб кори фаврӣ буда наметавонист. Аз ҷиҳати дигар, то ҳукумати нав таъсис наёбад, органҳои пештараи давлатиро барҳам додан (иваз кардан) мумкин нест. Инқилоб ҳукумати марказиро сарнагун сохта, Анҷумани дуюми умумирусиягии шӯроҳо Ҳукумати Русияи Шӯравиро дар симои Шӯрои Комиссарони Халқӣ бо сардории В.И.Ленин, Анҷумани сеюми Шӯрои кишвари Туркистон ҶМШС Туркистонро дар симои ШКХ бо сардории Ф.Колесов таъсис дода буданд. Вазифаи ин ҳукуматҳо барҳам додани сохтори идории куҳна дар асоси принсипҳои нави инқилобӣ буд. Ҳукуматҳои шӯравӣ сараввал идораҳои (органҳои) ваколатдори амрдиҳанда (қонунбарор)-ро бо қарорҳои худ барҳам доданд. Дар  кишвари Туркистон ин органҳо КМ ҳукумати муваққатии Туркистон, комиссариатҳои соҳавӣ, комиссари ҳарбии Туркистон, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, уездӣ ва волостӣ буданд. Дар аморати Бухоро чунин орган худи амир ва дар бекигариҳо намояндаи амир бекҳо буданд. Ҳамаи ин органҳоро инқилобҳои сотсиалистӣ ва халқӣ ба тариқи инқилобӣ аз сари ҳокимият дур карданд.

  Аз рӯйи ҳамин принсип моҳи декабри соли 1917 думаҳои шаҳрии Хуҷанду Ӯротеппа (Истаравшан) ва сохтори оқсақолгарӣ дар натиҷаи гузаронидани интихоботҳо, судҳои ҳакамӣ ва қозигӣ то охири соли 1919  аз байн бурда шуданд.

  Дар Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ аз сабаби он ки таъйину сабукдӯш кардани маъмурон дар ихтиёри фармондеҳи қитъаи сарҳадии Помир буд бо барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ ин ваколат ба ихтиёри Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир гузашт. Аз ин рӯ, дар Помир барҳам додани сохтори куҳна баробари барҳам задани ақсулинқилобчигӣ то тобис- тони соли 1921 давом кард.

  Дар Бухорои Шарқӣ бо барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ сохтори бекигарӣ то майи соли 1921 барҳам дода шуд, вале бо сабаби дер давом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ баъзе мансабҳои маҳаллӣ - раис, охун то соли 1923 боқӣ монда буданд. 

  Масъалаи органҳои қудратӣ - артиш ва милиса бошад, чӣ дар қисмати туркистонӣ ва чӣ дар қисмати бухороии Тоҷикистон дар рафти инқилоб аз байн бурда шуда ва ё ба қӯшуну милисаи шӯравӣ табдил ёфта буданд. 

  Барҳам додани судҳои куҳна ва таъсиси судҳои нав. Яке аз мақомоти низомёфтаи давлатӣ судҳо буданд. Дар Туркистон ин мақомро судҳои округӣ, палатаҳои судӣ ва судҳои ҳарбӣ ташкил медоданд. Баъди инқилоб қувваҳои аксулинқилобӣ ба ташкил додани суиқасдҳои зиддишӯравӣ,  тайёр кардани исёнҳо, иғво ва ғоратгарӣ даст заданд. Судҳои куҳна барои ҳимояи тартиботу қонуниятҳои инқилобӣ қодир набуданд. Аз ин рӯ, ҳанӯз 22-юми ноябри соли 1917 мувофиқи нишондоди «Декрет дар бораи судҳо» сохтори куҳнаи судӣ ва прокурорӣ бекор эълон шуда, вазифаи онҳо ба зиммаи Комиссариати халқии адлия гузошта шуда буд. Комиссариати халқии адлия инчунин вазифадор шуда буд, ки низоми судии нави шӯравиро то моҳи январи соли 1918 таъсис диҳад. Дар асоси ин нишондод 12-уми декабри соли 1917 ШКХ кишвари Туркистон қарори барҳам додани суд-ҳои  ҳавзагӣ (округӣ), палатаҳои судӣ ва судҳои ҳарбиро баровард, вале аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки ба судҳои шариатӣ (қозигӣ) эътиқоди калон доштанд ва пурзӯр будани аксулинқилобчигӣ дар давраи муқарраршуда гузаронидани интихобот ба судҳои нав муяссар нагардид. Бинобар ин, муҳлати фаъолияти судҳои куҳна аз 17-уми феврали соли 1918 баъди ба ҳайати судҳо дохил кардани намояндагони шӯроҳо дароз карда шуда буд. Вале аз сабаби муносибати душманона доштани судҳои куҳна нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ вазифаи онҳоро шӯроҳо ба дасти худ гирифтанд. Ин ҳолат соли 1917 дар шӯроҳои Тошканд, Чорҷӯ, Кушка ва аввали соли 1918 дар аксарияти шӯроҳои кишвари Туркистон ба амал омада буд. Аз ҷумла дар уезди Хуҷанд ҳам судҳои куҳнаи волостҳои Нов, Ғӯлакандоз, Уралск, Унҷӣ ва шаҳри Хуҷанд масъулия- ти худро ба судҳои навинтихобшудаи шӯравӣ супориданд. Моҳи декабри соли 1917 суди оштидиҳандаи шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) барҳам дода шуд. Ба ҷойи он суди халқӣ таъсис дода, машваратчиёни судӣ интихоб шуданд, вале аксарияти судҳои куҳна боқӣ монда буданд. Ин ҳамзистии муваққатӣ дер давом накард. Аз моҳи марти соли 1918 сар карда, дар назди шӯроҳо трибуналҳои инқилобӣ таъсис ёфтанд, ки мақсадашон мубориза бар зидди душманони сохти шӯравӣ буд.

  Аз тобистони соли 1918 бошад, барҳамхӯрии муассисаҳои судии куҳна сар шуд. Аввал судҳои ҳарбӣ-округӣ июли соли 1918 ва аввали соли 1920 тамоми сохторҳои суд-   ҳои куҳнаи қозигӣ ва подшоҳӣ барҳам дода шуда буданд.

 Луғат

 1. Идораҳою мақомотҳои давлатии куҳна - ҳама идораю  сохторҳои давлатии пештара дар назар аст. 

 2. Идораҳою мақомотҳои нави давлатӣ - ҳама идораю  сохторҳои Давлати Шӯравӣ таъсисдода дар назар аст. 

  Саволҳо

 1. Идораю мақомоти давлатии пешинаи ҳукумати подшоҳиро дар Туркистон номбар кунед? 

 2. Идораю мақомоти давлатии пешинаи аморати Бухороро номбар кунед?