Муҳорибаҳои солҳои 1944-1945. Солҳои 1944-1945 дар таърихи Ҷанги Бузурни Ватанӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳамчун давраи ба охир расидани ҷанг маълум аст, фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштаанд. Ин солҳо дар ҳайати қӯшунҳои шӯравӣ зиёда аз 10 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон меҷангиданд. Ҷангҳои асосӣ соли 1944 ва 1945 барои озод намудани Украина, Беларус, Молдова, Полша, Чехословакия, Венгрия, Булғория, Югославия ва шикасти худи фашизм дар Олмон мерафт. Дар озод кардани Украина фиристодаи Тоҷикистон Исмат Шарипов корнамоӣ нишон дода, ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шe- равӣ» сарфароз гардид.
Дар озод намудани Беларус С.Сейтвелиев, Чӯтак Ӯрозов, Фатҳулло Аҳмадов корнамоиҳо нишон дода, сазовори унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» гардида буданд.
Дар муҳорибаҳо барои озод намудани Наздибалтика тоҷикписар Сафар Амиршоев қаҳрамонӣ нишон дод. Ӯ дар муҳорибаи назди Фолвари Лион моҳи июли соли 1944 бо батареяи худ бо 15 танки «Тигр» ва «Пантера»-и немисҳо ба ҷанг даромада, 5 танкро маҳв намуд ва дигаронашро ба қафонишинӣ маҷбур сохт. Дар ин муҳориба Сафар Амиршоев ҳалок гардид. Баъди фавташ ба ӯ унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» дода шуд. Ҳоло қабри ӯ дар шаҳри Жетмарияи Литва буда, гаубитсаи ӯ низ бо 63 сӯрохӣ то соли 1995 боқӣ буд.
Барои иштирок дар муҳорибаҳои Наздибалтика тоҷикон Раҳим Каримов, А.Раҳматов, А.Сафаров, Б.Чориев, К.Қодиров ва садҳо дигарон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Аз моҳи октябри соли 1944 сар карда, қӯшунҳои Шӯравӣ ба ҳудудҳои Полша ва баъдтар Чехословакияю Венгрия ва Булғория дохил гардиданд. Дар ҳудуди Полша (Лаҳистон) Олим Ҳакимов ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардидааст. Взводи ӯ дар муҳорибаи наздикии деҳаи Старая Варшава 4 танк ва даҳҳо аскари душманро маҳв сохта, 30 аскару 4 афсарро асир гирифт. Фатҳулло Аҳмадов низ қаҳрамонона ҷангида, ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гардид. Дар ҷангҳои Полша Назар Шафиев, А. Рафиев, П. Нуров, шоир Ҳабиб Юсуфӣ корнамоиҳо нишон доданд. Барои фатҳи Одер Раҳимбой Раҳматов ва Тӯйчӣ Назаров низ сазовори унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» гардиданд. Дар Чехословакия тоҷикписар Эргаш Шарипов дар муҳориба барои Прага корнамоӣ нишон дода, сазовори унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» гардид.
Моҳҳои январ-марти соли 1945 қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳудуди Олмон расида, апрел-майи соли 1945 Берлинро ба муҳосира гирифтанд. Дар ин муҳориба тоҷикистониҳо ҳам саҳми худро гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаи Берлин Ф.Ф.Чепурин унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ»-ро гирифтааст. Пӯлод Атоев барои штурми рейхстаг ва Аҳмадҷон Рӯзиев барои дар дарвозаи Бранденбург овехтани Байрақи Сурх ба гирифтани ордени «Шараф» сазовор гардиданд. Аз муҳорибаи Берлин номҳои ҷанговарон Мастибек Тошмуҳаммадов, Исмоил Бурҳонов, Қаландар Ҳаитов ва садҳо дигарон маълуманд.
Ҷанговарони тоҷикистонӣ дар давраи ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон (июн-сентябри соли 1945).</b> 9 май Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 46 моҳу13 рӯз, ё 1418 рӯз давом кард, бо ғалабаи пурраи халқи шӯравӣ анҷом ёфт. Ҷанг дар қитъаи Аврупо ҳам ба охир расид. 24-уми июни соли 1945 дар майдони Сурхи Москва Паради Ғалаба доир гашт. Ҳама байрақҳои ҷангӣ ва фахри олмонӣ пеши роҳбарияти Давлати Шӯравӣ сарозер партофта шуд, вале дар Осиё ҷанг ҳоло ҳам ба охир нарасида буд. Охири моҳи июн ва аввали августи соли 1945 дар Потсдам Конференсияи байналмилалӣ бо иштироки давлатҳои ғолиб – СССР (ИҶШС), Англия, ИМА ва Фаронса баргузор гардида, қарори дахлдор барои ҳалли масъалаи Япония (Ҷопон) қабул шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ ба иттифоқчиёну принсипҳои ҳамкорӣ бо шарикони ҳарбии худ содиқ монда, 9-уми август бо Япония ҷанг сар кард. Тоҷикон ҳам дар торумори Японияи милитаристӣ иштирок кардаанд. Дар рафти ин ҷанг муҳорибаҳои калон дар Манҷурия шуда буданд, ки фиристодагони Тоҷикистон Обид Собиров, Чароғ Қодиров, Саидов корнамоиҳо нишон дода, бо ордени «Байрақи Сурх» мукофотонида шуданд.
Японияи (Ҷопони) милитаристӣ ба фишори қӯшуни шӯравӣ ва Артиши халқии Чин тоб оварда натавониста, 2-юми сентябри соли 1945 акти таслимшавии имзо бечунучароро намуд. Бо ҳамин Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 6 солу 1 рӯз (2220 рӯз) давом ёфт, ба охир расид.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занони тоҷик ҳам иштирок кардаанд. Ойгул Маҳмадҷонова, ки лётчики ҳавопаймоёни бомбаандози шабпарвоз буд, 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо корнамоӣ нишон додааст. Вай барои қаҳрамонӣ бо ордени Ленин гардонда сарфароз шудааст. Зани тоҷик, афсари хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, духтур С.М. Ниёзова ва садҳо дигарон иштирокчии набардҳои ҷанги хонумонсӯз буданд.
Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, 54 нафарашон ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гаштаанд, ки 14 нафарашон тоҷик буда, 18 нафарашон дорандаи ордени «Шараф»-и дараҷаи сеюм мебошанд. 34 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногуни СССР (ИҶШС) мукофотонида шудаанд. Хулоса, Тоҷикистон дар торумори Олмони фашистӣ ва Японияи милитаристӣ саҳми худро гузоштааст. Ин саҳмгузорӣ боиси қурбонии зиёда аз 59 (мувофиқи баъзе расонаҳо 90) ҳазор тоҷикистонӣ гардидааст.
Луғат
1. Дарвозаи Бранденбург - яке аз дарвозаҳои майдони марказии шаҳри Берлин, ки бинои ҳукуматӣ - рейхстаг он ҷо буд.
Саволҳо:
1. Фиристодагони Тоҷикистон дар кадом муҳорибаҳои охири Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок кардаанд?
2. Қаҳрамонҳои давраи охири ҷангро номбар кунед.
3. Аз иштирокчиёни ҷангҳои Японияи милитаристӣ киҳоро номбар карда метавонед?
4. Ҷанги дуюми ҷаҳон кай ба охир расидааст?
5. Барои чӣ 2 сентябрро рӯзи ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон медонанд?
6. Дар Ҷанги Бузурги ватанӣ чӣ қадар фиристодагон аз Тоҷикистон иштирок кардаанд?
7. Халқи тоҷик дар рафти ҷанг чанд нафар фарзанди худро талаф додааст?
Реклама