§ 19. ҲАЁТИ ХУСУСӢ

1. Тавсифи умумии ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ. Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёт яке аз ҳуқуқҳои шахсии инсон аст. Дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ мафҳуми умумӣ буда, дахлнопазирӣ ба тарафҳои гуногуни ҳаёти шахсиро дар назар дорад.

Ҳаёти хусусӣ соҳаи махсуси фаъолияти ҳаётии инсон аст, ки аз ҷониби худи инсон мувофиқи эътиқоди ботини ӯ назорат карда шуда, мақсади қонеъ гардонидани талабҳои шахсии ӯ аст.

Ҳаёти хусусӣ соҳаи аз шахсият ҷудонопазирест, ки одам қоидаҳои худро муқаррар карда, қарорҳо қабул менамояд. Ҳама гуна дахолат ба ҳаёти шахсии инсон танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси қонун ва қарори махсуси суд имконпазир аст.

Ҳар як одам одатҳо, некбинию бадбиниҳо, тарафҳои сусти характер, сир, нақшаҳо, шуғлҳои дӯстдошта ва ғайра дорад, ки бо мафҳуми ҳаёти хусусӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳаёти хусусиро ҳар кас дорад, вале оё ӯ мехоҳад, ки ин тарафи ҳаёташ ба ҳама маълум бошад?

Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ҳуқуқ аст, на вазифа. Зӯран зада даромадан ба манзил, дахолат кардан ба ҳаёти хусусӣ барои ҳеҷ кас мумкин нест. Давлати демократии ҳуқуқбунёд на танҳо ба ҳаёти хусусии шахс дахолат намекунад, балки вазифадор аст, ки онро аз тааррузи ғайриқонунӣ ҳимоя кунад.

Ҳуқуқи инсон ба муошират пеш аз ҳама маънии иштироки ӯ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамкорӣ ва нигаҳдории муносибатҳо бо дигар одамон, алалхусус, дар соҳаи эҳсосотӣ, барои рушд ва худтатбиқкуниро дорад. Дар ин маврид низ рафтори ӯ набояд ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусии дигар одамонро халалдор гардонад.

Дар бисёр мамлакатҳо маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ бо қонунгузорӣ ба танзим дароварда шудаанд. Қонунбарор кӯшиш менамояд, ки байни амалисозии ҳуқуқи инсон ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ва манфиатҳои давлат созишу мусолиҳа пайдо карда, ҳамчунин мақомоти давлатиро аз ошкорсозии сирри давлатию ҳарбӣ эмин дорад.

2. Асоси меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ. Баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳангоми ислоҳотбахшии низоми давлатии мамлакатҳои аврупоӣ дар конститутсияҳо ишораҳо оид ба ҳаёти хусусии инсон пайдо шуданд.

Ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ҳеҷ як фард дахолати худсарона намудан ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, шараф ва обрӯи ӯ худсарона суиқасд кардан мумкин нест. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки дар мавриди чунин мудохила ё суиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд.

Моддаи 12-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Хоҳиши ҳар инсон ва ҳар як оила бобати дар назари дигар одамон ба таври мусбат вонамуд шудан ва пинҳон доштани маълумотҳо дар хусуси далелҳо ва ҳодисаҳое, ки метавонанд обрӯи ӯро (онҳоро) резонанд, комилан табиӣ аст. Вале аз ҷониби дигар, маҳз ҳамин далелҳо ҳамеша таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб мекунанд.

Фикр кунед, оё байни озодии ахбори умум ва сирри шахсию оилавӣ ҳудуде вуҷуд дорад?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёти хусусии одамро таҳким бахшидааст. Мувофиқи қисми 2-и моддаи 23-и Конститутсия “дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”. Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар ҷаҳони имрӯза бе истифода воситаҳои нави алоқа зиндагӣ кардан маънӣ надорад. Вазифаи асосии давлат фароҳам овардани шароите мебошад, ки ахбори бо шабакаҳои алоқа додашаванда аз ҷониби дигарон истифода бурда нашавад. Табиист, ки ҳуқуқи инсонро ба маҳрамияти шахсию оилавӣ, сирри муросилоту мухобирот комилан мутлақ шуморидан нашояд. Давлат далелҳои ҷинояткорона, фаъолияти зиддиҳуқуқии инсонро махфӣ нигоҳ дошта наметавонад. Баъзан бар асоси қарори мақомоти судӣ, вақте оид ба парвандаи ҷиноятӣ гирифтани далелҳои фошкунанда лозим меояд, маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба маҳрамияти мукотибот, гуфтугӯҳои телефонӣ, мухобироти почтавию телеграфӣ ва ғайра мумкин аст.

Ҷадвали муайянкунандаи мафҳуми “ҳаёти хусусӣ”-ро бодиққат омӯзед. Шумо ба соҳаи ҳаёти хусусӣ боз чиро дохил карданиед? Оё ҳисобҳои бонкӣ, сирри духтурӣ, иттилоот аз адвокат ё нотариус ҳаёти хусусии инсон шуда метавонанд?

Касе ҳақ надорад, ки ба манзил бар хилофи иродати одамони дар он зиндагикунанда, ба ҷуз ҳолатҳои муқарраркардаи қонун ё дар асоси қарори суд, дарояд.

Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Моддаи 22-Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи инсонро ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ кафолат медиҳанд. Чунончи, Кодекси ҷиноятӣ барои дахолати ғайриқонунӣ ба ҳаёти хусусӣ ҷазо пешбинӣ менамояд. Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дахлнопазирии манзил ва маҳрамияти мукотиботро кафолат медиҳад: “Кофтуков, кашида баровардан, азназаргузаронии ҷойи истиқомати шаҳрвандон, ҳабс кардани мухобирот ва ёфта баровардани онҳо аз муассисаҳои почтавӣ-телеграфӣ танҳо дар асос ва мувофиқи тартиботи муқарраркардаи кодекси мазкур мумкин аст” (моддаи 7). Дар Кодекси оилавӣ муносибатҳои дохили оила ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии он муайян карда шудааст. Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ” (соли 1998), ҳамчунин, муқаррар гардидааст, ки мақомот метавонанд чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйиро ба амал бароранд аз усулҳои гуногуни ҷамъоварии ахбор, ки ҳаёти хусусии шаҳрвандонро маҳдуд месозанд, истифода кунанд. Инҳо назорати маводди бо почта фиристодашаванда, мухобироти телеграфӣ шунидани гуфтугӯҳои телефонӣ ва ғайра, мебошанд. Вале асос барои маҳдудсозии махфияти алоқаи почтавӣ танҳо қарори суд аст.

Вайронкуниҳои асосии ҳуқуқҳои инсон ба ҳаёти хусусӣ инҳоянд: вайрон кардани ҷудонопазирии шахс ё дахолат ба корҳои шахсии ӯ (шунидан, ба даст овардани гуфтугӯҳои телефонӣ ё тафтиши мукотибот, ошкор сохтани маълумоти моҳияти шахсӣ дошта, ки аз назари шахс ба нуфузи ӯ дар ҷомеа таъсири номатлуб меоваранд ё боиси диққат ва ғаму андуҳи ӯ мешаванд; истифодаи ном ё тасвири шахс ба манфиати оне, ки аз вай истифода мебарад, дар навбати аввал бо мақсади гирифтани фоидаи тиҷоратӣ).

Ҷадвалро бодиққат омӯзед. Кадом ашхоси мансабдор ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ҳақ доранд, ки ба манзил дароянд?

3. Ҳаёти шахсии кӯдак. Таъмини ҳуқуқҳои кӯдак яке аз масъалаҳои муҳимтарини инсоният аст. Конвенсия дар барои ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989) ҳуҷҷати махсусест, ки пурра ба ҳуқуқҳои кӯдак бахшида шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯдаконро соҳиби ҳамаи ҳуқуқҳое эътироф кардааст, ки ба калонсолон дода шудаанд, аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ.

Дар моддаи 3-и Конвенсия омадааст, ки ҳамаи амалиёт нисбат ба кӯдак бояд тамоми манфиатҳои ӯро ба эътибор гирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ ва оила, модарӣ ва кӯдакӣ зери ҳимояи давлатанд. Қонунгузории мамлакат, ҳамаи мақомати давлатӣ вазифадор шудаанд, ки дар навбати аввал ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак ба зиндагӣ кардан ва тарбия гирифтан дар оила, ҳуқуқи муошират ба ҳар ду волид, бобоҳо, бибиҳо, бародарон, хоҳарон ва дигар хешовандон, ҳамчунин ҳуқуқ ба дахлнопазирӣ ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ мусоидат кунанд.

Касе наметавонад дахлнопазирии манзили кӯдакро вайрон кунад, ғайриқонунӣ ба манзил даромадан ҷиноят аст.

Кӯдак ба ҳимояи қонун аз чунин мудохилот ва таарруз ҳақ дорад, масалан, қонунгузории ҷиноятӣ сирри падархонд доштани кӯдакро аз дигар шаҳрвандон ҳимоя мекунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Зери мафҳуми «ҳуқуқи инсон ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ» чиро мефаҳмед?
  2. Ҳаёти хусусӣ чист?
  3. Ба андешаи шумо, оё танқид кардани камбудиҳои дигарон дахолат ба ҳаёти шахсӣ аст?
  4. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таҳкимбахшандаи ҳуқуқи инсонро ба ҳаёти хусусӣ номбар кунед.
  5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёти хусусиро ҳимоя карда, ҳифзи судии онро кафолат медиҳад. Вале оё мо чунин шуморида метавонем, ки ҳимояи ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ вазифаи танҳо давлат аст?

Реклама