Раванди ташаккулёбии мухторият. Сохтори давлатдорӣ ва маъмурии Тољикистони Шўравӣ дар њайати Љумњурињои Туркистон ва Бухоро ба вуҷуд омада буд. Округҳои (уездҳои) Хуҷанд, Ӯротеппа, қитъаи (участкаи) Панҷакент ва волостҳои Исфараю Ашти Туркистон ва Бухорои Шарқии Ҷумҳурии Бухоро кайҳо ҳудудҳои маъмурию миллӣ гардида буданд. Асосан минтақаҳои Бухорои Шарқӣ, ки аз вилоятҳои Душанбе, Сариосиё, Кӯлоб, Ѓарм ва Қӯрғонтеппа иборат буданд, ҳоло аз моҳи феврали соли 1921 ҳамчун ҳудуди маъмурии мухтор вуҷуд доштанд. Онро намояндаи Фавқулодаи ҶХШБ идора мекард. Аз 8-уми январи соли 1922 бошад, КИМ-и умумибухороӣ барои идора кардани он Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқиро таъсис дод, ки ба ҳайати он шӯрои иқтисодӣ, шуъбаи назорати давлатӣ, шуъбаи адлия бо шӯрои қозиҳо, шуъбаи замину об, шуъбаи сохтмон, саридораи нақлиёт, шуъбаи маорифи халқ, муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти бехатарӣ, комиссияҳои молия, озуқаворӣ ва трибунали ҳарбӣ дохил буданд. Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ дар Бухорои Шарқӣ аз номи Ҳукумати олии ҷумҳурӣ – КИМ-и умумибухороӣ амал мекард.
Сабаби асосии ташкили ин гуна сохтор вазъияти фавқулодаи ин минтақа вобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аз ин рӯ, ба Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ ваколатҳои номаҳдуд ҳам дода шуда буд. Аз ҷумла:
а) баровардани декретҳо ва фармонҳои бекор ва иваз кардани қонунҳои амалкунанда, ки мувофиқи тартиботи умумӣ қабул шудаанд;
б) қабули қарорҳои фавқулода доир ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатӣ;
в) гирифтани тамоми навъи парвандаи ҷиноятӣ аз тафтишоти судии умумӣ ва барои муҳокимаи судӣ додан ба трибунали ҳарбии Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ ва агар зарур бошад, то ҳукми паррондан муқаррар намудан;
г) сабукдӯш кардан аз мансаб, ҳатто аз вазифаи интихобӣ ва бо салоҳдиди худ дар ҷойи он таъйин намудан, инчунин барҳам додани муассисаҳое, ки дар Бухорои Шарқӣ фаъолият доштанд; д) ҳабс кардан ва аз ҳудуди Бухорои Шарқӣ рондани шахсони гунаҳкор, сарфи назар аз вазифаашон.
Дар вилоятҳо кумитаҳои инқилобии вилоятӣ ва дар назди онҳо мутасаддиёни шуъбаҳои молиявию хоҷагӣ, коммуналию сохтмон ва шуъбаи нигоҳдории тартибот амал мекард. Дар туманҳо кумитаҳои инқилобии туманӣ ва дар назди онҳо шуъбаҳои нигоҳдории тартибот ва қозихона амал мекард. Дар кентҳо кумитаҳои инқилобии кентӣ ва дар назди онҳо намояндаи шуъбаи нигоҳдории тартибот ва қозихонаи кентӣ буданд. Дар ҷамоатҳо мингбошӣ ва дар деҳаҳо оқсақолон амал мекарданд. Вазифаи амлокдор ҳоло ҳам вуҷуд дошт ва асосан ба масъалаи муайян кардану рӯёнидани андоз аз аҳолӣ ва супоридани он ба давлат машғул буд.
Ҳамаи ин мақомот ба ҳолати сиёсии давраи ҷанги шаҳрвандӣ мувофиқ карда шуда буданд. Соли 1923 дар маҳаллаҳои аз босмачигарӣ озодшуда кӯшиши гузаронидани интихобот ба шӯроҳо карда шуд, вале бо сабаби бесаводии сиёсии мардум интихобот натиҷаи дилхоҳ надод. Моҳи майи соли 1924 КИМ-и Бухоро «Дар бораи шӯрокунонии Бухорои Шарқӣ» қарор ба имзо расонд. Дар асоси ҳамин қарор 7-уми июли соли 1924 Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ барҳам дода шуд, ба ҷойи он КИМ-и Бухорои Шарқӣ дар ҳайати 19 нафар узв ва 7 нафар президиуми он таъсис ёфт. КИМ-и Бухорои Шарқӣ аз шуъбаҳои ташкилӣ- маъмурӣ, коммуналӣ, маориф, зироат, машваратӣ, иқтисодӣ ва шӯрои қозиён иборат буд, яъне то тақсимоти соли 1924 ҳудуди Бухорои Шарқӣ ҳамчун ҳудуди маъмурии мухтор бо мақомоти идорию маъмурӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташшакул ёфта буд.
Равиши гузаронидани тақсимот. Баъди ташкилёбии ҷумҳуриҳои халқии шӯравии Хоразм ва Бухоро марҳалаи дуюми тақсимоти миллию маъмурӣ дар тамоми Осиёи Миёна шурӯъ гардид, аммо то охири соли 1923 дар ин масъала пешравӣ дида намешуд, чунки Бухороро ҳалқаҳои ҷанги шаҳрвандӣ печонида, масъалаи босмачигарӣ ҳал нагардида буд. Соли 1924 боз масъалаи тақсимот пеш гузошта шуд, вале комиссияи тоҷикӣ ҳанӯз ҳам таъсис наёфта буд. Фақат ба ҳайати комиссияи ӯзбекӣ як намояндаи тоҷикон – Чинор Имомовро ҳамроҳ карданд. То ин муддат дар ҳар се ҷумҳурии шӯравии Осиёи Миёна масъалаҳои забони миллии бо ном халқҳои хурд – туркманҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо ҳал шуда, ба онҳо ҳуқуқи бо забони модарии худ ташкил кардани мактаб ва коргузории давлатӣ муҳайё карда шуда буд. Аммо дар бораи забони тоҷикӣ ва мавқеи он ҳарфе гуфта нашуд. Баръакс, дар Бухоро забони давлатӣ, таълим ва коргузорӣ узбекӣ ва туркманӣ эълон шуда буд. Нашри рӯзномаҳои тоҷикӣ қатъ гардид. Ҳатто ҳуҷҷатгузории Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба Бухорои Шарқӣ, ки дар Душанбе амал мекард, ба забони ӯзбекӣ (чағатоӣ) буд.
Аз моҳи феврал то апрели соли 1924 КМ ҲК Туркистон, Бухоро ва Хоразм масъалаҳои тақсимоти Осиёи Миёнаро муҳокима карда, оид ба розигии худ ва гузаронидани тақсимот қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба Бюрои Сиёсии ҲК(б)Р пешниҳод карданд. 5-уми апрели соли 1924 КМ ҲК(б)Р масъалаи тақсимотро муҳокима намуда, қарорҳои КМ ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро маъқул донист. 28-уми апрели соли 1924 Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р гузоришҳои ҳукуматҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро шунида, гузаронидани тақсимотро дар Осиёи Миёна ба мақсад мувофиқ донист. Бюрои ташкилии КМ ҲК(б)Р 4-уми июни соли 1924 маҷлиси худро гузаронид ва қарори Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р дар бораи гузаронидани тақсимотро муҳокима ва лоиҳаи қарорҳои КМ ҲК(б)Р-ро «Дар бораи тақсимоти миллию маъмурии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» тасдиқ намуд. 12-уми июн бошад, КМ ҲК(б)Р «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои осиёи Миёна» қарор қабул карда, инчунин сохтори Тоҷикистонро ҳамчун Вилояти Мухтор дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон муайян кард. Дар ин кор таъсири дасти душманони халқи тоҷик ҳувайдо буд.
15-уми июни соли 1924 Бюрои осиёимиёнагӣ тезисҳо «Дар бораи тақсимоти осиёи Миёна»-ро қабул кард, ки он ҳам сохтори сиёсии Тоҷикистонро ҳамчун Вилояти Мухтор муқаррар карда буд.
Ин қарор дар тамоми ҳудудҳои тоҷикнишин муҳокима ва дастгирӣ карда мешуд, вале сохтори Тоҷикистон ҳамчун Вилояти Мухтор шаҳрвандони бедори тоҷикро қонеъ накард. Мактубҳои зиёде аз номи шахсони алоҳида ва коллективҳои меҳнатӣ ба унвони Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р, ҳатто ба Ҳукуматҳои Русияи Шӯравӣ ва СССР ИҶШС фиристода шуда буд. Дар онҳо таъкид карда мешуд, ки нисбат ба тоҷикон ва сохтори минбаъдаи миллии онҳо ба хатоҳову каҷравиҳо роҳ надиҳанд, чунки аз рафти ин тақсимот ва пайдо шудани мафҳуми маъмурии Вилояти Мухтор барои тоҷикон маълум буд, ки ҳуқуқҳои тоҷикон маҳдуд карда мешаванд.
Ба ҳар ҳол мактубу барқияҳои намояндагони халқи тоҷик ба ҳукумати СССР (ИҶШС) ва КМ ҲК(б)Р ва Комиссияи Марказии тақсимоти миллию марзӣ таъсир расонд. Дар ҳимояи ҳуқуқи халқи тоҷик русҳо (Зелинский, Андреев, Семенов), қазоқҳо (Т.Рисқулов, Ханҷанов), поляк (Миклашевский), тотор (Г.Сафаров) ва дигарон саҳм гузоштанд, вале онҳо натавонистанд, ки ақидаи зеркомиссияҳои миллӣ ва Комиссияи Марказии тақсимотро тағйир диҳанд. Онҳо тавонистанд, ки тоҷикҳоро ҳамчун халқи бумӣ ва қадим шиносонанд ва давлатдории сотсиалистии ӯро таъмин намоянд. Ин буд, ки моҳи сентябри соли 1924 тақсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна раванди амалӣ ва ба ҳукми қонун даромадаро гирифт.
Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон. Чӣ тавре ки мушоҳида кардем, аз соли 1919 то баҳори соли 1924 масъалаҳои сохтори сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҳудуди Тоҷикистон ҳалли худро ёфта, ба давраи таъсисёбии амалӣ расида буд. Фақат ин андешаҳоро дар доираи қонун ба расмият даровардан лозим буд. Ташаббускори ин масъала Ҳукумати Бухорои Шарқӣ гардид. Масъалаи таъсисдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми аҳолии Бухорои Шарқӣ дастгирӣ мекарданд. Ин буд, ки аз 1-ум то 5-уми сентябри соли 1924 дар Душанбе Анҷумани якуми намояндагони халқи Бухорои Шарқӣ шуда гузашт, ки мақоми олии ҳокимияти давлатии Бухорои Шарқӣ буд. Анҷуман КИМ-и Бухорои Шарқӣ ва Президиуми онро интихоб кард. Раиси Президиуми КИМ-и Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) интихоб гардид.
16-уми сентябр сессияи (иҷлосияи) фавқулодаи КИМ-и Туркистон, 20-ум ва 29-уми сентябр Анҷуманҳои V умумибухороӣ ва умумихоразмии шӯроҳо дар бораи тақсимоти миллию маъмурӣ розигии худро доданд. Барои гузаронидани ин тақсимот аз намояндагони ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои навтаъсис Комиссияи ҳудудҷудокунии марказӣ таъсис ёфт. Ба ин комиссия Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК(б)Р роҳбарӣ мекард. Ин комиссия ба ҷудокунии сарҳадҳои миллии нав ташкил меёфтагӣ, инчунин ба тақсимоти амвол, захираҳои иқтисодӣ ҳам машғул буд. 11-уми октябр Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б)Р баромади раиси Комиссияи Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б)Р В.В. Куйбишевро дар бораи тақсимоти миллии Осиёи Миёна шунида, муҳокима намуд ва лоиҳаи тақсимоти ҳудудӣ ва молу амволро байни ҷумҳуриҳову вилоятҳо тасдик кард. Бюрои Сиёсӣ дар асоси маърӯзаи В.В. Куйбишев ва номаҳои халқи тоҷик зарурати таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекис- тон маъқул донист. Ин нишондод асоси қарори 14-уми октяб-ри соли 1924 гардид.
14-уми октябри соли 1924 сессияи дуюми Кумитаи Марказии умумирусиягӣ (КИМУ) масъалаи тақсимоти Осиёи Миёнаро муҳокима намуда, қарори КИМ-и ҶМШС Туркистонро дар бораи аз ҳайати ҶШФСР (РСФСР) баромаданаш тасдиқ кард. Доир ба тақдири халқи тоҷик ҳам чунин қарор қабул кард: «5. Дар асоси иҷро намудани изҳороти хоҳиши оммаи коргарон ва деҳқонони халқи тоҷик, ба халқи тоҷик ҳуқуқи аз ҳайати ҶМШС Туркистон баромадан ва таъсис додани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дода шавад». Чӣ тавре дидед, то рӯзи ин қарор сухан танҳо дар бораи Вилояти Мухтори Тоҷикистон мерафт. Маҳз сессияи дуюми КИМУ воҳиди Вилояти Мухторро ба Ҷумҳурии Мухтор иваз кард.
27-уми октябри соли 1924 КИМ-и СССР (ИҶШС) бо қарори худ хоҳиши ҳукуматҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро дар бораи тақсимот ва қарори сессияи дуюми КИМУ аз 14 октябри соли 1924 дар бораи таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистон тасдиқ кард ва ин қарорҳо 27-уми октябри соли 1924 ҳукми қонунро гирифтанд. Моҳи майи соли 1925 Тоҷикистон ба воситаи Ӯзбекистон ба ҳайати СССР (ИҶШС) дохил гардид, яъне санаи таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон 14-уми октябр буда, қонунӣ гардидани он 2-юми октябри соли 1924 аст.
Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳисоби ноҳияҳои имрӯзаи Истаравшан, Ғончӣ, Шаҳристон, Айнӣ, Масчоҳи Кӯҳӣ ва Панҷакенти ҶМШС Туркистон ва вилоятҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Ғарми Бухорои Шарқии ҶШСБ таъсис ёфт. Ҳудуди Тоҷикистон 135620 километри мураббаъ ва аҳолиаш 739503 нафарро ташкил медод. Аз ҳисоби Туркистон 135665 нафар ва аз Бухоро 603858 нафар аҳолӣ ба ҳайати Тоҷикистон дохил шуданд. Ҳудуди Туркистониаш ду вилоят – Ӯротеппаю Панҷакент ва Бухороияш 4 вилоят – Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Ғармро ташкил медод. Баъдтар моҳи декабри соли 1924 ба ҳайати Тоҷикистон ҳавзаи Помир ҳамроҳ карда шуд, ки 2-юми январи соли 1925 ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд.
Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ибтидои эҳёи давлатдории миллии ҳазор сол пеш аз байн рафтаи тоҷикон гардид. Ба туфайли ҳамин ҷумҳурӣ номи халқи тоҷик ҳам аз сари нав ба арсаи ҳастӣ даромад. Ин бузургтарин комёбӣ ибтидои ҳамаи имкониятҳои минбаъдаи халқи тоҷик ва давлатдории миллии он буд, ки халқи тоҷик аз давраи шӯравӣ ба даст дароварда буд. Онро пос дошта ва инкишоф додан зарур буд. Ҳоло ҳам имкониятҳои муҳайёкардаи Давлати Шӯравиро баҳри истиқлолу рушди минбаъдаи халқу ҷумҳурӣ истифода бурдан мумкин буд. Ин вазифаро мебоист сарони мо – ҳукумати навбунёди он Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон иҷро мекарданд.
Оё ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик имкониятҳои додаи сиёсати миллии собиқ СССР (ИҶШС) ва имкониятҳои конститутсионии муҳайёкардаи Давлати Шӯравиро истифода бурда тавонистанд ё не? Имрӯз ҷавоб ба ин савол гуногун аст. Ҳар ҳизб, ҳар гурӯҳу ҳар фарде аз доираи мафкураи фарҳангӣ ва бархӯрдориаш аз ин масъала ҳарф мезанад. Вале таърих худ гувоҳ аст, ки вазъияти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва умуман ҳастии халқи тоҷик дар асрҳои ХI – ибтидои асри ХХ чӣ сурате дошт. Дар асрҳои ХIХ ва ХХ халқҳоро бештар аз рӯйи ҷуғрофияи сиёсиашон ва миллаташон мешинохтанд. Таъсиси ҶМШС Тоҷикистон танҳо қарору тақсимоти сиёсии одии шӯравӣ набуд. Ин ҷасорати Давлати Шӯравӣ, сиёсати мардҳои фидоӣ, муборизаи халқ буд. Дар таърихи сиёсии халқи тоҷик баъди давлати Сомониҳо ва то имрӯз аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон дида, воқеаи бузурги фараҳбахш ва тақдирсози дигаре набуд. Ташаббускору муайянкунандаи тақдири халқу давлати Тоҷикистон кӣ буд, кадом сиёсатдору сиёсате буд, ки ин қадар лутф кард, зеро агар тақсимоти соли 1924 гузаронида намешуд, яқинан мо тоҷикон бедавлат ва беном мемондем. Мо ба мисли эрониёни Бухорову Самарқанд ва дар ҳолати беҳтаринаш ба мисли тоҷикони Ӯзбекистон махлут шуда мерафтем. Бунёди истиқлолияти миллии Тоҷикистон аз соли 1924 аст ва натиҷаи сиёсати миллии Ҳукумати Шӯравию ҷонфидоиҳои намояндагони миллии ҳамон замон мебошад.
Барои тоҷикон аҳамияти аз ҳама калони тақсимоти миллию маъмурии соли 1924 дар он буд, ки тоҷиконро соҳибдавлат гардонд. Ба ин васила истиқлолияти миллии тоҷикон амалӣ гардид, вале аз тарафи дигар, ин тақсимот парешонии халқи тоҷикро боз зиёдтар намуд. Агар аз ин пештар тоҷик ба ҳайати Русия, Бухоро ва Афғонистон дохил бошад, акнун дар ҳайати Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон боқӣ монд.
Дар натиҷаи тақсимоти миллию маъмурии соли 1924 имконияти ҳуқуқии таъсис додани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ба вуҷуд омад. Барои ташкили ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои навтаъсис, то охири ноябри соли 1924 кумитаҳои инқилобии Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтанд. 5-уми декабр рӯзи эълон гардидани ҶШС Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт.
Луғат
1.Комиссияи тоҷикии тақсимот – комиссияе буд, ки соли 1924 барои гузаронидани тақсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна таъсис ёфта буд, дар ҳолате, ки баъзе комиссияҳои миллӣ (ӯзбекӣ, туркӣ, қароқирғизӣ) ҳанӯз солҳои 1919 – 1921 таъсис ёфта буданд.
Саволҳо ва супориш
1.Мухторияти Тоҷикистон аз кадом масъала сар шуд?
2. Куҷоро Бухорои Шарқӣ мегуфтанд?
3.Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ чӣ гуна комиссия буд? 4.Анҷумани якуми намояндагони халқи Бухорои Шарқӣ кай доир гашт ва кадом масъалаҳоро ҳал кард?
5.Рӯзи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон кадом рӯз ба ҳисоб меравад?
6.Таъсисёбии мақомоти идории ҶМШС Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
Реклама