Институтҳои давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва махсусиятҳои фаъолияти онҳо. Дар амалисозии эҳтирому риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баробари ҳокимияти судӣ дигар мақомот ва муассисаҳо, созмонҳо ва шахсони мансабдор низ фаъолият мебаранд. Нақш ва шакли фаъолияти ҳар кадоме аз ин мақомот аз доираҳои ҳуқуқӣ вобастаанд. Ин механизми ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро баъзан “механизми маъмурӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон” низ меноманд. Мо мавзӯи мазкурро зери унвони институти давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон меомӯзем. Ин ҷо мо мақомотеро фаро мегирем, ки маъмурӣ нестанд, аммо институтҳои давлатӣ мебошанд ва дар баробари вазифаҳои асосиашон бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон низ машғул мешаванд. Масалан, комитети Маҷлиси миллӣ, комитети Маҷлиси намояндагон, адвокатура, прокуратура мақомоти маъмурӣ набуда, институтҳои давлатӣ мебошанд ва ҳамчунин бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон машғуланд.
Шаклҳо ва навъҳои фаъолияти давлатӣ басо вусъатнок буда, аз қонунэҷодкунӣ, иқтисоддорию созмондиҳӣ, фарҳанг ва тарбия, мудофиа ва амният, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ иборатанд. Ҳар кадоме аз вазифаҳои номбаршуда аз ҷониби мақомоти дахлдор ба хотири таъмини талаботи инсон, манфиатҳои ҷамъият ва давлат амалӣ мегарданд.
Вазифаи таъмини шароити шоистаи зиндагӣ, риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон матлаби ғамхории давлат дар симои мақомоти он аст. Мақомоти давлатӣ вазифаҳои соҳавии худро иҷро карда истода ҳамзамон вазифадоранд, ки ҳуқуқҳои инсонро на танҳо риоя кунанд, балки дар ҳолати зарурӣ ҳифз кунанд. Аз иҷрои ин вазифа мутобиқи талаботи моддаи 10-и Конститутсия касе озод нест. Аммо мақомот ва муассисаҳое ҳастанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсон вазифаи асосиашон мебошад.
Боз як хусусияти институтҳои давлатҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон ин аст, ки фаъолияти онҳо дар муқоиса бо ҳифзи судӣ характери нисбатан динамикӣ, яъне фаъол дорад. Яъне, агар ҳокимияти судӣ механизми ҳимояро танҳо ҳангоми гирифтани шикоятҳо ба амал барорад, мақомоти маъмурӣ метавонанд бо ташаббуси худ ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкуниро муқаррар карда, барои барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда чораҳои пуртаъсир бинанд.
Дуюм, агар суд аризаро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи кодекси мурофиавӣ баррасӣ намояд, мақомоти маъмурӣ онро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва дигар қонунҳои соҳавӣ баррасӣ мекунанд. Қонуни зикршуда дар кори батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ бобати овардани арзу шикоятҳо ва тартиби баррасии онҳо аз ҷониби шахсони мансабдор нақши калон мебозад. Дар ин қонун мафҳуму мундариҷаи пешниҳодот, аризаҳо ва шикоятҳо кушода дода шуда, шахсони мутасаддии баррасию ҳалли онҳо муқаррар гардидаанд, муҳлатҳои баррасӣ, огоҳсозӣ аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳо муайян шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро қабул кардааст. Ин дастурамал тартиби қабул ва ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандонро танзим мекунад.
Президент – ҳомии конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Мақом, вазъи ҳуқуқӣ ва нақши Президентро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа боби 4-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
Мутобиқи моддаи 64-и Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Мундариҷаи ин моддаи Конститутсия васеъ аст. Аввалан, дар ин модда қайд гардидааст, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо аст. Яъне, Президент шахсест, ки ҳифзи Конститутсия ва қонунҳоро кафолат медиҳад. Президент на танҳо шахси муқаррарӣ, балки ӯ институт, мансаби олии давлатӣ мебошад. Вай соҳиби ҳокимияти ҳифзкунандаи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоест, ки дар онҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон таҳким бахшида шудаанд. Сониян, Президент ҳомии ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аст. Ин вазифаро Президент бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҷо меорад. Аз як тараф, вай бевосита бо одамон вомехӯрад, шикояту дархостҳои онҳоро гӯш мекунад ва барои бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда чораҳои мушаххас меандешад. Чораҳое, ки Президент мебинад, фаврӣ ва самараноканд. Масалан, ҷавобан ба муроҷиати сокинони минтақаи Рашт бобати нокифоягии таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба иттилоот дар минтақаи Рашт дар муддати кӯтоҳтарин маркази пахши барномаҳои телевизионӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз тарафи дигар, Президент мақомоти гуногуни давлатӣ таъсис дода, онҳоро вазифадор менамояд, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пурсамар ва бонизом фаъолият намоянд.
Президенти мамлакат барои ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, ки бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз намоянд, механизмҳои худро ба кор мебарад. Аз ҷумла, ӯ Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукуматро ташкил кардааст, ки дар онҳо сохторҳои гуногун барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо фаъолият мекунанд. Масалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони худ аз 25. 02. 2002 Низомномаро дар бораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Тибқи банди 2-и он Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии таъминкунандаи фаъолияти Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар банди 10-и Низомномаи мазкур қайд шудааст, ки вазифаи асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани шароит ба Президент баҳри аз ҷониби ӯ иҷро шудани вазифаҳои ҳомии Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакат, пойдории давлат ва муътадил амал кардани мақомоти давлатӣ аст.
Раёсати кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президент аз якчанд воҳидҳои сохторӣ иборат аст. Байни онҳо сохторҳое ҳастанд, ки вазифаи асосиашон машғул шудан ба масъалаҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Чунин сохтор раёсати кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Раёсат дар асоси Низомномаи бо Амри Президент аз 17.02.1998 тасдиқшуда фаъолият мекунад.
Мутобиқи Низомномаи мазкур вазифаҳои раёсат аз инҳо иборат аст:
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои дар боло қайдшуда Раёсати кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президент функсияҳои зеринро ба ҷо меорад:
Комиссияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон. Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз 4 марти соли 2002 қарор кард, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи оид ба таъмин намудани иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис диҳад. Комиссияи мазкур мақомоти байниидоравии машваратӣ маҳсуб шуда, кори худро дар асоси низомнома ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо, корхонаҳо ва ташкилот оид ба таъмини ҳамоҳангсозӣ (имплементатсия)-и иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон равона намудааст.
Вазифаи асосии Комиссия таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон аст. Комиссия функсияҳои гуногунро ба ҷо оварда, ҳуқуқ дорад, ба мақомоти манфиатдор супориш диҳад, ки иҷрои уҳдадориҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайронкардашуда таъмин намоянд, дар бораи иҷрои ин корҳо ҳисобот шунавад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон. Фаъолияти кумита қисми муҳимми кори Маҷлиси намояндагон аст. Мутобиқи моддаи 22-и тартиби (регламенти) кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти кумитаи мазкур баррасии масъалаҳое мебошад, ки бо ҳуқуқи инсон зич алоқаманданд.
Кумита на танҳо бо қонунэҷодкунӣ, балки бо ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо низ машғул мешаванд. Кумита ҳамасола ҳазорҳо арзу шикоят мегирад, ки ба масъалаҳои вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳо марбутанд. Ин муроҷиатҳои шаҳрвандон дар кумита мавриди баррасиҳо қарор мегиранд. Баъдан онҳо ба вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор барои иҷро интиқол гардида, ба рафти иҷрояшон назорат бурда мешавад.
Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи мазкур 17 апрели соли 2000 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Кумита ҳангоми омӯзиш ва баррасии қонунҳо онҳоро аз нигоҳи конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният арзёбӣ карда, дар иҷлосияҳо аз номи кумита хулосаҳо иброз медорад. Дар ҳолате, ки қонун ба талаботи асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ҷавобгӯй аст, кумита ба он хулосаи мусбат медиҳад. Дар ҳолати акс қонунҳои вайронкунандаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ба Маҷлиси намояндагон баргардонда мешаванд. Ба Маҷлиси намояндагон баргардондани қонуни ғайриҳуқуқӣ усули ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.
Усули дигари ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мусоидаткунанда ба ҷамъомадҳои Кумита даъват кардани шахсони мансабдори мутасаддии риояи ҳуқуқҳои инсон мебошад.
Усули дигари амалисозии фаъолияти Кумита қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон аст. Кумита оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои конститутсионӣ масъалаҳо муҳокима карда, ин муроҷиатҳоро ба мақомоти салоҳиятдор мефиристад ва рафти иҷрои саривақтии онҳоро назорат мекунад.
Прокуратура. Прокуратура мақомоти давлатӣ аст ва бинобар ин, мо онро ба механизмҳои давлатии ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон мансуб медонем.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияи асосии прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Прокуратура мақомоти ягона ва марказиест, ки ба он Прокурори Генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори Генералӣ ба Маҷлиси миллӣ ва Президент ҳисоботдиҳанда аст.
Тартиби ташкил ва фаъолият, сохтор ва салоҳияти прокуратура бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мешавад.
Мақсади амалисозии назорат барои риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва шахсӣ мебошад. Моддаи 4-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи мақомоти прокуратураро чун таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян кардааст, ки мақсад аз онҳо ҳифзи:
– истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ҳуқуқҳо ва озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқҳои дигари инсон ва шаҳрванд;
– асосҳои сохти демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайриҳукуматӣ мебошад.
Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки нақши прокуратура дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бебаҳост.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, мақомоти идоракунии ҳарбӣ, мақомоти назоратӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклҳои моликият, шахсони мансабдори онҳо мебошад.
Байни самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд асосист. Прокурор ҳангоми иҷрои вазифа дар самтҳои гуногун бо масъалаҳои ҳуқуқҳои инсон дучор меояд, чун объектҳои назорат бо одамон вобастаанд, прокурор назоратро амалӣ гардонда истода, дараҷаи риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Ба масъалаҳои таҳкимбахшии назорати прокурорӣ ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд Прокурори генералӣ борҳо таваҷҷуҳро ҷалб намуда, якчанд дастур ба нашр расондааст, ки дар онҳо аз прокурорҳои тобеъ дар сатҳи зарурӣ ва бо камоли масъулиятшиносӣ ба роҳ мондани ин кор талаб карда мешавад.
Дар самти назорати риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд прокурор кори худро бо методҳои гуногун амалӣ месозад.
Аввалан, ӯ бо ташаббуси худ дар доираи нақшаи кор корхонаҳо ва муассисаҳо, ташкилот ва мақомоти давлатиро санҷида, қонуншиканиҳоеро ошкор месозад, ки дар рафти онҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ халал дидаанд. Дар чунин ҳолатҳо прокурор вазифадор аст, ки ҳолати воқеиро муқаррар созад ва барои барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронкардашуда чораҳо бинад. Яъне, ӯ вобаста ба характери ҳуқуқи вайронкардашуда яке аз санадҳои таъсиррасонии прокурориро (эътироз, пешниҳодот, қарор, амр) иншо мекунад ва барои иҷро кардан мефиристад.
Сониян, дар бисёр ҳолатҳо аз амалҳо ва ё қарорҳои шахси мансабдори ҳокимияти маҳаллӣ ё ташкилоту идораҳо ба шаҳрвандон зарар расонида мешавад. Масалан, одам аз вазифааш ғайриқонунӣ сабукдӯш карда шудааст ё ӯро, умуман, аз кор ҷавоб дода, бо ҳамин ҳуқуқи конститутсиониашро ба меҳнат вайрон кардаанд. Агар ин шахс ба прокуратура муроҷиат кунад ва прокурор дар ин қарор нишонаҳои ғайриқонунӣ аз кор озод карданро мушоҳида намояд, вай ба қарори роҳбари корхона эътироз баён месозад. Дар ин сурат дар муҳлати 10 шабонарӯз аз тарафи шахси мансабдор оид ба бартарафсозии ҳуқуқвайронкунӣ ва сабабу шароити ба он мусоидаткарда бояд қарори дахлдор қабул карда, оид ба натиҷаҳо ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода шавад.
Сеюм, прокурор ҳангоми амалӣ гардонидани назорат ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқу тафтишоти пешакӣ кӯшиш мекунад, ки ба вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон роҳ дода нашавад, аммо дар мавриди мавҷудияти чунин таҳдид баҳри роҳ надодан ба он тадбирҳо меандешад. Бинобар ин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ назорати прокурориро ҳамчун кафолати риояи ҳуқуқҳои инсон мепазиранд.
Прокурор ҳамчунин барои боздошт дар ҷойи қабулу тақсимкунӣ муқаррар кардани назорат ба рафтори ашхоси аз ҷазо озодкардашуда, ҳабси амвол, ки бо кафолатҳои ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон марбутанд, иҷозат медиҳад. Прокурор вазифадор аст, ки ашхоси нодуруст боздоштшуда, ҳамчунин дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва ҷойҳои тафтишоти қаблӣ нодуруст нигоҳдошташавандаро озод кунад.
Адвокатура. Адвокатура байни дигар мақомоти давлатӣ, ки фаъолияташон ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудааст, мақоми махсус дорад ва барои вай расонидани ёрии ҳуқуқӣ вазифаи ягона аст, ки Конститутсия муайян кардааст.
Агар Конститутсия мавҷудияти адвокатураро, пеш аз ҳама, бо мурофиаҳои ҷиноятӣ вобаста шуморад, вай ҳамзамон мурофиаҳои гражданӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ ва конститутсиониро низ дар назар дорад.
Дар асоси Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» қабул шудааст, ки моҳият, ҳадафҳо ва вазифаҳои адвокатура ва шаклҳои ташкили онро муайян мекунад.
Мутобиқи моддаи 1-и ин қонун адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақили касбиест, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ёрии ҳуқуқиро ба ашхоси воқеию юридикӣ таъмин мекунад. Адвокат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеию ҳуқуқиро амалӣ гардонида истода, ғояҳои инсондӯстӣ, адолат ва қонуниятро таҷассум месозад.
Аҳаммияти иҷтимоии адвокатура дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои мизоҷон дар шароити эълон гардидани давлати демократии ҳуқуқбунёд ба маротиб меафзояд. Мураккабии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар давраи ислоҳотҳои ҳуқуқӣ ва барқароршавии принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд қабули теъдоди зиёди санадҳои меъёрию ҳуқуқиро тақозо мекунад ва дар истифодаву татбиқи дурусти онҳо нақши адвокат ҳамчун ҳуқуқшиноси касбӣ басо калон аст.
Реклама