§ 29.  ТАЪСИСЁБИИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ  СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

§ 29.  ТАЪСИСЁБИИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ  СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

  Аз мухторият ба соҳибихтиёрӣ. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистони мухтор  раванди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон яке аз воќеаҳои муҳими дорои аҳамияти сиёсӣ, иќтисодӣ, маданӣ ва байналхалќӣ ба ҳисоб меравад.

  Солҳои 1925 - 1929 чӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва чӣ аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ дар бораи беадолатиҳои таќсимоти соли 1924 ба Комиссариати халќи миллатҳо ва ҳукумати  СССР (ИҶШС) мактубу муроҷиатҳои зиёде фиристода буданд. Ин масъала боиси баҳси махсуси Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК(б), Комиссариати халќи миллатҳо гардид, вале ба осонӣ ҳал карда нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо роҳи конститутсионӣ дар доираи ќонунҳои асосии ҶМШС Тоҷикистон, ҶШС Ӯзбекистон ва СССР (ИҶШС) ҳал кард. Пантуркизм то ба ҷое боло рафта буд, ки ҳангоми додани шаҳодатномаҳои таваллуд ва шиносномаҳо дар солҳои 1925 – 1926 ва гузаронидани рӯйхатгирии аҳолии соли 1926 сиёсати ӯзбек гардонидани тоҷикони Бухоро, Самарќанд, Кармина, Ҷизах, Ќӯќанд, Тошканд ва ғайраҳоро пеш гирифта, ҳатто зӯрӣ ва таҳдидро (агар худро ӯзбек нагузаронанд, онҳоро ба Тоҷикистон бадарға мекунанд) ҳам раво донистанд. Аз соли 1925 сар карда, тадриҷан мактабҳою синфҳои тоҷикиро ба ӯзбекӣ табдил додан гирифтанд, ҳатто ба мактабҳои тоҷикӣ муаллимони ӯзбекзабонро мефиристодагӣ шуданд. Ба ин сиёсат бештар аҳолии округи Хуҷанд эътироз карданд ва аз тариќи роҳи оҳани Хуҷанд гузаштани оқсақоли Иттиҳоди Шӯравӣ М.И.Калининро истифода бурда, қатораи ӯро маҷбуран боздошта, хоҳиш намуданд, ки округи онҳоро аз Ӯзбекистон ҷудо кунанд. Оқсақоли Умумииттифоқ ба қисме аз мардуми округи Хуҷанд - Конибодом, Исфара ва Ашт барои таъсиси ноҳияҳои мухтор ёрӣ дод, вале масъалаҳои  асосии иктисодӣ, сиёсӣ ва миллии ин минтақа ҳал нашуд ва ин минтақа боз ба ҳайати Ӯзбекистон баргашт. Ҳамаи ин масъалаҳоро дар доираи қонун ҳал кардан лозим буд. Барои ҳалли масъалаи миллӣ хулосаҳои илмии В.В. Бартольд ва И.А.Зелинский ҳам далели қотеъ нашуданд. 

  Дар сиёсати инкишофи мухторияти Точикистон ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, такя ба фаъолияти ҳукумати Умумииттифоқ карданд. 

  Анҷумани дуюми шӯроҳо хоҳиши меҳнаткашони округи Хуҷанди ҶШС Ӯзбекистонро дар бораи аз ҳайати Ӯзбекис- тон баромада, ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шудан ба назар гирифта, қарор қабул кард, ки дар бораи ба ҳайати Тоҷикистон баргардондани округи Хуҷанд ба Анҷумани сеюми  шӯроҳои Ӯзбекистон муроҷиат намояд. Ин қарор дар асоси декларатсия дар бораи тақсимот қабул карда шуда буд. Дар он омада буд, ки то ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ ҳудуди тоҷикнишини уезди Хуҷанд дар ҳайати Ӯзбекистон мемонад. Инак, ҷанг тамом шуда, барқароркунӣ анҷом ёфта буд ва давраи иҷрои қонун ҳам расид. Қарори  Анҷумани дуюми шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистонро Анҷумани сеюми шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон 25-уми майи соли 1929 муҳокима намуда, дар бораи ба Тоҷикистон баргардондани округи Хуҷанд қарор қабул кард. Ин қарор Ҳукумати умумииттифоқро водор кард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистонро ба инобат гирад, чунки бо ҳамроҳ гардидани округи Хуҷанд се шарти конститутсионии  таъсиси ҷумҳурии  мустақил иҷро шуда буд. Аҳолии Тоҷикистон акнун аз 1 млн. зиёд, он бо ду ҷумҳурии хориҷӣ – Чин ва Афғонистон ҳамсарҳад буд ва зиёда аз нисфи аҳолиашро тоҷикон ташкил медоданд. 12-уми июни соли 1929 Президиуми КИМ-и СССР (ИҶШС) баъди муҳокимаи ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баромадани ҶМШС Тоҷикистон ва таъсис додани ҷумхурии иттфоқии мустақилу комилҳуқуқ ва ба ҳайати СССР (ИҶШС) дохил шудани он қарор қабул кард, инчунин қарор кард, ки ин масъала ба муҳокимаи анҷумани шӯроҳои Ӯзбекистон ва Президиуми КИМ-и Ӯзбекистон гузошта шавад. Ҳукумати умумииттифоқ барои ҳалли ин масъала ду моҳ муҳлат муайян намуд, вале дар амал баргардондани округи Хучанд то аввали моҳи сентябри соли 1929 кашол ёфт. 

  13-уми июни соли 1929 КИМ-и ҶШС Ӯзбекистон қарори аз хайати Ӯзбекистон ҷудо кардани Тоҷикистонро қабул карда, бо сардории Юлдош Охунбобоев Комиссияи махсуси тақсимоти амволро таъсис дод. 

  Ҳамин масъалаи ҷудо шудан аз ҳайати Ӯзбекистон ва ба ҳайати СССР (ИҶШС) дохил шудани Тоҷикистонро Президиуми  КИМ-и Тоҷикистон 11-ум ва 24-уми августи соли 1929 муҳокима намуда, қарор қабул кард, ки Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

  4-уми сентябри соли 1929 санади ба ҶМШС Тоҷикистон баргардонидани округи Хуҷанд ба имзо расид. 11-уми сентябр КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон ҷудо шудани  Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва ба ҳайати СССР (ИҶШС) хамчун ҷумҳурии мустақил дохил шуданро зарур шуморида, қарор  кард, ки барои ҳалли масъалаи мазкур 15-уми октябри соли 1929 Анҷумани фавқулодаи шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шавад.   

  Анҷумани III фавқулодаи шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон ва қарорҳои он Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон танҳо як қарору ҳисобот набуд. Ин масъалаи миллӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳам буд, ки нозукиҳои миллию сиёсӣ ҳам дошт. 

  15-уми октябри соли 1929 Анҷумани фавкулодаи  сеюми шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон дар Душанбе ба кор сар кард. Дар кори анҷуман намояндагони ҳамаи минтақаҳову халқҳои ҷумҳурӣ, намояндагон аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва Ҳукумати умумииттифоқ иштирок доштанд. Яке аз қарорҳои аввалини анҷуман дар бораи таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки дар матни он омадааст: «…Анҷуман қарор мекунад: 

  1. Анҷумани III фавқулодаи ҶМШС Тоҷикистон қайд мекунад, ки дар натичаи ёрии ҳамаҷониба, мадад ва роҳбарӣ аз тарафи пролетариати иттиҳод дар шахсияти ҳукумати иттифоқӣ, мақомоти осиёимиёнагӣ ва ҳукумати Ӯзбекистон, инчунин тавассути сиёсати дурусте, ки ҳукумати ҶМШС  Тоҷикистон мегузаронад, Тоҷикистон хеле пеш рафт ва дар масъалаҳои фарҳанг, хоҷагӣ ва сиёсӣ мустаҳкам гардид. 

  2. Анҷумани фавқулодаи шӯроҳо махсусан қайд мекунад, ки пешрафтҳои ба даст овардашуда ва таъсисёбии ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон самараи гузаронидани сиёсати дуруст ва пайвастаи миллии пролетариати инқилобист, ки барои нест кардани ҳама гуна зулми миллӣ, барҳам додани нобаробарии феълии хоҷагӣ ва мадании байни миллатҳои гуногун ва худмуайянкунии миллии онҳо равона карда шудааст.   

 Луғат

 1. Енукидзе Авел Сафонович - Котиби Президиуми КИМ-и СССР (ИҶШС), ки қарори Анҷумани III фавқулодаи шӯроҳои ҶМШС  Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳукумати СССР (ИҶШС) хонда дода, ҳозиронро ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик шинос гардонид. Ин баромадро рӯзномаи «Правда Востока» 13-уми декабри соли 1929 чоп карда буд. Дар он аз ҷумла омадааст: «Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна буда, гузаштаи боифтихор ва абармардҳои зиёд доранд». 

 2. Комиссияи конститутсионӣ - гурӯҳи корӣ, комиссияе буд, ки бо қарори ҳукумат барои таҳияи матни конститутсия таъсис дода шуд. Дар Тоҷикистон чунин комиссияҳо солҳои 1926, 1929, 1936, 1976, 1991 бо қарорҳои мақомоти дахлдор таъсис ёфта буданд. Раиси Комиссияи конститутсионии ҶМШС ва ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1926 - 1929 ва 1929 - 1931 Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) буд.     

 Саволҳо

1. Шартҳои асосии таъсисёбии ҷумҳурии соҳибихтиёри шӯравӣ чиҳо буданд? 

2. Округи Хуҷанд барои чӣ ба Ӯзбекистон ҳамроҳ карда шуда буд? 

3. Округи Хуҷанд барои чӣ ва кай ба ҶМШС Тоҷикистон баргардонда шуд? 

4. ҶШС Тоҷикистон дар кадом мақомотҳо сурат гирифта буд? 

5. Аз тақсимоти соли 1929 Тоҷикистон чӣ бурдҳо карда буд?

Реклама