1. Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон: мафҳум, мундариҷа. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таъмини адолати иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, зеро онҳо озодии инсонро дар соҳаи иҷтимоӣ таъмин карда, имконияти ҳимояи манфиатҳои ҳаётии инсонро фароҳам меоранд.
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ба инсон сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳимояи иҷтимоиро таъмин мекунанд. Яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии иҷтимоӣ ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ мебошад. Суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва хизматрасонии тиббиро фаро мегирад. Ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ инҳо низ мансубанд: ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ташкили оила, ҳуқуқ ба ҳимояи кӯдакон ва маъюбон ва ғайра.
Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳоест, ки ба шахс сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳангоми мавҷудияти шароити муайян имконияти аз давлат гирифтани арзишҳои моддиро таъмин менамояд.
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар конститутсияҳои на ҳамаи давлатҳои ҷаҳон инъикоси пурраи худро ёфтаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани давлати иҷтимоӣ (қисми 2-и моддаи 1) ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ба андозаи пурра нишон дода шудаанд.
Давлати иҷтимоӣ чист? Давлати иҷтимоӣ ба шаҳрвандони худ кадом кафолатҳоро медиҳад?
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар алоқамандии зич бо ҳуқуқҳои иқтисодӣ барои қонеъсозии талабҳои муҳимтарини баҳри шаҳрвандон зарурӣ – манзил, ғизо, кор, истироҳат ва ғайра нигаронида шудаанд.
Хусусияти дуюм ва хеле муҳимми ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо дар он зоҳир мешавад, ки онҳо кафолатҳоро соҳибанд, яъне онҳо нисбати дигар ҳуқуқу озодиҳо функсияи кафолатиро ба ҷо меоранд, масалан, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба шароити хуби зиндагӣ ва ғайра.
Амалисозии муттасили ин ҳуқуқу озодиҳо шарти муҳим ва кафолати дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Тоҷикистони имрӯза амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ воситаи аз ҳама муҳимми демократикунонии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дастгирии давлатии табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ камҳимояи аҳолӣ ба шумор меравад.
2. Низоми ҳуқуқҳои иҷтимоӣ. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ низоми ягонаро ташкил дода, онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
Бартарафсозии боқимондаҳои буҳрони иқтисодӣ, рушди иқтисодӣ ва миллӣ, баҳаракатдарории имкониятҳои ба болоравии дараҷаи некуаҳволии одамон мусоидаткунанда омилҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои худ ҳаёти арзанда дошта метавонанд.
Реклама