1. Мақоми ҳуқуқӣ: мафҳум ва унсурҳо. Барои фаҳмиши моҳияти мақоми ҳуқуқии инсон таърифи мафҳумҳои “инсоният”, “миллат”, “халқ”, “гурӯҳи иҷтимоӣ”, “инсон”, “шахсият”, “шахс” мусоидат мекунад.
Зери мафҳуми инсоният ҷамъи одамони дар рӯйи Замин зиндагикунанда фаҳмида мешавад. Миллат шакли таърихан ташаккулёфтаи ҷамъи одамон аст. Аломатҳои асосии тавсифбахшандаи миллат инҳоянд: ягонагии ҳудуди онҳо, робитаҳои иқтисодӣ, забон, характери миллӣ ва фарҳанг. Халқ тамоми аҳолии давлат аст, ки сарфи назар аз ҷамоаҳои миллии таркибёфтааш ҷамоаи воҳиди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиро ташкил медиҳад. Зери мафҳуми «гурӯҳи иҷтимоӣ» ҷамъи афроди аз рӯйи манфиатҳо, арзишҳо ва меъёрҳои рафтори муттаҳидгаштаи дар амалиёти байниҳамдигарии бонизом қарордошта фаҳмида мешавад. Шахсият субъекти фаъоли муносибатҳои ҷамъиятист, ки сифатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайраи ӯро ифода мекунанд. Шахс шаҳрванди алоҳида чун субъекти ҳуқуқ аст.
Дар шароити ҳозира ҳар одам дар давлат ва ҷомеа мақом ва мавқеи махсус дорад. Дар илм фарқ кардани мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд қабул шудааст. Он ба робитаи ҳуқуқии ҳар як фард бо давлат, ҳамчунин алоқамандии байниҳамдигарӣ бо якдигар асос меёбад.
Мақоми ҳуқуқӣ ҳолати муайяни инсон, чораи озодии ӯ, омӯзиши имконпазирӣ ва ҳатмият дар рафтори ҳар як инсон аст.
Асоси муносибатҳои нишондодашудаи байни давлат ва ҳар як инсонро ҳуқуқҳо, озодиҳо ва уҳдадориҳои зикркардаи давлат дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Ҳуқуқҳои инсон характери табиӣ доранд, онҳоро ҳамаи одамон доро мебошанд. Шахси шаҳрванди давлати дигар буда (бетабаа) на ҳамаи ҳуқуқҳоеро соҳиб аст, ки давлат ба шаҳрвандони худ медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва универсалии инсонро таҳким мебахшад.
Озодӣ ҳолати инсон, шароити фаъолияти ҳаётӣ ва имконияти аз рӯйи диди худ амал кардани ӯ аст, аммо озодӣ бо масъулиятнокӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Одам озодии худро амалӣ сохта, амалҳои худро бо озодии дигар одамон ҳамбаста мегардонад. Мувофиқи қисми 2-юми моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд”. Пас инсон имкониятҳои амал кардан ва аз неъматҳои пешниҳодшуда истифода карданро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт озодона муайян менамояд.
Маҳдудияти озодиҳо дар ҳолатҳои муайянкардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Дар кадом ҳолатҳо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон мумкин аст?
Яке аз унсурҳои мақоми ҳуқуқии инсон, ҳамчунин, вазифадорӣ мебошад. Вазифадорӣ рафтори аз нигоҳи объективӣ зарурӣ ва бояду шояди рафтори инсон аст, ки ба он одамони дигар, ҷомеа ва давлат манфиатдоранд. Одам танҳо ҳуқуқҳоро дошта наметавонад. Давлат ба ҳар як шахсият маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дода, ҳақ дорад, аз вай рафтореро талаб намояд, ки ба амсилаҳо ва намунаҳои муайян аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ва дар меъёрҳои юридикӣ зикргардида мувофиқат кунад. Риояи ин талабҳо вазифаи инсон мебошад. Пас, ҳуқуқҳо бе вазифаҳо ва вазифаҳо бе ҳуқуқҳо вуҷуд дошта наметавонанд.
Дар меъёрҳои юридикӣ одатан намудҳои рафторҳои ҳатмӣ, мақсаднок, нисбатан қобили истифода ва аз нигоҳи иҷтимоӣ манфиатбахш зикр мегарданд. Агар одам аз талаботи меъёрҳо барканор шавад, давлат ҳақ дорад, ки нисбат ба вай чораҳои муайяни маҷбурсозиро истифода кунад.
Ба ин тариқ, мақоми ҳуқуқии инсон ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои одамро шомил месозад. Дар онҳо дараҷаи озодӣ дар интихоби рафтори мувофиқ ва масъулиятнокии шахсият дар назди давлат, ҷомеа ва одамони дигар ифода меёбад. Таносуби озодӣ ва вазифа дар моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба таври зайл ифода гардидааст: “Ҳар як инсон дар назди ҷомеа, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, уҳдадор мебошад”. Унсурҳои мақоми ҳуқуқии инсон бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд, онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд.
2. Навъҳои мақоми ҳуқуқии инсон. Дар илми ҳозираи ҳуқуқшиносӣ тақсим кардани мақоми ҳуқуқии инсон ба навъҳои зерин қабул шудааст: умумӣ, махсус ва инфиродӣ.
Умумӣ мақоми ҳуқуқиест, ки ба он комилан ҳар одам соҳиб аст. Мақоми умумии ҳуқуқии одам ҳолати умумии иҷтимоии ӯро ифода мекунад.
Махсус чунин мақомоти ҳуқуқиест, ки характери соҳавӣ дорад, масалан, мақоми шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ, мақом дар соҳаҳои меҳнатӣ, оилавӣ, мурофиавӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ.
Инфиродӣ чунин мақоми ҳуқуқиест, ки мавқеи инсонро дар ягон соҳаи алоҳида тавсиф мебахшад, масалан, мақоми соҳибкор, мақоми шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ва ғайра.
Бо мақоми ҳуқуқии инсон мақоми иҷтимоии инсон, ки мавқеи одамро дар ҷомеаи мушаххас тавсиф мебахшад, зич алоқаманд аст.
3. Мақоми иҷтимоии инсон. Ҳар як инсон чун узви ҷомеа, ягон гурӯҳи иҷтимоӣ, намояндаи миллат ё халқият боз мақоми иҷтимоӣ ҳам дорад.
Ҳар як шахсият метавонад якбора якчанд мақоми ҳуқуқӣ дошта бошад. Дар ин маврид худи инсон барои худ он мақоми иҷтимоиеро ҷудо месозад, ки муайянкунанда, асосӣ аст.
Мақоми иҷтимоӣ мавқеи шахсро дар низоми иҷтимоӣ нисбат ба одамони дигар ва умуман ҷомеа дар назар дорад. Асоси мақоми иҷтимоии шахсиятро маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои дар санадҳои юридикӣ таҳкимёфта ташкил медиҳад. Дараҷаи мақоми иҷтимоии инсон на танҳо бо ҳуқуқу озодиҳои ба ӯ додашуда, ҳамчунин бо имкониятҳои амалисозии онҳо, ки ҳолати воқеии инсонро тавсиф мебахшанд, муайян карда мешавад. Чунин категорияҳои одамоне ҳастанд, ки мақоми иҷтимоии онҳо ҳифзи махсусро мехоҳад, масалан, нафақагирон, кӯдакон, одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва ғайра. Дараҷаи амалишавии ҳуқуқҳои инсон нишондиҳандаи қонеъмандии талабҳои ҳаётии худи инсон ва ҷомеа мебошанд.
Реклама