а) Муҳорибаи Курск (5 июл-23 августи соли 1943). Ин ҷанги мудофиавии қӯшунҳои шӯравӣ буд. Олмон дар камонаки Курск 900 ҳазор аскар, 2700 танк, зиёда аз 6 ҳазор тӯп, 3 ҳазор миномёт ва 2 ҳазор самолётро ба ҷанг дароварда буд. Муҳориба дар ду давра – давраи ҷангҳои мудофиавӣ (5-23 июни соли 1943) ва давраи ҳуҷум (12 июл-23 августи соли 1943) шуда гузаштааст. Мақсади қӯшунҳои фашистӣ қасос гирифтан барои шикастҳои қаблӣ ва пеш аз ҳама, пешгирии шикасти рӯҳии аскарони худ ҳам буд, чунки дар байни аскарону афсарони немис то рафт боварӣ ба ғалаба кам шуда истода буд. Ин ғалаба метавонист рӯҳияи қӯшунҳои фашистиро мисли пештара боло бардорад. Сарфармондеҳии олии Олмон, бештар ба танкҳои типпи нави «Тигр» ва «Пантера»-и худ ва самолётҳои нави типи «Фокке-Вульф» ва фикри ғалате, ки гуё қӯшунҳои шӯравӣ аз маъракаҳои паёпайи пешин хаста шуда бошанд, такя дошту қушунҳои шӯравӣ ба таҷрибаи андӯхтаи маъракаҳои ҷангии қаблӣ.
Дар муҳорибаи Курск қӯшунҳои шӯравӣ нисбати душман гарчи бартарии зиёде доштанд, вале муҳорибаро аз ҳи- моя оғоз кардани муҳорибаро афзал ёфтанд. Баробари ин, сарфармондеҳони муҳориба, раванди ҳуҷуми қӯшунҳои душманро пай бурданд ва нақшаи пешвозу зарбаи дурустро таҳия карда тавонистанд.
Душман 5-уми июл бо қушуни 900 ҳазор нафара, ки дар ихтиёраш 2700 танк, зиёда аз 6 ҳазор туп, 3 ҳазор миномёт ва 2 ҳазор самолёт буд, ба ҳуҷум гузашт ва мехост, қӯшунҳои шӯравиро ба муҳосира гирифта, маҳв созад. Гитлерчиён дар самти Курск Орёл тавонистанд то 85 км. Пеш раванд, вале дар самтҳои Тула ва Белгород аз 10-12 км беш пеш рафта натаванистанд. Дар Прохоровка ҷанги танкӣ шуд, ки аз ҳарду ҷониб 1500 танк иштирок дошт. Қӯшунҳои шӯравӣ дар ин давра душманро бемадор сохта, 12-уми июл ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта душманро торумор намуданд ва шаҳрҳои стратегии Белгород ва Харковро озод карданд. Муҳорибаи Курск ҳам бо ғалабаи беназири қӯшунҳои шӯравӣ ба анҷом расид.
Дар муҳорибаи Курск тоҷикон корнамоиҳои бемислу монанд нишон доданд. Аз ҷумлаи онҳо 8-10-уми июл дар нуқтаи Безимянный Исмоил Ҳамзаалиев корнамоӣ нишон дод. Ба бартарии зиёди тӯпу танки душман нигоҳ накарда, ӯ бо тирҳои нишонраси тӯпи худ душманро аз самти муҳофизат худ гузаштан намонд, даҳҳо техника ва садҳо ҷангиёни душманро маҳв сохт. Чунин корнамоиро дар самти дигари муҳорибаи Курск Ҳодӣ Кенҷаев нишон дода буд. ҳар ду ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор шуданд. Номҳои ҷанговарони тоҷик А. Қаҳҳорӣ, А. Яқубов, К. Назаров, В. Маҳмадов, Р. Хушвахтов, С. Ҳасанов, С. Шарипов, Д.Алимов вирди забонҳо гардидаанд. Дар ин муҳориба лётчики тоҷикистонӣ Иван Душкин низ ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гардида буд.
Дар муҳорибаи Курск дар ҳайати полки 1849-ми артиллерияи қиркунандаи зиддитанкӣ Саттор Гаффоров меҷангид. ҷанговар ордену медалҳои ҷангии августии соли 1943-уми худро соли 1968 гирифт. Дар ҳайати дивизияи 5-уми тирандоз дар самти Орёл Убайдулло Муродови Ҳисорӣ корнамоӣ нишон дода буд.
Дар муҳорибаи Курск июли соли 1943 18 нафар сарҳадбонони отряди сарҳадии Помир дар ҳайати дивизияи 162-юми тирандози осиёимиёнагӣ корнамоии бе мислу монанд нишон доданд. Онҳо дар қитъаи муҳофизатии худ то тири охирин ҷангида, баъди он ба ҷанги тан ба тан даромаданд ва қисме онҳо бо бастаҳои граната худ ва душманони ба онҳо ҳамлакунандаро тарконданд, вале душманро аз ҳудуди муҳофизати худ гузаштан намонданд.
Муҳорибаи Ленинград (01.07.1941-10.08.1944). Муҳорибаи Ленинград зиёда аз 1125 рӯз ва муҳосираи Ленинград 900 рӯз (аз 8.09.1941 то 18.01. 1944) давом ёфта, дар муддати зиёда аз 3 сол қӯшунҳои зиёди (қариб 20%) душманро нигоҳ медошт. Дар ин муҳориба қариб 50 дивизияи душман торумор шуд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор ленинградиҳо аз хунукию гуруснагӣ фавтидаанд. Фақат аз моҳи ноябри соли 1941 то октябри соли 1942 аз гуруснагӣ қариб 642 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Ленинград фавтид. Аз ноябри соли 1941 дар рӯйи яхи кӯли Ладога роҳи автомобилгард сохта шуд, ки «Роҳи ҳаёт» ном гирифта, Ленинград- ро бо мамлакат мепайваст. Ба воситаи ин роҳ зиёда аз 550 ҳазор нафар аз муҳосира бароварда , 361 ҳазор тонна бор кашонда шуд.
Дар байни ҷанговарони муҳофизи Ленинград номи Тешабой Одилов ҳамчун мергани бомаҳорат машҳур гардид. Ӯ бо милтиқи снайперии худ фашистони зиёдро нобуд карда буд. Дар ин муҳориба фарзандони Тоҷикистон: М. Шокиров, С. Бурҳонов, С. Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Дар ин муҳориба 3 бародар - тоҷикписарон Баҳриддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо иштирок доштанд. Дар рафти муҳорибаи Ленинград тоҷикистонӣ Тӯйчӣ Эрийгитов 5 октябри соли 1943 корнамоии А. Матросовро такрор намуда, бо тани худ нуқтаи оташфишонии (ДОТ)-и душманро пӯшонидааст. Баъди маргаш ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардидааст.
Тоҷикистон ба гуруснагони Ленинград ёрии калони пулӣ ва хӯрокворӣ фиристод. Аз ҷумла фақат соли 1943 2,225 ҳазор сӯм пул, қариб 130 тонна ғалла, 130 тонна саб- завот, 80 тонна меваи тару хушк ва 2250 сар чорво фиристода буд.
Муҳорибаи Днепр (август-декабри соли 1943). Дар вақти ҷангҳои соҳили Днепр ва убури он муҳорибаҳои сахту шадиде шуданд. Аз ду ҷониб қариб 4 миллион аскар, 64 ҳазор тӯпу миномёт, 4,5 ҳазор танк, қариб 5 ҳазор самолёт ба ҷанг дароварда шуда буд.
Ташаббус дар дасти қӯшунҳои шӯравӣ буд. 26-уми август қӯшунҳои фронти марказӣ ба ҷанг даромада, охири сентябр ба соҳили дарёи Днепр расида, соҳили чапи онро озод намуданд. 12-уми октябр амалиёт барои озод кардани Киев ва соҳили рости Днепр сар шуд. Дар натиҷаи амалиёти якҷоя душман то 450 километр дур партофта шуда, шаҳрҳои Киев, Запороже, Днепропетровск озод карда шуданд. Дар ин муҳорибаҳо ба 2438 нафар унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» дода шуд, ки 11 нафарашон фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла, С. Турдиев, Б. Давлатов, Ӯ.Яъқубов, Д. Азизов, Ҳ. Қосимов ва дигарон буданд.
Дар рафти муҳорибаҳои нимаи дуюми соли 1943 дар баланд гардидани рӯҳияи ҷангии ҷанговарони тоҷик, қабули «Муроҷиатномаи митинги зиддифашистии намояндагони меҳнаткашони Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон» нақши калон бозид. Ин муроҷиатнома ҳам ба Турдиев Саидқул Қосимов Ҳайдар Азизов Домуллоҷанговарон ва ҳам ба ақибгоҳ бахшида шуда буд, ки матни онро мухтасаран меорем.
«Халқҳои ҳамсоя! Бародарони қирғиз, тоҷик, қазоқ, туркман ва ӯзбек, саломи гарми моро қабул намоед!
Халқҳои бародарӣ!Дар ин ҷанги озодкунӣ ва боадолат ҳар як ҷанговари Армияи Сурх аз ҳар миллате, ки бошад, ватани советии худ, замини азизи худ, хонаи падари худ, оилаи худро муҳофизат менамояд.
Фарзандони ҷанговари мо бо ҷанговарони халқҳои бародари советӣ дар як саф истода, душмани моро қир карда, заминамонро аз қӯшунҳои фашистии немис тоза карда истодаанд.
Халқҳои азизи бародарӣ! Мо на барои ғуломӣ, балки барои озодӣ, на барои ашк, балки барои хушбахтӣ таваллуд ёфтаем! Мо авлоди муборизони роҳи пуршарафи озодӣ-авлоди Муқаннаъ,…Ҷалолиддин, Восеъ, Манас, Амонгелдӣ ба аҷдоди қаҳрамонамон сазовор буда, монанди онон фидокорона ва диловарона бар зидди сагони девонаи гитлерӣ барои тамоман торумор карда шудани онҳо мубориза бурда истодаем ва мебарем… »
Саволҳо:
3. Дар муҳорибаи Курск аз тоҷикистониҳо киҳо қаҳрамонӣ нишон додаанд?
4. Аз корнамоии ҷангии тоҷикистониён дар муҳорибаҳои Ленинград ва Днепр чӣ медонед?
5. Дар муҳоритаҳои соли 1943 киҳо ба гирифтани унвони « Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд?
Реклама