§53-54. ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР МУҲОРИБАҲОИ КАЛОНТАРИНИ  ДАВРАИ ОҒОЗ ВА  МУСТАҲКАМКУНИИ ДИГАРГУНИҲОИ ҚАТЪӢ ДАР РАФТИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ  (СЕНТЯБРИ СОЛИ 1941-АПРЕЛИ СОЛИ 1943)

§53-54. ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР МУҲОРИБАҲОИ КАЛОНТАРИНИ  ДАВРАИ ОҒОЗ ВА  МУСТАҲКАМКУНИИ ДИГАРГУНИҲОИ ҚАТЪӢ ДАР РАФТИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ  (СЕНТЯБРИ СОЛИ 1941-АПРЕЛИ СОЛИ 1943)

  «Ҷанги барқосо» (Блицкриг)-и худро амалӣ карданӣ буд. Аҳамияти муҳорибаи назои Москваро Ҳукумат ва халқи собиқ СССР (ИҶШС) бахубӣ дарк карда буданд ва ба он тайёрии имкондоштаро ҳам дида буданд. Муҳорибаи назои Москва на фақат аҳамияти минтақавӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ ҳам дошт. Натиҷаи муҳорибаи назди Москва ба чандин савол давра – бақои сотсиализм ва фашизм ҳамчун сохтори давлатӣ ва сиёсат ба ҷаҳониён ҷавоб медод.

  Олмони фашистӣ ба ҷабҳаи марказӣ, ки мақсад аз он ишғоли Москва - пойтахти Иттиҳоди Шўравӣ ва буд, қисмҳои яккачини ҳарбии аз ҷиҳати таҷрибаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа бартарии куллӣ доштаи худ-  ро, ва бо фармони қабул накардани ҳеҷ гуна гуфтушунид ва таслим равона карда, ин нақшаи худро «Тайфун» номгузорӣ карда буд (ба маънои «барқвор, боди шадид»).  

  Сарфармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Олмон барои забти Москва 1,8 млн. қӯшун, 1700 танк, 1790 самолёт, 14 ҳазор тӯпи худро ба кор андохта буд. Ҳуҷум барои Москва 30-юми сентябр оғоз гардида душман дар баъзе минтақаҳо то ба масофаи 17 км ба Москва наздик омада буд. Ҳатто баъзе командирони душман ба хешу ақрабо ва дӯстони худ хабари ғалабаро ҳам навишта буданд ва дӯстонашонро ба маъракаи паради ғалаба даъват карда буданд. 

                                                 

 Фашизм мехост, ки СССР (ИҶШС)-ро дар назди давлатҳои ҳомии худ хору залил нишон диҳад ва бо ин бартарии комили худро дар идораи минбаъдаи ҷаҳон таъмин намояд. Ин равандро ботинан набошад ҳам, зоҳиран ҳукуматҳои Англия, ИМА ва Фаронса ҳам барои ҳадафҳои ояндаи худ интизор буданд. Аз ин рӯ, ин ҳукуматҳо гарчи бо фашизм дар набард буданд,  бо бетарафии худ нисбати таҷовузи Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Олмон имконият доданд, ки ин ҷанги беадолатонаро оғоз намояд. Мусаллам он аст, ки Ғарб мехост Олмонро дар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ бемадор сохта ва баъд онро ба шартҳои барои худ мувофиқ маҷбур созад.  Ғарб бехабар аз он буд, ки рӯҳияи итиҳоди халқҳои дар мубориза ва дар асоси баробарӣ, бародарӣ, дӯстӣ, ягонагии иқтисодию сиёсӣ ба вуҷуд омадаро  шикастану аз байн бурдан мумкин нест. Ба муҳофизати Москва тамоми халқҳои шӯравӣ борхостанд. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, тавонист, ки ба душман зидди душман 1250 ҳазор ҷапговар,7600 тӯп, 990 танк, 677 самолёт ва ҷасорату ватандӯстии бемислу монанди шӯравиро муқобил пеш гузорад. 19-уми октябр дар Москва ҳолати муҳосира эълон гардид. Аз тамоми минтақаҳои СССР (ИҶШС) ба Москва қувваҳои имдодӣ омаданд. 

                            

  Дар ин муҳорибаҳо фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштанд. Аз Ҷумла  дивизияи 20-уми савораи дар Тоҷикистон таъсисёфта низ иштирок дошт. Ин дивизия дар набардҳои роҳи Волоколамск корнамоӣ нишон додааст. Вақте ки як гурӯҳ танкҳои немис хати фронтро рахна карда, ба роҳи Волоколамск (ҳозира хиёбони  Ленинград) баромаданд, дивизия фармон гирифт, ки танкҳоро нобуд созад ва аз уҳдаи иҷрои ин фармон бо сарбаландӣ баромад. Дар муҳорибаи назди Маскав 150 нафар аскару афсарони ин дивизия ба мукофотҳои гуногун сазовор шудаанд. Барои қаҳрамонӣ дар ин ҷанг тӯпчии шуҷоъ Муҳаммадӣ Иброҳимов, ки дар як муҳориба 16 техникаи ҷангии душманро аз кор баровард бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Адиби умедбахши тоҷик Абдушукур Пирмуҳаммадзода қаҳрамонона, ҷангида ҳалок гардид. С.Улуғзода, Р. Ҷалилов, И.Обидов, Б.Искандаров низ, ки шахсиятҳои машҳури солҳои 50-90 асри ХХ ҷумҳурӣ буданд, иштирокчии ин муҳорибаҳо буданд. Дар рафти ин заддухӯрдҳо Олмони фашистӣ ва думравони онҳо шикасти чашмраси то кунун надидаро диданд.

  Муҳорибаи Сталинград (17.7.1942-2.2.1943). Муҳорибаи Сталинград машҳуртарин набарди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, ба ду давра – давраи мудофиавӣ (17.7.1942 - 18.11.1942) ва давраи ҳуҷум (18.11.1942 -2.2.1943) ҷудо мешавад. Дар ин муҳориба аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 3,6 млн. аскару афсар, 60,2ҳ. тӯпу миномёт, 7300  самолёт иштирок доштанд.  Олмон  мехост, ки бо роҳи аз маркази сӯзишворӣ ва ғалла маҳрум кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русияи Марказӣ Сталинградро шиғол намуда, барои шикасти дар назди Москва хӯрдани  қасос гирад. Вале боз ҳамон дӯстии халқҳо ва ягонагии ҳарбию иқтисодӣ ин нақшаро ҳам барбод дод. 

  Дар маъракаҳои ҷангии барои Сталинград Олмони фашис- тӣ ва шарикони ӯ зиёда аз 900 ҳазор аскар, 2 ҳазор танк, зиёда аз 10 ҳазор тӯп, 3 ҳазор самолётро талаф доданд. Дар худи шаҳри Сталинград ин талафот ба зиёда аз 300 ҳазор расида буд. Талафоти Иттиҳоди Шӯравӣ аз Олмон зиёдтар - 1,1млн. нафарро ташкил  дода буд. Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок кардаанд. Корнамоии «Хонаи Павлов» ҳам бе номи тоҷик набуд. Дар қатори 18 ҷанговари «Хонаи Павлов», ки командирашон сержант Павлов буд, Аҳмад Турдиеви тоҷик ҳам буд. Фиристодагони Тоҷикистон О. Холматов, Б. Сиддиқов, А. Ҳакимов, К.Каримов, Б. Бегматов, Н. Мирзоев, И.Назаров, Ҳ. Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М. Муқимӣ, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов, А. Устоев қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар ин муҳориба колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадриляи «Колхозчии Тоҷикистон», ки бо пули ҷамъовардаи колхозчиёни Тоҷикистон сохта шуда буданд, ба ҷанг даромаданд. Анвар Қаландарови ғармӣ дар ин муҳорибаҳо ҳамчун командири танки вазнини «КВ» ҷангидааст. Ӯ бо ордену медалҳои «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 1, «Ситораи Сурх» ва «Барои муҳорибаи Сталинград» сарфароз гардонида шудааст. Дар рафти амалиёти ҷангии баъди Сталинград тоҷикписар Маҳмадшариф Шарипов дар озод кардани шаҳри Харков корнамоии бемислу монанд нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишони (ДОТ)-и душманро пӯшондааст.

  Рӯҳияи ҷангии тоҷикистониёнро мактуби меҳнаткашони ақибгоҳ бо номи «Мактуб ба ҷанговарони тоҷик аз халқи тоҷик», ки онро устод С.Айнӣ навиштаву зери он 390000 меҳнаткаши тоҷик имзо гузошта буданд, омадааст:

  «Фарзандон, шавҳарон, бародарони азиз, ҷанговарони диловари мо! …

  Вақте ки мо калимаи Ватанро дар забон меорем, дар пеши назари мо на танҳо водии зархези Вахш, на танҳо боғҳои себу  зардолузори Ленинобод, на танҳо кӯҳҳои барфпӯши сарбафалакпечидаи Помир, балки манзараҳои рангоранг ва кабуди ҷангалистон ва дарёҳои сероби Русия, мавҷи хӯшаҳои гандуми майдони Украина, канораҳои рӯҳафзои баҳри Сиёҳ, кӯҳҳои афсонавии Қафқоз ва гаҳвораи Револютсияи Октябр - шаҳри азими Ленин (Ленинград) низ ҷилва менамоянд.

  Шумо дар куҷое, ки мубориза  кунед,  хоҳ дар соҳилҳои дарёи Дон, хоҳ дар саҳроҳои Украина, хоҳ дар гирду атрофи Ленинград, Шумо Сталинобод, канораҳои дарёи Панҷ, кӯҳҳои Помир, водию саҳроҳои Вахш ва Ленинободро муҳофизат менамоед. 

  Мардписарони халқи тоҷик! Шумо авлоди бобоҳои бузурги худ мебошед, ки онҳо ба муқобили истилогарон ва ғоратгарони аҷнабӣ баҳодурона ҷангидаанд.

  Вақте ки арабҳо дар асри У111 ба сарзамини мо ҳуҷум оварда, мехостанд ба тани халқи мо либоси сиёҳи мотам пӯшонанд, тоҷикон бо сардории  лашкаркашҳои худ Абӯмуслим, Таҳмоспи Хуҷандӣ, Ибни Муқаннаъ чандин сол машъали шӯришро фурӯзонда ҷангиданд. Темурмалики Хуҷандӣ ва Маҳмуди Торобӣ ба муборизаи халқ ба муқобили  муғулҳои бадхашми истилогар роҳбарӣ намуданд. 

  Мо фахр мекунем, сарфароз мешавем, ки дар миёни Шумо монанди Қаҳрамони Союзи Советӣ Неъмат Қаробоев, ордендорон Муҳаммадӣ Иброҳимов, Ғозӣ Рашидов, Давронов, Шукрулло Шоев ва бисёр ҷанговарони дигари ба ҳамаи мамлакат машҳур ҳастанд. 

  Бовар кунед, ки мо ҳам дар фронти меҳнат ҳеҷ ақиб намемонем. Мо ҷонсупорона меҳнат карда истодаем, ки мамлакат ва Армияи Сурхи ҷоноҷонамонро аз ҳама чизи зарурӣ таъмин намоем. Занон, модарон ва хоҳарони Шумо дар баробари мардон ихтисосҳои шавҳар, фарзанд ва бародарони ба фронт рафтаашонро бо муваффақият аз худ карда, бо тамоми қуввваи худ ба Армияи Сурх ёрӣ расонда истодаанд, ки душмани палидро торумор кунад…

  Ҷанговарони паҳлавони мо! Шердилона ба пеш қадам занед, писарони маҳбуби Тоҷикистон! Бо қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии беҳад, ватандӯстии шуълавари худ рӯзи ғалабаи мо ва мағлубияти душманро наздик кунед. Мо боварии комил дорем, дур нест он рӯз,  Армияи Сурхи қаҳрамони мо… одамхӯрони гитлериро бакуллӣ торумор менамояд. 

  Марг ба истилогарони немис!» Имзо: ҷамъ 390 ҳазор. 20.02.1943, «Правда»

   Луғат 

 1. «Ё марг, ё ғалаба!» - даъват, шиори аскарону афсарон ва партизанҳои шӯравӣ, ки аз 22-юми июни соли 1941 машҳур гардид. Бо ин шиор аскарони алоҳида, взвод, рота, баталён, полк, дивизия ва фронтҳо ба ҷанг медаромаданд. 

 2. Колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» - колоннае, ки бо пули хайрияи колхозчиёни Тоҷикистон сохта шуда буд. Ташкили чунин колоннаро бори аввал колхозчиёни  вилояти Тамбови ҶШФСР пешниниҳод карда буданд. Ин пешниҳод аз тарафи Ҳукумат ва халқ дастгирӣ ёфта, ба маъракаи умумихалқие табдил ёфт. Онро коргарон, зиёиён, ҷавонон, пионерҳо дастгирӣ намуданд. Бо маблағи хайрияи тоҷикистониён колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон», «Муаллими халқи  Тоҷикистон», «Кооператори саноатии Тоҷикистон», батареяи тӯпандози «Колхозчии райони Ленинобод», эскадриляи «Тоҷикистони советӣ», тӯпи «Пионери Тоҷикистон» ба фронт фиристода шуданд. 

 3. Колоннаи танкии «Комсомоли Тоҷикистон», ки бо пули хайрия ва музди соату рӯз ва ҳафтаю моҳҳои аз рӯзи кори муқаррарии комсомолон зиёдатӣ сохта шуда буд, дар муҳорибаи Сталинград ба ҷанг даромада буд.

  Савол ва супоришҳо: 

1. Дар бораи муҳорибаи назди Москва ва иштироки тоҷикон  нақл кунед . 

2. Саҳми тоҷиконро  дар муҳорибаи Сталинград шарҳ диҳед. 

3.  Ҷангномаи Аҳмад Турдиевро нақл кунед?

Реклама