1. Моҳияти ҳуқуқи ташкили оила. Ҳуқуқи ташкили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ аст. Ҳуқуқи ташкили оила ва зери ҳимояи давлат қарор доштани оила дар Конститутсияи соли 1977 таҳким ёфта буд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон (соли 1994) ба муносибатҳои оилавӣ ду модда (моддаҳои 33 ва 34) бахшида шудааст. Давлат уҳдадор шудааст, ки оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳифз кунад.
Мутобиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни никоҳ расидан шарти ягонаи аз тарафи мард ва зан пайдо кардани ҳуқуқ барои озодона бастани аҳди никоҳ аст. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон баробарҳуқуқанд. Якникоҳӣ принсипи асосии ташкили оила мебошад.
Бисёрникоҳӣ манъ аст.
Расми 9. Ҳуқуқи ташкили оила
Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудани меъёре, ки тибқи он модар ва кӯдак зери парастории махсуси давлат мебошанд, ба зиммаи давлат барои рушди соҳаи иҷтимоӣ масъулияти бузург мегузорад.
Ин масъулиятнокӣ аз таҳияи чорабиниҳое иборат аст, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри мустаҳкамшавии оила, ҳифзи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла модар ва кӯдак нигаронида шудаанд.
Мусаллам аст: инъикоси ин меъёрҳои конститутсионӣ тасдиқ мекунад, ки дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти мутобиқи категорияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1966) ва ғайра истифода шудаанд.
Чунончи, дар моддаи 10-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гуфта шудааст: ба оила ки, ячейкаи табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, аз рӯйи имконият ҳимоя ва ёрии аз ҳама пурвусъат расонида шавад. Никоҳ бояд бо ризоияти озодонаи тарафҳои ақди никоҳкунанда баста шавад.
Дар ин санад ҳамчунин қайд гардидааст, ки модарон вақти ҳомиладорӣ, то таваллуд ва баъди таваллуди кӯдак бояд зери парастории махсус бошанд.
Кӯдакон аз истисмори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд ҳимоя карда шаванд. Дар моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар карда шудааст: “Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд”.
Паҳлуҳои ҷудогонаи принсипҳои ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои наврасон дар як қатор эъломияҳои Созмони байналмилалии меҳнат таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла, дар Конвенсияи СБМ №103 “Дар бораи ҳимояи модарӣ” пешбинӣ шудааст, ки давомнокии рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд камаш 12 ҳафта буда, давраи ҳатмии рухсатии баъди таваллудро фаро мегирад.
Дар дигар конвенсияҳои дахлдории ин созмон синну соли минималии қабул ба кор муайян карда шудааст. Дар соҳаи кишоварзӣ он аз 14-солагӣ ва дар дигар ҳолатҳо аз 15-солагӣ муқаррар гардидааст. Мутобиқи дигар ҳуҷҷати меъёрии ин созмон – Конвенсияи №90 “Дар бораи меҳнати шабонаи наврасон дар саноат” ба корҳои шабона дар саноат ҷалб кардани наврасони то 18-сола манъ карда шудааст.
2. Ҳуқуқи ташкили оила. Никоҳ асос ва пояи ташаккули оила маҳсуб шуда, дар ақд ризоияти дуҷониба ва ихтиёрии он барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила аҳаммияти фавқулода дорад.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои никоҳ, бо розигии дуҷонибаи марду зан бастани ақди никоҳ ва ба синни никоҳ расиданро ҳамчун эътирофшуда муқаррар кардааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷомеа донис- та, зери ҳимояи давлат қарор доштани онро эълон кардааст. Мутобиқи Конститутсия ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад, мардон ва занони ба синни никоҳ расида метавонанд озодона ақди никоҳ банданд. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ шавҳар ва зан баробарҳуқуқанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бис- ёрникоҳиро манъ мекунад. Ҳифзи оила, модарӣ ва кӯдакӣ дар сатҳи афзалиятмандии сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ дастгирии иҷтимоии оила маҳсуб мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки модар ва кӯдак зери ҳимоя ва парастории давлат қарор доранд. Ин муқаррароти Конститутсия далели он аст, ки тавлиди кӯдак ва никоҳ на танҳо кори шахсӣ, балки чун кори аҳаммияти калони ҷамъиятидошта дастгирии давлатро тақозо доранд.
Ҳимоя ва кумак ба оила, модар ва кӯдак дар санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ зикр шудааст.
Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак барои занҳои машғули фаъолияти меҳнатӣ, ки дар қонунгузории меҳнатии мамлакат пешбинӣ шудааст, аз ҷумлаи чораҳои ҳуқуқии бевосита ба ҳифзи модарию кӯдакӣ нигаронидашуда мебошад. Давомнокии рухсатӣ, кумаки пулие, ки ҳангоми рухсатӣ, дода мешавад, ҳуқуқӣ бозгашт ба ҷойи аввалаи кор баъди рухсатӣ омили муҳимми дастгирии иҷтимоии модар ва кӯдак маҳсуб мешаванд.
Қонунгузорӣ ҳифзи махсуси ҳуқуқҳои меҳнатии занон ва фароҳам овардани шароитҳои зерини муътадили меҳнатии ҷавобгӯйи хусусиятҳои физиологии занонро таъмин менамояд.
Реклама