Ҷорӣ гардидани назорати коргарӣ ва моҳияти он. Дар асоси қарорҳои Анҷумани дуюми шӯроҳои умумирусиягӣ ва Анҷумани сеюми шӯроҳои кишварӣ дар бораи миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва мусодираи замин, ҳукумати Туркистон гузаронидани чорабиниҳои иқтисодиро аз ҷорӣ кардани назорати коргарӣ сар кард.
14-уми ноябри соли 1917 Кумитаи Иҷроияи Марказии умумирусиягӣ «Лоиҳаи қоидаҳо дар бораи назорати коргарӣ»-ро қабул карда буд. Ин қоидаҳо талаб мекард, ки назорат аз болои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсими маҳсулот ташкил ва пурзӯр карда шавад. Сабаби асосии ҷорӣ карда шудани назорати коргариро Ҳокимияти Шӯравӣ дар он медид, ки диктатураи пролетариат яку якбора саноат ва муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистиро ба вуҷуд оварда наметавонад. Барои ин лозим буд, ки аввалан коргарон ҳунари ташкил ва идора кардани истеҳсолотро омӯзанд. Омӯхтан ба воситаи назорати коргарӣ осонтар буд. Ҳокимияти Шӯравӣ дар назар дошт, ки бо ҷорӣ карда шудани назорати коргарӣ душманони синфӣ муассисаҳои истеҳсолиро аз кор мононда ё вайрон карда наметавонанд. Аз тарафи дигар, назорати коргарӣ доираи фаъолияти корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкоронро танг карда, кори ташкил намудани истеҳсолоти ҷамъиятиро осон гардонд, яъне мақсади назорати коргарӣ он буд, ки синфи коргарро ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ наздик ва омода намояд. Баъди қабули қоидаҳо 14-уми ноябри соли 1917 Ҳокимияти Шӯравӣ декретро дар бораи ҷорӣ намудани назорати умумии коргарӣ қабул кард. Амалӣ гардидани ин декрет дар Туркистон дар нимаи дуюми соли 1918 сар шуд. Пеш аз ҳама назорати коргарӣ дар корхонаҳои коркарди пахта ва равғанкашӣ ҷорӣ карда шуд. Ин чорабинӣ дар давоми моҳҳои апрел-июни соли 1918 гузаронида шуд. ва натиҷаи хуб дод. То охири баҳори соли 1918 дар тамоми корхонаҳои саноатии Туркистон назорати коргарӣ ҷорӣ гардид. Дар ҳама ҷо кумитаҳо ва ташкилотҳои фабрикӣ-заводӣ ва конии назорати коргарӣ таъсис ёфтанд. Ташаббус- кори ин назорат бештар ҳизби болшевикӣ буд.
Дар рафти ҷорӣ шудани назорати коргарӣ Ҳокимияти Шӯравӣ баъзе нозукиҳои истеҳсолот, ба мисли таъмини корхона бо ашёи хом, таҷҳизот ва ташкили кори мураттаби корхонаро аз худ кард. Ин таҷриба шуури коргаронро тағйир дод. Синфи коргар худро соҳиби корхона ҳис мекардагӣ шуда, муносибаташро ба меҳнат, корхона, ба интизоми кор ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дигар кард. Ин дар оянда боиси осон шудани милликунонии саноат гардид.
Ибтидои ҷамъиятигардонии истеҳсолоти саноатӣ. Чӣ тавре аз мақсади ҷорӣ гардидани назорати коргарӣ пай бурдем, инқилоби ғалабакарда ва Ҳукумати навташкили Шӯравӣ мақсади таъҷилан миллигардонии корхонаҳои саноатиро надошт, зеро ба истифодаи онҳо ҳанӯз тайёр набуд, вале муносибати душманонаи баъзе саноатчиён (иҷро накардани фармоишҳои ҳарбии ҳукумат, вайронкориҳои маъмурияти корхонаҳо) Ҳукумати Шӯравиро маҷбур карданд, ки муносибати худро нисбати саноат тағйир диҳад, милликунониро тезонад.
Дар таҷрибаи собиқ шӯравӣ милликунонии саноат аввал бо роҳи кашида гирифтани (экспроприатсияи) корхонаҳои хурду миёна оғоз гардида буд, ки дар муқобили ҳама гуна душманиҳои зиддишӯравӣ амалӣ мегардид. Саноати онвақтаи Тоҷикистонро (агар чунин номидан раво бошад) маҳз саноати хурду миёна ташкил медод. Дигар ин ки ҳамон корхонаҳои саноатии камшумори Тоҷикистон боз моликияти саноатчиёни маҳаллӣ набуданд. Ҳамин вазъи ҳуқуқии масъала кашидагирии онҳоро осон карда буд.
Милликунонии саноат дар Тоҷикистон аз корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ сар шуда, назар ба марказ дар муддати хеле кӯтоҳ гузаронида шуд.
Дар асоси қарори шӯрои уездии Хуҷанд аз 24-уми марти соли 1918 7 заводи пахтатозакунии уезди Хуҷанд ва заводҳои собунпазии Хуҷанду Ӯротеппа, 2 заводи пахтатозакунии Конибодом миллӣ эълон шуданд. Умуман, дар соли 1918 ҳамаи заводҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашии бародарон Алибоевҳо, Пинхасов, Маҳкамбоев, Потеляхов, Ашӯрбоев, Турсунов, Мирмуъминов, Имонхонов, ширкати истеҳсоли нафти «Санто», конҳои ангиштсанги Шӯроб, шуъбаи Хуҷандии заводи чарми ҷамъиятҳои «Кавказ», «Меркурий» ва «Шарқӣ», дорухонаҳо, ҷамъиятҳои суғурта, нақлиёт, муассисаҳои пиллахушккунӣ ва хазинаи пахта миллӣ карда шуданд. Идора ва роҳбарӣ кардан ба корхонаҳои миллишуда ба зиммаи Шӯрои Олии хоҷагии халқ ва идоракунии он дар маҳалҳо ба зиммаи шуъбаи хоҷагии халқи назди шӯроҳои уездӣ гузошта шуда буд.
Дар сиёсати иқтисодӣ ва муносибати Ҳукумати Шӯравӣ ба саноат милликунонии саноат маънои барҳам додани сармоядории калон - сармоядории буржуазӣ, зербинои иқтисодии сармоядорӣ ва аз байн бурдани буржуазия ҳамчун синф ва таъсиси заминаи иқтисодӣ ва саноатии ҷамъияти нав - сотсиализмро дошт. Милликунонии саноат дар рафти инкишофи инқилоб дар охири соли 1917 ва то миёнаи соли 1918 дар назар дошта шуда буд, вале ба сиёсат табдил наёфт. Баъди душвориҳои ҳарбию молиявии аввали соли 1918 – бо сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва тавсияи Анҷумани якуми шӯроҳои хоҷагии халқ, ки охири майи соли 1918 баргузор гардида буд, 28-уми июни соли 1918 ШКХ декрети милликунонии саноати вазнинро қабул карда буд, ки ба сиёсат табдил ёфт. Дар Тоҷикистон чунин корхонаҳои саноати вазнини маҳсулоти саноатӣ мебаровардагӣ набуд. Захираҳои табиии уезди Хуҷандро, ки ба саноати вазнин баробар буд, баъд эътироф карданд. Дар асоси қарори Анҷумани дуюми умумирусиягии шӯроҳо истифодаи онҳо танҳо барои ҷамъият эълон ва эътироф гардида буд.
Дар Помир ва Бухорои Шарқӣ ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надошт ва ҳоҷат ба милликунонии саноат набуд, вале захираҳои табиии онҳо ба Туркистону Русия баробар карда шуда буданд.
Ибтидои ислоҳоти обу замин. Тоҷикистон кишвари аграрӣ буд. Инқилоб мебоист масъалаи заминро ҳал мекард. Яке аз қонунҳои аввалини Ҳокимияти Шӯравӣ «Декрет дар бораи замин» аст, ки дар Анҷумани дуюми Шӯроҳои Умумирусиягӣ қабул шуда буд. Барои татбиқи фаврии ин декрет дар Туркистони миллӣ на шароит буд на имконият. Аввалан деҳқонони тоҷик ҳоло ташкилоти сиёсии худро надоштанд, сониян роҳҳо ва усули тақсими заминро ҳам намедонистанд, чӣ миқдор замин ва ба кӣ тақсим кардани он ҳам маълум набуд. Аз ин рӯ, Ҳокимияти Шӯравӣ «Декрет дар бораи замин»-ро дар шароити Туркистон дар якчанд давра гузаронид. Давраи аввалро, ки то ибтидои ҷанги гражданӣ давом ёфт, давраи қонунэҷодкунии Ҳокимияти Шӯравӣ доир ба ҳалли масъалаи замин номидан мумкин аст. Дар ин марҳила қонуну идораҳое ба вуҷуд омаданд, ки метавонистанд милликунонии замин ва тақсими онро ба ҷо оваранд. Моҳи декабри соли 1917 ШКХ Туркистон «Декрет дар бораи замин» ва дар асоси ҳамин декрет бо Шӯрои Комиссариати халқии зироат «Дар бораи тартиби гузаронидани ислоҳоти замин дар кишвар» қарор қабул намуд. Аз 27-уми январи соли 1918 дар Туркистон гузаронидани ислоҳоти замин оғоз гардид, ки он аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон фақат уезди Хуҷандро фаро гирифта буд.
Барои гузаронидани ислоҳоти замин чӣ чизҳоро донис- тани Ҳокимияти Шӯравӣ лозим буд? Аввалан категорияи моликиятдорӣ ба замин, сониян кӣ будани соҳиби бевоситаи он ва баъд миқдори замин. Чунин нишонаҳо барои деҳаҳои руснишин кайҳо боз маълум буданд. Дар деҳаҳои руснишин замин аз они давлат буд, вале истифодабарандагони он деҳқонон буданд. Ҳисоби замини дар ихтиёри онҳо буда маълум буд. Дар деҳаҳои миллӣ заминҳои давлатӣ, мулкҳои шахсии феодалӣ ва вақфҳо ҳам буданд, ки миқдори онҳо ба ғайр аз соҳибонашон дигар ба ҳеҷ кас маълум набуд. Аз ин рӯ, дар деҳаҳои руснишин гузаронидани ислоҳот фақат ба қонун муҳтоҷ буд. Худи деҳқонон ба гузаронидани ислоҳот тайёр буданд. Барои ҳамин дар маҳалҳои руснишин барои гузаронидани ислоҳоти замин ташкилотҳои махсус - комитетҳои камбағалон таъсис ёфтанд. Деҳа ва деҳқони тоҷик ба ин кор ҳоло тайёр набуданд. Дар ҳалли масъалаи замин дар чунин вазъият фақат ҳокимият мебоист фаъолият кунад. Ва чунин ҳам шуд. Ҳокимияти Шӯравӣ қонун ва қоидаҳои мусодиракунии заминҳои бою помешиконро қабул карда, ба таъсиси органҳои татбиқкунандаи ин қонунҳо сар кард, вале бо сабаби маълум набудани ҳаҷми замини мусодирашаванда лозим дониста шуд, ки сараввал кор аз ба ҳисоб гирифтани заминҳои мусодирашаванда оғоз ёбад. Дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Конибодом комиссияҳои махсуси ба ҳисоб гирифтани замин ба ченкунии фонди замини тақсимшаванда сар карданд.
Мутахассисони заминченкун намерасиданд. Комиссияҳо кори зиёдеро анҷом доданд, вале худи ислоҳотро гузаронида натавонистанд, зеро имконият нашуд. Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Дар сиёсати Давлати Шӯравӣ - ҳимоя ба ҷойи аввал баромад ва ислоҳот дуюмдараҷа шуд. Ба ҳар ҳол дар баҳор ва тобистони соли 1918 инқилоб ба деҳоти тоҷик ҳам сар дароварда буд. Чизе, ки ба чашму дили деҳқон таъсир карда буд, қатъият дар амалӣ кардани нақшаҳо ва қонунҳои қабулкардаи шӯроҳо буд.
Моҳи январи соли 1918 Шӯрои кишварӣ дар бораи таъсис додани кумитаҳои обу замин қарор қабул кард. Моҳи феврали соли 1918 Комиссариати зироати Туркистон деҳқононро даъват кард, ки кумитаҳои обу заминро таъсис диҳанд. Ин муроҷиатро ба ҳисоб гирифта, дар тамоми волостҳои уезди Хуҷанд кумитаҳои обу заминро таъсис доданд. 2-юми апрели соли 1918 Комитети обу замини Хуҷанд қарор кард, ки заминҳои киштнашудаи уезд ба деҳқонони безамину камзамин дода шаванд. Сабаби асосии аз кишт мондани ин заминҳо манъ карда шудани истифодаи қувваи кории дигарон буд. Ҳокимияти Шӯравӣ истифодаи қувваи кории дигаронро дар замини бою феодалҳо манъ кард. Дар аввали соли 1918 Ҳокимияти Шӯравӣ ба кашида гирифтани заминҳои зиёдатии феодалон сар карда буд. Моҳи апрели соли 1918 Шӯрои Хуҷанд заминҳои дар Саритӯқай, Чумчуқарал ва Даштиамин будаи заминдорони калонро кашида гирифта, ба деҳқонон тақсим кард. Меъёри замини тақсимшуда ҳамон қадаре буд, ки деҳқонон бе истифодаи қувваи кории шахсони дигар аз уҳдаи киштукори он баромада тавонанд. Вале на ҳамаи заминҳои мусодирашуда соҳиби худро ёфтанд. Аз ин рӯ, Ҳокимияти Шӯравӣ дар ин заминҳои бесоҳибмонда ҳамон соли 1918 иттияҳодияҳои кооперативии обёриро бо номҳои «Санҷак- арал» ва «Парчаюз» таъсис дод. Ба ғайр аз ин ба тоза кардани ҷӯйборҳо сар карданд. Аз ҷумла барои тоза кардани канали Янгиариқ деҳқонони деҳаи Басманда ба бою сармоядори худ даҳ ҳазор сӯм ҷарима муқаррар карданд ва онро ситонида, ба тоза кардани канали номбурда сарф намуданд. Давраи аввали ислоҳоти обу замин ҳама минтақаҳои ҷумҳуриро фаро нагирифт. Масалан, минтақаи Помирро, ки дар он ҳоло шароити гузаронидани ислоҳоти обу замин фароҳам наомада буд.
Луғат
1. Ислоҳот – тағйирот, дигаргунӣ.
2. Ислоҳоти замин – соли 1918 Ҳокимияти Шӯравӣ шартҳои истифодаи заминро эълон карда буд, ки бо номи «Ислоҳоти замин» машҳур гашт. Дар шароити Осиёи Миёна ислоҳоти истифодаи об ҳам зарурат дошт, барои ҳамин ислоҳотҳои замини шӯравӣ дар ин минтақа обро ҳам дар назар дошт.
З. Ислоҳоти обу замин – ин чорабинии Ҳокимияти Шӯравӣ оид ба ҳалли масъалаи моликиятдорӣ нисбат ба замин ва об буд. Ислоҳоти обу замин дар Тоҷикистон дар амал дар чор давра гузаронида шуда буд: солҳои 1918 – 1920, 1921 - 1923, 1926 - 1929 ва 1930 – 1937.
Савол ва супоришҳо:
1. Вазифаҳои назорати коргариро муайян кунед.
2. Мақсади ҷамъиятигардонии истеҳсолотро шарҳ диҳед.
3. Ислоҳоти обу заминро шарҳ диҳед.
4. Барои чӣ ислоҳоти замини солҳои 1918-1920 дар Тоҷикис- тон «ислоҳоти замину об» номида шуда буд?
Реклама