Манфиати заҳматкашонро тарафдорӣ ва ҳимоя кардани Ҳокимияти Шӯравӣ. Чӣ тавре аз муқовимати қувваҳои бо ҳам зид маълум гардид, Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳама ҳолат ба қарору эъломияи худ нисбат ба меҳнаткашон содиқ монд. Дар рафти ҷанг босмачиён худро «ҳимоятгари мусулмонон, муҷоҳид, дар ҳимояи дину имони мусулмонон» эълон намуда, дар амал ба ѓорати мардум даст заданд, дар ҳеҷ ҳолат ба бенавоёну камбағалон ёрӣ надоданд. Фақат Ҳокимияти Шӯравӣ ва аскарони сурхи шӯравӣ ба ёрии онҳо омаданд, онҳоро аз ғорат гардидан наҷот дода, дар киштукори зироат, хоҷагидориашон ёрӣ медоданд. Ҳатто ҳиссаи хӯрокашонро бо ғоратшудаҳо тақсим мекарданд. Ҳукумати Шӯравӣ дар аксари ҳолатҳо деҳқононро аз андоз озод карда баъдан бо тухмию асбоби корӣ таъмин мекард. Ҳарбиён бошанд, дар вақти киштукору ғунучини ғалла ба деҳқонон ёрӣ мерасониданд, ҳашарҳо ташкил медоданд.
Ҳукумати Шӯравӣ дар барқарор кардани хонаҳои оташзада, пулу сардобаҳои вайрон кардашуда иштирок мекард. Деҳқонҳою деҳаҳои оташзадаро ба ҳимояи худ мегирифт. Барои ҳимояи деҳаҳои наздиҷабҳавӣ қувва ҷудо мекард. Ҳамаи ин амалҳои Ҳокимияти Шӯравӣ аҳолиро ба худ ҷалб ва аз босмачиҳою босмачигарӣ дур месохт.
Таърих ёд дорад, ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба деҳқонони ҷабрдидаи водиҳои Ҳисору Вахш, Данғараю Кӯлоб барои аз гуруснагӣ баромаданашон бо ғаллаи тухмӣ ёрӣ расонидааст. Ҳокимияти Шӯравӣ сиёсати дастгирии деҳқонони камбағал ва муборизаи зидди деҳқонони бойро, ки босмачиёнро дастгирӣ мекарданду ёрӣ медоданд, пеш гирифта буд.
Дар ин давра ёрии ҳарбӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Русияи Шӯравӣ аз аҳамият холӣ набуд. Дар қисматҳои асосии Тоҷикистон қӯшунҳои Русияи Шӯравӣ амал мекарданд, ки қувваи асосии ҳимояи осоиштагии аҳолии маҳаллӣ буданд.
Бо туфайли Русияи Шӯравӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам барои маҳви босмачигарӣ ёрӣ додааст. Таърих ёд дорад, ки бисёр халқҳои меҳнаткаши ҷаҳон бо шиорҳои «Аз Русияи Шӯравӣ даст кашед» зидди ҳукуматҳои худ ба кӯчаҳо баромаданд ва тавонистанд, ки қӯшунҳои худро аз Русия бароваранд. Масалан, заҳматкашони Англия тавонистанд, ҳукуматашонро водор кунанд, ки қӯшунҳои худро аз Закаспий ва Кавказ берун кунад.
Сабаби дигари ғалаба аз болои босмачигарӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба босмачиён ва босмачигарӣ буд. Ҳокимияти Шӯравӣ босмачиёни қаторӣ ва баъзе қӯрбошиҳои ихтиёран таслим мешудагиро авф карда, ба онҳо ва аҳолии деҳаҳои ғоратшуда ёрӣ дод, деҳқононро аз ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ва садди роҳи корҳои саҳроии онҳо шудани унсурҳои зиддиинқилобӣ ҳимоя кард.
Ба гуфтаҳои худ риоя накардани роҳбарияти ҳаракати босмачигарӣ. Сабаби асосии шикасти ҳаракати зиддишӯравӣ, пеш аз ҳама, ба туҳмат ва дурӯғ асос ёфтани ақида ва амали босмачигарӣ буд. Ин туҳмат, пеш аз ҳама, дар ақидаи гӯё Ҳокимияти Шӯравӣ ҳукумати кофирон асту мусулмононро аз дин, урфу одат ва забонашон маҳрум месохта бошад, зоҳир шуда буд.
Идеологҳои ҳаракати зиддишӯравӣ бардурӯғ ақидаеро паҳн мекарданд, ки гӯё шиорҳои шӯравӣ-болшевикии «Баробарӣ», «Бародарӣ», «Дин аз давлат озод мебошад», «Дӯстӣ» ҳама дурӯғанд ва онҳо дар ибтидо тавониста буданд, ки қисми асосии аҳолии деҳотро ба тарафи худ кашида, зидди Ҳокимияти Шӯравӣ хезонанд, аммо аз аввал Ҳокимияти Шӯравӣ содиқ будани худро ба шиору эъломияҳояш собит кард. Ҳокимияти Шӯравӣ, аскарони сурх, болшевикҳо ба ақидаю эъломияҳои худ содиқ монда, дар зиндагӣ онҳоро амалӣ месохтанд.
Босмачиён барои ҳимояи худ аз хиёнат ба халқу дини худ даст намекашиданд. Ҷону дини аҳолии осоишта барои босмачиён ҳеҷ қурбе надошт. Адлу инсоф нисбати аҳолии осоишта умуман истифода намешуд. Охирин луқмаи хӯрок, афзори корӣ, воситаи нақлиёт ва ҳатто фарзанди деҳқон моли шахсии босмачиён ҳисобида мешуд. Ҳатто ҷони аҳолии минтақаҳои долу зарби ҷангӣ моли босмачиён гардида буданд. Онҳо аҳолиро ҳамчун сипари худ истифода мебурданд.
Бадтарин андешаи саркардаҳои ҳаракати зиддишӯравӣ, хиёнат ба халқу ватан буд. Онҳо тайёр буданд, ки «озодии» худро ба ҳар хоҳишманди соҳиби ин диёр шудан фурӯшанд. Бинобар ин, сабабҳои шикастхӯрии ҳаракати зиддишӯравиро бо ин чанд хулоса баён кардан мумкин аст: – тафовути гуфтор бо рафтор. Босмачиён худро ҳомии халқу ислом эълон карданду даст ба қатли мусулмонону ғорати халқ заданд;
– фиреб додани босмачиёни қаторӣ. Саркардаҳои босмачигарӣ гӯё онҳоро барои ҳимояи дину имон даъват кардаанд. Ин дурӯғу фиреб тез ошкор гардид ва ҳаракати босмачигарӣ суст шудан гирифт;
– рақобати байни сардорони босмачигарӣ барои ҳокимияти марказию маҳаллӣ, ки босмачигариро аз муттаҳидшавӣ дур кард;
– ҳақ будани муборизаи Ҳокимияти Шӯравӣ барои нигоҳ доштани диктатураи пролетарӣ ва ҳамаи он чизе, ки сабаби ғалабаи Инқилоби сотсиалистӣ гардида буданд.
Ҳамин тариқ: – ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1918-1923-ро дар бар гирифта, дорои хусусиятҳои худ буд; ин ҷанг мақсад ва заминаи худро дошт;
– қувваҳои бо ҳамдигар размкунанда аз ҳар ду тараф аз берун идора мешуданд;
– қувваҳои бо ҳамдигар размкунанда баҳри ҳадафҳои сиёсии низомҳои сиёсӣ (сотсиализми навтавлид ва капитализм) меҷангиданд.
Дар масъалаи даврабандӣ бошад, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923-и Тоҷикистон се давраро дар бар мегирад: а) соли 1918 - охири соли 1920; б) тобистони соли 1921 – тирамоҳи соли 1922; в) тирамоҳи соли 1922–тирамоҳи соли 1923.
Дар давраи якум ҷанг танҳо шимоли Тоҷикистон ва Бадахшонро фаро гирифта буду тақдири он аз ғалаба ё шикас- ти Ҳокимияти Шӯравӣ ва Русия вобаста буд.
Давраи дуюм тобистони соли 1921 - тирамоҳи соли 1922ро дар бар гирифта, самти асосии ҷанг зидди Анварпошшо равона шуда буд. Дастаҳои Иброҳимбек, Фузайл, эшони Султон, Ғаюрбек ва босмачиёни шимоли Тоҷикистону ҳатто туркманҳо дар ҳамин давра фаъол гардиданд, ки инро баъзеҳо бо омадани Анварпошшо алоқаманд мекарданд, вале ин омили асосӣ набуд. Омили асосӣ мазҳабу дин буда, тоҷик асосан баҳри ҳимояи дину мазҳаб ва оилаи худ бархоста буд. Анварпошшо ба он ҷанбаи сиёсӣ доду халос.
Дар давраи сеюм Салимпошшо сабаби фаъолшавии босмачигарӣ гардид, чунки ӯ мехост маҳз қувваҳои зиддишӯравиро муттаҳид созад. Ин қувваҳо танҳо ҳадафи сиёсӣ доштанд. Ҳадаф барқарор кардани ҳокимияти амирӣ буда, ҳимояи ислому мусулмонон шиор гашта буд.
Савол ва супориш:
1. Дар бораи амалиёти Иброҳимбек нақл кунед.
2. Маъракаи муборизаро бар зидди Анварпошшо ва Салимпошшо шарҳ диҳед.
3. Давраҳои асосии ҷанги шаҳрвандиро номбар кунед.
4. Сабабҳои асосии ғалабаи шӯроҳоро аз болои босмачигарӣ шарҳ диҳед.
5. Сабабҳои шикастхӯрии ҳаракати зиддишӯравӣ кадомҳоянд?
6. Сабабҳои асосии ғалабаи Ҳокимияти Шӯравиро дар ҷанги шаҳрвандӣ номбар кунед.
7. Оё босмачиён қаҳрамонанд?
8. Оё босмачиён душмани халқи худ буданд?
Реклама