Мубориза зидди дастаҳои муташаккили босмачигарӣ. Дар ибтидои солҳои 30-юм ҳоло ҳам босмачигарӣ давом меёфт. Дастаҳои хурди босмачиён вуҷуд доштанд. Хавфи аз Афғонистон зада даромадани дастаҳои калон боқӣ монда буд. Ҳоло ҳам таъқиб намудани коркунони сохторҳои ҳизбӣ, шӯравӣ, хоҷагӣ ва ҷамоатчигӣ вуҷуд дошт, аммо онҳо дигар хатаре ба ҳастии ҷумҳурӣ ва сотсиализм надоштанд. 30-юми марти соли 1931 гумоштаи империализми байналмилалӣ Иброҳимбек дар ҳудуди ноҳияи Фархор аз Афғонистон ба марзи Тоҷикистон зада даромад. Дар нуқтаҳои дигари сарҳадии Тоҷикистон дастаҳои Эгамбердӣ (400 нафар), Муллошариф (300 нафар) сарҳадро вайрон карда ба ёрии Иброҳимбек омаданд. Ин дастаҳо бо тезӣ пахш карда, барҳам дода шуданд. Муллошариф асир афтод. Қаҳрамонии бемислу монандро дар рӯзҳои аввал сарҳадбонон нишон доданд. Баъзе дидбонгоҳҳо дар ҳайати 3 - 6 нафар сарҳадбон бо дастаҳои 300-400-нафара ба ҷанг даромада, то нафаси охирини ҳаёт ҷангидаанд.
Ба муборизаи зидди Иброҳимбек дар қатори Артиши Сурх дастаҳои ихтиёрии зиёде ҳамроҳ шуданд. Фармондеҳони ин дастаҳои ихтиёрӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ғиёс Тағоймуродов, Ҷӯрақӯл Темуров, Муллошариф Раҳимов, Муқим Султонов, Юлдош Соҳибназаров, ки таҷрибаи калони ҷангӣ доштанд, дар ин мубориза қобилияти ҷангии худро нишон доданд. Ба Иброҳимбек 8-уми апрели соли 1931 дар деҳаи Найзабулоқ, 19-уми апрел дар наздикии Ёвон ва моҳи май дар қаторкӯҳҳои Боботоғ зада шуд. Дар барҳам додани дастаи Иброҳимбек 439 дастаи калтакдорони сурх, ки шумораи умумии онҳо то ба 4 ҳазор нафар мерасид, иштирок доштанд. Онҳо дар тоза кардани дашту дараҳои кӯҳи Боботоғ иштирок намуданд. Аэропланҳо дар кофтану назорат кардани самтҳои ҳаракати дастаҳои Иброҳимбек васеъ истифода бурда шуданд. Охирин шикасти Иброҳимбек моҳи июни соли 1931 дар Бойсун ба вуқӯъ пайваст. Иброҳимбек пурра шикаст хӯрда, роҳи гурезро пеш гирифт, вале 23 июни соли 1931, ҳангоми аз дарёи Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷабулбулон гузаштанаш дастгир гардид. Бо қарори Суди Олии СССР (ИҶШС) Иброҳимбек парронда шуд.
Солҳои 1931-1932 ошӯбҳои зиддишӯравӣ дар нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистон ба вуқӯъ омад. Аз ҷумла дар моҳи майи соли 1931 дар Шаҳринав, июли соли 1931 дар Далёни Боло ва Нов, Ӯротеппа ва Шаҳристон, Палдорак, соли 1932 дар Масчоҳ бо сардории Ҷумъа ва дар Ҷиргатол бо сардории Аъзам шӯришҳо шуда буданд. Шӯриши Аъзам яке аз дарозмуддаттарини онҳо буд.
Аъзам Ҳодиев соли 1931 сардори милитсияи округи Ғарм буд. Аз рӯйи баъзе маълумоти то ба мо омада расида, ӯ аз вазифаи худ суиистеъмол намуда ба ришвагирӣ даст зада, ба маҳкама кашида мешавад. Суди округи Ғарм аз рӯйи парвандаҳои тафтишотӣ ӯро ба ҷазои қатл ҳукми қатл-паррондан маҳкум мекунад. Колегияи суди Олии РСС Тоҷикистон аризаи даъвогии ӯро дида баромада, ҳукми қатлашро бекор карда, ба мурофиаи нав тавсия медиҳад. Мурофиаи нав ӯро ба мӯҳлати 10 сол ҳукми зиндон кардан мебарорад. Ӯ бо қурбошии ба мӯҳлати 10 сол маҳкумшуда Исломмирохур дар зиндони Ғарм забон як карда ду посбони зиндонро кушта яроқҳои онҳоро гирифта, ба назди Иброҳимбек мегурезанд ва ба дастаи он ҳамроҳ мешаванд. Иброҳимбек, ки акнун ба хоки Тоҷикистон зада дармада буд, Аъзамро хуб истиқбол намуд ва сардори қувваҳои зиддишӯравии тамоми А. Валишев, М. Султонов, А. Васильев - иштирокчиёни дастгиркунии Иброҳимбек (1931)Қаротегин таъйин кард. Ин таъйинот барои Аъзам фахру инъому ҳокимият ҳам буд. Аъзам бо чанд нафари мисли худаш сардорони босмачиҳои минтақаҳои ҳамҷавори Қаротегин (Янгибозору, Файзободу, Обигарм) ба води Қаротегин рафта, аз Обигарм сар карда, то Пумбачӣ (маркази ноҳияи собиқ Комсомолобод) ҳама кӯпрукҳоро оташ мезанад, фаъолони ҳизбию шӯравӣ ва маъмурони хоҷагиҳою муасиссаю идораҳоро қатл мекунад. Аз амалҳои ӯ ҳукумати округи Ғарм хабардор шуда, дар ҳама деҳшӯроҳо ва деҳахое, ки мактаб доштанд, ба ташкили дастаҳои калтакдорон ва ихтиёриён сар кард.
Ташаббускори дастаҳои калтакдорони сурх роҳбарони ҳизбию комсомолӣ, муаллимҳо, коркунони комиссариатҳои харбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, молия, раисони ҷамоатҳои деҳаҳо буданд. Ҳамзамон ҳукумати округи Ғарм аз амалиёти Аъзам ба Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода, ёрӣ пурсид.
Дар ин муддат дастаҳои калтакдорони сурх роҳҳо ва кӯпрукҳои асосии сари роҳи босмачиёнро зери назорат гирифтанд. Коркунони масъули Ғарм Н.Эркаев, Н.Н.Ершов, Ҳ.Шарифов, М.Саъдуллоев ва Алиев ба мактабҳо рафта, муалимону фаъолони деҳаҳоро ба мубориза даъват намуданд. Муаллим З.Ҳомидов дар Навдонак, А.Шарифов дар Калонак, шоир Алихуш дар Қазноқ ташвиқот мебурданд. Ин буд, ки аҳолӣ босмачиёнро дар ҳама ҷо бо калтаку сангҳо пешвоз гирифтанд. Аъзам ба тарафи Ғарм ҳаракат карда натавониста, барои аз шикасти пурра раҳоӣ ёфтан, маҷбур шуд, ки аз канори деҳаи Навдонак ба тарафи Тавилдара гузарад. Дар деҳаи Ёзғанд ҷамъомади аҳолии атроф шуда гузашт, ки бо таъсиси дастаҳои ихтиёрӣ анҷом ёфт. Дастаҳои ихтиёрии ин минтақаҳо ҳам Аъзаму тарафдоронашро бо калтаку санг пешвоз гирифтанд. Дастаи ихтиёриёни минтақа бо роҳбарии мудири шуъбаи маорифи Тавилдара Н.А.Кисляков, сардори ГПУ Волгин ва С.П.Соболев нақшаи маҳви Аъзамро кашиданд. Дар ин вақт Аъзам ба чанд ваҳшониятҳои хунин даст зад: дар деҳаи Чилдара муаллима Сангак(Санчагул) Хушбахтова, фаъоли комсомолии деҳа Муллоакбар Муминовро ба тариқи ваҳшиёна ва чанд нафари дигарро қатл кард, то ки мардумро тарсонад. Аз ин кирдори ӯ дастаҳои ихтиёрӣ огоҳӣ ёфта, роҳи Чилдараро пеш гирифтанд. Аъзам аз ҷанг худдорӣ карда, аз деҳа ғайб зад. Дере нагузашта дастаҳои ихтиёрӣ ӯро дар деҳаи Булқоси Ғарм диданд. Ӯ дар ин ҷо таваққуф накарда, шабаш ба посбонони бунгоҳи Ҳоит ҳуҷум намуда, котиби ташкилоти комсомолии ноҳияи Ҳоит Ҷӯраев ва сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии ноҳия Мирзоевро дар онҷо дастгир ва қатл кард. Коммунист Наимовро дар лаби дарёи Оби Кабуд парронданӣ мешавад, вале ӯ аз нияти Аъзам пай бурда худро ба дарё партофта наҷот меёбад ва ба навбатдори милисаи Ҳоит хабари ба Ҳоит ҳуҷум кардани Аъзамро мерасонад. Кумитаи ноҳиявии ҳизбӣ ва дигар органҳои қудратии ноҳия, ки дар ҳолати омодабош қарор доштанд, ба тариқи таъҷилӣ ба муҳориба баромада, Аъзамро пешгирӣ намуданд. Аъзам ба муқовимати ҳимоятгарон тоб наоварда, ба деҳаи Ярхич қафонишинӣ карда, раиси шӯрои Ярхич Каримро қатл намуда, ба Ҷиргатол гурехт. Дастаи ГПУ ва ихтиёриёни ташкилоти ҳизбии округии округи Ғарм, ки бо сардории Величко ба имдоди Ҳоит омада буданд ва ҳар ду дастаи 80 нафара ҳам ба Ҷиргатол равон шуданд. Аъзам ба ҳуҷуми дастаҳои ғармӣ тоб наоварда, ба ҳудуди Қирғизистон гурехта, паноҳ бурд.
Дар Қирғизистон аз ҳисоби тоҷикон ва қирғизҳо 16 дастаи хурду калони ҷангӣ таъсис дода, бо қисмҳои хурдхурд ба ҳудуди ноҳияҳои сарҳадии Ғарму Масчоҳ, Ҳоиту Масчоҳ ва Ҷиргатолу Лахшу Қирғизистон ворид шуданд. Ҳукумати Шӯравӣ роҳҳои ағбаҳои Дашти Хирсон ва деҳаи Дубурсаро зери назорат гирифта, ҳамроҳшавии Аъзамро бо босмачиёни Масчоҳ пешгирӣ кард. Аъзам ба мақсад нарасида, ба Ҷиргатол баргашт. Аз ин нақшаи ӯ пай бурда, бо сардории сардори шуъба ГПУ-и округи Ғарм Шестопалов дастаи имдодӣ ба Ҷиргатол фиристода шуд. Ин даста, ки чанд соат пеш аз ҳуҷуми Аъзам ба қалъаи Ҷиргатол расида буд, ба муҳосираи Аъзам афтод. Тамоми хатҳои алоқаи ноҳияро одамони Аъзам аз кор бароварда буданд. Шестопалов хабари муҳосираро ба Ғарм, ки интизораш буданд, расонда натавонист. Вазъиятро дида ба мустаҳкамкунии қалъа ва бо обу хӯрок таъмин намудани муҳофизону занҳою кӯдакони қалъа, ки 200 нафарро ташкил медоданд, пардохт. Аъзам ҳама атрофи қалъаро ба 16 сардори дастаҳои худ ҷудо намуда, зери тир қарор дода, обро ба қалъа баст. Ҳимоятгарон бе обу хӯрок монданд. Маҷбур зери тирборонкунии дастаҳои Аъзам ҳимоятгарон аз анбори нонпазӣ орд ба даст оварданӣ шуданд.
Ба Шестопалов Отаев-комиссари отряд ва чанд нафари дигар як бор муяссар гардид, ки якхалтагӣ орд биёранд, вале бори дуюм ба баъзеҳо, аз ҷумла ба Шестопалов ва раиси шӯрои деҳаи Лахш Асомиддинов зинда баргаштан муяссар нагардид, ҳар ду аз тири Саидмергани аз деҳаи Хоҷа тавоф ҳалок гардиданд. Величко роҳбариро ба зима гирифт. Муҳосирон таклифи таслим шуданро рад карданд. Аъзам қасди ҷони ҳама муҳосираон кард. Оби ба қалъа мерафтагиро, ки қатъ карда буд, заҳролуд карда ба қалъа сар дод, вале духтур нӯшидани онро баъди санҷидан манъ кард. Занҳои кӯдаки ширмакдошта аз ташнагию гуруснагӣ беширу бемадор шуда буданд. Ҳимоятгарҳо ҳам аз бехобию гуруснагӣ мондаю лоғар гардида буданд. Дар ҳамин ҳолат, 24 октябр, қӯшунҳои имдодӣ – 2 эскадрони нопурраи дивизияи 20-уми савораи кӯҳгард ва самолётҳо дар атрофу ҳавои Ҷиргатол пайдо шуда, ба қир кардани босмачиён оғоз карданд. Аъзам шикаст хӯрда, ба Лахш ақибнишинӣ кард, вале лаҳза ба лаҳза одамони худро талаф дода, худаш тавонист, ки пинҳон шавад. Исёни Аъзам Ҳодиев ҳам пурра шикаст хӯрд. Фақат соли 1935 ба ОГПУ-и вилояти Ғарм муяссар гардид, ки Аъзамро дастгир ва қатл намояд. Дар Раштонзамин сулҳу оромӣ тантана кард.
Луғат
1. Муборизаи синфӣ – шакли муборизаеро гӯянд, ки гоҳе бо силоҳ (шӯриш, инқилоб, табаддулот), гоҳе бе силоҳ (ошӯб балво, эътироз, петитсия, роҳпаймоӣ, корпартоӣ, коршиканӣ, пешниҳоди хаттии арзу шикоятҳо) дар заминаи манфиатҳои синфӣ ба амал меомаданд ва меоянд.
Саволҳо
1. Сабабҳои моҷароҳои солҳои 1931-1932-и Тоҷикистонро фаҳмонед.
2. Сабабҳои моҷарои соли 1931-и Иброҳимбекро фаҳмонед?
3. Сабабҳои ошӯби соли 1932-и Аъзамро фаҳмонед?
4. Дар шикасти моҷароҳои солҳои 1931-1932 кадом қувваҳо нақши асосиро бозиданд, шарҳ диҳед.
Реклама