§ 1. МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

1. Мафҳум ва таносуби ҳуқуқ ва озодиҳои инсон. Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Амалисозӣ ва ё баръакс вайрон кардани ҳуқуқи инсон ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии давлат, ҷомеа ва ҳар як шахсияти алоҳида таъсир мерасонад. Онҳо барои он заруранд, ки моҳияти инсонии ҳар одам ҳимоя карда ва нигоҳ дошта шавад, барои ҳар инсон зиндагонии шоистаю шарафмандона таъмин гардад.

Як гурӯҳи муаллифон ҳуқуқҳои инсонро чун воситаи муваффақшавии инсон ба неъматҳои асосии моддию маънавӣ ва амалисозии лаёқату истеъдодҳои он медонанд. Гурӯҳи дигар ҳуқуқҳои инсонро ҳамчун усули худтасдиқкунии нотакрору мустақилонаи шахсият маънидод мекунанд, зеро ҳуқуқҳои инсон он талаботи шахсиятро ошкор месозанд. Таъминсозии онҳо ба вай имконият медиҳад, ки ӯ чун узви ҷомеаи мушаххас инкишоф ёбад. Файласуфон мегӯянд, ки ҳуқуқи инсон нуқтаи назари махсус ба сохти ҷаҳон ва мавқеи инсон дар он мебошад. Мувофиқи ақидаи онҳо ҳуқуқи инсон мафҳуми ҳуқуқии муайянкунандаи муносибати байниҳамдигарии инсон ва давлат (ҳокимият) мебошад.

Дар фаҳмиши имрӯза аксаран ҳуқуқҳои инсон чун имкониятҳои муҳимми табиии рафтор ва инкишофи инсон дар ҷомеа ва давлат, хусусиятҳои ҷудонопазире, ки ҳудуди озодиҳои ӯро муайян мекунанд, баррасӣ мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар давлат ва ҷомеа дорои ҳуқуқҳои зиёд мебошад. Ҳар одам чун иштирокдори муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ: оилавӣ, меҳнатӣ, молӣ, сиёсӣ ва ғайра ин ҳуқуқҳоро барои қонеъсозии талаботи худ, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои муайяни ҳаётии хеш истифода мекунад. Ҳуқуқҳое ҳастанд, ки ба манфиатҳои ҳаррӯзаи одамон марбутанд, масалан, ҳуқуқҳои мусофир дар автобуси шаҳрӣ, ҳуқуқҳои харидор дар мағоза ва дигар ҳуқуқҳое, ки барои қонеъсозии талаботи нисбатан муҳим, аз қабили ҳуқуқҳои одамоне, ки ақди никоҳ мебанданд, ҳуқуқҳои меросгирон ва ғайра нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин ҳуқуқҳои гуногуни шахсият ҳуқуқҳои рафтори имконпазири одам мебошанд, ки дар қонунгузории ҳар мамлакат таҳким меёбанд.

Вале фарқ кардани ин ду мафҳум – «ҳуқуқҳои инсон» ва «ҳуқуқҳои пураҳаммияти шахсият» – ҷоиз аст. Зеро мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои нисбатан пураҳаммияти шахсият дар ҳар як давлату ҷомеа, дар тамоми ҷаҳон, ҳуқуқҳое фаҳмида мешаванд, ки бе онҳо шахс наметавонад чун инсон арзи ҳастӣ кунад, чунончи: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил. Ҳуқуқи инсон ҳамон чизест, ки арзиши инсонии ҳар кадом мард, зан ва кӯдакро таъмин менамояд.

Ҳуқуқи инсон чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин бо қоидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, динӣ кафолат дода шудааст.

Ҳуқуқ инсонро чун имконияти ба амал баровардани рафторҳои муайян, вале дар доираи қонун, бе вайрон кардани қоидаҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои дигар, масалан, роҳ надодан ба беэҳтиромӣ нисбат ба одамони дигар баррасӣ кардан мумкин аст. Одамон ҳуқуқҳои худро озодона амалӣ сохта, бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Аз ин рӯ манфиатҳои яке метавонанд мухолифи манфиатҳои дигаре бошанд. Чунончи ҳар одам ҳуқуқи истироҳат кардан дорад, вале вай ин ҳуқуқи худро амалӣ сохта, наметавонад ҳуқуқҳои дигаронро поймол кунад. Масалан, дар хонаи худ шабона бо овози баланд мусиқӣ гӯш карда, пеш аз ҳама, бояд дар бораи ҳуқуқи ҳамсояҳо ба истироҳат фикр кунад.

Хеле муҳим аст, ки мафҳумҳои «ҳуқуқи инсон» ва «бартарӣ» фарқ карда шаванд, зеро ҳуқуқи инсон ҳаргиз бартарӣ ҳисоб намешавад. Ҳамаи одамон, сарфи назар аз ҷинс, нажод, ранги пӯст, эътиқод ва дигар омилҳо аз нигоҳи шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баробаранд.

Ба ҷуз истилоҳи «ҳуқуқи инсон» дар адабиёт бисёр вақт истилоҳи «озодии инсон» низ дучор меояд. Баъзан ҳатто ибораи «ҳуқуқ ба озодиҳо» истифода мешавад. «Ҳар як одам ба озодии афкор, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад», – иқрор аст яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар. Вале ба ҳар ҳол баъзе фарқиятҳои байни мафҳумҳои «ҳуқуқи инсон» ва «озодиҳо»-ро баррасӣ кардан мумкин аст.

Озодии инсон худмуайянкунии шахсият, имконияти бе ягон маҷбурсозӣ мувофиқи иродаи худ амал кардан аст.

Агар ҳуқуқи инсон имконияти ба ҷо овардани амалҳои муайян бошад, пас, озодиҳои инсон чунин соҳаҳои фаъолияти одам мебошанд, ки давлат ба онҳо набояд дахл кунад, одам онҳоро бе иштироки давлат ҳам амалӣ мегардонад. Давлат на танҳо ба соҳаи озодиҳои фардии шахсият бояд дахолат накунад, балки инчунин бояд ҳимояи ӯро аз дахолати одамони дигар таъмин намояд. Масалан, дар давлати демократӣ муҳим будани ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва эътиқоди динӣ пазируфта мешавад. Ин кори шахсӣ ва интихоби шахсии ҳар одам аст ва давлат набояд ба мансубияти одам ба ин ё он эътиқоди динӣ таъсир расонад.

Бо вуҷуди тафовутҳои зикргардидаи байни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон онҳо ба ҳамдигар тавъам буда, якдигарро пурра месозанд, инчунин, ба дараҷаи баробар аз ҷониби давлат кафолат дода ва ҳимоя карда мешаванд.

«Ҳуқуқи шахсият» ва «ҳуқуқи инсон» чист? Хуқуқҳои инсон бо кадом хусусиятҳояшон фарқкунандаанд? Зери мафҳуми «озодии инсон» чиро мефаҳманд?

2. Шаъну эътибор ҳамчун асоси консепсияи ҳуқуқи инсон. Асоси ҳуқуқҳои инсонро арзиши муҳимтарин – шаъну эътибор ташкил медиҳад, ки онро аз нигоҳҳои гуногун баррасӣ кардан мумкин аст.

Аз як ҷониб, шаъну эътибор умуман эътироф шудани арзиши инсон ҳамчун мавҷуди олии соҳиб ақлу виҷдон, сарфи назар аз сифатҳои мушаххас ва махсусиятҳои характери ӯ мебошад.

Софокл навиштааст: «Дар олам бисёр чизҳои бузург ҳастанд, вале бузургтар аз одам чизе нест». Ж. Ж. Руссо: «Даст кашидан аз озодии худ, даст кашидан аз шаъну эътибори инсонии худ, аз ҳуқуқи инсон, ҳатто аз уҳдадориҳост».

Одамон табиатан дар муносибат бо ҳамдигар бояд дар рӯҳи бародарӣ, эҳтироми шаъну эътибор, ҳуқуқҳо ва озодиҳои одами дигар рафтор намоянд.

Шаъну эътибор хосияти объективии инсон, арзиши олии ӯ, муносибати боэҳтиромона ба дигар одамон, давлатҳо ва ҷомеаҳоест, ки арзишмандии ҳама гуна шахсиятро эътироф мекунанд.

Аз ҷониби дигар, шаъну эътибор баҳои одами мушаххас аз тарафи дигар одамон, аз ҷониби ҷомеа эътироф шудани он сифатҳои ахлоқӣ, интеллектуалӣ ва корӣ, дараҷаи масъулиятнокист, ки ин одам соҳиб мебошад. Одам ҳар қадар сифатҳои мусбат дошта бошад, шаъну эътибори вай дар ҷомеа ҳамон қадар баланд аст.

Фикр кунед, ба андешаи шумо кадом сифатҳо ва ҷиҳатҳои характер шаъну эътибори инсониро инъикос мекунанд?

Ба ҳамин тариқ, категорияи шаъну эътибор бо мафҳумҳои виҷдон (эҳсоси масъулияти маънавӣ барои амалҳои худ дар назди одамони атроф, худбаҳодиҳӣ ба рафтори хеш) ва қарз (лаёқати мувофиқсозии амалҳои худ бо манфиатҳои ҷамъият) зич алоқаманд аст. Аз ин лиҳоз боз, як тарафи мафҳуми «шаъну эътибор» аз ҷониби ҳар як инсон дарк гардидани алоқамандии худ бо ҷомеа, аҳаммият, нақш, саҳм ва таъсири худ (шаъну эътибори худ) дар он мебошад. Дар шаъну эътибори шахсӣ як навъ майле ба муносибати муайян ба худ, талаби эҳтиром аз ҷониби дигарон ва умуман, аз ҷониби ҷомеа мавҷуд аст.

Шаъну эътибори инсон сарчашмаи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯст. Қисматҳо дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳо дар бисёр конститутсия- ҳои замони ҳозира бо мафҳуми «шаъну эътибори инсон» оғоз мешавад. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Дар моддаи 5-и он омадааст: «Ҳаёт, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Шаъну эътибор маънои ҳимоя аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии рӯҳониро дорад. Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва ҷазодиҳӣ қарор гирад. Шаъну эътибор ҳимояи шараф, обрӯю нуфуз ва номи неки инсонро низ ифода мекунад. Ҳимояи шаъну эътибори шахсият аз ҷониби давлат амалӣ мегардад. Ягон ҳолате барои костагии он асос шуда наметавонад.

3. Муносибатҳои гуногун ба ҳуқуқи ва озодиҳои инсон. Дар ҷаҳони имрӯза нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон муносибати ягона вуҷуд надошта, дар ин хусус як қатор ақидаҳо, назарияҳо, таълимот ва тасаввурот мавҷуданд. Ҳамаи онҳо бо шароити таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии инкишофи ҳар давлат, хусусиятҳои фарҳангӣ ва анъанавии ин ё он ҷомеа асоснок гардонда шудаанд. Аммо байни тамоми гуногунрангиҳои таълимот оид ба ҳуқуқҳои инсон якчанд назарияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки таърихи қадимӣ ва то имрӯз ҷонибдорону мухолифони худро доранд. Масалан, барои барқарории ғояи ҳуқуқҳои инсон назарияҳои табиӣ-ҳуқуқӣ ва позитивӣ (мусбат) таъсири ҳалкунанда расондаанд. Тибқи аввал ҳуқуқи инсон хусусияти табиӣ дорад ва ба ҳар одам аз лаҳзаи таваллудаш мансуб аст. Тибқи назарияи дуюм одам ҳуқуқҳои худро аз давлат мегирад.

Дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои XVII-XVIII-и Аврупо муносибати табииро ба ҳуқуқҳои инсон бисёр мутафаккирону маорифпарварони бузург ҷонибдорӣ карданд ва инкишоф доданд. Тарафдорони ин назария дар Ҳолландия Гуго Гросий ва Спиноза, дар Англия Томас Гоббс ва Ҷон Локк, дар Фаронса Жан-Жак Руссо ва Волтер, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Томас Ҷеферсон ва Александр Ҳамилтон ва дигарон буданд. Чун мутафаккирони замони гузашта ҷонибдорони имрӯзаи ин назария низ бар он ақидаанд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро на Худо ато кардаасту на давлат додааст. Ин ҳуқуқҳо ба вай танҳо бар он сабаб мансубанд, ки вай, пеш аз ҳама, инсон аст. Онҳо зуҳури ҳастию табиати ӯянд ва бинобар ин, табиӣ номида мешаванд. Ҳуқуқҳои табиии инсон ба ҳеҷ гуна дарҷ кардану навишти ҳуқуқӣ ва таҳкимбахшии қонунӣ эҳтиёҷ надоранд.

Ба ақидаи ҷонибдорони муносибати позитивӣ ҳуқуқҳои инсон аз давлат бармеоянд ва давлат мувофиқи салоҳдиди худ шакл, ҳаҷм ва мундариҷаи онҳоро муайян мекунад, яъне онҳоро ба инсон ҳадя карда, ҳамзамон ҳудудҳои дахолати худро ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон муайян месозад. Ҳуқуқҳои инсон бояд ҳатман дар қонунҳо таҳким ёбанд, дар акси ҳол онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя карда намешаванд, Бинобар ин, чунин ҳуқуқҳоро позитивӣ мегӯянд.

Дар ҷаҳони имрӯза омехтагии байниҳамдигарии муносибатҳои табиӣ ва позитивӣ беш аз пеш мушоҳида мешавад.

Инсон ҳуқуқу озодиҳои худро дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, чи бо одамони дигар ва чи бо давлат амалӣ месозад. Аз ин нуқтаи назар боз ду назария – амудӣ ва уфуқиро ҷудо кардан мумкин аст. Назарияи амудӣ аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳимоя шудани ҳуқуқҳои инсонро (муносибати амудӣ) дар назар дорад. Инсон ҳуқуқҳои худро ҳамеша дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор амалӣ гардонда, аз як ҷониб, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқҳои худро талаб менамояд, аз ҷониби дигар, дар назди давлат уҳдадориҳои муайянро ба ҷо меорад. Назарияи уфуқӣ риояи ҳуқуқу озодиҳоро дар муносибатҳои ҳамдигарии байни одамон (муносибати уфуқӣ, бе ҳеҷ гуна дахолати давлат, масалан, дар оила, байни ҳамсинфон) дар назар дорад. Ҳар ду назария ҳам дар қонунгузорӣ инкишоф ёфтаанд: ҳар як одам бояд ҳуқуқу озодиҳои дигар одамонро эҳтиром ва риоя кунад.

4. Характери гуногунҷанбагии ҳуқуқҳои инсон. Мафҳуми ҳуқуқҳои инсон характери гуногунҷанбагӣ дорад, вай маънои амиқи на танҳо юридикӣ, балки сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиро соҳиб аст. Асоси ҳуқуқҳои инсонро нуктаҳои асосии ахлоқ, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва афкори мутафаккирони гузашта маншаъ мегиранд, нишон медиҳанд.

Ҷанбаи ахлоқии ҳуқуқҳои инсон аз он иборат аст, ки вай ғояи арзишмандии ҳар як шахсият, шаъну эътибори инсон, озодӣ, оштинопазирӣ ба зӯроварӣ ва ҷабру зулмро ифода мекунад.

Аз нигоҳи фалсафӣ мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ба ғояи гуманизм, яъне инсондӯстӣ асос ёфтааст.

Ҷанбаҳои сиёсии ҳуқуқи инсон аз он иборат аст, ки онҳо бо демократия пайванди ногусастанӣ доранд. Асоси демократия ҳокимияти халқ аст, вале агар шаҳрвандон дар давлат аз ҳуқуқҳои инсон маҳрум бошанд, пас онҳо имконият надоранд, ки иродаи худро ифода намоянд ва дар идоракунии давлат ширкат варзанд.

Ҳуқуқи инсон ҳамчун мафҳуми иҷтимоию иқтисодӣ мустақилият ва соҳибихтиёрии молумулкии ҳар шаҳрванд, имконияти амалисозии талаботи иқтисодии худ тавассути амалигардонии ҳуқуқ ба меҳнат, барои сатҳи шоистаи зиндагӣ, ба моликияти хусусиро ифода мекунад. Ғайр аз ин, дар чунин моҳият ҳуқуқи инсон бо ёрии иҷтимоӣ ба одамони бенавою эҳтиёҷманд пайвас- тагии ногусастанӣ дорад.

Ҳуқуқи инсон ҳамчунин мафҳуми юридикист. Ҳуқуқи инсон маҳз аз нигоҳи ҳуқуқӣ имконияти ба амал баровардани рафторҳои муайяни бо қонуни ҳар мамлакат ва созишномаҳои байналмилалӣ кафолатдодашуда мебошад. Дар илми ҳуқуқшиносӣ аксаран ҳуқуқи инсонро субъективӣ меноманд, зеро он ба субъекти алоҳида мансуб аст. Ва ҳар одам метавонад аз он озодона мувофиқи хоҳишу иродааш бе ягон фишор истифода намояд ва дар ин маврид ҳуқуқу озодиҳои дигар одамонро халалдор насозад.

Фикр кунед, ҳуқуқҳои инсонро боз аз кадом нигоҳ баррасӣ кардан мумкин аст? Масалан, оё ҳуқуқҳои инсон ҷанбаҳои экологӣ, таърихӣ ва ғайра доранд?

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳуқуқу озодиҳои инсон чист?
  2. Ин гуфтаи Далайламоро бо диққат хонед: «Ба он андозае, ки кор ба ҳуқуқҳои инсон дахл мекунад, фарқ надорад, ки он одами Шарқ аст ё Ғарб, Ҷануб аст ё Шимол, сафедпӯст аст ё сиёҳпӯст, ё зардпӯст – ҳамаи мавҷудоти одамӣ аз лаҳзаи таваллуд то марг ҳуқуқҳои якхела доранд. Мо ҳама якхелаем». Шумо ин гуфтаро чӣ навъ мефаҳмед?
  3. Шумо кадом назарияҳо дар бораи ҳуқуқҳои инсонро медонед?
  4. Аз ҳуқуқҳои табиӣ ва позитивии инсон мисолҳо оред.

Реклама