Мушаххас ва муайян гардидани вазифаҳои ҳалталаби ҳукумату халқ. 26 ноябри соли 1924 КИМ-и ҶШС Ӯзбекистон Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳукумати муваққатии ҷумҳурї, дар давраи то баргузоргардии Анҷумани таъсисии шўроҳои ҶМШС Тоҷикистон созмон дод. Ба ҳайати Президиуми Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум (раис), Б.Додобоев, Р. Бобоҷонов, А.Ёрмуҳаммадов, Ш.Шоҳтемур, А.М. Дяков ва дигарон дохил шуданд.
Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон 7-уми декабри соли 1924 ба меҳнаткашони Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар он муроҷиатнома кумита аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон хабар дода, вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти худро эълон дошт, барномаи барқарор кардани хоҷагии халқ, инкишофи фарҳанг, тамоман барҳам додани босмачигариро пешниҳод кард.
Аввали моҳи феврали соли 1925 Ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе – пойтахти ҶМШС Тоҷикистон кӯчида, бо фармони худ аз 5-уми феврал ба тамоми аҳолї дар бораи қатъ гардидани фаъолияти КИМ-и Бухорои Шарқӣ хабар дод. 15-уми марти соли 1925 дар гирдиҳамоии ботантанаи умумихалқии аҳолии Душанбе ва атрофи он ҳукумати Тоҷикистон эъломияи (декларатсияи) таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эълон кард.
Вазифаҳои асосии ҳукумати навтаъсиси ҶМШС Тоҷикистон – аз роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкил намудани равандҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангие, ки онро инқилобҳои сотсиалистии солҳои 19171924 ба пеш гузошта буданд, иборат буд. Ин равандҳо соҳаҳои зеринро дар бар мегирифтанд: роҳбарӣ кардан ба раванди аз хусусияти эъломӣ дош- тани Ҳокимияти Шӯравӣ ба хусусияти иҷтимоӣ гирифтани он, яъне шиносонидани Ҳукумати Шӯравӣ ҳамчун ҳукумати халқӣ. Чунин раванд характери сиёсӣ дошт. Онро бояд ҳизбе, муассисае, ташкилоте, ҷамъияте роҳбарӣ мекард, яъне дар сохтмони ҳизбӣ вазифаи асосӣ ҳизбро аз ташкилоти сиёсӣ ба ҳизби ташкилотчӣ ва роҳбар табдил додан буд;
барқарор намудани хоҷагии халқи аз ҷанги шаҳрвандию босмачигарӣ харобгардида ва ба вуҷуд овардани асосҳои иқтисодиёти сотсиалистӣ, ки он акнун ба иқтисодиёти иҷтимоӣ рӯ оварда буду шиори асосиаш «Кӣ киро?» буд. Онро ба манфиати сотсиализм ҳал кардан лозим буд;
- наздик кардани шӯроҳо ба омма, ки гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ, милликунонии дастгоҳҳои идорӣ (тайёр кардани кадрҳои аппаратҳои шӯравӣ, гузаронидани ислоҳоти маъмурию сиёсӣ, аз ҷумла тақсимоти ҳудуд) ва ба шакли нави маъмурӣ - вилоят, ноҳия, шӯроҳои деҳотӣ ва шаҳру шаҳракҳо ҷудо шуданро талаб мекард;
- амалӣ намудани ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти фарҳангӣ, бахусус системаи маориф ва ба хизмати халқу манфиати Давлати Шӯравӣ тобеъ кунонидани онҳо.
Солҳои 1924-1929 дар сиёсати байналмилалӣ солҳои устуворгардии ду сохт - сохти сотсиалистӣ ва капиталистӣ Иштирокчиёни митинги эълон кардани таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон (13.03.1925)ба ҳисоб мерафт. Кризиси сиёсие, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, як гурӯҳ давлатҳоро ба роҳи тараққиёти сотсиалистӣ ва гурӯҳи дигареро ба эътироф кардани ин ҳолат овард. Авҷи ҳаракатҳои инқилоби ҷаҳонӣ хомӯш гардид. Капитализм ба маҷрои худ ва сотсиализм ба маҷрои худ ворид гашт. Муборизаи яроқноки байни ин ду система ба рақобати иқтисодӣ ва ҷанги сард табдил ёфт. Ҷаҳони капиталистӣ СССР (ИҶШС)-ро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифта буд. Ҳукумати СССР (ИҶШС) бе ҳеҷ гуна гузашт ва сархамкунӣ дар пеши капитализм ба идеалҳои худ устувор монд. Принсипҳои идеологӣ, синфӣ ва омиёна имконияти сарфи назари баъзе масъалаҳоро намекард, бо вуҷуди он ки доҳии ин принсип гуфта буд, ки «… ба бесаводии худ иқрор шуда, аз капитализм омӯзем». Ин идеологияро Ҳизби Коммунистӣ ва Ҳукумати СССР (ИҶШС) барои сиёсати дохилию хориҷии ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ СССР (ИҶШС) раво дониста, риояи онро талаб мекарданд, яъне авзои сиёсию ҷамъиятии ҶМШС Тоҷикистон ба авзои СССР (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобастагии ногусастанӣ дошт.
Сиёсати ҳеҷ гуна гузашт накардан ба капитализмро, ки СССР (ИҶШС) пеш гирифта буд, дар СССР (ИҶШС) на ҳама мепазируфтанд. Аз ин рӯ, дар татбиқи ин сиёсат ақидаҳои дигар ҳам буданд, мисли бухаринчигӣ, зиновевчигӣ, тротскийчигӣ, гурӯҳи коргарӣ ва ба замми ҳамаи инҳо, дар Тоҷикистон ҷадидӣ ҳам буд. Ҳизби ҳукмрон - ВКП(б) ҳамаи онҳоро душманони халқ эълон карда муборизаи беамонро бо онҳо сар кард. Зери шиор ва маъракаҳои тозакунии сафҳои ҳизб мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва роҳбарони болаёқати хоҷагӣ аз идора кардани давлату ташкили истеҳсолот дур карда шуданд. ВКП(б) органи махсуси худро - Комиссияи ревизионии худро дошт ва ин комиссия зери мафҳумҳои «суст будани ҷанбаи идеологӣ» ҳукуматҳои миллӣ, ҳизбҳои таъсисёфтаистодаи миллӣ ва бо кадрҳои сиёсӣ таъмин намудани онҳо, зиёиёни ҳизбӣ, коргарӣ ва илмии тоҷикро бо ин ё он «тамѓаҳо» гунаҳкор карда, ба мустақилона идора кардани ҷумҳурӣ, корхона ва муассиса роҳ намедод, ки ин аксаран сабаби пастравии кор мегардиданд. «Душманони СССР (ИҶШС)» душманони воҳид буданд ва онҳоро «меёфтанд». Дар тамоми зинаҳои ҳизбӣ, давлатӣ онҳоро «пайдо» мекарданд.
Солҳои 1924-1929 яке аз вазифаҳои Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди боло мубориза бо душманони «чап»-у, «рост», оппортунизму тротскийчигӣ ва ҷадидизм буд. Самараи ин мубориза, ҳақ донистану ҳақ шуморидани мафкураи марксизми ҷанговар, назарияи ленинизму сталинизм ва тарафдороии онҳо буд. Замона ақидаи алтернативиро намепарварид. Яккаҳизбӣ, вале фақат ҳизби коммунистӣ ва сиёсати коммунистӣ ҳукмрон буд.</br> Ин авзои идеологӣ бо роҳбарии ҳизби ҳукмрон - Ҳизби Қоммунистони болшевик идора ва амалӣ мегашт. Тоҷикис- тон бошад, чунин ҳизбро доро буд.
Мафкураи ҷамъиятӣ (идеологияи марксистӣ-ленинӣ-сталинӣ) дастгоҳи паҳнкунанда ва татбиқкунандаи худ - ҳизб- ро ва ҳизб бошад, давлатдории коммунистиро ба вуҷуд овард. Ин дастгоҳ бо салоҳияти худ органҳоеро таъсис дод, ки ҷомеаро идора кунанд. Ин органҳо чун диктатураи ҳизбӣ дар ҳама соҳа: дар маъмуриятҳои ҳифзи давлату ҷомеа, ташкилу идораи истеҳсолот рӯйи кор омаданд. Дар ин сис-тема бе пешбарии ҳизб на роҳбарон ва на баъзан аъзоёни қаторӣ ба вазифа намерасиданд. Ин система органҳои ҳукуматии қонунбарор - Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва Президиуми он; органи иҷроия - Шӯрои Комиссарони Халқӣ, вазорату кумитаҳо ва шӯроҳои дигари тобеи онҳо; ташкилотҳои оммавӣ - иттифоқҳои касаба, ҷавонон, пешоҳангҳоро фаро гирифта буд.
Савол ва супориш
1. Вазифаҳои навбатии Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва халқҳои он аз чӣ иборат буд?
2. Ташкилотҳои ҳизбии округи Хуҷанд ва Бухорои Шарқии солҳои 1917 – 1924-ро шарҳ диҳед.
Реклама