§ 34. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ  СИНФИ КОРГАРИ ҶУМҲУРӢ

§ 34. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ  СИНФИ КОРГАРИ ҶУМҲУРӢ

  Тавсифи умумӣ. Азбаски ҳанӯз дар лоиҳаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи Тоҷикистон сохтмони корхонаҳои зиёде ба нақша гирифта шуда буд ва баъзеи онҳо бояд бо техникаю технологияи нав кор мекарданд ва саноати ҷумҳурӣ низ серсоҳа гардида буд. Эҳтиёҷ умуман ба коргарони ихтисосманд ва хусусан ихтисосҳои нав зиёд мегардид. Аз ин сабаб лозим омад, ки тайёр кардани онҳо низ ба сиёсат табдил дода шавад. Ин масъала мавзӯи баҳсҳои зиёди анҷуманҳои I, II, III, IV Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Шӯроҳои IV ва V-и Иттифоқҳои касаба ва слётҳои пешқадамони саноат гардида буд. Дар рафти ин баҳсҳо роҳҳои асосии тайёр кардани синфи коргари миллӣ кашф ва интихоб гардид. Роҳҳои асосии он ба таври шогирдӣ, бригадавӣ, истеҳсолӣ – таълимӣ ва мактабӣ буданд. 

  Сиёсати давлатии тайёр кардани синфи коргари касбӣ. Дар тамоми солҳои 30-юм дар Тоҷикистон синфи коргарро бо роҳи омӯзондани коргарони нав аз ҳисоби аҳолии шаҳру деҳот тайёр мекарданд. Усули омода сохтани онҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддат дар мактабҳои махсус (ФЗО. ФЗУ) ба таври бригадавӣ ва инфиродӣ буд. Сиёсати бо кор таъмин намудани наврасон қотеона гузаронида мешуд, яъне корхонаҳо вазифадор буданд, ки аз 8 то 20% ҷойи кори худро барои наврасон ҷудо кунанд. Онҳо дар мактабҳои номбаршуда ҳунар меомӯхтанд. Самти асосии сиёсати давлатии тайёр кардани синфи коргар дар ҳайати синфи коргари ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани бартарии аҳолии маҳаллӣ ба ҳисоб мерафт, чунки ҳайати он то соли 1929 аксаран аз аврупоиҳо иборат буд. Аврупоиҳо дар бригадаҳои махсуси мутахассисон ҷамъ омада буданд. Коргарони маҳаллӣ фақат корҳои ёрирасонро иҷро мекарданд. Лозим дониста шуд, ки ин сохтор вайрон карда шавад. Ба бригадаҳои мутахассисон коргарони бетахассусро ҳамроҳ намуда, дар рафти кори амалӣ маҳаллиён ҳам ихтисосеро ёд мегирифтанд. Ин усулро усули истеҳсолии тайёр кардани коргар меномиданд. Бо ин усул пеш рафтан мумкин нашуд. Соли 1930 аввал курсҳои махсуси тайёр кардани коргарони ихтисосҳои бинокорӣ кушода шуданд. Ин кор ба зиммаи Комиссариати халқии меҳнат гузошта шуда буд. Ба касбомӯзӣ пеш аз ҳама бекорони дар қайди биржаи меҳнат буда ва наврасону ноболиѓон ҷалб карда мешуданд. Ҳаққи таълим аз ҳисоби вазоратҳо ва биржаи меҳнат буд. Ҳукумати умумииттифоқ низ барои тайёр кардани кадрҳои ихтисоси сохтмончӣ (хиштчин, андовагар, дуредгар, бомпӯш) соли 1930 қариб 5,5 ҳазор сӯм ҷудо карда буд. Таълимгоҳи “Установка” ба тайёр кардани ихтисосҳои ронанда, тракторчӣ, коргарони алоқа, саноат, роҳи оҳан, харрот, мошинистҳои роҳи оҳан сар кард, вале аз рӯйи дархостҳои вазорату муассисаҳо маълум гардид, ки ин таълимгоҳ он миқдор ихтисосмандонро тайёр карда наметавонад. Соли 1930 дар назди конҳои САНТО, Шӯроб, роҳи оҳан, саноати шоҳибофӣ, “Тоҷикдавлатсохтмон” мактабҳои шогирдии фабрикию заводӣ кушода шуданд. Таълимгоҳи “Установка” ба Ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфт ва соли 1931 дар Душанбе, Хуҷанд, Ӯротеппа, Кӯлоб шуъбаҳои худро кушод. Соли 1931 бошад, мактабҳои шогирдии ихтисосҳои оммавӣ кушода шуданд. 75-80%-и шогирдони ҳамаи ин мактабҳо мебоист аз мардуми малаллӣ мебуд. Солҳои 1931-1932 курсҳои кӯтоҳмуддати комбинати шоҳибофии Хуҷанд, кони ангишти Шӯроб, заводи хишти Душанбе, Сарраёсати нақлиёти боркашонӣ ба курсҳои доимоамалкунанда табдил ёфтанд.

  Як самти махсуси сиёсати тайёр кардани ихтисосҳои коргарӣ истифодаи коргарони мавсимӣ буд. Барои ҳарчи пурсамартар истифода бурдани ин қувва ҳатто июни соли 1931 декрети махсуси КИМ ва ШКХ СССР (ИҶШС) баромада буд. Коргарони мавсимӣ асосан аз деҳа буданд ва ҳар тобистону зимистон шумораи онҳо зиёд мешуд. Вазоратҳо ва муассисаҳои сохтмонӣ онҳоро ҳам ба ҳисоб гирифта, аз ҷумлаи онҳо кадрҳои коргарӣ тайёр мекарданд. Онҳоро бештар дар сохтмонҳои роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ,  муассисаҳои коммуналӣ  истифода мебурданд. Дар ҳолати набудани имконияти ба корхона ҷалб кардани ҳунармандон давлат сиёсати кооператсиякунонии онҳоро пеш гирифта, то 1 январи соли 1932 10000 ҳунармандро ба ин ё он кооператив муттаҳид намуд. Аз ҳисоби онҳо устохонаҳои умумӣ таъсис дода шуда буданд, ки ҳунармандро ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ - сотсиалистӣ наздик мекард. Ҳукумат роҳи дигари дар марказ (Русия, Ӯзбекистон) тайёр кардани кадрҳои коргариро ҳам истифода мебурд. Он ихтисосҳои коргарие, ки дар Тоҷикистон тайёр карданашон душвор буд, дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳо тайёр карда мешуданд, яъне дар солҳои 1930-1932 дар ҷумҳурӣ беш аз 9000 коргари ихтисоснок тайёр карда буданд, ки 2000 нафарашонро наврасон ташкил медоданд.

  Солҳои 1933-1937 ба тайёр кардани коргарони баландихтисос факултаҳои коргарӣ, техникумҳои саноатӣ ва сохтмонии Душанбе ва полиграфии Хуҷанд сар карданд, вале саноати ҷумҳурӣ ҳоло на фақат бо коргарони ихтисосдор, балки одӣ ҳам пурра таъмин набуд. Дар ҷумҳурӣ дар сохтмонҳою истеҳсолот қариб 4000 коргар намерасид. Масалан, дар соли 1933 барои бунёди НБО-и Варзобу корхонаи масолеҳи сохтмонии Харангон қариб 1800 коргар, барои Консой ва Шӯроб зиёда аз 200 коргар, соли 1934 барои Нефтобод қариб 170 коргар, барои комбинати шоҳибофии Хуҷанду фабрикаи шоҳибофии Душанбе 900 коргар намерасид. Аз ин рӯ, солҳои 1934-1936 дар ҷумҳурӣ мактабҳои ШФЗ (шогирдии фабрику заводӣ) дар назди корхонаи нафти Нефтобод, шоҳибофии Хуҷанд, матбааҳои Душанбе ва Хуҷанд, фабрикаи дӯзандагии Душанбе, чоҳҳои нафткашии КИМ кушода шуданд. Дар НБО-и Варзоб, комбинати полиграфӣ, фабрикаи дӯзандагӣ, заводи механикӣ бо роҳҳои инфиродӣ ва бригадавӣ зиёда аз 1000 коргар тайёр карда шуда буд.  Теъдоди синфи коргари ҷумҳурӣ ба 22145 нафар расид, ки нисбат ба соли 1932 10,5 ҳ. зиёд буд. 

  Як хусусияти дигари ташаккулёбии синфи коргари тоҷик аз ҳисоби занҳо зиёд шудани он буд, зеро дар Тоҷикистон бештар корхонаҳое сохта мешуданд, ки ба меҳнати зан ва малакаи касбии он мувофиқат мекарданд. Дар корхонаҳои пиллакашӣ, ресмонресӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, коркарди мева ва хӯрокворӣ, ки аз ҳама бештар сохта мешуданд, асосан дасти зан даркор буд, яъне хусусияти истеҳсолот ҳайати ҷинсии синфи коргари ҷумҳуриро муайян месохт.

 Луғат 

 1. Шогирдӣ – усуле буд, ки ҳар як усто шогирд, ёвар дошт ва ба ӯ касби худро ёд медод. 

 2. Бригада – гурӯҳ, даста. Дар матн ба маънои бригадаи истеҳсолӣ омадааст.

 3. Усули бригадавӣ – усуле буд, ки дар истеҳсолот ва ё сохтмон ба як гурӯҳи одамон як касбро (хиштчин, андовачӣ, дуредгар, рангмол, шишабур, сандалисоз...) меомӯзонданд. 

 4. Истеҳсолию таълимӣ – усуле буд, ки шаҳрванд дар як ҳолат ҳам шогирд буду ҳам истеҳсолкунанда, яъне дар рафти истеҳсолот касберо аз худ мекард. 

 5. ФЗУ (фабрично – заводские училища) – Омӯзишгоҳҳои фабрикавӣ – заводӣ(ОФЗ) . 

 Савол ва супоришҳо:

1. Зарурати тайёр кардани синфи коргари миллиро фаҳмонед. 

2. Душвориҳои тайёр кардани синфи коргари тоҷикро баён кунед ва шарҳ диҳед? 

3. Муассисаҳои тайёр кунандаи синфи коргари солҳои 30юмро номбар кунед? 

4. Корхонаҳои барои худ коргар тайёр мекардагиро номбар кунед. 

5. Хусусиятҳои тайёр кардани синфи коргари солҳои 30-юми асри ХХ-ро муайян созед?

Реклама