§ 22-23. АВЗОИ СИЁСИЮ ҶАМЪИЯТИИ ҶМШС ТОҶИКИСТОН

§ 22-23. АВЗОИ СИЁСИЮ ҶАМЪИЯТИИ ҶМШС ТОҶИКИСТОН

  Авзои сиёсии ҷумҳурӣ. Баъди тақсимот ва таъсисёбии давлатҳои нави миллӣ - ҶШС Туркманистону Ӯзбекистон ва ҶМШС Тоҷикистон ҳам вазъияти сиёсии халқҳои ба ҳайати Тоҷикистон дохилгардида душвор монд. Ин душвориҳо ҳам табиӣ буданду ҳам натиҷаи сиёсат. Табииаш он буд, ки ҳанӯз ҳам ҷумҳурӣ ором набуд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 дастаи босмачиён бо ҳайати зиёда аз 5 ҳазор нафар боқӣ монда буданд, ҳанӯз ҳам душмани асосии иҷтимоигардонии ҷомеа - бою кулакҳо ва рӯҳониёни сарватманд пурзӯр ва дар камин буданд, ҳоло ҳам душманони хориҷии сотсиализм аз мақсади маҳв сохтани ин сохтор даст накашида буданд. Аммо бо рӯ овардани аҳолӣ ба сохтори шӯравӣ, аз босмагигӣ даст кашида зидди он ба ҷанг даромадани як қисми босмачиён, вазъияти ҳукуматро хуб ва таъсири онро пурзӯртар кард. Ин ҳолат дар натиҷаи қонуну қарорҳо оид ба босмачиёни собиқ ва афви таслимшудаҳо ба вуҷуд омада буд. Душвории дигари вазъияти сиёсӣ, ки онро сиёсати нодурусти тақсимоти миллию маъмурии соли 1924 ба вуҷуд оварда буд, ҳанӯз ҳам пароканда ва дар ҳайати чанд ҷумҳурии навтаъсис мондани тоҷикон буд:  40% аҳолии Ӯзбекистон,  10% аҳолии Туркманистон, 5% аҳолии Қирғизистон ва 1,5% аҳолии Қазоқистонро тоҷикон ташкил медоданд. Ҳалли ин масъала тамоми давраи мухториятро фаро гирифта баҳсу талошҳои зиёдеро талаб мекард.

  Сохтмони ҳизбӣ. Дар шимоли Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1917 сар карда, сараввал дар байни коргарони руси роҳҳои оҳани Хуҷанд, Урсатевск, Драгомирово, конҳои ангишту нафти Сулукта, Шӯроб, САНТО ва дар заводи озокерити Хилковою чандин деҳаҳои руснишини атрофи Хуҷанду Ӯротеппа ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Комунистӣ таъсис ёфтанд. Ин ба таъсисёбии ташкилотҳои ҳавзагию уездии Ҳизби Коммунистии минтақа имконият дод. Ҳамон соли 1917 ташкилотҳои ҳавзагии Ҳизби Коммунистии Хуҷанд, Ӯротеппа, Шӯроб ва уездии Хуҷанд таъсис ёфтанд. Ҳамаи ташкилотҳои ҳизбии уезди Хуҷанд ба ҳайати ҲК Туркистон дохил буданд. Мақоми олии ташкилотҳои ҳизбии шимоли Тоҷикистон анҷумани уездии ҳизб буд. Аввалин ва охирин анҷумани уездии Ҳизби Коммунистии Хуҷанд моҳи декабри соли 1917 доир гашта буд. Минбаъд онро конфронс номиданд. Аз соли 1918 сар карда, ташкилоти уездии ҳизбии Хуҷанд номи ташкилоти ҳизбии округии округи Хуҷандро гирифт, чунки соли 1918 дар ҶМШС Туркистон тақсимоти нави маъмурӣ гузаронида шуда, уездҳо ба округҳо табдил дода шуданд.

  Дар Помир аввалин ташкилоти ибтидоии Ҳизби Коммунистӣ тобистони соли 1921 аз ҳисоби аскарону афсарони отряди сарҳадбонони минтақаи Помир таъсис ёфта буд, ки он ҳам ба ҲК Туркистон дохил буд. Дар ҳайати он намояндагони аҳолии маҳаллӣ ҳам буданд, ки Х. Кирмоншоев, К. Элчибеков, Х. Боқиев, С. Абдуллоев ва И. Исмоилов аз ҷумлаи онҳоянд. Фақат моҳи октябри соли 1929 Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Помир гурӯҳи номзадии ҲК-ро таъсис дод, ки аз болои он ташкилоти ҳизбии сарҳадбонон назорат мекард.

  Дар Бухорои Шарқӣ ҳам аввалин ташкилоти ибтидоии ҲК дар ҳайати ҲК Туркистон аз ҳисоби ҳарбиён баҳори соли 1921 таъсис ёфта буд. Дар баробари ин, ташкилоти ҲК Бухоро ҳам дар Бухорои Шарқӣ Бюрои марказии ташкилиро таъсис дода буд, ки яке аз вазифаҳояш таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ буд. Соли 1923 бошад, ҲК Бухоро ба ҷойи Бюрои марказии ташкилӣ Бюрои ташкилии КМ ҲК Бухороро таъсис дод, ки он то декабри соли 1924 амал кард. Моҳи декабри соли 1924 Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекис- тон дар Тоҷикистон ташкил ёфт, ки он ташкилоти вилоятии ҲК Тоҷикистонро дар ҳайати ҲК Ӯзбекистон таъсис дод ва назорат мекард. Мақоми олии ташкилоти ҳизбии вилоятӣ конфронси ташкилоти вилоятии ҳизбии Тоҷикистон буд. Баъди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон ин ташкилот номи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро гирифт. Анҷумани муассисони он моҳи июни соли 1930 дар Душанбе баргузор шуд. Мақоми олии ин ҳизб анҷумани ҲК Тоҷикистон буд. Котибони аввалини ташкилоти вилоятии ҳизбии Тоҷикис- тон А.Т.Шервонӣ, Чинор Имомов, С. М. Соколов ва нахус- тин котиби аввали ҲК Тоҷикистон Ҳусейнов Мирзодовуд Боғир ӯғлии озарӣ (1894-1938) буданд.    Созмони ҷавонон. Созмони ҷавонон ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсии коммунистони ҷавон буд. Он соли 1918 таъсис ёфта, соли 1924 номи Комсомоли лениниро гирифта буд. Аввалин ташкилоти комсомолии Тоҷикистон аз ҳисоби коммунистони ҷавон – русҳои сокини Тоҷикистон, соли 1918 таъсис ёфта, ба ҳайати Иттифоқи коммунистии ҷавонони Туркистон дохил буд. Соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ низ ин ташкилот аз ҳисоби аскарони сурхи ҷавон ташкил ёфт.

  Баъди тақсимоти соли 1924 дар ҶМШС Тоҷикистон ҳам ташкилоти комсомолии вилоятӣ таъсис ёфт. 27-уми октябри соли 1925 дар Душанбе Конфронси якуми комсомоли Тоҷикистон барпо гардид. Ин рӯз рӯзи таъсисёбии комсомоли ҷумҳурӣ ҳисоб меёбад. Конфронс ташкилоти вилоятии комсомолии ҷумҳуриро таъсис дода буд, ки то соли 1930 амал кард. Соли 1930 Анҷумани якуми Комсомоли Тоҷикистон ташкилоти худро Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон (ИЛКҶТ) номгузорӣ ва эълон кард. 

  Шӯроҳо. Яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи Инқилобии Тоҷикистон гузаштан аз кумитаҳои инқилобӣ ба шӯроҳо буд. Барои расидан ба ин мақсад интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ва марказиро гузаронидан лозим буд. Дар назар буд, ки соли 1925 интихобот ба шӯроҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. 

  Моҳҳои октябр ва ноябри соли 1925 дар минтақаҳои аз босмачиён озодшудаи Тоҷикистон интихобот ба шӯроҳои маҳаллӣ: деҳотӣ, ноҳиявию вилоятӣ гузаронида ба ташкили Кумитаҳои иҷроияи шӯроҳои деҳотӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ шурӯъ карда шуд. Вале ин интихобот бе тайёрии лозима гузаронида шуда, дар баъзе ҷойҳо фақат 10-15% интихобкунандагон иштирок карданду халос. Аз ин рӯ, бойҳо тавонистанд, ки дар чунин ҷойҳо намояндагони худро интихоб намоянд. Дар ҷое, ки ин ҳолат шуда буд, Ҳокимияти Шӯравӣ натиҷаи интихоботро бекор карда, боз аз сари нав кумитаҳои инқилобиро таъсис дод. Анҷумани шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1925 бояд даъват мешуд, ба таъхир гузошта шуд. Фақат дар Помир натиҷаи интихобот мусбат буд. Дар он ҷо Анҷумани вилоятии шӯроҳо шуда гузашт ва ҳокимият аз Кумитаи инқилобӣ ба Кумитаи иҷроияи вилоятӣ гузашт.

                                       

  Соли 1926 ба Тоҷикистон коркунони зиёди шӯроҳо аз ҷумҳуриҳои дигар омаданд. Онҳо аз шӯроҳои маҳаллӣ сар карда, то шӯроҳои ҷумҳуриявӣ кор мекарданд. Барои бо кадрҳои зарурӣ таъмин кардани сохтори шӯроҳо дар Душанбе курсҳои кӯтоҳмуддати коркунони шӯро кушода шуда буд. Мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Россия ҳам барои Тоҷикистон кадрҳои баландихтисоси низоми шӯроҳоро тайёр мекарданд. Музаффариятҳои мубориза бар зидди босмачигарӣ умуман савияи маърифати сиёсии мардуми тоҷикро баланд гардонида буд ва ислоҳоти обу замини эълонкардаи Ҳукумати Шӯравӣ дилгармии меҳнаткашонро ба зиндагӣ ва сохти нав устувортар гардонид. Инро ба назар гирифта, моҳи августи соли 1926 Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар бораи аз сари нав гузаронидани интихобот ба шӯроҳои маҳаллӣ қарор қабул кард. Моҳҳои октябр - ноябри соли 1926 интихобот ба шӯроҳои маҳаллӣ гузаронида шуд. Натиҷаи интихоботи соли 1926 нисбат ба солҳои пешин хеле фарқкунанда буд. 

  Шахсоне, ки аз қувваи кории дигарон истифода мекарданд ва бой буданд, аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум карда шуданд. Ин дафъа дар ҷумҳурӣ, дар баъзе вилоятҳо 35% ва дар дигар ҷойҳо то 80% ҳуқуқи интихоб доштагон иштирок карданд. Дар ҳеҷ як минтақа намояндаи бойҳо аз 20% зиёд овозҳоро гирифта натавонист. Ҳайати синфии шӯроҳо чунин буд: батракҳо – 11,7%; камбағалон – 39,4%; миёнаҳолон – 35,9% ва боқимондагон – 13%, яъне аксари шӯроҳо шӯроҳои камбағалону миёнаҳолон шуданд. Аз сабабе, ки шароити давра ҳам такя ба деҳқонони миёнаҳол ва мубориза бар зидди бойҳоро талаб мекард, чунин ҳокимияти маҳаллӣ Давлати Шӯравиро қонеъ мегардонид ва имконияти даъвати Анҷумани ҷумҳуриявии шӯроҳоро низ муҳайё сохта буд. 

  Барои гузаронидани анҷуман корҳои зиёди пешакӣ анҷом дода шуданд. Моҳи июли соли 1926 дар назди Кумитаи Инқилобии ҶШС Тоҷикистон Комиссияи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва аз нав интихоб намудани шӯроҳо ва гузаронидани Анҷумани таъсисии шӯроҳо ташкил карда шуд. Ҷамъомади аввалини ин комиссия 30-юми июл баргузор гардида, дар он нақшаи кории комиссия, сохтори комиссияҳои интихоботӣ тасдиқ ва гурӯҳи махсус барои таҳияи масъалаҳои Анҷумани таъсискунандаи шӯроҳо ташкил дода шуд, инчунин, шумораи намояндагон аз ҳар як вилоят ба Анҷумани умумитоҷикистонии шӯроҳо муқаррар карда шуд.</br> 8-уми август маҷлиси дуюми Комиссияи ташкилӣ доир гардид, ки дар он тартиби кори анҷуман ҳаллу фасл шуд ва лоиҳаи қарори Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ аз 14-уми август «Дар бораи гузаштан ба ҳокимияти интихоботӣ» муҳокима карда, маъқул дониста шуд. Ҳамон рӯз комиссия хабари даъват кардани Анҷумани  якуми таъсисии шӯроҳо ва маъракаи интихобот ба шӯроҳои намояндагони коргарону деҳқонон аз поён то болоро эълон кард. 

  Масъалаи тайёрӣ ба анҷуман чандин маротиба дар маҷлисҳои Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ ва Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон муҳокима шуда буд. 26-уми октябр Президиуми Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ рӯзномаи кори Анҷумани якуми таъсисии шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистонро тасдиқ кард. Моҳи ноябр бошад, Пленуми дуюми Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон доир ба ҶМШС Тоҷикистон ахбори комиссияи ташкилиро дар бораи гузаронидани анҷуман шунида, маъқул донист. Анҷумани якуми шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон мувофиқи пешниҳоди комиссияи ташкилӣ, қарордоди Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ ва пешниҳоди Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон бояд аз 1-уми то 12-уми декабри соли 1926 дар Душанбе мегузашт.

  Анҷуман кори худро 1-ум декабри соли 1926 дар бинои «Хонаи деҳқон», ки дар яке аз гӯшаҳои Боғи маърифат ва истироҳати марказии шаҳри Душанбе ҷойгир буд, оғоз намуд. Дар анҷуман 336 намоянда аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар қатори мардҳо 12 зан, аз ҷумла 4 нафарашон тоҷик (Муҳтарама Иброҳимова ва Саида Зокирова), 1 ӯзбек, 1 эронӣ ва 6 рус иштирок доштанд. 

                                                

  Анҷуманро раиси Кумитаи Инқилобии Тоҷикистон   Нусратуллоҳ Махсум кушод. Аъзои раёсат дар ҳайати 39 нафар интихоб карда шуданд.

  Анҷуман инчунин 69 намояндаро ба Анҷумани  шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон ва 6 намояндаро ба Шӯрои Миллатҳои назди КИМ-и ИҶШС интихоб намуд. 

  Анҷуман КИМ-и ҶШС Тоҷикистонро дар ҳайати 97 нафар узв ва 37 номзад ба узвият интихоб кард. 

  Маҷлиси аввалини сессияи якуми КИМ-и ҶШС Тоҷикистон 12-уми декабр шуда гузашт. Маҷлис Презизиуми КИМ ва Ҳукумати Тоҷикистон – Шӯрои Комиссарони Халқӣ (Совнарком)-ро таъсис дод. Нусратулло Махсум раиси ПреЗанҳо, вакилони анҷуман зидиуми КИМ ва Абдулқодир Муҳиддинов раиси Шӯрои Комиссарони Халқӣ интихоб ва тасдиқ шуданд.

  Ҳамин тариқ, дар таърихи халқи тоҷик бори нахуст мақомоти идорӣ ва ҳокимияти демократӣ интихоб карда шуданд.

 Луғат 

 1. Авзои ҷамъиятию сиёсӣ – мафҳуми фалсафӣ, таърихӣ, сиёсӣ буда, ҳолати сиёсии ҷамъиятро дар назар дорад ва вазъияти ҳизбӣ (ҳизбҳо), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва сиёсати давраро дар бар мегирад. 

 2. Сохтмони ҳизбӣ – мафҳуми сиёсӣ-ҳизбӣ буда, раванди таҳаввулоти ҳизбҳои сиёсиро дар назар дорад. 

 3. Кумитаҳои инқилобӣ – шакли идоракунии сиёсии солҳои 1917-1926 дар ҳудуди Тоҷикистон аст, ки аз тарафи Ҳукумати Шӯравӣ таъсис дода шуда буданд. Солҳои 1917-1924 чунин кумитаҳо дар саргаҳи Зарафшону  Помир ва солҳои 1921-1926 дар Бухорои Шарқӣ амал мекарданд. 

 Савол ва супоришҳо 

1. Авзои ҷамъиятию сиёсии солҳои 1924-1926-ро шарҳ диҳед. 

2. Дар бораи таъсисёбии ташкилоти ҳизбии Тоҷикистон нақл кунед. 

3. Интихобот ба шӯроҳои солҳои 1925-1926-ро шарҳ диҳед. 

4. Қарорҳои Анҷумани муассисони шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистонро   номбар кунед. 

5. Мазмуни декларатсияҳои қабулкардаи анҷуманро гӯед. 

6. Фарқи кумитаҳои инқилобӣ аз шӯроҳо дар чӣ буд?