Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ВМКБ. Ба сар задани ҳаракати босмачигарӣ дар ВМКБ, пеш аз ҳама, пурзӯр гардидани қувваҳои иртиҷоии минтақа, ҳаракати босмачигарӣ дар водии Фарғона, муваффақиятҳои ҷангии аксулинқилобиёни Закаспий ва атаман Дутов, фаъолияти ҷосусони хориҷӣ сабаб шуда буд. Босмачиёни Фарғона роҳи алоқаи Помирро бо Туркистони Шӯравӣ баста буданд, вале барои меҳнаткашони ин ҷо ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии ҶМШС Туркистон лозим буд. Аз тарафи дигар, Эсертон - консули дар Кошғар будаи Англия бо бойҳои маҳаллӣ ва рӯҳониёни Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ вохӯрда, онҳоро бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ бархезонда, барои ба даст даровардани ҳокимият роҳи нест кардани Комиссияи ҳарбӣ-сиёсиро, ки охири соли 1918 бо сардории А. Холмаков ташкил ёфта буд, пеш гирифтанд. Ҳокимияти Шӯравӣ бо ташаббуси А. Холмаков сафи милитсияи халқиро аз ҳисоби маҳаллиён зиёд карда, шахсони шубҳанокро аз он дур кард. Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ низ мустаҳкам карда шуданд, вале набудани робита бо Туркистони Шӯравӣ вазъияти ҳарбии Помирро душвор менамуд.
Моҳи июли соли 1919 бо дастури ҳукуматдорони Англия дар Хоруғ чор нафар фирории ҳарбии румин, ки аз Тирмиз гурехта буданд, пайдо шуданд. Онҳо аз дудилагии аъзои ҳукумати маҳаллӣ истифода бурда, А. Холмаков ва боз ду нафари дигарро куштанд, ки ин ба Помир сар даровардани қувваҳои зиддишӯравӣ, амири Бухоро ва Афғонистонро тезонид. Ба Помир дастаи полковник Тимофеев баргашт ва моҳи октябри соли 1919 ба Хоруғ ворид шуд. Бо ҳамин Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помир муваққатан барҳам хӯрд. Тамоми рӯҳониёни Бадахшон ва ҳокимони пештараи он ба тарафи Тимофеев гузаштанд. Дар Помир сохти кӯҳнаи амирӣ барқарор гардид.
Рӯҳониёни деҳаҳои Шоҳдара ва Поршнев Саидмаҳмуду Юсуфалишоҳ ва Абдулғиёсхон ба беки Дарвоз нома фиристода хоҳиш карданд, ки ҳокимияти худро дар Помири Ғарбӣ ҳам паҳн намояд, вагарна онҳо афғонҳоро даъват мекунанд.
Ба Хоруғ намояндаи амири Бухоро рафта, барои омадани аскарони бухороӣ замина тайёр кард. Ӯ талаб кард, ки милитсияи халқӣ қалъаи Хоруғро тарк кунад. Ҷавонони инқилобии қалъа хоҳиши муқобилат кардан доштанд, вале сардори онҳо Ақназар тарафдори супоридани қалъа буд. Ҷавонон Ақназар ва тарафдорони ӯро аз вазифа дур карда, худ қалъаро тарк карданд, чунки муқобилат фоидае надошт. Ҳабскунӣ ва азобу шиканҷаи коркунони дастгоҳи шӯравӣ ва хайрхоҳони Ҳокимияти Шӯравӣ сар шуд. Аз ҷумла муборизи фаъоли барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помир А. Наврӯзбеков моҳи марти соли 1920 ҳабс карда шуд. Ба азобу шиканҷа нигоҳ накарда, ӯ рафиқони худро фош накард ва аз марг дар натиҷаи ҳуҷуми Артиши Сурх раҳоӣ ёфт.
Аскарони инқилобӣ дар деҳаҳои дурдаст ва кӯҳҳо пинҳон шуданд, то ки аз сари нав муборизаи зидди аксулинқилобиёнро оғоз кунанд. Дар муддати қариб се моҳи мавҷудияти сохти амирӣ зулму истибдод ба дараҷае расонида шуд, ки аҳолии Помири Ғарбӣ барои барҳам додани сохти амирӣ тайёриро сар карданд. Дар тайёрии шӯриши яроқнок ҷавонони рӯҳияи инқилобидоштаи Хоруғ ва дигар маҳалҳои Шуғнон фаъолона иштирок карданд.
Қувваҳои асосии аксулинқилоб дар қалъа буданд ва онро ишғол кардан зарур буд. Барои иҷрои ин мақсад 26-уми июни соли 1920 бо иштироки 26 нафар аскарони сурх, милитсияи халқӣ ва ҷавонони рӯҳияи инқилобидоштаи Поршнев маҷлис барпо гардид. Дар маҷлис нақшаи ишғол намудани қалъаи Хоруғ ва ба даст даровардани анбори яроқ кашида шуд. 27-уми июн ҳуҷум ба қалъа оғоз ёфт, ки барои он отряди 20-нафара сафарбар карда шуда буд. Аксари ҷанговарони он маҳаллиён, аз ҷумла, Азизбек Наврӯзбеков, Мирзобек Бодуров, Таваккал Худойбердиев, Ҳазратшо Хиромоншоев, Муборакшо Карамов, Карамхудо Элчибеков ва чанде дигарон бо сардории Хубоншо Наримоншоев буданд. Ҳамин тавр, дар Шуғнон аз сари нав Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. Тамоми сардорони табаддулоти зиддишӯравии Помири Ғарбӣ ҳабс карда шуданд. Ба Хоруғ иштирокчиёни фаъоли барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Мадамир Абдуллоев, Руднев ва Вичич баргаштанд. Бо ёрии онҳо сафҳои милитсия аз сари нав аз ҳисоби маҳаллиён пурра карда шуд. Ба милитсияи халқӣ Вичич ва ба корҳои барқарор намудани хоҷагӣ Руднев роҳбарӣ мекарданд.
Барои барқарор намудани робита бо Туркистон милитсияи халқӣ намояндагони худро ба Тошканд фиристод. Вазъияти бавуҷудомадаро ба ҳисоб гирифта, Ҳукумати Туркистон ба босмачиёни Фарғона зарбаи ҳалокатовар зада, робитаро бо Помир барқарор намуд.
Моҳи октябри соли 1920 барои ҳимояи сарҳади Помири Шӯравӣ, бо сардории Семикин отряди 350-нафара ва моҳи сентябри соли 1921 бошад, отряди 200-нафара бо сардории Дяков барои ҳимояи Помири Шарқӣ омаданд.
Бояд қайд кард, ки дар Помир босмачигарии маҳаллӣ набуд, вале дар ин минтақа дастаҳои босмачиёни Фарғона бо сардории Мадаминбек, Кӯри Шермат ва дигарон бедодгарӣ мекарданд. Аз ин рӯ, муборизаи аҳолии Бадахшон бештар зидди аксулинқилобиёни дохилӣ дар симои гвардия- чиёни сафеди рус ва рӯҳониёну ашрофи маҳаллӣ равона карда шуд буд.
Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва фаъолияти ӯ. Азнавбарпокунии мақомоти Ҳокимияти Шӯравӣ дар Помир то миёнаи соли 1921 давом кард. Барои ҳарчи тезтар ҷорӣ кардани ин ҳокимият, муҳофизати он аз ҳуҷуми душманон ва барои роҳбарии умумӣ ба мақомоти ҳизбию шӯравии Помир моҳи сентябри соли 1921 Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (дар ҳайати Шириншоҳ Шоҳтемур - намояндаи Помири Ғарбӣ, А. Ҳусейнбоев - Помири Шарқӣ ва Т. М.Дяков – фармондеҳи отряди сарҳадӣ) ташкил ёфт. Бо фаъолияти ин Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Помир мақомоти Ҳокимияти Шӯравӣ дар шакли кумитаҳои инқилобӣ (ревкомҳо) барқарор карда шуданд, ки то соли 1922 дар тамоми Бадахшон вуҷуд доштанд. Дар Помири Шарқӣ боқимондаи дастаҳои босмачиён (дастаҳои ҷосуси англис Мамадҷумъа ва Зинченко) муқобилият мекарданд. Дар Помир ҷанги шаҳрвандӣ дар нимаи дуюми соли 1921 ба охир расида буд. Мамлакати дар гузашта мустамлика акнун қадам ба сохтмони сотсиализм ниҳод. Бадахшон ба давраи аз нав барқарор кардани хоҷагии халқи худ сар кард, ки ин раванд низ аз соли 1921 ва ба таври умумӣ аз соли 1922 сар шуда буд.
Луғат
1. Автономистҳо – мафҳумест, ки онро Ҳокимияти Шӯравӣ нисбати ҷонибдорони мухториятхоҳони Туркистони Шӯравӣ истифода мебурд.
2. Автономия – мафҳумест, ки сохтори маъмурӣ ва давлатии ҶМШС Туркистонро дар солҳои 1917-1924 ифода мекард.
3. Автономияи Қӯқанд – ҳукумат, давлати буржуазиест, ки декабри соли 1917 таъсис дода шуда буд. Баъд аз он ки моҳҳои ноябр ва декабри соли 1917 Ҳокимияти Шӯравӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсии «Уламо» ва «Шӯрои исломия»-ро пароканда карду онҳоро бо шӯроҳои намояндагони халқ иваз карданӣ шуд, намояндагони ин ду ташкилот дар Қӯқанд ҷамъ омада, 9-12-уми декабри соли 1917 Анҷумани 1-уми фавқулодаи мусулмонони Туркистонро гузаронида, Қӯқандро давлати соҳибихтиёр - Мухторияти Қӯқанд эълон карданд. Он то 22-уми феврали соли 1918 вуҷуд дошт.
4. Антанта – Иттифоқи сегонаи ҳарбии Русия, Фаронса ва Англия буд, ки маънои луғавиаш «ризоят аз дил» аст.
5. Бозсозӣ – мафҳуми сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ буда, бештар ҳамчун сиёсати махсус дар давраҳои гуногуни инкишофи ҷамъият истифода мешуд. Солҳои 20 - 30 асри ХХ ба маънии аз ҷамъияти капиталистӣ ба сотсиализм гузаштанро ифода мекард. 6. Мухторият – калимаи арабӣ буда маънои луғавиаш ихтиёркардашуда, соҳибихтиёрист. Ҳамчун мафҳуми сиёсӣ дар солҳои 20 асри ХХ ҳуқуқи худидоракунӣ, ҳалли мустақилонаи масъалаҳои давлатӣ дар доираи ҳуқуқҳои худ буд.
7. Мухторияти шӯравӣ – мафҳуми сиёсии давраи шӯравист. Халқҳое, ки дар доираи Қонуни асосии шӯравӣ дорои мухторият буданд, ин мухторият ба онҳо ҳуқуқи мустақилона ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии васеи дохилӣ, ташкили мақомоти ҳокимияти судӣ, маъмурӣ, мактабҳо, муассисаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, маърифатӣ ва забонро медод.
8. Отряд – дар солҳои 20-ум дастаи ҳарбии аскарони сурх ва қисмҳои ҳарбӣ буд. Отряди аскарони сурх, отряди ихтиёриён ва баъдтар умуман отряд ҳамчун ҳарбиёни шӯравӣ маълум буд.
9. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (СҲС) – ташкилот, мақомоти ҳокимият дар Бадахшони солҳои 1921-1924, ки охири соли 1921 дар ҳайати 3 нафар: Ш. Шоҳтемур – намояндаи Помири Ғарбӣ, Ҳусейнбоев – намояндаи Помири Шарқӣ ва Дяков – намояндаи дастаи сарҳадии Помир ва КИМ-и Туркистон таъсис ёфта буд. Мақсад ва вазифаи СҲС мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон буд.
Савол ва супоришҳо
1. Дар ҳаракати зиддишӯравии Бадахшон киҳо нақши асосиро мебозиданд?
2. Воқеаи марбут ба А. Холмаков ва Тимофеевро нақл кунед ва шарҳ диҳед.
3. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсиро барои чӣ сегона меномиданд?
4. Дар бораи таъсисёбӣ ва барҳамхӯрии бекигарии Мастчоҳ нақл кунед.
5. Давраҳои асосии ҷанги шаҳрвандиро номбар кунед.
Реклама