Самтҳои асосии пешгирии коррупсия. Фаъолияти давлат дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия (сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ) дар шароити ҳозира ба самти мустақили сиёсати давлатӣ табдил меёбад.
Сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва мунтазам амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан кардани сабабҳо ва шароитест, ки бо паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд.
Дар параграфҳои қаблӣ қайд карда шуд, ки коррупсия решаҳо ва сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ-идоракунӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дорад, Бинобар ин, пешгирии самарабахш ва маҳдудсозии масоҳатҳои коррупсия коркарду амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои айнан чунин характер доштаро тақозо мекунад.
Самтҳои асосии ин чорабиниҳои давлатӣ инҳоянд:
а) банақшагирии чораҳои зиддиамали коррупсия дар сатҳи умумидавлатӣ;
б) такмили қонунгузории миллӣ;
в) бунёди низоми пурсамар, боадолатона ва шаффофи қабул ба хизмати давлатӣ ва ба ҷо овардани хизмати давлатӣ;
г) фароҳам овардани шароит барои назорати пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба тақсимот ва сарфи маблағҳои буҷет;
ғ) таҳкими ҳокимияти судӣ;
д) баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва тафтиши далелҳои коррупсия;
е) таҳкими низоми институтҳои давлатӣ аз нигоҳи самаранокии фаъолияти онҳо дар зиддиамалии коррупсия;
ё) таҳқиқи вазъи коррупсия тавассути методикаи оморӣ, иҷтимоӣ ва усулҳои дигар;
ж) вусъати дастрасӣ ба иттилоот, таъмини шаффофияти қабули қарорҳо, ҷалби аҳли ҷомеа ба зиддиамали фаъолона бар зидди коррупсия;
з) таълим ва тарбияи зиддикоррупсионии ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон.
Фикр кунед, ба андешаи шумо, боз кадом самтҳои иловагии пешгирии коррупсия мавҷуданд?
Банақшагирии зидди амали коррупсия. Муваффақияти сиёсати зиддикоррупсионӣ чи дар сатҳи умумидавлатӣ ва чи дар сатҳи идоравӣ аз бисёр ҷиҳат вобастаи банақшагирии дурусту босифати ин сиёсат аст.
Барномабандии умумидавлатӣ имконият медиҳад, ки самтҳои асосии пешгирии коррупсия, мундариҷаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, давраҳои гузаронидани онҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии сафарбаршаванда, манбаъҳои маблағгузорӣ ва механизмҳои назорати амалисозии барнома муайян карда шаванд.
Шарти муҳимтарини муваффақият дар таҳияи барномаи давлатӣ ба коркарди он ҷалб намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои соҳибкорон, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад.
Бо назардошти махсусиятҳои вазифаҳо ва нақши ҳар як идора дар амалисозии чораҳои зиддикоррупсионӣ дар асоси барномаи умумидавлатӣ, ҳамчунин, чорабиниҳои идоравиро таҳия ва амалӣ гардонидан мумкин аст.
Назорат ба амалисозии барномаи умумидавлатӣ ба зиммаи мақомоти умумидавлатии зиддикоррупсионӣ вогузошта мешавад. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани амалияи ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ ба мақсади арзёбии самаранокии фаъолияти зиддикоррупсионии онҳо мувофиқи мақсад аст.
Такмили қонунгузорӣ. Номукаммалии қонунгузорӣ барои ба амал омадани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда метавонад. Аз ҷумла, ба ин мавҷудияти холигиҳо (ноқисиҳо), номуайянӣ, ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ё меъёрҳои алоҳидаи онҳо мусоидат мекунанд. Онҳо ба ашхоси мансабдори коррупсияписанд имконият медиҳанд, ки бо тамаъҷӯии амалишавии озодонаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон машғул шаванд.
Дар худи қонунҳо ё меъёрҳои алоҳида мавҷуд будани монеаҳои беасос дар роҳи амалисозии ниятҳои фоиданоки ҷамъиятӣ (раванд- ҳои мураккабгардонидашуда, уҳдадориҳои серхарҷ ва ё бо душворӣ иҷрошаванда) шаҳрвандон ва ё соҳибкоронро ба харида гирифтани ашхоси мансабдор, ё рафтан ба сӯйи «иқтисодиёти пасипардагӣ» маҷбур месозанд. Чунин меъёрҳо дар соҳаҳои қонунгузории андоз ва ё гумрук хеле зиёданд.
Бисёр вақт меъёрҳои ҳуқуқ низ ба ашхоси мансабдор баҳри амал кардан бо салоҳдиди худ имкониятҳои аз ҳад зиёд медиҳанд, ки ин ҳам савдои озодро дар интихоби тарзи ҳалли масъалаҳо осон мегардонад.
Бинобар ин, яке аз самтҳои муҳимми пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи доимию бонизоми қонунгузорӣ ва лоиҳаи қонунҳо ба мақсади дар онҳо бартараф кардани «холигоҳҳо» барои коррупсия мебошад. Ҳамчунин такмили худи қонунгузории зиддикоррупсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади кириминалкунонии ҳамаи шаклҳои имконпазирии зоҳиршавии коррупсия ба фарогирии кирдорҳои коррупсионии ҳамаи категорияҳои ашхоси мансабдор зарур аст.
Одоб, танзими ихтилофоти манфиатҳо, инкишофи ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият дар хидмати давлатӣ. Ташаккули асосҳои одобӣ, ҳавасмандгардонии росткорию беғаразӣ, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ шартҳои муҳимтарини пешгирии коррупсия дар хидмати давлатӣ ба шумор мераванд.
Фикр кунед, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд чӣ гуна сифатҳо дошта бошад?
Одоб низоми меъёрҳои рафтори маънавии инсон, ягон гурӯҳ ё ҷомеаи касбӣ аст.
Талабҳои одобӣ ба хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, баён гардидаанд.
Кодекси одоб муқаррар кардааст, ки хизматчии давлатӣ бояд:
Ҳолати охирин вазъи ихтилофдори манфиатҳо номида мешавад.
Ихтилофи манфиатҳо зиддияти байни вазифаҳои ҷамъиятӣ-ҳуқуқӣ ва манфиатҳои хусусии шахсони мансабдор аст, ки дар ин маврид манфиатҳои хусусӣ қодиранд ва тарзи ғайриҳуқуқӣ ба иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои расмӣ аз ҷониби онҳо таъсир расонанд.
Яке аз гуногуннавъҳои ихтилофи манфиатҳо дар хизмати давлатӣ непотизм мебошад.
Непотизм (аз лот. nepotis – набера, ҷиян) вазъиятест, ки дар он як хешованд ба кор хешованди дигарро қабул намуда, дар ин маврид салоҳияти ба ӯ назорат карданро дорад.
Протексионизм (ҷӯрабозӣ)-ро низ ба нусхаи дигари ихтилофи манфиатҳо дар хизмати давлатӣ мансуб донистан мумкин аст.
Протексионизм (аз лот. protectio – ҳимоя, сарпарастӣ) вазъиятест, ки вақти интихоби кадрҳо афзалият ё бартарият ба дӯстон (ҳамсинфон, ҳамсабақони солҳои донишҷӯӣ, ҳамхизматҳо ва ғайра), сарфи назар аз он ки онҳо барои кор дар вазифаи муайян лоиқ ҳастанд, ё не, дода мешавад.
Ба мақсади барҳам додани ихтилофи манфиатҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба депутатҳо, аъзои ҳукумат, судяҳо, прокуррорҳо ва дигар ашхоси мансабдор ишғол кардани вазифаи дигар ва шуғлварзиро бо фаъолияти соҳибкорӣ манъ кардааст. Хизмати якҷояи хизматчиёни давлатии ба якдигар хеш, агар хизмати онҳо бо тобеияти бевосита ё зери назорати яке будани дигаре алоқаманд бошад, манъ аст.
Бо мақсади таъмини назорат ва ҳисоботдиҳандагии хизматчиёни давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» хизматчиёни давлатиро вазифадор намудааст, ки ҳамасола дар бораи даромадҳо ва вазъи амволиашон декларатсия пешниҳод кунанд.
Ба пешгирии коррупсия ҳамчунин таъмини шаффофияти равандҳои харидҳои давлатӣ, хусусигардонии амволи давлатӣ, додани иҷозатномаҳои (литсензияҳо)-и давлатӣ, вомбаргҳои Бонки миллӣ, вомбаргҳои кафолатноки ҳукуматӣ, маблағҳои буҷетӣ ва равандҳои озодсозӣ аз пардохти андозҳо мусоидат мекунанд.
Таълими зиддикоррупсионии ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон. Воситаи муҳимми пешгирии коррупсия вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, ихтилофоти манфиатҳо, меъёрҳои одоб, ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани вазъи оштинопазирӣ ба коррупсия дар ҷомеа мебошад.
Ҳалли ин вазифа ташкили таълими доимии ашхоси мансабдори мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дигарро дар ҷойҳои корашон дар назар дорад. Ташкили курсҳои махсуси таълимӣ оид ба масъалаҳои одоб ва чорабиниҳои зиддиамалии коррупсия барои ашхоси мансабдори мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим аст.
Ба соҳибкорон омӯзондани усулҳои зиддиамалии фаъолона ба коррупсия ва фошсозии ходимони коррупсияписанд, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии журналистон ва ба онҳо омӯзонидани усулҳои таҳқиқоти журналистии ҳодисаҳои коррупсионӣ нақши махсус мебозанд.
Гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ ва мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди коррупсия ва интишори ҳисоботи мақомоти давлатӣ дар бораи вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ хеле муҳим мебошанд.
Вале омили аз ҳама муҳимми пешгирии коррупсия ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ махсусан дар насли наврас, тавассути амалисозии барномаҳои таълими оммавӣ бо дохил кардани барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳо ва донишгоҳҳо мебошад.
Реклама