2. ВАЗИФАИ ҲИФЗИ ВАТАН ВА МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Ҳуҷҷатҳо дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ. Барои одамон хонаашон пеш аз ҳама Ватан аст. Вай чун модари ягона так- рорнашаванда мебошад. Чунон ки модарро интихоб намекунанд. Ватан ҳам интихобнашаванда аст. Ҳифзи Ватан ҳам ҳифзи хонаи худ ба шумор меравад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Чунин қонун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2005 “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мебошад.

Қонуни мазкур муносибати вобаста ба иҷрои уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим бахшида, салоҳиятҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа муайян менамояд.

Тартиби иҷрои хизмати ҳарбӣ. Уҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар назар дорад: дар қайди ҳарбӣ будан; ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ; даъват (дохил шудан) аз ҷумла даъват ба ҷамъомадҳо ва гузаштан аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳангоми эҳтиётӣ будан, омӯзиши ҳарбӣ дар давраи ҷанг.

Аз уҳдадории ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озоданд: мардҳои аз 16сола хурд ва аз 60-сола калон, занҳои аз 18-сола хурд ва аз 50-сола калон; онҳое, ки ба сабаби вазъи саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ ношояманд.

Ҷавобгарии шаҳрванд ё шахси мансабдор барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”. Шаҳрванди бо даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ дар муҳлати нишондодашуда ба сабаби узрнок ҳозирнагашта аз хизмати ҳарбӣ саркашикарда ҳисобида шуда, дар ҳолатҳои вобаста ба ҳалли масъала оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, инчунин озодшавӣ, ё озодшавии муваққатии ғайриқонунӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ гирифта барои саркашӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва дар ҳолатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Сабабҳои узрноки ҳозир нашудан бо даъвати (даъватномаи) комиссариати ҳарбӣ дар мавриди тасдиқи ҳуҷҷатии сабабҳои ҳозир нашудан инҳо мебошанд: беморӣ ё маъюбии шаҳрванд, ки боиси гум кардани қобилияти корӣ гаштаааст; вазъияти вазнини саломатӣ ё фавти (ҳалокатӣ) хеши наздик ё падархонди ин шаҳрванд, монеъ гардидани офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои ба иродаи шаҳрванд вобастанабуда, ки ӯро аз имконияти дар муҳлат ба ҷойи нишондодашуда ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ маҳрум сохтаанд; дигар ҳолатҳое, ки комиссияи давлатӣ ё суд онҳоро чун сабабҳои узрнок эътироф кардаанд. Ашхоси ба саркашӣ кардани шаҳрванд аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ кумакрасонида, ҳамчунин, ба иҷрои уҳдадории умумии ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрванд монеъшаванда ё вазифаҳои бо ин қонун муқарраргардидаро иҷронакарда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ташкили бақайдгирии ҳарбӣ. Шаҳрвандон вазифадоранд дар қайди ҳарбӣ истанд, ба истиснои инҳо: онҳое, ки бо қонуни мазкур аз уҳдадории умумии ҳарбӣ озод карда шудаанд, шаҳрвандони ҷинси зан, ки ихтисоси ҳарбии баҳисобгирӣ надоранд; онҳое, ки дар шакли маҳрумият аз озодӣ ҷазои ҷиноятиро аз сар мегузаронанд; онҳое, ки аз синни эҳтиётӣ будан гузаштаанд; занҳои соҳиби ихтисоси ҳарбӣ-баҳисобгирӣ буда, вале бештар аз 3 кӯдакдошта. Бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомат ба амал бароварда мешавад. Дар мавзеъҳои аҳолинишине, ки комиссариатҳои ҳарбӣ нестанд, бақайдгирии ибтидоии ҳарбиро ҷамоатҳо ба ҷо меоранд.

Мутобиқи қонун шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайдбуда ё онҳое, ки вазифадоранд дар қайд бошанду ҳуқуқи муваққатан озодшавӣ ё озодшавии батамом аз даъвати ҳарбӣ надоранд, барои даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сифати аскари қаторӣ ё ҳайати сержантӣ вазифадор дониста мешаванд.

Хизмати ҳарбӣ. Хизмати ҳарбӣ навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ аст, ки дар иҷрои бевоситаи вазифаҳои конститутсионӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ифода ёфта, аз инҳо иборат аст:

а) хизмати ҳарбӣ бо даъват дар вазифаҳои аскар ё сержантҳо;

б) хизмати ҳарбӣ мувофиқи тартиботи ихтиёрӣ дар вазифаи прапоршикҳо;

в) хизмати ҳарбӣ бо даъват ва мувофиқи тартиботи ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати афсарон;

г) хизмати ҳарбии занон мувофиқи тартиботи ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо, прапоршикҳо ва ҳайати афсарон;

ғ) хизмати ҳарбии курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ.

Шахси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда дар қувваҳои мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо карда наметавонад.

Аз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

Муҳлати хизмати ҳарбӣ. Муҳлатҳои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ чунин муқаррар шудааст: барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро бо даъват дар вазифаҳои аскарон ва сержантҳо ба ҷо меоранд, 24моҳ ва барои онҳое, ки таҳсилоти олӣ доранд, 12-моҳ. Оғози хизмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда рӯзи аз комиссариати ҳарбӣ барои фиристодан ба ҷойи хизмат маҳсуб мешавад.

Шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ қабулшуда ва ё аз хизмати ҳарбӣ нагузаштаву бори аввал ба ҷамъомади ҳарбӣ даъватшуда дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ савганд ёд мекунад.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон. Ҷангҳо дар ҳамаи давру замонҳо буданд, аммо ҳазорҳо сарбоз – муҳофизи Ватан низ буданд, ки барои Ватани худ ҷони хешро дареғ намедоштанд. Торумор кардан ва рондани душман ҳамеша вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар дониста мешуд. Бо боварии том метавон гуфт, ки дар ин лаҳзаҳо онҳоро фақат як чиз – муҳаббат ба Ватан ба корномаҳо ҳидоят менамуд.

Дар тарбияи ватандӯстии одамон шоирону нависандагон нақши муҳим мебозанд. Дар Низомнома дар бораи Суруди миллӣ қайд шудааст, ки аз ёд донистани он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд аст.

Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”

Ба ин тариқ, хизмати ҳарбӣ вазифаи конститутсионӣ ва қарзи ахлоқии ҳар як ҷавонмарди уҳдадории ҳарбӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин занҳоест, ки ба онҳо мувофиқи тартиботи ихтиёрӣ ҳуқуқи ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ дода шудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Хизмати ҳарбӣ барои чӣ лозим аст?
  2. Дар бораи вазифаҳои шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ оид ба қайди ҳарбӣ нақл кунед.
  3. Шумо мафҳуми “ватандӯстӣ”-ро чӣ тавр мефаҳмед?
  4. Хизмати ҳарбӣ чист?

Реклама