Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо қонунгузорӣ таҳким бахшидани ҳудуди зарурии амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар одамон ва муътадил фаъолият кардани ҷомеа ва давлат аст.
Дар ҷаҳони имрӯза маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳолатҳои муайяни зерин мумкин аст: бо мақсади эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқҳои дигар одамон; таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи сохти давлатӣ ва ғайра. Маҳдудсозиҳои ҷоришаванда бояд бо принсипҳои инсондӯстӣ, адолатнокӣ ва хушахлоқӣ мутобиқ бошанд. Тадбирҳои маҳдудсозӣ набояд ғайриқонунӣ ва аз ҳад зиёд бошанд ва ҳуқуқу эътибори инсонро паст зананд.
Кадом ҳуқуқҳо нисбӣ ва мутлақ номида мешаванд?
Асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити муқаррарӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳким бахшида шудааст:
Ҳар як инсон дар бобати татбиқи озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст.
Қисми 2-и моддаи 29-и
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар шароити муайян бо мақсади нигоҳдории тартибот, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои одамон ва дигар арзишҳои Тоҷикистон эътироф менамояд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Қисми 3-и моддаи 14-и Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танҳо бо мақсадҳои зерин раво медонад: таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат. Ҳамаи ҳадафҳои зикршуда ба ҳамдигар алоқаманданд.
Маҳдудсозиҳои бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон ҷоришаванда бо амалишавии уҳдадориҳои ҳар як одам бевосита алоқаманд мебошанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олитарин эълон доштааст.
Ҳуқуқу озодиҳои нисбиро дар асоси қонун метавон маҳдуд кард. Масалан, тибқи моддаи 22-и Конститутсия, ки ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро таҳким мебахшад, ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ба манзили касе зада даромадан мумкин нест. Вале агар соҳиби манзил ҳуқуқҳои дигар одамонро вайрон кунад, муоинаи манзил аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бозрасиҳои санитарию зидди сӯхтор мумкин аст.
Маҳдудсозиҳои бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷоришаванда ба кӯшиши давлат баҳри ба ҳамаи шаҳрвандон аз ҷониби қонун додани кафолати муътадилӣ дар ҷомеа вобаста аст.
Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Ғайр аз ин маҳдудсозиҳои нисбат ба ҳуқуқ ба иттилоот ҷоришаванда бевосита бо ҳимояи сохти конститутсионӣ алоқаманданд. Чунончи, ҳуқуқ ба озодии ахбор на танҳо бо ҳуқуқи дигар одамон ба махфӣ будани ҳаёти шахсӣ, сирри шахсиву оилавӣ, инчунин ҳифзи сирри давлатӣ маҳдуд карда мешавад.
Реклама