§ 7. АФЗАЛИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН НИСБАТ БА СИЁСАТ

1. Шахсият ва давлат. Ҳар як одами дар давлати муайян зиндагикунанда уҳдадор мешавад, ки қонуни асосӣ ва тартиботи ҷамъиятиро эҳтиром ва риоя намояд. Давлат ҳам бояд барои рушди муътадили ҷомеа шароити муайян фароҳам созад. Дар назди вай вазифаҳои таъмини сулҳу осоиш ва амният, ҳаёти шоистаи аҳолӣ меистанд. Амалишавии ин вазифаҳо аз сиёсати давлат вобаста аст.

Сиёсат санъати идоракунии давлат низоми муносибатҳои байни одамон бобати ташкил намудан ва истифода кардани ҳокимият аст.

Ҳаёти сиёсиро метавон ҳамчун яке аз соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баррасӣ кард. Функсияи асосии сиёсати давлат нигоҳдорию эҳтиёт кардан ва инкишоф додани миллат, таъмини тамомияти арзии давлат ва муътадилии низоми давлатӣ, ҳимояи амният ва некуаҳволии шаҳрвандони худ мебошад.

Ҳар як давлат барои амалисозии манфиатҳои миллӣ сиёсати дохилӣ ва беруниро пеш мебарад. Сиёсати дохилӣ бо ҳалли вазифаҳои ҷамъиятии дохилӣ вобаста буда, ҳалли масъалаҳои сохтмони давлатӣ ва низоми идоракунии давлатӣ, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, болоравии некуаҳволӣ, сифат ва давомнокии зиндагии аҳолӣ, таҳкими амният ва тартиботи ҳуқуқиро дар назар дорад. Сиёсати берунӣ фаъолияти давлат дар арсаи байналмилалиро, ки бо муносибати байни давлатҳо вобаста аст, ба мақсадҳои ҳимояи манфиатҳои умумидавлатӣ, таъмини амнияти давлат, мустаҳкамшавии мавқеи он дар ҷаҳон ва пурзӯршавии таъсираш ба равандҳои ҷаҳонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ фаро мегирад.

Афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсат чунин маъно дорад, ки ҳамаи дигаргунсозиҳои давлатӣ ва ислоҳот бояд ба манфиати беҳбуди ҳаёти инсон сурат гирифта, ҳуқуқу озодиҳои ӯро коста нагардонанд. Тамоми фаъолияти давлат бояд ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон, таъмини манфиатҳои ӯ нигаронида шавад. Дар замони ҳозира сиёсати давлат бояд ба талаботи инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон асос ёбад, ки ин бешак, ба инкишофу мустаҳ камшавии сулҳ ва амният дар рӯйи Замин мусоидат мекунад.

Дар ҷаҳони имрӯза амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба навъи давлат, сиёсати давлатӣ ва режими сиёсӣ вобаста аст.

2. Режими сиёсӣ ва ҳуқуқҳои инсон. Зери мафҳуми режими сиёсии давлат маҷмӯи усулҳо ва методҳое фаҳмида мешаванд, ки бо ёрии онҳо мақомоти давлатӣ ҳокимияти сиёсии ба онҳо мансуббударо амалӣ мегардонанд. Ҳамагуна режими сиёсӣ механизмҳои муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимият: ҷомеа (халқ) ва шахсият (шаҳрванд), кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҷассум менамояд.

Кадом навъҳои режимҳои сиёсӣ ба шумо маълуманд?

Олимон се навъи асосии режимҳои сиёсиро ҷудо мекунанд: тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ. Ба режими сиёсии тоталитарӣ ҳукмронии комили ҳокимият бар ҷомеа ва шахсият, назорати ҳамаро фарогиранда аз ҷониби давлат характернок аст.

Тоталитаризм режими сиёсиест, ки дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо фарогирии ҳаёти шахсии ҳар як одам назорати пурра мебаранд.

Ҳангоми режими сиёсии тоталитарӣ ҳуқуқҳои инсон қатъиян маҳдуд мешаванд; ҳокимият дар дасти табақаи ҳукмрон, ки сохтори ҳизбӣ-давлатиро роҳбарӣ мекунанд, ҷамъ меояд: тақсими ҳокимият ба рукнҳо рад карда мешавад; идоракунӣ ба таври максималӣ муттамарказ мегардад; интихобот гузаронида шавад ҳам, аҳаммияти воқеӣ надорад; гуногунандешии сиёсӣ бо ҳукмронии як ҳизб иваз мешавад; идеологияҳои мухолифи идеологияи расмӣ манъ мегарданд; афкори дигар таъқиб мешаванд; масъулиятнокии давлат дар назди шаҳрванд эътироф намегардад; шаҳрвандон дар механизми умумии давлат чун “мехаки одие” баррасӣ мешаванд.

Оё дар даврони режими тоталитарӣ афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсат амалӣ мегардад?

Режими сиёсии авторитарӣ ба ҳокимияти бемаҳдуди як одам ва ё гурӯҳи одамон ба шаҳрвандон бо нигоҳдории озодии нисбии шахсият ва ҷомеа дар соҳаҳои ғайрисиёсӣ, масалан, дар иқтисодиёт ва фарҳанг фарқ мекунад.

Авторитаризм (аз лот. auctorititas – ҳокимият, таъсир) режими сиёсиест, ки дар он ҳокимият дар дасти як кас (диктатор) ё гурӯҳи одамон ҷамъ омада, он бо мавҷудияти назорат аз ҷониби давлат пеш аз ҳама ба соҳаи сиёсӣ характернок мебошад.

Дар даврони режими сиёсии авторитарӣ идоракунии давлат муттамарказ аст; фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои мухолифин дар сурати мутобиқат накардани манфиатҳои онҳо бо манфиатҳои ҳизби ҳукмрон манъ карда мешаванд; фаъолияти васоити ахбори омма зери назорати давлат аст.

Дар давраи режими сиёсии авторитарӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус дар соҳаи сиёсӣ, ба таври назаррас маҳдуд мегарданд. Ҳатто агар ҳуқуқу озодиҳои инсон, масалан, дар соҳаҳои иҷтимоӣ ё фарҳангӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлат дар қонунгузорӣ таҳким ёбанд ва қисман амалӣ шаванд ҳам, дар воқеият манфиатҳои элитаи сиёсии ҳукмрон назар ба ҳуқуқҳои ҳар як шахсияти алоҳида бартарӣ доранд.

Ба фарқияти режимҳои сиёсии тоталитарию авторитарӣ барои режими сиёсии демократӣ эътироф ва амалишавии воқеии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандон хос аст.

Демократия режими сиёсиест, ки ба эътирофи халқ ҳамчун манбаи ҳокимият, ҳуқуқи он барои иштирок кардан дар ҳалли корҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо доираи васеи ҳуқуқу озодиҳо, амалишавии назорати ҷомеа бар ҳокимият бунёд ёфтааст.

Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, таъминот ва ҳимояи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти давлати демократӣ мебошад. Шахс имконият дорад, ки дар идоракунии давлат фаъолона иштирок намояд. Ҳам тариқ, ба режими сиёсии демократӣ амалисозии принсипҳои зерин хос аст: баробарӣ; озодии афкор ва сухан, озодии интихобот; тақсимшавии ҳокимият; озодии иқтисодӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон.

Принсипҳои зикршудаи демократиро баррасӣ намоед. Ба андешаи шумо, оё ин принсипҳо афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсонро нисбат ба сиёсат таҷассум мекунанд?

3. Мухторияти шахсият ва ҳуқуқҳои инсон. Давлат, ҷомеа ва шахсият вобастаи ҳамдигаранд ва бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Муносибатҳои одам ва давлат тавассути амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои уҳдадориҳои тарафайн сурат мегиранд.

Давлат ба худ уҳдадорӣ мегирад, ки ҳуқуқҳои инсонро эътироф менамояд, таъмин мекунад ва ҳимоя месозад. Ҳар як одам низ барои рафторҳои худ масъул аст ва дар назди давлату ҷомеа уҳдадориҳояшро ба ҷо меорад.

Фаъолияти давлатро мухторияти шахсият метавонад маҳдуд созад, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи одам низ бо қонуни давлат маҳдуд карда мешаванд. Мухторият (соҳибихтиёрӣ)-и шахсият чунин маъно дорад, ки одам дар фаъолияти худ, дар интихоби рафтор озод аст. Чунин соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон мавҷуданд, ки масалан, амалисозии озоди эътиқоди динӣ, ба онҳо ҳеҷ кас, ҳатто давлат ҳам, ҳуқуқи дахолат кардан надорад. Яъне ҳудудҳои фаъолияти давлатӣ аҳаммияти махсус доранд, давлат наметавонад, ки бевосита ба ҳамаи ҳуқуқҳои инсон таъсир расонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Режимҳои асосии сиёсиро номбар карда, онҳоро тавсиф намоед.
  2. Ба андешаи шумо, дар давраи кадом режимҳои сиёсӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бештар вайрон карда мешаванд? Ҷавоби худро бо далелҳо исбот кунед.
  3. Ба фикри шумо, дар ҷаҳони имрӯза чаро аксари давлатҳо барои барқароршавии демократия мекӯшанд?

Реклама