Омили зиддиятҳои байни давлатҳои капиталистӣ. Буҳрони иқтисодие, ки солҳои 30-юм ҷаҳони капиталистиро фаро гирифта буд, давлатҳоро ба роҳи милитаристии тараққиёт овард. Пеш аз ҳама Олмон, Италия ва Ҷопон ин буҳронро бо роҳи ҳарбигардонии иқтисодиёт сабук паси сар карданд, вале ҷаҳони капиталистӣ ба худ наомада, соли 1937 боз буҳрони нав сар зад. Ин дафъа ИМА, Фаронса ҳам таъсири онро бештар ҳис карданд. Олмон, Италия, Ҷопон бошанд, боз роҳи яроқнокшавии бошитоб ва тайёр кардани ҷангро пеш гирифта, таъсири буҳронро камтар эҳсос карданд.
Солҳои 1938 - 1939 Олмон Австрияро забт намуда, вилояти Судети Чехославакияро ба худ ҳамроҳ кард. Ҷопон бошад, дар Чин ва Муғулистон ҷангро сар карда, вазъияти байналмилалиро вазнинтар гардонд. Дар ноором гардидани вазъияти байналмилалӣ ҳукуматҳои ИМА, Фаронса, Англия ҳам «кумак» карда буданд. Дидаю дониста онҳо сари роҳи фашизмро нагирифтанд. Баръакс, ба зидди СССР (ИҶШС) равона кардани фашизм ва миллитаризмро тарафдорӣ карданд, яъне давлатҳои капиталистӣ зиддиятҳои худро бо роҳи ҷанг андохтани Олмон бо СССР (ИҶШС) ҳал карданӣ буданд. Аз ин рӯ, ҳукумати СССР (ИҶШС)-ро зарур буд, ки муносибату мавқеи байналмилалии худро муайян созад. То соли 1939 СССР (ИҶШС) бо Чин, Муғулистон, Полша, Чехословакия, Англия, Фаронса, ИМА шартномаҳои гуногун дошт, вале ин шартномаҳо садди роҳи фашизм шуда натавонистанд ва наметавонистанд. Таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ воқеӣ буд ва меъмори асосии он Олмон ва баъд Англияю Фаронса ва ИМА буданд. СССР (ИҶШС) хост иттифоқи (коалицияи) зидди фашизмро аз ҳисоби давлатҳои муқтадир ИМА, Фаронса ва Англия ва баъзе дигарҳо (Полша, Чехословакия, Руминия) ташкил диҳад. Ин масъала дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин мамлакатҳо муҳокима шуда буданд, вале ба амалӣ гардидани ин нақша ҳеҷ яке аз онҳо накӯшиданд, баъракс, Фаронса, Англия, ИМА ба Олмон фаҳмонданд, ки ба амалӣ гардидани нақшаи ибтидоии васеъ шудани сарҳади Олмон (аз ҳисоби Австрия ва Чехословакия) халал намерасонанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бе эълони ҷанг 12 марти соли 1938 Германия қӯшуни 300-ҳазораашро ба Австрия дароварда , 13-уми март Австрияро як қисми Олмон эълон кард. Бетарафии Фаронса ва Англия дасту пойи Олмонро кушод. Қурбонии ояндаи давлатҳои муқтадир Чехословакия гардид.
Дар вилояти Судети Чехословакия аҳолии олмонизабон зиндагонӣ доштанд. Миллатгароёни ин вилоят баҳори соли 1938 бо талаби ба ҳайати Олмон дохил шудан баромад карданд. Ин вилояти саноатии калонтарини Чехия буд. Олмон талаби онҳоро маъқул ёфт ва барои татбиқи амалии он тайёрии ҳарбӣ ҳам диди, вилояти Судет- ро ишғол кард. Бо ҳамин усул соли 1938 ибтидои соли 1939 Олмон даъвои мулкҳои алоҳидаи Полша (Дансиг), Белгия (Эпел-Малмида), Фаронса (Элзасу-Лотарингия) кард. Аз ин ҳам қатъитар 15-уми марти соли 1939 зери фишори Гитлер ҳукумати Чехословакия ақди ба тобеиати Олмон дохил шуданро имзо кард. Чехия ва Моравия ба протекторат ва баъд тамоман ба Олмон ҳамроҳ карда, Словакия ба мустамлика табдил дода шуд. Закарпатие Украина ба ҳайати Венгрия гузашта, Чехословакия ҳамчун давлат аз байн рафт. Дар ин давра ҳам ягона давлате, ки бо чорабиниҳои мушаххас барои сари роҳи чунин ҳодисаҳоро гирифтан баромад мекард, СССР (ИҶШС) буд. Ҳукумати СССР (ИҶШС) ба ҳамроҳкунии Австрия ва тақсими Чехословакия эътироз намуда, ҳатто ёрии худро пешниҳод карда буд, вале ҳукуматҳои Чехословакия ва Полша ин ёриро истифода накарданд. Бештар ҳукуматҳои Ғарб мекӯшиданд, ки мошини ҳарбии Олмонро зидди СССР (ИҶШС) равона кунанд.
Омили зиддиятҳои байни сотсиализму капитализм. Англия ва Фаронса мехостанд, ки дар Европа бе иштироки СССР (ИҶШС) таносуби қувваҳоро бо иттифоқи Олмон дар мувозинат нигоҳ доранд ва бо Олмон «дӯст» монанд. Онҳо бо Полша, Руминия ва Юнон шартномаи ёрии ҳамдигарӣ дар ҳолати сар задани ҷанг бо яке аз тарафҳоро бастанд, Аммо ин сари роҳи Олмонро нагирифт. Олмон моҳи апрели соли 1939 Италия ва Албанияро забт намуда, шартномаи олмону-англисӣ ва олмону –полшагии солҳои 1934-1935-и худро дар бораи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан бекор эълон кард. 22-юми майи соли 1939 бо Италия шартномаи «Пакти пӯлодин»-ро имзо кард. Бо ин пакт таносуби қувваҳо дар Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ пурра ба фоидаи иттифоқи Олмон ва Италия анҷом ёфта буд, вале Ғарб ин таносубро ба ҷанги зидди СССР (ИҶШС) табдил доданӣ шуда, аз пешниҳодоти СССР (ИҶШС) дар ташкил додани бехатарии коллективона зидди фашизм бо ҳар роҳ дур мешуд. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиаи СССР (ИҶШС) шартҳою нақшаҳои иштироки худро дар таъмини бехатарии Европа чӣ дар гуфтушунидҳои алоҳида ва чӣ дар муштарак баён карда буданд. СССР (ИҶШС) уҳдадорӣ мегирифт, ки агар Олмон бо Фаронса ва ё Англия ҷанг сар кунад, тайёр аст, ки ба онҳо кумаки низомӣ расонад, вале Ғарб ягон варианти маъқули ёрӣ ва иштироки худро дар ҳолати ба СССР (ИҶШС) ва ҳамсояҳои наздибалтикии он ҳуҷум кардани Олмон пешниҳод накарда, баръакс, то июни соли 1939 бо намояндагони гуногуни Олмон гуфтушуниди худро давом доданд. Ҳатто ба таҳияи нақшаи ҳамла ба СССР (ИҶШС) ёрӣ ҳам расонданд. Англия бо Ҷопон июни соли 1939 шартномаи дахолат накардан ба корҳои Ҷопон дар Чинро баст. Ҳатто бо ташаббуси Ғарб Ҷопон августи соли 1938 дар кӯли Ҳасан (ИҶШС) ва июли соли 1939 дар Халхин-Гол (Муғулистон) ба мақсади сар кардани ҷанги калон дасиса ташкил кард. Дар ин ҳар ду дасиса Ҷопон шикаст хӯрд. Нақшаи ташкили бехатарии европоии пешниҳодкардаи Фаронса ва асосан Англия, бехатарии Латвия, Фаронса ва Эстонияро дар назар надошт. Дар ҳар ҳолат ин давлатҳо метавонистанд аз тарафи Олмон забт гарданд ё барои бо ИҶШС ҷангро сар кардан, мавқеъ (платсдарм) шаванд. Дар ҳар ҳолат СССР (ИҶШС) мехост, ки уҳдадориҳое, ки тарафайн мегиранд, барои ҳама тарафҳо баробар бошанд. Фаронса ва Англия талаб мекарданд, ки ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии СССР (ИҶШС) дар ҳолати аз тарафи Олмон ё ягон давлати дигари зери таъсири Олмон буда бо онҳо сар мекарда бошад ҳатмӣ бошад, вале ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии онҳо ба СССР (ИҶШС) дар ҳолати сар задани ҷанги Олмон ва СССР (ИҶШС) ҳатмӣ, вале агар он ҷангро иттифоқчиёни Германия сар кунанд, аниқ набуд. СССР (ИҶШС), ки таҷрибаи чунин ёрии бо Чехословакияро медонист, ин тариқи шартномаи бехатарии коллективонаро намехост. СССР (ИҶШС) ҳам ҳадафҳои худ ва ҳам ҷумҳуриҳои ҳамсояи ғарбии худ аз Балтика то Баҳри Сиёҳро дар назар дошт. Ин назари Ғарб дар рафти гуфтушунидҳои москвагии августи соли 1939 бо ҳайати намояндагони ҳарбии Англия ва Фаронса маълум гардид. Маълум аст, ки гуфтушунидро ҳукуматҳои Фаронса ва Англия барои ба бунбаст (кучаи сарбаста) бурдани СССР (ИҶШС) истифода карда буданд. Ҳайати намояндагони онҳо ваколати имзо кардани ягон ҳуҷҷатро надоштанд. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Шӯравӣ гуфтушунидро қатъ кард.
Дар муддате, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бо Фаронса ва Англия гуфтушунид мекард, Олмон ба ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ се маротиба муроҷиат карда, фаҳмонд, ки байни онҳо масъалае нест, ки ҳал нагардад. Ҳатто иброз дошт, ки Олмон тайёр аст дар бораи бехатарии СССР (ИҶШС) аз Балтика то Баҳри Сиёҳ гуфтушунид кунад. Вале то 29-уми август соли 1939 СССР (ИҶШС) ин таклифҳоро рад мекард. Фақат баъди эҳсоси он ки гуфтушунид бо Англия ва Фаронса ба ягон натиҷа намеорад ва СССР (ИҶШС) дар ҳолати танҳоӣ бо Олмон ва Ҷопон рӯ ба рӯ мемонад, гуфтушунидро бо Олмон оғоз намуд ва дар бораи дар муҳлати 10 сол ба ҳамдигар ҳуҷум накардан шартномаро ба имзо расонид. Ин шартнома таҷовузи Ҷопон ва Олмонро ба СССР (ИҶШС) муваққатан ба таъхир андохт. Олмон 1-уми сентябри соли 1939 ба Полша ҳуҷум кард. Дар асоси шартномаи вуҷуддошта 3-юми сентябр Англия ва Фаронса ба ҷанги зидди Олмон даромаданд, вале ҷанги фаъолона нашуд. Олмон Полшаро ба осонӣ шикаст дод. Ҳуҷум ба Полша ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳон гардид.
Луғат
1. «Пакти пӯлодин» - шартномаи байни Олмон ва Италияро аз моҳи майи соли 1939 меноманд, ин давоми «Пакти зидди коминтерн»- и соли 1937 буд.
Савол ва супоришҳо
1. Сабабҳои асосии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро номбар кунед.
2. Ҳадафҳои Олмонро шарҳ диҳед. 3. Ҳадафҳои Англия чӣ буданд?.
4. Ҳадафҳои Италия, Фаронса ва Ҷопонро шарҳ диҳед.
5. Барои чӣ Англия ва Фаронса дар ташкили иттифоқ зидди Олмон кашолкорӣ карданд?
6. Барои чӣ СССР (ИҶШС) бо Ҷопон ва Олмон шартномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро баст?
Реклама