§ 18. ЗАРУРАТИ ТАҚСИМОТИ МИЛЛИЮ МАЪМУРИИ ОСИЁИ МИЁНА

§ 18. ЗАРУРАТИ ТАҚСИМОТИ МИЛЛИЮ МАЪМУРИИ ОСИЁИ МИЁНА

  Пешниҳод оид ба масъалаи тақсимот. Дар давраи шӯравӣ дар Осиёи Миёна се маротиба ба тақсимоти миллию маъмурӣ сар карда, гузаронидани ду бори охираш муяссар гардида буд. Бори аввал солҳои 1918 – 1920 кӯшиши ба округҳои миллӣ тақсим кардани Ҷумҳурии Туркистонро сар карданд. Барои ба амал баровардани ин мақсад бисёр тарафҳои тақсимотро омӯхтанд. Масалан, масъалаи ҷуғрофияи миллии Туркистон, муайян кардани минтақаҳои яклухти сукунати миллатҳои он, имкониятҳои ин миллатҳо оид ба доштани кадрҳои роҳбарикунанда ва масъалаҳои дигарро омӯхта буданд. Аз ҳама кори зиёд дар ин давра дар масъалаи таъсис додани комиссияҳои тақсимот, зеркомиссияҳои он ва ба вуҷуд омадани афкори умум дар масъалаи комиссияҳои миллӣ анҷом дода шуд. Маълум буд, ки дар Туркистон турк- нажодҳо – туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қароқалпоқҳо ва эрониаслҳо – тоҷикон, форсҳо, балуҷҳо сукунат доштанд. Барои аксари туркнажодҳо – қарақирғизҳо, туркманҳо ва қароқалпоқҳо ва ҳатто бо номи умумии туркҳои Осиёи Марказӣ - ӯзбекҳо ҳам комиссияҳои миллӣ таъсис дода шуд, вале барои тоҷикон не. 

  Баробари камбудиҳои фаҳмиши ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар атрофи комиссияи тоҷикон ва сохтори маъмурии минбаъдаи он дар рафти тақсимоти Туркистон ақидаи дуруст ҳам роҳ ёфт. Ин ақида имконнопазирии тақсимот дар ҳамон давра буд, яъне дарк карданд, ки заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тақсимот ҳанӯз тайёр нашудааст. Дар солҳои 1921 – 1923 заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тақсимоти миллӣ тайёр шуд. Феврали соли 1920 Ҷумҳурии Хоразм ва сентябри соли 1920 Ҷумҳурии Бухоро таъсис ёфтанд, ки онҳо ҳам сермиллат буданд. Ҳайати миллии онҳо ҳам ба мисли Туркистон аз туркнажодҳою эронинажодҳо иборат буд. Дигар ин ки дар ин муддат ягонагии сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии ҳамаи ҷумҳуриҳо ба вуҷуд омада буд: ягонагии ҳарбӣ дар вуҷуд доштани Артиши Сурхи ягонаи шӯравӣ; ягонагии иқтисодӣ дар вуҷуд доштани сохтори ягонаи иқтисодӣ дар симои Шӯрои Олии Хоҷагии Халқ ва ягонагии сиёсӣ дар сохтори шӯравӣ ва сотсиалистӣ будани онҳо зоҳир мегардид. Хулоса, зарурати иҷтимоӣ, фалсафӣ ва сиёсии тақсимот пухта расида буд. 

  Ташаббускори гузаронидани тақсимоти миллӣ – маъмурии Туркистон ҳукуматҳои Русия ва Туркистон буданд. Тақсимот аз боло бо ёрии фармон гузаронида мешуд. Табиист, ки ин тақсимот ҳамаи масъалаҳои марбут ба ин ҳодисаро ва пеш аз ҳама хусусиятҳои миллии аҳолию минтақаро дуруст ва бекамукост на фақат ҳал карда наметавонист, балки ба ҳисоб ҳам гирифта наметавонист. 

  Ибтидои маъракаи гузаронидани тақсимоти миллӣ аз қарори Комиссияи туркистонӣ  январи соли 1920 «Дар бораи ҷудокунии Туркистон ба 3 округи мустақил бо нишонаҳои миллӣ» сар шуда буд, вале дар ҳамон ибтидо дар қарор дарҷ ёфта буд, ки ҷудокунии Туркистон ба қисмҳо кори фаврӣ ва бечунучаро буда наметавонад. Моҳи июни ҳамон сол Комиссияи туркистонӣ дар телеграммаи худ ба Ҳукумати Русияи Шӯравӣ қайд карда буд, ки аз сабаби набудани  кадрҳои роҳбарикунандаи миллӣ ва суст будани иқтисодиёти Туркистон гузаронидани тақсимоти миллӣ имконнопазир аст, вале ҳукуматҳои Русия, Туркистон ва Комиссияи туркистонии КМ РКП(б) гузаронидани тақсимотро имконпазир ҳам фаҳмида буданд. Масалан, В.И.Ленин дар эродҳои ба қарори Комиссияи туркистонӣ пешниҳодкардааш дар июни соли 1920 навишта буд:

  «Супорида шавад, ки харитаи (этнографӣ ва ғ.) Туркис- тон бо ҳиссаҳои Ӯзбекия, Қирғизия ва Туркмения тартиб дода шавад». Ба Комиссияи туркистонии тақсимот КМ ҲК(б)Р роҳбарӣ мекард. Аз ҳуҷҷатҳои рафти кори тақсимоти Туркистон бармеояд, ки ҳукумати Туркистон, Комиссияи туркистонии КМ ҲК(б)Р ва ҳукумати ҶФШСР гузаронидани тақсимотро бармаҳал медонистанд. Инро бо он асоснок мекарданд, ки ҶМШС Туркистон аз ҷиҳати иқтисодӣ суст, аз ҷиҳати сиёсӣ номуътадил ва ба кадрҳои даркорӣ бисёр муҳтоҷ аст, вале худи ақидаи тақсимоти миллӣ дар байни халқҳои Туркистон аз мадди назари Ҳукумати Шӯравӣ дур нашуда буд ва дар ин масъала тағйироти калон ба амал омад. Моҳи феврали соли 1920 дар Хева ва сентябри ҳамон сол дар Бухоро ҷумҳуриҳои халқӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо ҳам сермиллат буданд ва зарурати гузаронидани тақсимоти миллӣ дар ин ҷумҳуриҳо пеш омад. Аввалан Бухоро ва Хоразм ҷумҳуриҳои халқӣ буданд. Онҳо акнун роҳи ғайрикапиталистии тараққиётро пеш гирифта буданду Туркис- тон бошад, давлати сотсиалистӣ буд. Гуногуншакл будани сохтори иқтисодӣ ва сиёсии онҳо имкони гузаронидани тақсимотро намедод. Дигар ин ки вазъияти сиёсӣ – ҷанги шаҳрвандии оғозёфта ба ин кор монеъ шуда буд, аммо Бюрои осиёмиёнагии КМ ҲК(б)Р барои гузаронидани тақсимоти миллӣ маъмурии ин се ҷумҳурӣ ба таъсиси комиссияҳои миллӣ шурӯъ кард. Комиссияҳои тақсимкунии ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ, ҳатто арманию форсӣ таъсис дода шуданд, вале комиссияи тоҷикӣ таъсис наёфт. 

  Ҳолати ифодаи манфиатҳои тоҷикон дар ҶМШС Туркистон ва ҶХШ Бухоро. Дар соли 1921 – 1923 барои гузаронидани тақсимот шароитҳои мусоиди ҳарбӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба миён омада буд. Мубориза бар зидди ҳаракати босмачигарӣ ягонагии ҳарбиро ба миён овард. Артиши Сурхи Шӯравӣ ва артиши Бухорою Хоразм зери яккафармондеҳӣ  қарор доштанд. Барои ҳамкории иқтисодии байни ин ҷумҳуриҳо ташкилоти махсус – Шӯрои иқтисодии осиёимиёнагӣ таъсис дода шуда буд. Шӯро иқтисодиёти Осиёи Миёнаро бо дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ мепайваст. Дар ин муддат Ҷумҳуриҳои Шӯравии Халқии Бухоро ва Хоразм ҳам барои гузаштан ба сохтори сотсиалистӣ наздик шуда буданд, яъне заминаи гузаронидани тақсимоти миллию маъмурӣ ба вуҷуд омада буд. Зарурати ин тақсимотро чунин масъалаҳо ташкил медоданд: 

 1. Таъмини пурраи ҳуқуқҳои халқҳои Осиёи Миёна барои худмуайянкунӣ то ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ, Ҷумҳурии Мухтор ва ё Вилояти Мухтор. 

 2. Боз ҳам наздик кардани шӯроҳо бо оммаи халқ, ҷалб кардани оммаи заҳматкаши халқиятҳои Осиёи Миёна ба идора кардани давлат ва мустаҳкам намудани сохти Давлати Шӯравӣ. 

 3. Асосҳои мустаҳками сулҳи байни миллатҳоро дар заминаи ҳамкориҳои наздику бародарона ва дӯстии байни халқҳои Осиёи Миёна ташкил додан. 

 4.Тезонидани суръати ташаккулёбӣ ва инкишофи миллатҳои сотсиалистии ӯзбекҳо, тоҷикон, туркманҳо, қирғизҳо ва қароқалпоқҳо, инкишофи минбаъдаи иқтисодиёту  фарҳанги шаклан миллию мазмунан сотсиалистии онҳо. 

 5. Зарбаи қатъӣ расонидан ба миллатгароёни буржуазӣ ва шовинизми бузургдавлатӣ, баланд бардоштани худшиносии синфии меҳнаткашон ва пурзӯр кардани мубориза бар зидди истисморгарон. 

 6. Барҳам додани қафомонии иқтисодии Осиёи Миёна ва фаъол гардонидани халқҳои он барои  сохтмони сотсиализм. 

  Мақсад аз тақсимот ҳалли масъалаи миллӣ ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳокимияти Шӯравӣ доир ба баробарии воқеии халқҳои шӯравӣ буд. Халқҳои Туркистони Шӯравӣ ва Ҷумҳуриҳои Халқии Шӯравии Бухорою Хоразм аз тамоми ҳуқуқҳои конститутсионӣ бархӯрдор буданд, вале миллӣ намудани сохтори сиёсии онҳо ба эъломияҳои Русияи Шӯравӣ рост намеомад. Аз ин рӯ, тақсимоти Осиёи Миёна дар иҷрои ин эъломияҳо мисоли хубе шуда метавонист. Аз дигар тараф, ҳеҷ яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҷумҳурии миллӣ набуд. Масалан, 66,5% ҳамаи ӯзбекҳо, 43,2%-и туркманҳо, 47,7% -и ҳамаи тоҷикон дар ҳайати Ҷумҳурии Туркистон буданд. Аҳолии Бухороро бошад, 21,2%  ӯзбекҳо, 26,5%- туркманҳо ва 52,3% - тоҷикон ташкил медоданд. Дар ҳайати Хоразм 13%  ӯзбекҳо, 29,8%  туркманҳо ва боқимонда қазоқу, қирғизу, форс буданд, яъне дар ҳеҷ яке аз ин ҷумҳуриҳо ба ғайр аз ҶХШБ ҳеҷ яке аз халқҳои маҳаллӣ бартарии куллӣ надоштанд. Тақсимоти Осиёи Миёна зери назорат ва роҳбарии бевоситаи Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б)Р гузаронида мешуд. Дар ҷойи дуюм ақидаи Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р  ва  КМ ҳизбҳои коммунистии Туркистон, Бухоро ва Хоразм меистод. Қарорҳои Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б)Р ҳамчун раҳнамои барномаи амалиёти комиссияҳо ва зеркомиссияҳо ҳисобида мешуд. Қарорҳои ҲК Туркистон, Бухоро ва Хоразмро муҳокима кардану ба онҳо ислоҳоту иловаҳо даровардан мумкин буд. 

  Аз моҳи феврал то апрели соли 1924 КМ ҲК Туркистон, Бухоро ва Хоразм масъалаҳои тақсимоти Осиёи Миёнаро муҳокима карда, қарорҳои дахлдор қабул карданд. Ҳукумати Шӯравӣ бар он ақида буд, ки гузаронидани тақсимоти миллию маъмурӣ на фақат ба хотири сиёсати миллии дар арсаи байналхалқӣ пешгирифта ва бо мақсади зиёд шудани тарафдорони ӯ гузаронида мешавад, балки ин тақсимот худшиносии милии халқҳоро баланд ва фаъолияти сиёсию меҳнатии онҳоро дар мустаҳкам намудани сотсиализм қавӣ мегардонад.

  Луғат

 1. ВКП(б) – (Всесоюзная Коммунистическая Партия большевиков) – Ҳизби Коммунистии Умумииттифоқии болшевикҳо аз соли 1925 то соли 1956 чунин номида мешуд. Вай меросхӯри РПК(б) – 1918 – 1925 ва РСДРП – 1903 – 1918 буд. Солҳои 1956 – 1990 КПСС (Коммунистическая Партия Советского Союза) – Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ номида мешуд. 

 2. СССР (ИҶШС) – типи давлати диктатураи пролетариат, ки дар асоси шартномаи тарафайни байни ҶШФС Русия, ҶШС Украина, ҶШС Белорус ва ИҶШСЗ (Иттифоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Закавказия) 31-уми декабри соли 1922 таъсис ёфта буд. Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтор соли 1925 ва ҳамчун Ҷумҳурии ҳафтуми соҳибихтиёри шӯравӣ аз соли 1931 ба ҳайати (СССР) дохил шуда буд. 

 3. Тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна тақсимоти миллӣ-марзии солҳои 20-уми асри ХХ  буд, ки он дар се давра: 1917-1920, 1920-1924 ва 1924-1929 гузаронида шуда буд. Ташаббускори давраи аввалаш Давлати Шӯравӣ буда, мақсадаш ба ҳудудҳои миллӣ ҷудо кардани Русияи Шӯравӣ, РСФСР(ҶШФСР) ва ҶМШС Туркистон буд. Ташаббускори давраи дуввум ҳам Давлати Шӯравӣ буду мақсадаш амалӣ сохтани ваъдаҳо доир ба ҳалли масъалаи миллӣ дар  Русияи Шӯравӣ ва СССР (ИҶШС) ва зиёд намудани шумораи давлатҳои сотсиалистӣ дар арсаи байналмилалӣ буд. Ташаббускори даври сеюми тақсимот Тоҷикис- тони Мухтор, Қирғизистон ва Қароқирғизистон буданд. 

 Савол ва супоришҳо 

1.Зарурат ва сабабҳои гузаронидани тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1917 – 1924-ро шарҳ диҳед. 

2.Ташаббускори тақсимот кӣ буд ва чӣ мехост? 

3.Раванди таъсисёбии комиссияҳои миллиро шарҳ диҳед. 4.Барои чӣ комиссияи тақсимоти тоҷикӣ таъсис наёфт? 5.Мухторият чист? 

6.Барои тоҷикон кадом воҳидҳои мухториро (вилоят, ҷумҳурӣ) раво дониста буданд ва барои чӣ? 

7.Тақсимот характери миллиро гирифта буд ё сиёсиро? 

8.Ба ҳайати Тоҷикистон кадом қисматҳои ҶМШС Туркистон ва ҶХШ Бухоро дохил гардида буданд?

Реклама