Маориф ва мактаб. Дар давраи шӯравӣ низоми ташаккул- ёфтаи маорифи халқӣ ба вуҷуд омад, ки ба он Комиссариати маорифи халқ роҳбарӣ мекард. Комиссариат ваколатҳои таъсис додану таъмин кардани мактабҳоро бо бино, маводи таълимӣ, муаллим ва назоратро ба ӯҳда дошт. Комиссариат дар вилоятҳо, округҳо ва ноҳияҳо шӯъбаҳои худро дошт. Аввалин вазирони маорифи ҶМШС Тоҷикистон Аббос Алиев ва Юсуфризо Нисормуҳаммадов буданд.
Дар солҳои 1924 - 1929 дар ҶМШС Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта пешравии кори мактаб ҳис карда мешуд. Ин пешравӣ қабл аз ҳама дар сохтмони биноҳои мактаб ба назар мерасид. Аз сабаби он ки ҷумҳурӣ сиёсати ба таълими ҳатмӣ гузаштанро пеш гирифта буд, амалӣ шудани он пеш аз ҳама, ба мавҷудияти биноҳои таълимӣ вобаста буд. Аз ин рӯ, солҳои 1926 - 1929 дар ҷумҳурӣ ҳашари умумихалқӣ барои сохтани биноҳои мактабӣ гузаронида шуд. Дар ин солҳо шӯрои деҳоте набуд, ки дар он мактаби нав бунёд нагардида бошад. Ин мактабҳо аз 4 то 7 синфхона доштанд, вале ин маънои онро надошт, ки ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ бо таҳсил фаро гирифта шуда бошанд. Масалан, соли 1926 ҳамагӣ 3% кӯдакони синни мактабӣ таҳсил мекарданду халос. Соли 1927 – 5,6%, соли 1928 – 11, 8%-и онҳо ба мактаб ҷалб карда шуда буданд.
Таҳсили дузинагӣ боқӣ монда, фақат шумораи мактабҳо зиёд шуда буд. Дар тамоми деҳоти Тоҷикистон мактабҳои зинаи аввали дусола ва сесола ҳам вуҷуд доштанд. Тамоюли табдил додани мактабҳои зинаи аввал ба мактабҳои 3,4 ва 5-сола сар шуда буд. Мактабҳои зинаи дуюм бошанд, ба шаш-даҳсола табдил ёфтанд.
Таъйиноти онҳо ва низоми маорифи халқ на танҳо додани маълумоти умумӣ, балки ба шогирдон тарбияи иҷтимоӣ, касбӣ ва сиёсию маърифатӣ додан низ буд.
Комиссариати маорифи халқи ҶМШС Тоҷикистон аз соли 1925 сар карда, ҷорӣ намудани таълими ҳатмиро сар кард. Барои ин ба ҳисоб гирифтани талаботи оянда зарур буд ва ин кор талабот ба синфхонаҳою муаллимонро ҳам муайян мекард. 12-уми декабри соли 1926 Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии меҳнаткашон дар ҶМШС Тоҷикистон» декларатсия қабул кард. Ин декларатсия ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро барои гирифтани таҳсилоти ройгон таъмин мекард. Мутобиқи он сохтмони мактабҳои шӯравӣ низ сол то сол зиёд мешуд. Ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ кунед: соли 1925 дар Тоҷикистон 31 мактаб, соли 1926 - 67, соли 1927 - 155 ва соли 1928 - 317 мактабу 8 интернат амал мекард. Аз ҷумла шумораи мактабҳои занона соли 1928 ба 10 адад расида буд. Аз шумораи умумии мактабҳо 228-тоашон мактабҳои тоҷикӣ, 38-то ӯзбекӣ, 3-то туркманӣ, 3-то қирѓизӣ, 2-то қазоқӣ ва 43-то мактаби русию яҳудӣ ва арманӣ буданд. Агар дар 31 мактаби соли 1925 тақрибан 900 талаба таҳсил мекарда бошад, дар 317 мактаби соли 1928 – 12325 нафар талаба бо таҳсил фаро гирифта шуда буд. 90 дарсади талабагон фарзандони камбаѓалону миёнаҳолон буданд. Таълими шӯравӣ шаклан ва мазмунан аз таълими мактабҳои усули куҳна фарқ дошт. Он дар асоси барнома ва китобҳои дарсии нав ҷорӣ карда шуда буд.
Дар солҳои 1925 - 1929 барои мактабҳои тоҷикӣ доир ба фанҳои ботаника, ҷуғрофия ва алгебра китобҳои дарсӣ нашр гардиданд, ки асосан китобҳои тарҷумавӣ буданд. «Алгебра»-и Киселёв, ки то нимаи солҳои 50-ум хизмат кард, Раҷаббибӣ Бобокалонова «Қоидаҳои морфологии забони тоҷикӣ»-и С.Манофзода, «Физиология» ва «Ҷаҳони нав»-и Р. Ҳошим, ки дар ҳаёти мактаб нақши муҳим бозиданд, аз ҷумлаи онҳо буданд. Дар солҳои 1924 - 1929 интернатҳо ҳам чун як шакли фарогирии наврасон бо таълим боқӣ монданд. Шумораи онҳо зиёд гардида, дар соли 1929 ба 20 адад расида буд.
Маориф ва мактаби Тоҷикистон фидоиёни зиёд дошт. Аббос Алиев, Яҳё Олимӣ, Ю.Нисормуҳаммадов, К.Ҳусейнзода, Н.Розиқов, Ҳамроқул Қӯзиев, Абдулвоҳид Рақиев, Абдуғаффор Сатторов, Муллоҷон Саидмуродов, Б. Азизӣ, К. Дайламӣ, Ҳ. Неъматуллоев, Д. Суҳайлӣ, Д. Тӯраев, К. Убайдуллоев, Н. Шакарбеков, Ҳ. Мусрифшоев, Ш. Мамадшоев, Чилабибӣ Ҳошимова, Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева, Оламбибӣ Абдуллоева, Алиакбар Ҳасанов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар рушду нумӯи соҳаи маориф саҳми арзанда гузоштаанд. Мактаби шӯравӣ роҳи душвору пуршараферо дар маърифатноккунонии халқи тоҷик тай кард. Мактабу муаллимони шӯравии солҳои 20-ум ба таъқиби сахти муллоҳо ва душманони маорифи халқ дучор шуда буданд. Муллоҳо барои он ки мардум фарзандонашонро ба мактаб надиҳанд, мактабҳои шӯравиро муассисаи бидъат ва муаллимонашонро кофир эълон мекарданд. Ҳатто муаллимонро қатл ҳам карданд. Дар байни онҳо К.Ҳусейнзода, Я.Олимӣ, А.Ҳасанов, С.Алиев, А. Муҳаммадов, Н.Умаров, Ҳикмат Ғанӣ, А.Исломов, У.Гайнуддинов, М. Саидмуродов, С.Қосимова, М.Гадоева, О.Абдуллоева ва даҳҳо дигарон ҳастанд, ки номашон дар таърихи маорифи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Ҳамин тариқ, то соли 1929 низоми мунтазами маориф ва мактаби шӯравӣ пайдо шуд, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам мактаби олӣ надошт. Барои Тоҷикистон кадрҳои маълумоти олидошта дар Самарқанд, Тошканд, Москва, Анвар Ҳасанова Санкт-Петербург ва Боку тайёр карда мешуданд. Дар донишгоҳҳои шаҳрҳои номбурда бо мақсади омода кардани кадрҳои зиёди педагогӣ ва инженерию техникӣ ҷойҳои махсус (квота) ҷудо карда шуда буд. Дар ин самт Дорулфунуни муаллимтайёркунию Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаи Тошканд ва Донишгоҳи коммунистии халқҳои Шарқи Москва хидмати зиёде кардаанд.
Берун аз квота бисёр мактабҳои олии Москваю Санкт-Петербург ва Қазон ҳам аз ҳисоби ҷавонони Тоҷикистон кадр тайёр карда ба ин ҷо мефиристоданд.
Муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ. Солҳои 1924 - 1929 давраи ташаккули пурраи муассисаҳои фарҳангию-маърифатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шумораи китобхонаҳои оммавӣ ба 16 адад расид. Шумораи клубҳо дар охири соли 1929 ба 32 адад расида, 8-тоашон клубҳои касбӣ буданд. Охири соли 1929 дар тамоми марказҳои вилоятҳо клубҳо кушода шуданд. Ҷумҳурӣ соҳиби 8 клубу 24 муассисаи клубӣ буд. Дар шимоли Тоҷикистон 6 клуби касбӣ амал мекард. Муассисаҳои дигари фарҳангию маърифатии ба фаъолияту вазифаи клубҳо наздик «Хонаи деҳқон» ва «Қасри деҳқон» буданд. Вазифаи асосии ин ҳар ду муассиса тарбияи фарҳангию маърифатӣ ва касбии коргарону деҳқонон буд. Ин клубу муассисаҳо ба тарғиби таҷрибаи пешқадам ҳам сарукор доштанд. Клубу хонаҳои деҳқонон ба ташкили маҳфилҳои ҳаваскорони санъат, инчунин ба намоиши кинофилмҳо машғул буданд. Дар ин кор «Хонаи деҳқон»-и Душанбе кори хеле муҳимро ба анҷом мерасонид. Масалан, намоишҳои олоти нави кишоварзӣ ва умуман техникаи кишоварзиро ташкил мекард. Дар «Хонаи деҳқон»-и Душанбе саҳнаи доимии намоиш вуҷуд дошт. Дар ин солҳо фаъолияти осорхонаҳо низ барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар Хуҷанду Душанбе оғоз гардида буд ва биноҳои махсус барои осорхонаҳо ҷудо шуда буданд.
Театр. Ташаккулёбии театри касбии тоҷик ҳам ба солҳои 1924 - 1929 рост меояд. Солҳои 1925 - 1929 дар Хуҷанд, Ӯротеппа (Истаравшан), Исфара, Конибодом, Панҷакент, Душанбе, Қаратоғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ғарм, Ҳоит, Хоруғ театрҳои халқӣ таъсис ёфта буданд. Аввалин дастаи театрии миллӣ дар назди маъмурияти «Хонаи деҳқон» соли 1927 бо ташаббус ва роҳбарии Ҳаким Карим таъсис ёфта, маҳфили мусиқӣ-драммавӣ ном дошт. Дар заминаи он 7-уми ноябри соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик таъсис ёфт, ки ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ном дорад. Дар Тоҷикистон то соли 1929 32 клубу 4 кинотеатр (дар Душанбе, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Конибодом), 16 китобхонаи умумӣ ва 9 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ фаъолият мекарданд, ки асосан дар марказҳои маъмурӣ амал мекарданд ва ба марказҳои маишию маърифатӣ табдил ёфта буданд.
Санъати кино. Санъати кинои Тоҷикистон ҳам дар охири солҳои 20-ум ба вуҷуд омад. Навори аввалини киночиёни тоҷик «Омадани поезди аввалин» ба ҳисоб меравад, ки онро киножурналист В. Кузин ба навор гирифта буд. Соли 1929 якчанд навори «Тоҷикистони Шӯравӣ» сабт шуда буд.
Адабиёт. Дар солҳои 20-ум адабиёти шӯравии тоҷик ташаккул ёфт. Мактаби адабии классикии тоҷик барои ташаккулёбии адабиёти шӯравии тоҷик заминаи хубе буд. Дар саргаҳи он қаламкашони машҳур меистоданд. Устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, ки поягузорони адабиёти асри ХХ тоҷик гардиданд, шахсиятҳои маъруфтарини ҳамин давраанд. Эҷодиёти онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтааст ва эътироф кардааст. Асарҳои С. Айнӣ «Одина», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Материалҳо дар бораи инқилоби Бухоро», шеърҳои Лоҳутӣ, ки ба солҳои 20-ум дахл доранд, аз мағзи дили халқи меҳнаткаш эҷод шудаанд.
Дар охири солҳои 20-ум дар қатори С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, ба арсаи адобиёт П.Сулаймонӣ, М.Раҳимӣ, М.Аминзода, С. Ҷавҳаризода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Б. Азизӣ, М.Турсунзода, Али Хуш ва дигарон бо асарҳои худ ворид шуда буданд, ки адабиёти тоҷик бо номи онҳо фахр дорад. Илм. Дар солҳои 20-ум дар Тоҷикистон якчанд муассисаи илмӣ ҳам ташкил ёфта буд, ки ба солҳои 1924 - 1929 рост меояд. Аввалин муассисаи илмӣ осорхона буд. Соли 1924 дар Душанбе осорхонаи таърих ва санъати тасвирӣ кушода шуда буд. Соли 1926 Маркази эпидемиологӣ-санитарии Душанбе, соли 1929 боғи ботаникии Помир, соли 1929 Донишкадаи тадқиқоти илмии назди ШКХ ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки баъдтар ба муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳавии ҷумҳурӣ табдил ёфт.
9-уми январи соли 1925 бо ташаббуси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар Тошканд «Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқияти эронии бурунмарзии он» таъсис ёфта буд. То соли 1929 ин ҷамъият се маҷмӯа (1925,1927, 1928) аз чоп баровард, инчунин ин муассисаи илмӣ бо ёрии АФ СССР дар солҳои 1917 - 1929 зиёда аз даҳ экспедитсияи илмӣ (бо сардории М.С.Андреев, О.А.Сухарева, И.И.Бездека, Е.Н.Павловский, Д.И.Шербаков, А.Е.Ферсман) ва як экспедитсияи байналмилалии СССР ва Германияро дар Помир ташкил кард, ки дар рафти онҳо наботот, ҳайвонот, захираҳои табиӣ ва меҳнатии Тоҷикистон тадқиқ карда шуданд. Дар ин солҳо дар тадқиқи илмҳои гуманитарӣ ҳам берун аз ҷумҳурӣ кори зиёде ба сомон расонида шуд. Асосан доир ба бостоншиносӣ (археология), мардумшиносӣ (этнография) ва осори хаттии гузашта маводи зиёде ҷамъоварӣ карда шуда буд.
Дар солҳои 1924 - 1929 матбуоти миллии тоҷик ташаккул ёфт. Дар Тоҷикистон акнун рӯзномаҳои “Бедории тоҷик”, ки соли 1929 ба “Тоҷикистони сурх” табдил дода шуд, “Советский Таджикистан”, “Қизил Тожикистон”, маҷаллаҳои “Дониш ва маданият”, “Роҳбари дониш” нашр мегардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1925 соҳиби нашриёти миллии худ – Нашриёти давлатии Тоҷикистон гардид, ки дар нашри китобҳои дарсӣ, сиёсӣ, илмӣ, бадеии солҳои 1925 - 1929 саҳми босазое гузошт.
Ислоҳоти алифбо. Дар тамоми давраи солҳои 1917-1928 дар ҳудуди Тоҷикистон аз се алифбо: арабӣ, кириллӣ ва лотинӣ истифода мебурданд. Ҳатто дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва шабонаи маҳви бесаводӣ ҳам аз ин се алифбо истифода бурда мешуд. Ҳокимияти Шӯравӣ сиёсати саросарии маҳви бесаводиро пеш гирифта, аз ҳама навъҳои таълим (мактаби куҳна, шӯравӣ ва маҳви бесаводӣ) истифода мекард. Талабот ба омӯзгор, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳои таълимӣ зиёд гардид. Саноати полиграфӣ ва нашриёти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ қудрати бо алифбои арабӣ қонеъ кардани ин талаботро надошт. Дигар ин ки усули таълими алифбои арабӣ душвор буд. Боз чанд омилҳои дигаре буд, ки ҳукумат роҳи ислоҳотро пеш гирифт. Баъди баҳсҳои тӯлонӣ ба хулосае омаданд, ки ислоҳоти алифбо гузаронида шавад ва алифбои лотиниасоси нави тоҷикӣ омода карда шуд. Соли 1929 гузариш ба ин алифбо дар низоми маориф, мактаб ва нашриёт ба охир расид, яъне сабаби асосии ба алифбои лотинӣ гузаштандушвории саноати нашр ва полиграфия дониста шуда буд.
Ташаккули матбуот ва полиграфияи шӯравии тоҷик. То Инқилоби Октябр дар ҳудуди Тоҷикистон ягон рӯзномаю маҷалла ва китоб нашр намешуд ва нашриёт ҳам вуҷуд надошт. Аз соли 1917 то соли 1924 бо забони тоҷикӣ рӯзномаҳо пайдо шуданд, вале дар Самарқанду Бухоро ва Тошканд нашр мегардиданд.
Аввалин чопхона дар ҳудуди Тоҷикистон чопхонаи корпуси 13-уми тирандоз буд, ки барои аскарони сурх ҳар гуна ҳуҷҷату коғаз, аз ҷумла рӯзномаи «По босмачу»-ро нашр мекард. Маводди нашрӣ барои Тоҷикистон дар Самарқанду Тошканд, Бухорою Когон ва Қазону Москва нашр мегардид.
Луғат
1. Таҳсили зинагӣ – шакли дузинагии таҳсилоти солҳои бистуми шӯравӣ буд. Зинаи аввал маълумоти ибтидоӣ ва зинаи дуюм маълумоти миёна медод. Муҳлати таҳсил дар зинаи аввал 2-4 сол ва дар зинаи дувум ҳам 2 - 4 сол буд.
2. «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии бурунмарзии он» – ташкилот, муассисаи илмӣ буд, ки сарраёсати он дар Тошканд ва шуъбаҳояш дар Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Душанбе амал мекарданд. Аъзои ин ҷамъият ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистон ва халқиятҳои эронинажодро тадқиқ мекарданд.
3. Ислоҳоти алифбо – тағйири алифбо, ки соли 1929 гузаронида шуд.
4. Алифбои лотиниасоси тоҷикӣ – алифбое, ки солҳои 1929 – 1939 ба ҷойи алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҷорӣ гардида буд.
5. Алифбои кириллиасоси тоҷикӣ – алифбое ки, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҷорист. Ин алифбо дар Осиёи Миёна аз солҳои 60-ми асри ХIХ корбаст мешуд ва аз соли 1939 ҳамчун алифбои давлатӣ мавриди истифода аст.
Саволва супоришҳо:
1. Таълими мактабҳои шӯравӣ чӣ гуна буд?
2. Шаклҳои мактабҳои солҳои 20-умро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
3. Ба муассисоти фарҳангӣ – маърифатӣ чиҳо дохил мешуданд? 4. Аввалин театри касбии тоҷик кай таъсис ёфт?
5. Муассисаҳои илмии солҳои 20-ро номбар кунед.
6. Сабабҳои ба алифбои лотинӣ гузаштанро шарҳ диҳед.
Реклама