1. Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат: мафҳум, аҳаммият. Ҳуқуқи иштирок дар идоракунии давлат ва корҳои ҷамъиятӣ принсипи бунёдии муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандони он ва яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои сиёсӣ аст.
Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ бо роҳи ифодаи раъйи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо, инчунин иштироки шахсӣ дар кори мақомоти ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Мутобиқи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд». Иродаи халқ дар асоси муқаррароти санади мазкури байналмилалӣ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад. Он дар интихоботи даврӣ ва ғайриқалбакӣ, ки бояд бо умумӣ ва баробар будани ҳуқуқи интихоботӣ бо роҳи овоздиҳии пинҳонии таъминкунандаи озодии овоздиҳӣ гузаронида мешавад, ифода меёбад.
Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлатро таҳким бахшидааст. Мутобиқи моддаи 25-и он «ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъизи дар моддаи 2 зикршуда ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад: а) дар пешбурди корҳои давлатӣ чи бевосита ва чи бавоситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд; б) дар интихоби озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад; c) дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлатӣ истифода намояд».
Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқӣ баробар доранд.
Моддаи 27-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат ҳуқуқи муҳимми сиёсӣ буда, бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” (соли 1998) ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.
2. Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ. Ҳуқуқҳои асосии интихоботии шаҳрвандон аз инҳо иборатанд;
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Моддаи 6-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба хотир оред, ки принсипи тақсими ҳокимият чӣ маънӣ дорад? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомот ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судиро амалӣ мегардонанд? Кадом мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути интихобот ташаккул дода мешавад?
Интихобот усули муҳимтарини ташаккули мақомоти ҳокимият бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ мебошад.
Раъйпурсӣ овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои нисбатан муҳимми ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, масалан, даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ғайра мебошад.
Интихобот бо мақомоти намояндагии ҳокимият ва раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории махсус дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида мешаванд. Ба санадҳои мазкури меъёрӣ-ҳуқуқӣ инҳо мансубанд: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Тоҷикистон” ва ғайра. Ҳуқуқи интихоботӣ бо расидан ба синни балоғат (18-солагӣ), фаро мерасад. Мутобиқи моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан дорад. Дар раъйпурсӣ низ шаҳрвандони ба синни 18 расида ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳи дошта, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Принсипҳои дар Конститутсия номбаршудаи ҳуқуқи интихоботӣ чунин маънӣ доранд, ки иштироки шаҳрвандон дар интихобот ва раъйпурсӣ озод ва ихтиёрӣ аст. Интихобкунандагон дар онҳо дар асосҳои баробар, бе ягон табъиз иштирок мекунанд.
3. Маҳдудиятҳои ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат. Мутобиқи моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон “Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд”. Маҳдудиятҳои муайян ҳамчунин нисбат ба қабул ба хидмати давлатӣ раво дониста мешаванд.
Дар шароити вазъияти фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида намешаванд.
Ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии таҷассумкунандаи соҳибихтиёрии инсон ва шаҳрванд дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Реклама