§ 47. ЭЪЛОНИ АНҶОМЁБИИ СОХТМОНИ ҶАМЪИЯТИ СОТСИАЛИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. ҒАЛАБАИ ПУРРАИ СОТСИАЛИЗМ

§ 47. ЭЪЛОНИ АНҶОМЁБИИ СОХТМОНИ ҶАМЪИЯТИ СОТСИАЛИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. ҒАЛАБАИ ПУРРАИ СОТСИАЛИЗМ

  Раванди сохтмони сотсиализм. Дар солҳои 20-30-юми асри ХХ сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ҳам барнома ҳам шиори давлату халқи шӯравӣ буд ва ин барнома зина ба зина иҷро карда шуд. Дар солҳои 20-ум ҷамъияти сотсиалистӣ аз рӯйи нишонаҳои ҳуқуқӣ сохта шуда буд. Сотсиализм ҳамчун сохтори ҷамъиятӣ амалан дар солҳои 30-юм сохта шуд. Сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ба рафти амалӣ гардидани сиёсати саноатикунонии мамлакат, коллективонии соҳаи кишоварзӣ ва гузаронидани инқилоби маданӣ сахт марбут буд. Дар ин се самт дар солҳои 20-ум дар Тоҷикистон заминаҳои қонунии онҳо тайёр шуда буд. Дар солҳои 30-юм бошад, ин сиёсат дар амал татбиқ шуд. Сиёсати баробарии воқеии халқҳои шӯравӣ, ки ба ёрии бародарона ва беѓаразонаи халқҳои СССР (ИҶШС) ва дӯстии халқҳо, интернатсионализми пролетарӣ асос ёфта буд, имконият дод, ки раванди ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангии халқҳои қафомонда суръат гирад тезонад ва маишати онҳо ба дараҷаи зиндагии халқҳои пешқадам наздик шавад. Ҳатто дар масъалаҳои ҳуқуқӣ баробарии воқеии халки тоҷикро бо ҳама халқҳои СССР (ИҶШС) пурра таъмин гардид ва ин ҳуқуқу ҳолат дар Конститутсияи Давлати Шуравӣ ва ҷумҳурӣ ба расмият дароварда шуд.

  Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон саноату кишоварзӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода, маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ бунёд карда шуд. Фарҳангу маърифати халқи тоҷик на танҳо дар заминаи анъанаҳои фарҳангии худ тараққи мекард, балки аз тамаддуни умумибашарӣ ҳам бархӯрдор мешуд. Сотсиализм дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардида буд, яъне саноати сотсиалистии ба моликияти давлатӣ-умумихалқӣ ва соҳаи кишоварзии ба моликияти кооперативӣ – колхозӣ асосёфта ва маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ бунёд гардида буд. Сотсиализми сохташудаи солҳои 30-юм ба маънавиёту тафаккури ҷамъиятии ҳамон давра мувофиқ буд ва эътироф гардида буд. Ин ѓалабаро Конститутсияи сотсиализми ғолиби СССР (ИҶШС), ки 5 декабри соли 1936 қабул шуда буд, эълон ва мустаҳкам кард. Сотсиализм асосан сохташуда ва ғалабакарда эълон шуд. Ин ғалаба аз нуқтаи назари сиёсӣ маънои онро дошт, ки дигар дар дохили ҷамъияти Тоҷикистон қувваҳои барҳамзанандаи ҷамъияти сотсиалистӣ намонда буданд. Аз нуқтаи назари дар ҷумҳурии  Тоҷикистон иқтисодиёти сотсиалистӣ (саноат ва кишоварзии сотсиалистӣ) бунёд гардида буд. Аз нуқтаи назари маънавию маърифатӣ ва фарҳангӣ маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ ба вуҷуд омада буд. Аз нуқтаи мафкуравӣ бошад, мафкураи марксистӣ - ленинии диктатураи пролетарӣ (вале на ҳамаи пролетарҳо, балки ҳизбиёни пролетарӣ) дар дарку шарҳи сотсиализм ҳукмрон гардида, дар Конститутсияи (с.1937) ҶШС Тоҷикистон таҷассум ёфта буд. 

  Конститутсияи сотсиализми ғолиби Тоҷикистон. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз соли 1918 сар карда сохтори конститутсионии давлатдорӣ вуҷуд дошт, вале то соли 1929 Тоҷикистон Конститутсияи худро надошт. Дар қисмати туркистонии Тоҷикистон (вилоятҳои Суғд ва Помир) аз соли 1918 то соли 1924 Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва дар қисмати Бухорои Шарқии он аз соли 1921 то соли 1924 Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва аз соли 1924 то соли 1929 конститутсияҳои СССР (ИҶШС) ва ҶШС Ӯзбекистон амал мекарданд. Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик аз ин конститутсияҳо ҳамаҷониба бархӯрдор буд. Ҳамаи ин конститутсияҳо аз Конститутсияи ҶШФСР (то соли 1924) ва СССР (ИҶШС) аз соли 1924 маншаъ гирифта буданд, вале фарқ доштанд. Масалан, Конститутсияи Бухоро дар муайян намудани шакли давлатдорӣ нисбат ба Конститутсияи ҶШФСР ва ҶМШС Туркистон фарқ дошт. Ин фарқ аз сохтори халқӣ-шӯравии Бухоро бармеомад. Вале конститутсияҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ дар муайян намудани сохтори давлатдорӣ, ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодӣ фарқи ҷиддӣ надоштанд. Ҷиҳати хоси ҳамаи конститутсияҳои то соли 1929 амалкардаи Тоҷикистон вазифаи таъмин намудани диктатураи пролетариат дар асоси шӯроҳо буд. 

  Аввалин конститутсияи миллии Тоҷикистон ин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аст, ки моҳи октябри соли 1929 қабул шуда буд, вале аз сабаби дар ҳамон моҳи октябри соли 1929 таъсис ёфтани ҶШС Тоҷикистон қарор дода шуд, ки Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон таҳия карда шавад ва комиссияи конститутсионӣ ташкил карда шуд. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон мебоист табдилёбии ҶМШС-ро ба ҶШС Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба расмият медаровард. 25-уми феврали соли 1931 Анҷумани 4-уми умуми тоҷикистонии шӯроҳо Конститутсияи ҶШС Тоҷикистонро қабул ва ҷорӣ кард. Дар моддаи якуми он навишта шуда буд «Конститутсияи мазкури ҶШС Тоҷикистон, ки онро Анҷумани III фавқулодаи шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи таъсис додани ҶШС Тоҷикистон эълон кардааст, аз «Декларатсияи ҳуқуқи меҳнаткашон ва халқҳои истисморшуда»-и эълонкардаи Инқилоби Октябр бармеояд. Моддаи дуюм дар бораи мақсад ва вазифаи ҶШС Тоҷикистон – маҳв сохтани буржуазия ва барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам буд».

  Дар моддаи сеюм оид ба сохтори ҷумҳурӣ сухан мерафт, ки он давлати сотсиалистии диктатураи пролетариати ба иттифоқи синфи коргару деҳқон асосёфта ва дар асоси шӯроҳои намояндагони коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх амалкунанда буд. Конститутсияи соли 1931 вазифаи пештараи “таъмин”-и диктатураи пролетариатро ба вазифаи “ваколат додан” иваз кард. Ин конститутсия Тоҷикистони Шӯравиро ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар ҳайати СССР (ИҶШС) тасдиқ намуда, принсипҳои сохтори давлатдории сотсиалистӣ ва сохтори ҷамъиятии онро таъмин намуд. Бо мурури саноатикунонӣ ва коллективонии сухан мерафт, кишоварзии ҷумҳурӣ зарурати таҳрири Конститутсияи соли 1931 пеш омад ва он соли 1934 аз нав таҳрир карда шуд. Бештар қисмҳое, ки ба моликиятдорӣ – ба замин дахл доштанд, таҳрир карда шуданд. 

  5-уми декабри соли 1936 Конститутсияи сотсиализми ғолиби  СССР ИҶШС қабул шуд. Дар асоси он Конститутсияи сотсиализми ғолиби ҶШС Тоҷикистон таҳия гардид, ки онро комиссияи махсуси таъсисдодаи КИМ шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон таҳия намуда буд. 

                      

  Онро 1 марти соли 1937 Анҷумани IV фавқулодаи шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон муҳокима ва қабул кард. Конститутсия ғалабаи сотсиализмро дар Тоҷикистон эълон карда, рукнҳои асосии сотсиализм шакли хоҷагидории сотсиалистӣ ва моликиятдории сотсиалистиро ба замин, фабрикаю заводҳо, конҳо, наклиёт ва воситаҳои дигари асосии истеҳсолот, барҳам задани истисмори одам аз тарафи одам, бекорӣ, табдил додани меҳнат ҳамчун вазифа ва кори виҷдонии ҳар як шаҳрванди қобили меҳнат, ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат ва маълумот гирифтанро дар қонунӣ гардонд. Конститутсияи соли 1937 ҷамъияти Тоҷикистонро аз ду синф коргару деҳқон ташкилёфта эълон кард. 

  Дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои васеи шаҳрвандон инъикос карда шуда буд:

 1. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ: ҳуқуқ ба меҳнат, ба истироҳат, ба маълумот ва хизмати тиббии ройгон, ба таъминоти моддӣ дар пиронсолӣ,  инчунин дар ҳолати гум кардани қувваи ҷисмонӣ ва беморӣ. 

 2. Ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои демократӣ: баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон, баробарии воқеии зану мард, ҳимояи ҳадафҳои қонунии инсони шӯравӣ, озодии сухан, матбуот, маҷлису гирдиҳамоиҳо, намоишҳои кӯчагӣ ва таъмини ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касбӣ, ҷамъиятҳои кооперативӣ, ташкилотҳои ҷавонон, ташкилотҳои варзишӣ ва муҳофизӣ, ҷамъиятҳои фарҳангӣ. 

 3. Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ: ҳуқуқи шахс ба моликият, дахолатнопазирии моликияти шахсӣ ва манзил, озодии виҷдон ва нигоҳ доштани сирри мукотиба. 

  Луғат 

 1. Комсомол (Иттифоқи Коммунистии Ҷавонон) – Комсомоли Тоҷикистон то соли 1940 шаш анҷумани (1930, 1932, 1932 ва 1940) худро гузаронида буд. 

 2. Ҳизби Коммунистии Бухоро (ҲКБ) – ҳизби сиёси, ҳокимиятхоҳи Бухоро, ки аз ҷадидони моҳи апрели соли 1917 дар Туркистон таъқибшуда ташкил ёфта буд.  Ин ҳизб расман аз моҳи апрел то декабри соли 1918 таъсис ёфта буд. Аввал моҳи апрел дар Тошканд маҷлиси муҳоҷирони бухороӣ шуда гузашт, ки дар бораи таъсис додани Ҳизби Коммунистии Бухоро қарор қабул кард. Сентябри 1918 дар Тошканд Кумитаи Марказии муваққатии ҲКБ таъсис ёфт. Ноябри соли 1917 дар Тошканд Анҷумани 1-уми таъсисии ҲКБ шуда гузашт, ки дар он Кумитаи Марказии ҲКБ интихоб карда шуд. Азимҷон Яъқубов раис интихоб шуд. Декабри соли 1918 КМ ҲКБ Барномаи ҲКБ-ро таҳия кард ва мақсади наздиктарини худ сарнагун кардани аморати Бухороро эълон дошт. ҲКБ то охири соли 1924 вуҷуд дошта, 8 анҷумани худро 1-Х1. 1918, 2- VI. 1919, 3-ХII. 1919, 4- VIII. 1920, 5-II. 1921, 6-ХII. 1921, 7-ХI. 1922, 8-I. 1924 гузаронидааст. Ходимони машҳури ин ҳизб – Ф. Хоҷаев, А. Муҳиддинов, А. Яъқубов, С. Ҳусейнов, А. Ҳоҷибоев буданд. 

 3. Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон моҳи июни соли 1930 дар Анҷумани 1-уми таъсисияш ташкил ёфта буд. Асоси ин ҳизбро ташкилоти ҳизбии вилоятии тоҷикистонии ҲК Ӯзбекистон (дар солҳои 1925-1929) ва ташкилотҳои ҳизбии Хуҷанду вилояти Самарқанди ҲК Туркистон (дар солҳои 1917-1924) ва ташкилотҳои вилоятии ҲК Бухоро (дар солҳои 1921-1924) ташкил доданд. Ходимони машҳури ҳизбии ҲК Тоҷикистон А. Раҳимбоев, Ч. Имомов, М. Ҳусейнов, Г. И. Бройдо, С. К. Шадунтс, Ӯ. Ашӯров, Д. З. Протопопов буданд. 

 4. Ғалабаи сотсиализм – мафҳуми илмӣ, назариявӣ, ҳизбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадание буд, ки  солҳои 1917-1936 ҳамчун назарияи марксистии ҷамъиятӣ ва солҳои 1937-1970 ҳамчун мафҳуми илмӣ, назариявӣ ва иҷтимоии амалигашта дониста мешуд. В. И. Ленин таъмини ғалабаи сотсиализмро дар ҳалли масъалаҳои саноатикунонии сотсиалистӣ, коллективонии соҳаи кишоварзӣ ва инқилоби маданӣ шарҳ дода буд, яъне мебоист моликияти умумихалқӣ-давлатӣ ва кооперативӣ – колхозии ба муносибатҳои истеҳсолию тафаккури сотсиалистӣ асосёфта бунёд мегардид. Ин се масъала дар солҳои 1925-1936 иҷро шуд ва сотсиализм асосан сохташуда эълон гардид.

  Савол ва супоришҳо

1.  Сохтори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед. 

2.  Муборизаи синфии солҳои 30-юмро шарҳ диҳед?

3.  “Тройка” чист? Таъқибкунандагон ва таъқибшавандагон киҳо буданд? 

4.  Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон кай анҷумани таъсисии худро гузаронд? 

5.  Аз ходимони ҳизбӣ ва давлатии солҳои 30-юм киҳоро номбар карда метавонед?

6.  Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон кай қабул шуд?          

7.  Ғалабаи асосан ва пурраи сотсиализм чӣ маънӣ дорад? 

8.  Конститутсияи сотсиализми ғолиби Тоҷикистон кай қабул карда шуд?

9.  Конститутсияи сотсиализми ғолиби Тоҷикистонро шарҳ диҳед.

Реклама