§ 9. ОҒОЗИ ҲАРАКАТИ ЗИДДИШӮРАВӢ ВА ҶАНГИ ШАҲРВАНДИИ СОЛҲОИ 1918 – 1923

§ 9. ОҒОЗИ ҲАРАКАТИ ЗИДДИШӮРАВӢ ВА ҶАНГИ ШАҲРВАНДИИ СОЛҲОИ 1918 – 1923

  Сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1918 - 1923 ба вуќӯъ омад. Ин ҷанг байни сохти куҳна - маъмурияти Русияи подшоҳӣ, тарафдорони он, феодалони маҳаллӣ ва тарафдорони сохти нав буд. Як гурӯҳ тарафдорони сохтори буржуазӣ ва дигаре тарафдори сохтори сотсиалистӣ буданд. Табаќаи ҳукмрони пештара имтиёзҳои худро аз даст додан намехост, табаќаи поёнӣ бошад, имтиёзҳои барои ӯ эълонкардаи Ҳукумати Шӯравиро маъќул ёфта, барои ҳимояи он бархост. Дар Тоҷикистон тарафдорони ҳокимияти нав ба қарорҳою дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии меҳнаткашон нигаронида шуда буд, такя карданду муқобилони ҳокимияти нав ба диндории омма. Ҳокимияти Шӯравӣ бо роҳи қабули қонуну қарорҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ба манфиати меҳнаткашон нигарондашуда, ба мисли ҷорӣ кардани назорати коргарӣ, миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани рӯзи кории 8-соата,  мусодираи замин ва тақсим кардани он дар байни деҳқонон, манъ кардани истифодаи қувваи корӣ дар замини сарватмандон оммаи меҳнаткашро ба худ ҷалб карда буд. Дар Туркистон гурӯҳи зиддишӯравӣ тарафдори бештар пайдо кард. Онҳо қарору қонунҳои Ҳокимияти Шӯравиро ба таври худ ба мардуми одии заҳматкаш фаҳмонида тавонистанд. Масалан, шиорҳои шӯравии озодии дин ва баробариро чунин шарҳ доданд: озодии болшевикӣ ин озодии куфрист, яъне нашинохтани Худост; баробарии зану мард умумӣ гардидани занҳо, ҳатто фарзандон аст.

  Дар ташвиқоти зиддишӯравӣ рӯҳониён саҳми асосӣ доштанд. Онҳо мегуфтанд, ки агар ба ҳимояи имон ва дини худ нахезед, кофир мешавед. Ѓазотро фатво медоданд. Ин кор бештар ба онҳо дар деҳаҳои дурдаст муяссар мешуд. Ин гурӯҳ ҳадафҳои сиёсӣ надошт, вале ҳокимиятхоҳон онҳоро барои мақсади асосии худ, яъне ба даст овардани ҳокимият истифода бурда тавонистанд. Дар аввали тобистони соли 1918 дастаҳои ба ном «муҷоҳидон» ва ё «босмачиён» пайдо шуда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. 

  Сабаби асосии дар шимоли Тоҷикистон ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ аввалан, қисми таркибии империяи Русия будани ин минтақа ва ғалабаи инқилоби октябри соли 1917-и рус буд, ки он бо қадамҳои музаффарона дар тамоми ҳудуди империяи Россия ва аз ҷумла дар Туркистон ҳам паҳн гардида буд. Баъдан, сабаби ин ҳаракат эъломияҳо, қонунҳо ва чорабиниҳои аввалини Ҳокимияти Шӯравӣ шуданд, ки манфиати оммаи меҳнаткашро ҳимоя ва раванди амалӣ гардондани назарияи инқилобии марксизм-ленинизм, бунёди ҷомеаи сотсиалистиро оғоз карда буданд. Асоси сиёсии ин чорабиниҳоро таъмини ҳукмронии диктатураи коргарону деҳқонон, асоси иқтисодии онро ташкили моликияти умумихалқӣ-давлатӣ, кооперативӣ-колхозӣ ва асоси мадании онро бунёди маданияти халқи меҳнаткаш ташкил медод, яъне инқилоби сотсиалистии октябри соли 1917 собиқ ҳокимонро аз тахт ва мулкдоронро аз моликият маҳрум сохту коргарону деҳқононро соҳиби мулк гардонд ва ба сари ҳукумат овард. Аз ин рӯ, ҳокимони аз сари ҳокимият рафтаву мулкдорони бемулкгардида ҳамаи воситаҳоро истифода бурда, раванди инқилоби оғозёфтаро ба маҷрои дигар, ба манфиат ва тарафдории худ равона карданӣ буданд. Онҳо ин равандро бо роҳи осоишта ҳал карда натавониста, роҳи муқовимати яроқнокро пеш гирифтанд. 

   Раванди оғози ҷанги шаҳрвандӣ. Яке аз сабабҳои дар Туркистон сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти зиддишӯравии «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» буд, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар шуъбаҳои худро дошт. Таъсисгарон ва идеологҳои ин ташкилот асосан мансабдорони дараҷаҳои гуногуни ҳукумати ҶМШС Туркистон буданд. Масалан, Е.Т. Чунковский, ки Комиссари олии ин ташкилот буд, вазифаи мушовири граждании дараҷаи 5-ум, К.О.Осипов муовини Комиссари олии «Ташкилоти ҳарбии Туркис-тон» вазифаи Комиссари ҳарбии ҶМШС Туркистонро ба уҳда дошт. Стерлигов, Урядов, Корнилов, Зайтсев рутбаҳои баланди ҳарбии ҶМШС Туркистонро доштанд. 

  Дар ташкилоти номбурда генерал Л.Л.Кондратьев, полковникҳо Карнилов, Зайтсев, аз маҳаллиён собиқ намояндаи Думаи давлатӣ Абдуқаҳҳоров ва узви ҳизби ҷадидони Туркистон Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1913-1919) мавқеи калон дош-                                                                                                танд. Ҷосусони амрикоӣ Галлефон, Шуломан ва Студен, дипломати Дания капитан Брун, консули Белгия Де Старк, олмониҳо Симмерман ва Валбрюон дар Туркистон амалиёти ҷосусии худро ба манфиати империалистони хориҷӣ сар карда буданд. Ҳамаи номбурдагон бештар бо Тредуэлл ба манфиати ИМА кор мекарданд. 

  Хуллас, Англия, ИМА, Туркия, Афғонистон бештар дар зери шиори ташкил додани давлати ягонаи мусулмонӣ ва ё пантуркистии Осиёи Миёна сиёсати ба мустамликаи худ табдил додани ин кишварро рӯйпӯш карданӣ мешуданд.

   Онҳо бо дастгирии ҷосусони «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» бо генерал Дутов, ки роҳи оҳани Оренбург - Туркистонро дар наздикии Оренбург ишғол карда буд, бо хони Хева Ҷунайдхон, амири Бухоро Олимхон ва сардорони ҳаракати зиддишӯравии Фарғона Эргаш ва Эшмат робита барқарор намуда, ба кори созмонҳои зиддиинқилобии «Уламо» ва «Шӯрои исломия» роҳбарӣ мекарданд.

  Барои муттаҳид намудани қувваҳои аксулинқилобии Туркистон аввали соли 1918 ба Тошканд полковник Бейли, капитан Блэккер ва консули дар Кошғар будаи англисҳо Макартней бо ваколати махсус - барқарор намудани робита бо ҳукумати навташкилёфтаи шӯравӣ омада буданд, вале мақсади асосии онҳо ёрӣ додан ба оғози ҷанги зиддишӯравӣ буд. 

  Дар саросари Туркистон аксулинқилоб тайёр мешуд. Байни Дутов ва босмачиёни Фарғона барои ташкил намудани Иттифоқи Ҷанубӣ-Шарқӣ ризоият ба вуҷуд омада буд. Барои осонтар ба даст даровардани яроқ ва дигар лавозимоти ҷангӣ қувваҳои зиддишӯравӣ Ӯшу Андиҷонро ишғол намуданд, то ки аз Ҳиндустон гирифтани  ёрӣ осон гардад. 

  Моҳи июли соли 1918 дар Туркистон таҷовузи англисҳо сар шуд. Онҳо бо ёрии феодалони туркман Ҳокимияти Шӯравиро дар Закаспий барҳам заданд. Барои тайёр кардани мавқеи хуби ҷангии зидди Туркистони Шӯравӣ империализми байналмилалӣ амири Бухороро ҳам тайёр кард. Дар шимол роҳи алоқаро ба Русияи Шӯравӣ атаман Дутов, дар Закаспий англисҳо бастанд. Дар ҷануб ва ҷануби ғарбии аморати Бухоро ба сохтани истеҳкомҳои ҳарбӣ ва ҷамъ овардани қӯшун сар карданд. Дар шарқ ва ҷанубу шарқ босмачиёни Фарғона Ҳокимияти Шӯравиро барҳам заданд. Охири соли 1918 Туркистон пурра дар ҳалқаи муҳосира монд.

  Луғат

 1. Ташкилоти ҳарбии Туркистон (ТВО - Туркистанская военная организация) – ташкилоти табаддулотхоҳи ҳарбии Туркистони Шӯравиро мегӯянд, ки соли 1918 дар Тошканд таъсис ёфта, дар тамоми шаҳрҳои ҶМШС Туркистон шуъбаҳои худро дошт. Асосгузорони ин созмон генералҳо Л.Л. Кондратович, И.В. Савитский, мушовири дараҷаи 5-уми давлатӣ Джунковский, комиссари халқӣ оид ба корҳои ҳарбии ҶМШС Туркистон К.Осипов ва комиссари ҳарбии шаҳри Тошканд буданд. Мақсадашон барҳам додани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон буд. Онҳо нақша доштанд, ки моҳҳои марту апрели соли 1919 дар тамоми Туркистон исён бардоранд, вале сиррашон дар Ҳафтрӯд фош гардида, қисман ҳабс шуданд. Дар Тошканд бо сардории К.Осипов боқимондаи ин ташкилот «Комитети муваққатӣ»-и исёнгаронро ташкил дода, 19-уми январи соли 1919 исён бардошта, сараввал комиссари ҳарбии Туркистонро қатл намуданд. Бо дастгирии омма ин исён пахш гардид. К. Осипов гурехта ба босмачиёни Фарғона ҳамроҳ шуд. Аз он ҷо ба Мастчоҳ омада, яке аз мушовирони беки Мастчоҳ гардид. Баъдтар ба Бухоро рафта, мушовири ҳарбии амир Олимхон ва хизматгори корпуси ҷосусии Англия гардид. 

 2. Интервенсия – калимаи лотинӣ буда, маънои бо зӯрӣ ба ҳудуди давлати дигар зада даромаданро дорад. 

 3. «Ватан дар хатар аст» – аввалин даъвати шӯравӣ барои ҳимояи инқилоби иҷтимоӣ дар Русия, ки онро В.И.Ленин соли 1918 навишта, эълон карда буд. 

 4. Артиши Сафеди Туркистон – мафҳуме буд дар радифи Артиши Сафеди Русия дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 19181922, ки дар Туркистон бо сардории генерал Монстров аз ҳисоби гвардиягиёни сафед ва казакҳои дар водии Фарғона ва Ҳафтруд  буда таъсис додашуда буд. 

 5. Гвардияи Сурх – дастаҳои аввалини ҳарбии шӯравиро то таъсиси Артиши Сурхи Шӯравӣ ҳамин тавр меномиданд. 

 6. Комиссияи фавқулода (КФ) – Созмоне буд, ки онро барои мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ Шӯрои уезди Хуҷанд соли 1918 таъсис дода буд. 

 7.  Отряд – дастаи ҳарбӣ, ки шуморааш ба вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда вобаста буда, метавонист ним взвод, взвод, рота, баталион, полк, армия, гурӯҳи қӯшунҳоро дар бар гирад. 

 8. Артиши Сурх – Лашкари Шӯравӣ, ки рӯзи таъсиси он ба 23-юми феврали соли 1918 рост меояд. 

 9. Аскари сурх –  тарҷумаи таҳтуллафзии «красноармеец»-и русӣ буда, сарбозони аввалини шӯравиро чунин меномиданд. 

 10. Босмачӣ – узви дастаи зиддишӯравиро чунин меномиданд. Босмачиён худро муҷоҳид ва муборизи роҳи ҳақ меномиданд. 

 11. Босмачигарӣ – ҳаракати зиддишӯравии солҳои 1918-1935 

 12. Дастаҳои босмачиён – дастаҳои муташаккил ва ғайримута шаккил, ки солҳои 1918 - 1935 дар Тоҷикистон бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ муборизаи мусаллаҳона бурдаанд. 

 14.  Бекигарии Масчоҳ – ҳокимияти Султонбек ва Саид Аҳмадхоҷа дар солҳои 1920 - 1923 дар Масчоҳ, ки аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ҳам шинохта шуда буд. Ҳатто баҳори соли 1920 байни Саид Аҳмадхоҷа ва КИМ-и Туркистон шартномаи иборат аз 3 банд баста шуда буд.

 Савол ва супориш 

1. Сабабҳои сар задании ҷанги шаҳрвандиро нақл кунед. 

2. Ташкилоти аксулинқилобии Туркистонро шарҳ диҳед. 

3. Аввалин ташкилкунандаи дастаи босмачигари кӣ дониста мешавад? 

4. Босмачиён худро чӣ меномиданд?

Реклама