3. МЕХАНИЗМҲОИ ҒАЙРИҲУКУМАТИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ – институти ҷомеаи шаҳрвандӣ. Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар баробари механизмҳои судӣ ва ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақшу мавқеи ба онҳо хосро доро буда, тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ амалӣ гардонида мешаванд. Ҷомеаи инсонӣ, бо вуҷуди он ки барои ҳалли масъалаҳои идоракунӣ давлату ҳукумат созмон додааст, ба муттаҳидшавии одамон берун аз доираи ҳукумат, ки дар баробари ҳукумат проблемаҳои ҷамъиятиро ба манфиати беҳбуди он ҳал мекунанд, ниёзманд аст. Ин созмонҳо ба таври ихтиёрӣ аз тарафи одамон созмон дода шуда, созмонҳои ғайритиҷоратии пайрави арзишҳои умумибашарӣ мебошанд. Масалан, онҳо проблемаҳои мавҷударо ба давлат ва сохторҳои он маълум сохта, дар меъёрофаринӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар назди ҳукумат оид ба проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, экология, тандурустӣ, маориф, фарҳанг масъалагузориҳо мекунанд ва андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамоянд, мониторинги фаъолияти мақомоти давлатиро гузаронида, дар ин хусус аҳли ҷамъиятро хабардор месозанд.

Баъзе созмонҳои ғайриҳукуматӣ мониторинги иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтаи ҳукуматро амалӣ мегардонанд. Боз баъзе созмонҳои ғайриҳукуматие ҳастанд, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсонро вазифаи асосии худ медонанд.

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар мамлакатҳои дорои анъанаҳои демократӣ дар муносибатҳои байни ҷомеа ва давлат воситае буда, ба беҳшавии ин муносибатҳо мусоидат мекунанд, ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат пешгирӣ менамоянд. Хушбахтона, дар мамлакати мо бо раванди афзоиши теъдоди Созмонҳои ғайриҳукуматӣ мавқеъ ва нақши онҳо низ бобати банизомдарории муносибатҳои байни ҳокимият ва ҷомеа беш аз пеш вусъат меёбад. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ институти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Барқарорӣ ва инкишофи созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба пешрафти босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба арзишҳое чун эътирофи ҳуқуқҳои инсон, дахлнопазирии онҳо, гуногуншаклии моликият, озодии меҳнат ва соҳибкорӣ, худидоракунӣ ва озодии афкор асос мекунад. Бо ташкилёбии асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди он таъсиррасонии давлат ва инсон камтар мегардад ва вобастагии сахти инсон аз давлат аз байн меравад.

Асосҳои ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Асоси ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (1998) мебошанд. Дар моддаи 28-и Конститутсия омадааст, ки «шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба он дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».

Ин меъёри конститутсионӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки дар созмонҳо ва иттиҳодияҳо муттаҳид шаванд. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ иттиҳодияи шаҳрвандон ба шумор мераванд ва фаъолияти онҳо бо қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (1998) танзим мегардад. Шаҳрвандон дар асоси ин қонун бо мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани ҳуқуқҳои шахсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳояшон метавонанд бе гирифтани рухсати пешакӣ аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ муттаҳид шаванд.

Давлат ҳуқуқҳо ва манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад ва дар асоси Конститутсия барои иҷрои вазифаҳои оинномавии ин ташкилот шароит фароҳам меорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис ёбанд. Онҳо бо ташаббуси муассисонашон на камтар аз се шаҳрванд таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ баробари шахсони воқеӣ шахсони юридикӣ низ дохил шуда метавонанд (моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»).

Созмонҳои мазкур фаъолияташонро мувофиқи оинномаҳои қабулкардаашон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаронида мешаванд, амалӣ месозанд. Ин созмонҳо баробари дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки талаботи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро бечунучаро иҷро кунанд. Прокурори Генералӣ ва прокурорҳои тобеи вай ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби ин созмонҳо назорат мебаранд.

Мақомоти бақайдгирӣ низ ба риояи вазифаҳои оинномавӣ аз ҷониби ин ташкилот назорат карда, ҳатто ҳақ доранд, ки аз аъзои созмон оид ба масъалаҳои кори оинномавӣ шарҳу тавзеҳот талаб намоянд.

Вазифаҳои асоси созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Вазифаҳои асосии созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар оинномаҳои онҳо зикр мегарданд. Баъзе аз онҳо вазифаҳои маҳдуди муайян доранд, аммо аксарашон вазифаҳои универсиалие доранд, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон вобастаанд. Онҳо дар раванди қонунэҷодкунӣ ширкат варзида, мониторинги риояи ҳуқуқҳои инсонро мегузаронанд, ба одамони ниёзманд кумак мекунанд, бо маърифати ҳуқуқӣ машғул мешаванд, адабиёт ба нашр расонда, конференсия ва семинарҳо мегузаронанд, ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ месозанд.

Шаклҳои маъмули фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Яке аз навъҳои маъмули фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад. Дар ин бобат созмонҳои ғайриҳукуматие чун «Ҳуқуқ ва некуаҳволӣ», «Маркази таҳлилии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон» ва ғайра корҳои зиёдеро ба ҷо меоранд. Маҳз бо ёрии созмони ғайриҳукуматии «Ҳуқуқ ва некуаҳволӣ» бисёр табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии худ муваффақ гардидаанд.

Созмони ғайриҳукуматии «Маркази таҳқиқоти гендерӣ» тавассути гузаронидани конференсияҳо ва семинарҳои гуногун, ҳамчунин чопи китобу брошюраҳо масъалаҳои марбут ба маърифати ҳуқуқии занон ва мардонро ба маълумоти одамон расонида, проблемаҳои оилавиро ҳал мекунад, ба занҳо бо додани маслиҳатҳо ёрмандӣ мекунад.

Имрӯз дар Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатӣ, ки дар Русия мебошанд, бо қатъияти тамом дар миён меистад, чун таъмину ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расонидааст, ки аз ҷумла ба масъалае чун баробарсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Русия ва Тоҷикистон дахл мекунанд.

Боз як хусусияти ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки онҳо, мутаассифона, қариб маблағгузории дохилидавлатӣ надоранд. Бисёре аз онҳо фаъолияти худро дар асоси грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ёриҳои беруна аз дигар давлатҳо амалӣ месозанд. Сохторҳои тиҷоратии мамлакати мо имкониятҳои молиявии ба ин ташкилот кумак расонданро алҳол надоранд.

Пешрафти фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба манфиатҳои бунёди ҷомеаи созгор аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Кадом механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи инсон ба шумо маълуманд?
  2. Созмони ғайриҳукуматӣ чист?
  3. Кадом созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистонро номбар карда метавонед?
  4. Вазифаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз чӣ иборат аст?
  5. Нақши созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар чӣ зоҳир мешавад?

Реклама