Тавсифи умумӣ. Бо қабули Қонуни асосии сотсиализми тараққиёфта як давраи томи таърихи сотсиализм ва шӯравӣ хотима ёфт, яъне нақшаи муайянкардаи барномаи дуюми Ҳизби Коммунистӣ ва аввалин ҳукумату халқи шӯравӣ - гузариш аз капитализм (дар шароити Тоҷикистон аз феодализм) ба сотсиализм анҷом ёфт. Давраи нави таърихи сотсиализм, ки онро марксизм – ленинизм давраи батадриҷ, оҳиста-оҳиста гузаштан аз сотсиализм ба коммунизм медонист, оѓоз гардид. Вазифаи ин зинаи сотсиализм бунёди ҷомеаи баробарии иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии шахсиятҳою гурӯҳҳои иҷтимоӣ, фаровонии неъматҳои моддӣ ҳамкории софдилона ва ба манфиати ҷомеа равона кардани муносибатҳои истеҳсолию иҷтимоӣ буд. Асосҳои ҳуқуқии ин давраро Конститутсияи сотсиализми ғолиби 5 декабри соли 1936 қабулкардаи СССР (ИҶШС) ва Конститутсияи сотсиализми ғолиби РСС Тоҷикистон (1937) муқаррар карда буданд.
Вазифаҳои панҷсолаи сеюм дар соҳаи саноат. Нақшаи ин панҷсола дар асоси пешрафти илмию иқтисодӣ, сиёсӣ ва назариявии марксистӣ таҳия шуда буд ва инкишофи босуръати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирифт.
Моҳи феврали соли 1939 Анҷумани УҲК(б) Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи сеюмро муҳокима ва қабул кард. Дар назар дошта шуда буд, ки дар ин панҷсола корҳои зерин иҷро карда мешаванд:
- васеъ кардани саноати маъдани кӯҳии шимоли Тоҷикистон (металлҳои рангаи комплекси Қарамазор);
- ба истифода додани комбинати саноати кӯҳии Такоб; - зиёд кардани истеҳсоли нафт ва ангишт;
- сохтмони НБО-и Варзоби Поён ва Харангон;
- сохтмони якчанд корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои вуҷуддоштаи саноати сабук; васеъ намудани базаи истеҳсолии саноати пахтатозакунӣ дар заминаи саноати умумииттифоқӣ.
Баробари ин дар ҷумҳурӣ бояд саноати маҳаллӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ рушд меёфт, ки вазифаи онҳо таъмин намудани аҳолӣ бо моли ниёзи мардум буд.
Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, вазифа гузошта шуда буд, ки базаи истеҳсолию техникии кишоварзӣ ва ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардошта шуда, шабакаҳои обёрӣ васеъ ва азхудкунии заминҳои нав дар водии Вахш давом дода шавад. Дар соҳаи фарҳанг бошад, вазифаи асосии панҷсола из баланд бардоштани маърифати фарҳангию маънавии заҳматкашон иборат буд.
Синфи коргари тоҷик аз ибтидои соли 1939 ба иҷро намудани нақшаҳои панҷсола шурӯъ кард. Коркунони НБО-и Варзоб ба тамоми коргарони ҷумҳурӣ муроҷиатнома қабул намуда, онҳоро ба меҳнати зарбдорона барои иҷрои нақшаи панҷсола даъват карданд. Ин ташаббус номи «мусобиқаи сотсиалистӣ ба шарафи панҷсолаи сеюм»-ро гирифт. Кӯҳканони Шӯроб, нафтчиёни Исфара, бофандагони Хуҷанду Душанбе, шарбатистеҳсолкунандагони Конибодом, коргарони заводҳои пахтатозакунӣ мунтазам меъёри истеҳсолии худро 1,5 - 2 баробар иҷро мекарданд. «Идораи якчанд дастгоҳ» ва «Омӯхтани якчанд ихтисос» шакли нави мусобиқа шуда буд.
Дар солҳои 1940-1941 дар саноати ҷумҳурӣ ба истифодаи захираҳою масолеҳи маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии мавриди ниёзи умумии мардумон оварда шуд. Ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ин соҳа дар ҷумҳурӣ ба воситаи кооператсияҳои истеҳсолӣ 27 корхонаи гуногуни истеҳсоли молҳои сермасрафи ниёзи мардум сохта шавад. Моли истеҳсолкардаи ин соҳа мебоист 3,1 баробар зиёд мегардид.
Дар солҳои 1938-1941 дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зерин: комбинати маъдани кӯҳии Такоб, кони нави ангишт дар Шӯроб, НБО-и Хоруғ, сехи нав дар комбинати гӯшти Душанбе, заводҳои пахтаи Регар ва Мелниково, фабрикаи пойафзор, заводҳои сафолакҳои бомпӯшии Душанбе ва Исфара, пивопазӣ ва сементи Душанбе пурра ба кор дароварда шуданд. Корхонаи нефтистеҳсолкунии «КИМ» аз нав таҷҳизонида шуд. Заводи озекеритӣ дар Селроҳ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли ангишт аз 18 ба 204 ҳазор тонна, нефт аз 26,6 ба 29,8 ҳазор тонна, истеҳсоли шоҳӣ аз 200 ба 254 тонна, пойафзори чармин аз 139 ба 455 ҳазор ҷуфт, истеҳсоли матои пахтагин аз 0,1 ба 0,2 миллион метр, истеҳсоли равған аз 2470 тонна ба 3054 тонна, истеҳсоли қувваи барқ аз 37, 3 ба 62,1 миллион кВт расонида шуд. Шумораи синфи коргар 139 ҳазор нафарро ташкил дод. Барои таъмини хуби соҳа бо қувваи корӣ соли 1940 дар Тоҷикистон Кумитаи давлатии захираҳои меҳнатӣ бо 5 таълимгоҳаш-таъсис ёфта буд, вале ҳанӯз ҳам дар корхонаҳои саноатӣ асоси синфи коргари миллӣ ақаллият буд. Коргари тоҷик дар сохтмонҳои иншоотҳои саноатӣ, бинокорӣ, роҳсозӣ, совхозҳо ва саноати бофандагӣ бартарӣ дошт. Ҷумҳурӣ ба ҷумҳурии саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта буд, вале саршавии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (1-уми сентябри соли 1939) инкишофи бемайлони саноати ҷумҳуриро ба таъхир андохт.
Солҳои 1938-1941 нақшаи давлатии саноатикунонии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии саноати СССР (ИҶШС) тағйир ёфт. Ин тағйирот асосан дар аҳамият додан ба корхонаҳои маҳсулоташон аҳамияти умумииттифоқӣ дошта, суст шудани назорат ба таъмини корхонаҳои маҳсулоташон аҳамияти маҳаллӣ дошта буд. Ин муносибат ба он овард, ки корхонаҳои тобеи вазоратҳои дахлдори умумииттифоқӣ қариб пурра истифода мешуданду маҳаллӣ не.
Хоҷагии қишлоқ дар солҳои пешазҷангӣ. Ба шароити давраи ҷанг нигоҳ накарда, хоҷагии қишлоқ ҳам босуръат паи мерафт. Кишти ҳамаи навъҳои зироат ба 807 ҳазор гектар, расонда шуд, ки назар ба соли 1937 20 ҳазор гектар зиёд буд. Кишти пахта бошад, 4 баробар афзуда, ҳосилнокии он ба 18 сентнер аз ҳар гектар расонида шуд. Саршумори чорвои ҷумҳурӣ ҳам хеле афзуд.
Дигаргунии чашмрас дар чорводорӣ ба амал омада буд. Ин ҳам бошад, ба вуҷуд овардани чорводории ҷамъиятӣ – колхозӣ буд. Ҳиссаи ин хоҷагии чорводорӣ дар ҳаҷми умумии соҳа: чорвои калони шохдор 20%, гӯсфанд 44 % ва буз 16 % -ро ташкил медод.
Дар инкишофи хоҷагии қишлоқ нақши ҳалкунандаро Стансияҳои мошинӣ-тракторӣ – МТС-ҳо мебозиданд. Дар ҷумҳурӣ соли 1940 51 МТС-и дорои 3407 трактор буд. Ин МТС-ҳо 23 % шудгори тирамоҳӣ, 41 % шудгори баҳорӣ, 5 % кишти ғалладона, 82% кишти пахтаро анҷом дода, ва фақат 6 % ҳосили ғалладонаро ҷамъоварӣ мекарданду бас. Дигар ҳамаи корҳо ба тавридасти анҷом дода мешуд.
Дар солҳои 1938-1941 дар ҷумҳурӣ корҳои калони обёрикунӣ гузаронида шуда буд. Ба тариқи ҳашари умумихалқӣ канали калони Фарғона, ки як қисми (46 км) навбати якуми он, ба ҳудуди ноҳияҳои Исфараю Конибодом мегузашт, дар муҳлати 25 рӯз кофта шуд. Зимистони соли 1939-1940 навбати дуюми канали калони Фарғона дар 50 рӯз кофта шуд. Қисмати тоҷикистонии он 79 км буда, дар кофтанаш то 50 ҳазор нафар ҳашарчӣ иштирок доштанд. Соли 1940 канали шимолии Фарғона кофта шуд, ки қисмати тоҷикистонии он 60 км буда, асосан ноҳияи Аштро дар бар мегирифт. Соли 1940 бо ҳамин усули канали калони Ҳисор кофта шуд.
Дар солҳои пешазҷангӣ шабакаҳои обёрии водии Вахш ҳам беҳтар карда шуданд. Ин ба пешравии ҳама соҳаҳои хоҷагии қишлоқ мусоидат кард. Натиҷаи ин пешрафт аз иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (ИҶШС) хубтар аён мегардад. Соли 1939 дар намоишгоҳ 288 колхози ҷумҳурӣ ва 1488 нафар пешқадамони хоҷагии қишлоқ иштирок доштанд. Соли 1940 бошад, 409 колхозу 3459 нафар пешқадамон ширкат варзиданд. Бисёрии пешқадамон бо ордену медалҳои СССР (ИҶШС) ва Номоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ(НКХХ) мукофотонида шуда буданд.
Ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон. Вазифаи асосии маорифи халқи ҷумҳурӣ дар солҳои панҷсолаи сеюм гузаштан ба таълими ҳатмии 7-сола дар деҳот, таълими 10-сола дар шаҳрҳо ва барҳам додани бесаводӣ дар байни калонсолон буд. Дар арафаи Чанги Бузурги Ватанӣ дар ин соҳа қадамҳои аввалин гузошта шуда буданд. Дар ҷумҳурӣ дар соли хониши 19401941 2628 мактаби дорои 303 ҳазор хонанда вуҷуд дошт. Аз ин миқдор 66 мактаби миёнаи дорои 3, 6 ҳазор хонанда амал мекард. Мактабҳо дар ин давра нисбатан хубтар бо омӯзгорону воситаҳои таълимӣ таъмин гардида буданд. Дар барҳам додани бесаводӣ дар байни калонсолон ҳам кори зиёде карда шуд. Дараҷаи саводнокии аҳолӣ аз 3,8 % соли 1926 ба 82,8 % дар соли 1939 расида буд. Дар мактабҳо соли 1938 таълими ҳатмии забони русӣ ҷорӣ гардида, соли 1940 ислоҳоти алифбо гузаронида шуда, алифбои кириллиасоси тоҷикӣ ҷорӣ гардид.
Дар солҳои 1938-1941 шумораи мактабҳои олӣ ҳам зиёд гардид. Дар 6 мактаби олии ҷумҳурӣ 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард.
Дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ ҳам пешрафтҳо дида мешуд. Соли 1941 Базаи тоҷикистонии АФ СССР (ИҶШС) ба Шуъбаи тоҷикистонии АФ СССР (ИҶШС) табдил ёфта, дар донишкадаҳои тадқиқотии он доир ба омӯзиши канданиҳои фоиданок, парвариши растаниҳои хоҷагии қишлоқ, навъҳои нави пахта ва чорвои маҳсулдеҳ, тадқиқи таърих ва осори адабии халқи тоҷик корҳои зиёде ба анҷом шуда буд.
Дар ҷумҳурӣ хизмати тиббӣ пеш мерафт. Дар хизмати аҳолӣ 121 касалхона, 222 муассисаи амбулаторӣ-муолиҷавӣ, 273 нуқтаи ёрии фелдшерӣ-амбулаторӣ, 53 муассисаи машваратии занону кӯдакон ва табибони зиёде хизмат мекарданд.
Санъати тоҷик ҳам бештар хусусияти оммавӣ пайдо карда ба соҳаи талаботи маънавии омма табдил ёфт. Оҳангсозони тоҷик З. Шаҳидӣ, Ф. Солиев, Н. Пӯлотов, Ш. Бобокалонов, А. Камолов, ҳунарпешагон Т. Фозилова, С. Тӯйбоева, Г. Бақоева, Р. Ғолибова, А. Бурҳонов ном бароварда буданд.
Театри тоҷик ҳам ба намоишномаҳои операи «Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар», «Ду гул» ва песаи «Камбағалӣ айб нест» машҳур гардида буданд. Дар солҳои 1938-1941 дар ҷумҳурӣ 81 рӯзнома, 9 маҷалла, 401 китобхона, 23 театр, 512 муассисаи клубӣ, 114 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар хизмати халқ қарор дошт.
Раванди корҳои сохтмонӣ ва истеҳсолии ҷумҳурӣ далолат бар он дошт, ки нақшаҳои панҷсола ва мақсади асосии халқи шӯравӣ – таъмини ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализм дар мамлакат иҷрошавандаанд, вале вазъияти байналмилалӣ ва оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар нақшаҳои шӯравӣ тағйироти куллӣ ворид сохт.
Луғат
1. Сотсиализми тараққиёфта - мафҳуме буд, ки дар радифи сотсиализми ғолиб ворид гардид ва фаҳмонид, ки сотсиализм боз зинаҳои дигар, аз ҷумла тараққиёфта пешрафтатар, комилтар,тараққикардатар ҳам дорад.
2. Ғалабаи пурра ва қатъӣ - мафҳуме буд, ки дар радифи пурра ва асосии сотсиализм ба вуҷуд омада буд.
Бо ибораи ғалабии қатъии сотсиализм он маъни дар назар дошта мешуд,ки акнун капитализми ҷаҳони сотсиализмро мағлуб кардаву барҳам дода наметавонад.
Савол ва супоришҳо
1. Вазифаҳои навбатии сотсиализм аз чӣ иборат буд?
2. Мафҳуми сотсиализми тараққиёфтаро шарҳ диҳед.
3. Мафҳуми ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализмро шарҳ диҳед.
4. Вазифаҳои панҷсолаи сеюмро номбар кунед.
5. Пешрафтҳои сотсиализмро дар солҳои 1938 - 1939 исбот кунед.
Реклама