§ 33. ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ

1. Ҳуқуқ ба манзил: мафҳум, аҳаммият. Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 36) муқаррар шудааст, ки ин ҳуқуқ бо роҳи амалӣ сохтани сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда мешавад. Дар моддаи 22-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии манзили шахсият (ҳуқуқи шахсӣ) таъкид шудааст.

Таъминот бо манзили кофӣ ба сифати яке аз талабҳои асосии қонунии инсон баррасӣ мешавад.

Таъмини дастрасии оби ошомиданӣ ва меъёрҳои санитарӣ талаби асосиест, ки бевосита ба ҳуқуқ ба манзил алоқаманд мебошад. Манзили кофӣ маънии ҳимояи зарурии ҳаёти шахсӣ, манзили барои зиндагӣ зарурӣ, амнияту рӯшноӣ ва ҳавотозакунаки зарурӣ бояд дастраси шаҳрвандон бошад.

Дар банди 1-и моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: “Ҳар як инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои нигоҳдории сиҳатӣ ё дигар ҳолатҳои маъмурият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ ба вуҷуд меоянд, ҳақ дорад”. Дар банди 1-и моддаи 11-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омадааст: “Давлатҳои иштирокдори ин Паймон ҳуқуқи ҳар касро ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилааш, ки ғизо, либос ва манзили кофӣ ва муттасил беҳшавии шароити зиндагиро фаро мегирад, эътироф менамоянд”. Ғайр аз ин, ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи ҳар кас ба манзили кофӣ дар Конвенсияи пешрафти иҷтимоӣ ва рушд (соли 1969) ва Конвенсияи Ванкувер дар бораи мавзеъҳои аҳолинишин (соли 1976) тасдиқ карда шудааст. Дар моддаи 14-и Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 25 октябри соли 1993 тасдиқ кардааст, сухан дар бораи барҳам додани ҳамаи навъҳои маҳдудсозии ҳуқуқҳои занон дар ноҳияҳои деҳотӣ ва таъмин намудани занон бо шароити зарурии зиндагӣ, алалхусус шароити манзилӣ, шароити санитарӣ ва таъмин намудан бо қувваи барқ ва об меравад.

Дар моддаи 27-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак сухан дар бораи ҳуқуқҳои махсуси манзили кӯдакон меравад, ки ҳамчун ҳуқуқҳои волидайн ва дигар ашхоси тарбияткунандаи кӯдак дар таъминот бо ғизо, либос ва манзил дар назар дошта мешавад.

2. Таъмини иҷрои ҳуқуқ ба манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ҳуқуқҳои дигари инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба шаъну эътибори инсонӣ, ҳуқуқ ба дараҷаи арзандаи ҳаёт, ҳуқуқ ба интихоби озодонаи ҷойи зист, ҳуқуқ ба озодии фикр ва ассотсиатсияҳо, ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ ва ғайра барои амалисозӣ, истифода ва соҳибихтиёрии ҳуқуқ ба манзили кофӣ шарти зарурӣ ба шумор мераванд. Дар айни замон мавҷудияти дастрасӣ ба манзили бехавф ба одамон имконияти истифодаи дигар ҳуқуқҳоро низ медиҳад. Таъмини ҳуқуқ ба манзил асоси боэътимоди истифодаи дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминот бо манзил асосан бо роҳи ҷалб кардани воситаҳои пулии давлатӣ, шаҳрвандон, ташкилот ва корхонаҳо барои сохтмони манзил ба амал меояд.

Ташкилоту корхонаҳои фонди манзилӣ дошта кормандони худро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун бо манзил таъмин мекунанд.

Дар айни замон сохтмони хусусии манзил хеле вусъат пайдо кардааст.

Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини муътадили ҳуқуқ ба манзилро тавассути чораҳои махсус, ки дар дахлнопазирии манзил, раво набудани маҳрум кардан аз манзил, шакли судии ҳифзи ҳуқуқҳои манзилӣ ифода мегардад, дар назар дорад.

Зери мафҳуми дахлнопазирии манзил роҳ надодан ба ҳодисаҳои зада даромадан ба манзил дар назар аст. Зада даромадан ба манзил танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, мувофиқи нишондоди қонун раво аст.

Қонунгузории амалкунанда ду ҳолати аз манзил маҳрум кардани соҳиби онро пешбинӣ менамояд: агар манзиле, ки дар он одам зиндагӣ мекунад, дар ҳолати садамавӣ қарор дошта бошад; агар шахс онро бо вайрон кардани тартиботи муқарраршуда гирифта бошад.

Аз манзил берун кардани шаҳрванд бо надодани манзили дигар дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:

  1. Агар соҳибхона ва аъзои оилаи ӯ ва дигар ашхоси якҷоя бо онҳо зиндагикунанда ба таври доимӣ манзилро нообод созанду вайрон кунанд (дағалии беасос, баланд кардани овози радио, телевизор ва магнитофон баъди соати 23-и шаб, ғоратгарӣ ва ғайра) ва чораҳои огоҳию таъсиррасонии ҷамъиятӣ ба онҳо асаре нарасонад.
  2. Агар вай манзилро мувофиқи таъйинот истифода накунад ва чораҳои огоҳсозию таъсиррасонӣ натиҷаҳои мусбат надиҳанд, ҳамчунин, истифодаи манзил чун анбор, мағоза, ҷойи хизматрасонии коммуналӣ – дар ин ҳолатҳо масъалаи аз манзил берун кардани шаҳрванд бе додани манзили дигар ба миён меояд.
  3. Агар онҳо бо вайронкунии доимии қоидаҳои хобгоҳ дар хона ё бино якҷоя зиндагӣ кардани дигар шаҳрвандонро имконнопазир гардонанд ва чораҳои огоҳсозию таъсиррасонии ҷамъиятӣ натиҷаҳои мусбат ба бор наоранд. Чун қоида, дар чунин ҳолатҳо соҳиби хона огоҳ карда мешавад, то ки минбаъд қоидаҳои иқомати якҷояро вайрон накунад. Агар ин огоҳсозиҳо натиҷае набахшанд, соҳиби манзил ва аҳли оилаи ӯ мувофиқи тартиботи судӣ аз ин манзил бе додани манзили дигар берун карда мешаванд.
  4. Агар волидайн аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум гардида бошанд ва зиндагии якҷоя бо кӯдакон, имконнопазир дониста шуда бошад. Он гоҳ ба манфиати кӯдакон одамони манфиатдор (мақомоти васоят ва парасторӣ ва дигарон) ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ин волидон бе додани манзили дигар аз ин манзил берун карда шаванд.
  5. Ба ҷуз ин ҳолатҳо берун кардани шаҳрвандон аз манзил мувофиқи тартиботи зерин мумкин аст:

а. Агар соҳиби манзил онро худсарона бозсозӣ карда, тарҳи хонаро дигаргун сохта бошаду ин амали ӯ барои ҳаёти дигар бошандагони бино хавф орад ва ба шакли аввала баргардондани ҳолати хона имконнопазир бошад;

б. Дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ дониста шудани ҳуҷҷати (ордери) манзил, ки шахс онро бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтааст;

в. Агар иҷоранишин баъди огоҳсозӣ хонаро озод накарда бошад;

г. Агар истиқоматкунандаи муваққатӣ озод кардани хонаро рад кунад.

Дар ҳолатҳои дигар истиқоматкунанда ва аъзои оилаи ӯ мувофиқи тартиботи судӣ бо додани манзили дигар аз ин манзил берун карда мешаванд. Чунин ҳолатҳо ҳангоми вайрон кардани бино, дигаргунсозии он, дар сурати қатъ гардидани қарордоди меҳнатӣ бо ташкилот ва корхонае, ки манзил додааст ва ғайра ба амал меоянд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳуқуқи ҳар кас ба манзил чӣ маъно дорад? Чаро ҳуқуқ ба манзил ҳуқуқи иҷтимоист?
  2. Санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва миллиеро номбар кунед, ки ҳуқуқи манзилро кафолат медиҳанд.
  3. Чаро таъмин кардан бо манзил яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон маҳсуб мешавад?
  4. Аз алоқамандии ҳуқуқ ба манзил бо дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мисолҳо оред.

Реклама