Дар солҳои 1941-1945 тоҷикон дар ҳаракатҳои партизанӣ ҳам иштирок доштанд. Онҳо аксаран дар ибтидои ҷанг аз муҳосира баромада натавониста ва ё аз «лагерҳои марг»-и фашистӣ гурехта, ба дастаҳои партизанӣ дохил шудаанд. Ҳатто Ҷӯрабой Умаровро яке аз ташкилкунандагони отряди партизании ботлоқзори Кобрини Полесе ва М. Тоҳировро дар деҳаи Юшкевичи шаҳри Кричев меҳисобанд. Номи тоҷиконро дар рӯйхати 53 соединенияи партизанӣ дучор шудан мумкин аст: Раҳмат Қаландарови ёвонӣ, Х.Азимови хуҷандӣ дар вилояти Житомири Украина; Ашӯр Арбобов ва Зариф Мирзораҳимов дар ҳайати отряди А. Фёдоров, Г. Ризоев, Малик Назаров дар соединенияи Я.Е.Мелник, Умарҷон Олимҷонови хуҷандӣ дар бригадаи 4–уми партизании Ленинград, Ашӯрбой Раҷабов дар Брянск, Қулӣ Бозоров дар Смоленск, И. Шарифов дар Твер, А. Аҳмадов дар Ставропол, Н. Назруллоев дар Қрим, бародарон Ҷӯра Раҳимҷонов(қабраш дар станитсаи Лукомл воқеъ аст) ва Муъмин Олимҷонов дар бешазорҳои Борисово ва Лепели Беларус, дар деҳаи Жартайкаи вилояти Витебск Эргаш Саидов бо ҳамроҳии Константин Заслонови машҳур, Ҳоҷимир Давлатови душанбегӣ дар бригадаи партизании «Гроза»-и Витебск, дар Могилёв аз деҳаи Шулмаки ноҳияи Рашт Исмат Юсуфов, дар атрофи шаҳри Бобруйск Аҳрор Исматов, дар атрофи Брест Мақсуд Холов, дар Толочинои Пасикарпат Карим Додобоев, Раимбердӣ Ҷeраев ва Акмал Узоқов, дар бригадаи партизании ба номи Сталини вилояти Витебск Салим Ҷӯраев, дар отряди ба номи Чапаеви Доманковичи Полесйе Остон Хоҷаев, дар вилояти Пинск Шукур Раҳмонов, дар бешаи Кобижи Беларуссия Самад Раҳмонов, дар соединенияи партизании генерал А.Н.Сабуров Мадалӣ Дӯсматов, дар отряди партизании деҳаи Жмеранкаи Карпат Саидҳомид Комилов партизанӣ карда, ҳама бо ордену медалҳои партизанӣ мукофотонида шудаанд.
Дар давраи ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 номи генерал Ковпак ва дивизияи ковпакчиён вирди забони ҷанговарон буданд. Дар ҳайати ковпакчиён тоҷикистониён Маҷид Саидов аз деҳаи Сариёзи Кӯлоб, Ҳайталӣ Каримов аз деҳаи Қӯруқи Варзоб, Ҷонмаҳмад Бобоев аз деҳаи Чорбоѓи Варзоб ва Сӯфӣ Нуров ҷангидаанд. Ҳама номбаршудагон бо орденҳою медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Партизанҳо дар ақибгоҳи душман асосан ба корҳои диверсионӣ - халал расонидан ба фаъолияти таъмини босуботи ҳаракати қӯшунҳои душман, ба таъмини яроқу аслиҳа, хӯрок ва сарулибос, ба Олмон кашондани моли ѓоратшуда ва аҳолии дар асорат монда машѓул буданд. Баъзан парти- занҳо дар ҳамкорӣ бо қӯшунҳои фронтӣ ба ҷанг медаромаданд. Партизанҳо дар барбод додани бисёр нақшаҳои ҷангии душман саҳми асосиро бозидаанд. Дар минтақаҳои забтшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 2000 дастаи партизанӣ нӣ бо ҳайати зиёда аз 1,1 млн. партизан амал мекарданд. Онҳо беш аз 1,6 млн. аскарону политсайҳои душманро маҳв кардаанд. Ҳаракати партизанӣ як қувваи бузург дар таъмини ѓалаба аз болои фашизм гардида буд. Партизанҳо ҳазорҳо вагонҳои тиру тӯп ва озуқаи барои фронт таъйиншудаи душманро чаппа карда, ҳазорҳо анборҳои тиру тӯп ва озуқаи онҳоро оташ зада, ҳазорҳо асиронро аз ба асирӣ бурдан раҳонида, садҳо шаҳру ҳазорҳо деҳаҳоро аз душман озод кардаанд.
Дар солҳои ҷанг ҷанги бо ном релсӣ, қаторавӣ бисёр машҳур гардида буд, ки мазмунаш, пеш аз ҳама, озуқа лавозимоти аз Олмон барои қӯшунҳои дар набард буда овардашаванда ва амволи аз ҳудудҳои забтшуда ѓораткардаи ба Олмон мефиристодагии душманро ба даст даровардан буд. Агар ин кор амалӣ нашуданӣ бошад, баъд вайрон кардани кӯпрукҳои роҳи оҳан, таркондани узелҳои асосии роҳҳои оҳан ва роҳҳо, умуман, маҳв кардани қатораҳои бордори душман хоҳ ба Олмон равона бошанд, хоҳ ба минтақаҳои ҷанг буд. Ин намуди ҷанг бо номи “ҷанги қасос” ва “қасосгирӣ” ҳам маълум аст. Ин ҷангҳоро партизанҳо ҳамчун қасос барои амалҳои ваҳшиёнаи бемислу монанди фашизм анҷом медоданд.
Луғат
1. Ҳаракатҳои озодибахш - ҳама гуна муқовимати халқҳои ба асорати Олмон афтида, ки Фаронса, Югославия, Юнон, Албания, Булғория, Словакия, Польша, Норвегияро фаро гирифта буд, дар назар аст.
2. Маҳбасҳои марг - Ҳабсхонаҳое, ки барои қатли асирони ба марг маҳкумшуда, инчунин хонаҳои барои одамсузӣ сохташуда дар назар аст, ки баъзан бо номи “ХОЛОКОСТ” ёд мешаванд.
Саволҳо:
1. Калимаи «партизан» ва «ҳаракати партизанӣ»-ро шарҳ диҳед?
2. Сабаби асосии партизанӣ кардани тоҷикистониёнро муайян кунед?
3.Чанде аз партизанҳои тоҷикистониро ва маҳалҳои амали онҳоро номбар кунед?
Реклама