§ 21. ҲУҚУҚ БА ҲИМОЯИ СУДӢ ВА ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

1. Асоси меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ва ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалкунанда буда, самтҳои фаъолияти ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: иҷроия, қонунбарор ва судиро муайян менамояд. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон мебошад.

Дар ҳама гуна давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди замони ҳозира суд дар тамоми низоми ҳуқуқӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии одамон дар салоҳияти адвокатура аст.

Ҳуқуқи инсон ба ҳимояи судӣ ва ба ёрии ҳуқуқӣ мутлақанд, зеро онҳо дар ягон ҳолат, ҳатто дар шароити вазъияти фавқулода маҳдуд карда намешаванд.

Ҳуқуқи инсон ба дастрасӣ ба адолати судӣ бори аввал дар Хартияи бузурги озодии соли 1215-и Британия, баъд дар Билли амрикоӣ оид ба ҳуқуқҳо (соли 1791) ва дар Эъломияи фаронсавии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1789) зикр гардидааст. Вай дар натиҷаи ташаккули дурударози таърихӣ басо рушд кардаву ғанӣ гаштааст. Дар айни замон он дар стандартҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқҳои инсон таҷассум ёфта, бо қонунгузории миллии ҳар давлат таъмин карда мешавад.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар моддаи 8-и ҳуқуқ ба ҳимояи судиро чунин муайян кардааст: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Дар моддаи 10-и Эъломия омадааст: «Ҳар як инсон барои муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳояш ва муқаррар кардани асоснокии айбномаи ҷиноятие, ки ба дӯши ӯ гузошта шудааст, ба таври баробарии комилҳуқуқ дорад, ки парвандаи ӯро суди мустақилу бетараф ошкоро ва бо риояи талаботи адолат баррасӣ намояд».

Моддаи 14-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба ҳар одам ҳуқуқи ҳимояи судиро кафолат медиҳад.

Ҳамаи меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқии зикршударо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мундариҷаи худ таҳким бахшидааст.

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Қисми 1-и моддаи 19-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меъёри мазкури конститутсионӣ ҳуқуқ ба ҳимояи судиро дар баробари ҳуқуқҳои асосӣ эълом дошта, тасдиқ мекунад, ки он ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз баромаду миллат, вазъи иҷтимоӣ, амвол, синну сол ва дигар асосҳо, тааллуқ дошта, аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Кафолати ҳимояи судӣ бо таҳкими ҳуқуқи шахсият бобати талаб кардани баррасии парвандаи ӯ аз ҷониби суд муайян карда шудааст.

Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар банди b, қисми 3-и моддаи 14 ҳуқуқи ҳар касро барои ҳимоя аз ҷониби худи ӯ ё ба воситаи ҳимоятгар ҳангоми баррасии ҳама гуна айбномаи ҷиноятии ба зиммаи ӯ гузошташуда таҳким бахшидааст.

Ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Қисми 2-и моддаи 19-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин тариқ, ҳуқуқи ҳар кас ба ҳимоя судӣ ва ҳуқуқи ҳар нафар ба ёрии ҳуқуқӣ дар стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ таҳким ёфта, барои ҳама кафолати амалишавӣ ва ҳимояи дигар ҳуқуқҳо ва озодии инсон ва шаҳрванд мебошанд.

2. Ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи судӣ аз ҷониби суди салоҳиятдор, мустақил ва беғараз. Ҳар инсон имконият дорад, барои баррасии парвандааш ва ҳимояи ҳуқуқу вазифаҳояш таъмин кардани суди мустақилу беғараз ва ошкорою боадолатонаро талаб намояд.

Танҳо суд ҳуқуқҳо ва вазифаҳои тарафҳои баҳскунандаро муайян карда, дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти махсуси мурофиавӣ нисбати парванда метавонад адолатро муқаррар созад. Ҳокимияти судӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳар шахс метавонад аз он истифода намояд ва дар сурати розӣ нашудан бо қарори суд аз болои он шикоят оварад. Суд дар асоси принсипҳои таъминкунандаи бартарияти он дар назди дигар мақомот ташкил гардида, амал менамояд. Чунончи, тибқи моддаи 87-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Судяҳо ҳокимияти судиро мустақилона аз номи давлат ва дар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, баҳсу мунозира ва баробарии ҷонибҳо амалӣ мегардонанд.

Қонунгузорӣ чунин навъҳои парвандаҳои дар судҳо баррасишавандаро муайян кардааст: конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ. Парвандаҳои интизомӣ ва моддии шаҳрвандон дар доираи мурофиаи судии гражданӣ баррасӣ мешаванд.

Аз болои ҳама гуна амалҳо ва санадҳои мақомоти қонунбарору иҷроия, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол месозанд, ба суд шикоят кардан мумкин аст. Мутобиқи қисми 3-и моддаи 32-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад».

Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани судҳои фавқулода манъ аст.

Агар суд мустақил набошад, вай аз рӯйи адолат амал карда наметавонад. Мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия ва моддаи 2-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Бинобар ин, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба фаъолияти судя дахолат кунад. Дар сурати дахолат ба фаъолияти судӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксариятҳои аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

3. Фарзияи бегуноҳӣ. Принсипи муҳимтарини амалишавии ҳокимияти судӣ принсипи фарзияи бегуноҳӣ мебошад. Моддаи 11-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар онро ба таври зайл таҳким бахшидааст: «Ҳар як инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад, ҳақ дорад то замоне бегуноҳ дониста шавад, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои судие, ки дар он барои ҳимояи ӯ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, бо тартиби қонун исбот нагардидааст». Дар қисми 2-и моддаи 14-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст: «Ҳар каси ба содир намудани ҷиноят айбдоршаванда ҳақ дорад, то вақте ки гунаҳгории ӯ мувофиқи қонун исбот нашавад, бегуноҳ дониста шавад».

Фарзияи бегуноҳӣ принсипест, ки мутобиқи он айбдоршаванда (судшаванда) то замоне, ки гуноҳи ӯ бо тартиботи муқарраркардаи қонун исбот нагардидааст (зимнан, исбот кардан ба зиммаи мақомоти айбдоркунанда вогузошта мешавад), бегуноҳ дониста мешавад.

Мундариҷаи принсипи фарзияи бегуноҳӣ дар моддаи 20-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст: «Ҳеҷ кас то эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш, ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст».

Ҳукми суд дар бадали ҳафт рӯз аз лаҳзаи эълон шудани он, агар аз болои он аз ҷониби тарафҳо шикоят нашуда бошад, қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Ба ин тариқ, азбаски то қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми суд одамон бегуноҳ дониста мешаванд, онҳо ҳуқуқ доранд, талаб намоянд, ки парвандаашонро суди босалоҳият, беғараз ва мустақил баррасӣ намояд.

4. Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ. Имконияти ёрии ҳуқуқии баландсифат гирифтани ҳар одам дар ҳама гуна ҷомеаи мутамаддин неъмати муҳиммест. Давлат вазифадор аст ба ҳар кас ёрии ҳуқуқиеро пешниҳод намояд, ки аз ҷониби адвокатҳо пулакӣ ё ройгон расонда мешавад.

Ба ҷуз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар доираи СММ соли 1990 ҳуҷҷате бо номи «Принсипҳои асосии марбут ба нақши ҳуқуқшиносон» қабул шуд. Дар он омадааст: «Ҳар одам ҳуқуқ дорад бо мақсади гирифтани ёрӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худ дар ҳар марҳилаи мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳуқуқшиносон муроҷиат намояд. Ҳукумат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба одамони камбизоат пардохти кофиро таъмин менамояд.

Моддаи 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишот ба суд ёрии ҳуқуқиро кафолат медиҳад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» (соли 1995) муайян мешавад.

Давлат бояд мустақилияти фаъолияти адвокатура, дастрасии аҳолиро ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ таъмин намояд. Давлат, ҳамчунин, ҷудо кардани маблағҳои пулиро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат кафолат медиҳад.

Ба ин тариқ, ҳуқуқи ҳар кас ба ҳимояи судӣ ва ҳуқуқи ҳар нафар ба ёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) маҳсуб шуда, ба одамон имконият медиҳанд, ки ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худро бо ёрии ҳуқуқшиноси касбӣ дар суд ҳимоя кунанд, худро аз оқибатҳои гуногуни ҳуқуқвайронкуниҳо зери парастории давлат эмин нигоҳ доранд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Моҳияти ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқиро шарҳ диҳед.
  2. Кадом санадҳои байналмилалӣ ва миллии ҳуқуқӣ ҳуқуқи ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқиро таҳким мебахшанд?
  3. Дар сурати вайрон карда шудани кадом ҳуқуқҳо ба суд муроҷиат намудан мумкин аст? Дар ин хусус дар моддаи 8-и Эъломияи ҳуқуқи башар чӣ гуфта шудааст.
  4. Истилоҳҳои суди «босалоҳият», «беғараз», «мустақил» чӣ маънӣ доранд?
  5. Фарзияи бегуноҳӣ чист?
  6. Навъҳои ёрии ҳуқуқиро номбар кунед?

Реклама