1. Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист. Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои муҳимтарини шахсии (шаҳрвандии) одам аст. Махсусияти ин озодӣ имкон доштани одам баҳри ихтиёрдорӣ дар макон, ҳамчунин ҳимоя кардан аз дахолати ғайриқонунӣ
Озодии ҳаракат ба интихоби ҷойи зист ҳуқуқи табиӣ буда, ба ҳар одам аз лаҳзаи таваллуд мансуб аст ва ҳеҷ кас аз ин ҳуқуқ набояд маҳрум карда шавад. Баъзан ин ҳуқуқ ба таври коллективӣ низ амалӣ мегардад. Масалан, дар ҳолатҳои ба ҷойи дигари доимӣ кӯчидани аҳли оила ё худ ба мамлакати дигар рафтани гурӯҳи гурезаҳо.
Мафҳумҳои «ҷойи ист» ва «ҷойи зист» аз ҳамдигар тафовут доранд.
Ҷойи зист ҳавлиҳо, хонаҳо, манзилгоҳҳои зисти хизматӣ, хобгоҳҳо, хонаҳои бачагон ва биноҳои дигарест, ки дар онҳо шаҳрванд ба таври доимӣ ё вақти бештаре дар асосҳои пешбиникардаи қонун зиндагӣ мекунад.
Дар ҳудуди муайян озодона ҳаракат кардани одам, аз рӯйи салоҳдиди худ муайян кардани он, ки вай дар куҷо бошаду зиндагӣ кунад, бо дигар ҳуқуқҳои одам зич вобаста буда, ба амалишавии онҳо таъсир мерасонад.
Доир ба ҳамбастагии ҳуқуқ ба озодона ҷойивазкунӣ ва интихоби ҷойи зист бо дигар ҳуқуқу озодиҳои одам мисолҳо оред.
2. Асноди байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоби ҷойи зист. Ҳуқуқ ба озодона ҳаракат кардан ва интихоби ҷойи зист аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон зикр шудааст.
Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳудуди ҳар як давлат озодона рафтуомад кунад ва ба худ маҳалли зист интихоб кунад.
Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла, кишвари худро тарк кунад ва ба кишвари худ бозгардад.
Моддаи 13-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани ҷойи зист зикр шудааст:
Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад.
Моддаи 24-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ифодаи дигар, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки озодона ҳаракат кунад, ҷойи бозистодан ва зист интихоб намоянд. Ҳар кас метавонад озодона аз ҳудуди мамлакат берун равад ва ба он баргардад.
Реклама