1. Мафҳум ва аҳаммияти ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ. Ҳуқуқ ва озодиҳо аз ҷониби одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, амалӣ гардонида мешаванд. Озодиҳои сиёсӣ дар низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун хусусияти ҷудонопазири ҷомеаи мутамаддин баромад мекунанд.
Мавҷудияти давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бе ташаккули ақидаҳо ва арзишҳои сиёсӣ, бе иштироки бошууронаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ имконнопазир аст.
Ҳуқуқҳои сиёсӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳад, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣсиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ иштироки озоду васеъ дошта бошад.
Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ шарти ҳатмии амалишавии ҳамаи дигар ҳуқуқ ва озодиҳо мебошанд.
Ҳар як инсон маҷмӯи томи ҳуқуқ ва озодиҳои гуногунро амалӣ месозад, вале ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсиро асосан шаҳрвандони давлатҳои муайян доранд, яъне мавҷудияти онҳо ба манфиати шаҳрвандӣ вобаста аст.
Амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ бо сохти давлатию ҷамъиятӣ, моҳияти идоракунии давлат, режими сиёсӣ дар мамлакат алоқаманд аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ чун ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) ҳар кас мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро тавсиф мебахшанд.
Ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқ дорад, дар чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои сиёсӣ ширкат варзад, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил шавад ва ғайра.
Ба андешаи шумо, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ инфиродианд ё дастаҷамъӣ?
Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам инфиродӣ ва ҳам дастаҷамъӣ мешаванд. Бисёр ҳуқуқҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрванд ба таври инфиродӣ амалӣ мегарданд, шахсан ба ӯ имконият фароҳам меоранд, ки дар сиёсат фаъолона иштирок кунад, масалан, ҳуқуқи интихоб кардан, додани овози худ дар интихобот ё раъйпурсӣ, ба хизмати давлатӣ дохил шудан ва ғайра. Ҳуқуқҳои сиёсии дастаҷамъӣ, чун қоида, ақидаҳои сиё- сии рӯҳи одамонро таҷассум карда, тавассути амалҳои дастаҷамъӣ татбиқ мегарданд, масалан, таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили намоиши осоишта ва иштирок дар онҳо ва ғайра.
Гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ҳуқуқи халқҳо (миллатҳо), ақаллиятҳои миллӣ мебошанд. Масалан, байни ҳуқуқҳои муҳимтарини сиёсӣ ҳуқуқи халқҳоро ба худмуайянкунӣ ҷудо мекунанд. Тибқи моддаи 1-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ «Ҳамаи халқҳо ба таъйини сарнавишти худ ҳақ доранд. Дар асоси ҳамин ҳақ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона таъмин менамоянд».
Аз ҳуқуқи худмуайянкунӣ истифода карда, бисёр халқҳои ҳудуди сукунаташон дар ҳайати давлатҳо, масалан, дар Британияи Кабир (Уэлс, Шотландия, Ирландияи Шимолӣ), Федератсияи Русия (вилояти мухтори Яҳудистон, округи мухтори Чукотка, округи мухтори Эвенкия ва ғайра) баъзе мухториятҳо доранд. Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шудааст.
Ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ дар Эъломияи СММ дар бораи додани мустақилият ба мамлакатҳо ва халқҳои мустамлика (соли 1960) таҳким бахшида шудааст. Тибқи моддаи 2-и ҳуҷҷати мазкур «ҳамаи халқҳо ҳаққи худмуайянкунӣ доранд; дар асоси ин ҳуқуқ онҳо озодона мақоми сиёсии худро муқаррар карда, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба амал мебароранд».
Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрванд мутлақ нестанд ва дар асоси қонун метавонанд маҳдуд карда шаванд. Масалан, ҳуқуқҳои озодона баён кардани фикри худ бо мақсади эҳтироми ҳуқуқҳо ва нуфузи дигар одамон ҳамчунин ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва маънавияти аҳолӣ метавонад то андозае маҳдуд карда шавад.
Ба ин тариқ, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ аҳаммияти махсус доранд, зеро онҳо ба мустаҳкам кардани алоқаи шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат нигаронида шуда, мақсадашон роҳ надодан ба бетафовутии шаҳрвандон ба тақдир ва фаъолияти мамлакати худ мебошад.
2. Низоми ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ. Ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ байни ҳамдигар алоқаманд буда, низоми ягонаро ташкил медиҳанд.
Моддаҳои зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат омӯзед. Дар онҳо мушаххасан кадом ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳким бахшида ва кафолат дода шудаанд?
Дар асоси мундариҷаи фаъолияти шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дар ин гурӯҳи ҳуқуқҳо навъҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст:
Ҳуқуқҳои сиёсӣ ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон зич алоқаманданд, вале аз онҳо пеш, аз ҳама, бо он фарқ мекунанд, ки ба иштироки шаҳрвандон маҳз дар ҳаёти сиёсии давлат ва ҷомеа нигаронида шудаанд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ бар фарқ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ на барои таъмини озодиҳои инфиродию мухторияти шахсият, балки барои зоҳиршавии ӯ ба сифати иштирокдори фаъоли раванди сиёсӣ равона гардидаанд.
Амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ва фаъолияти муасири онҳо дар идораи корҳои давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои ташаккули давлати демократӣ ва барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Реклама