§ 6. НОРАВОИИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ҶУДОГОНАИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ШАРОИТИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДА

  1. Мафҳумҳои вазъияти фавқулода ва маҳдудсозии ҳуқуқи инсон. Ба ҷуз маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар шароити муқаррарӣ равост, давлат метавонад, ҳамчунин, маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрвандро дар вазъиятҳои фавқулода ҷорӣ намояд.

Одатан, вазъияти фавқулода дар мамлакат дар ҳолатҳое, ки ба ҳастии миллат ё шароити муътадили зиндагии ҳама (қисм) аҳолӣ, мавҷудияти худи давлат таҳдид мекунад ва амалҳои муқаррарии мақомоти давлатии ҳокимият барои ба танзим даровардани чунин вазъият кофӣ нестанд, ҷорӣ карда мешавад. Чунин таҳдидҳо аз инҳо бармеоянд: дигаргуниҳои ҷиддии харобиовари табиӣ (сӯхторҳо, обхезиҳо, заминларзаҳо, гуруснагӣ, эпидемияҳо, ҳамлаи ҳайвонот ва ҳашароти зараррасон), омилҳои берунӣ (амалиёти ҷангии давлатҳои хориҷӣ), омилҳои дохилидавлатӣ (бадшавии вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ, муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ дар ҷомеа). Дар ин маврид давлат баҳри ба эътидол овардани вазъияти баамаломада ва бартарафсозии оқибатҳои манфии он ба мақсади нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави худ маҷбур аст, ки чораҳои фавқулода бинад. Ин чораҳо дар навбати аввал маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои муайяни шаҳрвандон ва ба зиммаи онҳо гузоштани уҳдадориҳои иловагиро пешбинӣ менамоянд.

Вазъияти фавқулода чораҳои муваққатии ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат эълонгардида дар ҳолати ба амал омадани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёти аҳолии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он аст.

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳои инсон дар шароити вазъияти фавқулода. Махсусиятҳои ҷорӣ намудани режими вазъияти фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ин давра дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулода» (аз 3 ноябри соли 1995), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис- тон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулодаи характери табиӣ ва техногенидошта» (2004) ва дигар санадҳои меъёрӣ таҳким ёфтаанд.

Қонун «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулода» чунин шартҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодаро дар Тоҷикистон пешбинӣ менамояд:

  1. ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳо, эпидемияҳо, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд;
  2. ҳангоми вайронкуниҳои оммавии тартиботи ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдиди воқеӣ мекунанд;
  3. ҳангоми кӯшишҳои ғасби ҳокимияти давлатӣ ё дигаргунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ;
  4. ҳангоми таарруз ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйир ёфтани сарҳадҳои он таҳдид мекунад;
  5. ҳангоми зарурати барқарорсозии тартиботи ҳуқуқи конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Дар мамлакатҳои гуногун усулҳои «худии» ҷорӣ кардани режими вазъияти фавқулода мавҷуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми дуюми моддаи 46-и Конститутсия ҳуқуқ дорад, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ё дар маҳалҳои алоҳидаи зери хатар қарордошта бо фаврӣ пешниҳод кардани фармон дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳсозии СММ вазъияти фавқулода эълон намояд. Муҳлати вазъияти фавқулода 3 моҳ буда, дар сурати зарурат онро дароз кардан мумкин аст.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода маҳдудсозиҳои ҳуқуқу озодиҳои гуногунро пешбинӣ менамояд. Масалан, вобаста ба таҳдиди мавҷуда давлат метавонад режими махсуси корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро муқаррар кунад, яъне рӯзи кории баъзе кормандон (духтурон, ҳарбиён, коркунони милитсия) дароз мешавад.

Маҳдудиятҳо танҳо дар сурати мавҷудияти таҳдиди воқеӣ ва дар асоси қонун ҷорӣ мегарданд.

3. Норавоии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрванд дар шароити вазъияти фавқулода. Баробари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки нисбат ба онҳо дар шароити вазъияти фавқулода аз ҷониби давлат ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мумкин аст, чунин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳое мавҷуданд, ки маҳдудсозии онҳо дар ягон шароит раво нест. Чунин ҳуқуқу озодиҳоро мутлақ меноманд.

Мутобиқи қонунгузориҳои байналмилалӣ ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода барои маҳдудсозии чунин ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) асос шуда наметавонад: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаю ҷазодиҳӣ, озодӣ аз ғуломӣ ва ҳолати озод набудан. Ин ҳуқуқҳо арзиши табиӣ дошта, маҳдуд карда намешаванд.

Мутобиқи моддаи 47-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар шароити вазъияти фавқулода ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28- и Конститутсия пешбинигардида маҳдуд карда намешаванд.

Ҳамин тавр, ҳангоми вазъияти фавқулода давлат наметавонад, ки аз ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони дар хориҷа будааш даст кашад. Вай сарфи назар аз вазъияти дохилии мамлакат вазифадор аст, ки нисбат ба онҳо уҳдадориҳои худро ба ҷо орад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ ба ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи амали вазъияти фавқулода берун аз ҳудуди мамлакат низ (моддаи 16-и Конститутсия) боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода касе ҳақ надорад, ки ҳуқуқи баробарӣ дар назди қонун ва судро маҳдуд кунад. Давлат ҳуқуқу озодиҳои ҳар як одамро, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоию амволӣ кафолат медиҳад, яъне дар шароити вазъияти фавқулода табъиз низ раво нест (моддаи 17-и Конститутсия).

Дар шароити ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода ҳамчунин маҳдудсозии ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсият (моддаи 18-и Конститутсия), ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва кумаки адвокат (моддаи 19-и Конститутсия), фарзияи бегуноҳӣ (моддаи 20-и Конститутсия), дахлнопазирии манзил (моддаи 22-и Конститутсия), ҳуқуқ ба имконияти шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои шахс (моддаи 25-и Конститутсия) ва ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ (моддаи 28-и Конститутсия) мумкин нест.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ибораи “вазъияти фавқулода” чӣ маъно дорад? Он дар кадом ҳолатҳо дар мамлакат ҷорӣ карда мешавад?
  2. Ба андешаи шумо, чаро дар шароити вазъияти фавқулода маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрванд мумкин аст?
  3. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар шароити вазъияти фавқулода кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшанд?
  4. Ҳуқуқу озодиҳои мутлақиро номбар кунед.

Реклама