§ 9. ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ВА ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

1. Давлати ҳуқуқбунёд: мафҳум, унсурҳо, аломатҳо. Ғояҳои инсондӯстӣ, адолатнокӣ, зарурати эътироф ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон барои пайдоиш ва инкишофи назарияи давлати ҳуқуқбунёд муайянкунанда гаштанд. Проблемаи давлати ҳуқуқбунёд, ки бисёр вақт бо номҳои “давлати қонунгузорӣ”, “давлати тартиботи ҳуқуқӣ” ва ғайра низ ёд мешавад, таваҷҷуҳи одамони пешқадам, мутафаккирони дунёи қадим, асрҳои миёна ва замони ҳозираро ҳамеша ба худ ҷалб мекард ва мекунад.

Олими Юнони қадим Арасту таъкид мекард, ки “қонун бояд ба ҳама ҳукмронӣ кунад”. Арбоби сиёсии Рим Ситсерон низ принсипи ҳуқуқиеро баён карда буд, ки тибқи ин бояд ҳама зери таъсири қонун қарор мегирифтанд, на танҳо баъзе шаҳрвандони алоҳида.

Ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар асрҳои XVIII-XIX дар асарҳои Ҷ. Локк, Ш. Монтескйе, Ж. Руссо, Э. Кант ва олимони дигар инкишоф дода шуданд. Чунончи, файласуфи бузурги Олмон Эммануил Кант барои давлат зарурати такя овардан ба қонун ва тибқи он амал карданро таъкид намудааст. Агар давлат худро аз принсипи мазкур, аз риояи ҳуқуқу озодиҳо канор гирад ва ҳимояи қонунҳоро таъмин накунад, вай ногузир эҳтирому боварии шаҳрвандони худро аз даст медиҳад, онҳоро ба шуғлҳои нисбат ба худ дар мавқеи мухолиф қароргирифта водор месозад.

Файласуфон ва ҳуқуқшиносони замони ҳозира давлати ҳуқуқбунёдро чун давлати демократие баррасӣ мекунанд, ки дараҷаи баланди рушди тамаддуни инсониро шиори худ қарор додааст. Ифодаи “давлати ҳуқуқбунёд” маънии робитаи зичи давлат ва ҳуқуқро дорад.

Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар фаъолияти худ бо ҳуқуқ (қонун) вобаста ва маҳдуд аст.

Волоияти ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд маънои волоияти на танҳо қонунҳо, балки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро низ дорад.

Дар давлати ҳуқуқбунёд одам арзиши олитарин маҳсуб мешавад, ҳуқуқу озодиҳои ӯ афзалият дошта, мундариҷаи қонун ва фаъ- олияти мақомоти давлатиро муайян мекунанд.

Давлати ҳуқуқбунёд аз чунин унсурҳои асосӣ таркиб меёбад: афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсон, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, тақсимшавии ҳокимият.

Ба унсурҳои зикршуда чунин аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд мутобиқат мекунанд:

  • волоияти ҳуқуқҳо дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ;
  • эътироф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • тақсимшавии ҳокимият ба қонунбарор, иҷроия ва судӣ ва назорати суди конститутсионӣ;
  • масъулиятнокии байниҳамдигарии шаҳрвандон ва давлат.

Дар давлати ҳуқуқбунёд дар назди қонун ва суди мустақил ҳама баробаранд. Қонунҳо ба адолат асос ёфта, ба ҳимояи озодӣ, шаъну эътибор ва қадру қимати шахсият нигаронида шудаанд.

Давлати ҳуқуқбунёди замони муосир демократиест, ки дар он иштироки халқ дар амалисозии ҳокимият (бевосита ё тавассути намояндагон) таъмин мегардад, фарҳанги ҳуқуқӣ - сиёсии аҳолӣ, ҷомеаи рушдёфтаи шаҳрвандиро тақозо мекунад. Дар давлати ҳуқуқбунёд имконияти дар доираи қонун ҳимоя кардан ва ташвиқу тарғиб намудани ақидаву эътиқодҳои худ кафолат дода мешавад.

Давлати ҳуқуқбунёд масъулиятнокии байниҳамдигарии шаҳрвандон ва давлатро дар назар дорад. Ифодаи масъулиятнокии давлат дар назди шаҳрвандон нигаҳдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният мебошад. Масъулиятнокии шаҳрванд дар назди давлат бо уҳдадориҳои конститутсионии вай муайян мешавад, ки байни онҳо муҳимтаринашон риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо мебошанд.

2. Кафолатнокии ҳуқуқу озодиҳои инсон – аломати давлати ҳуқуқбунёд. Давлати ҳуқуқбунёд на танҳо қонунияти расмиест, ки нигаҳдошти тартиботи ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин мекунад, балки адолати ба эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон асос- ёфта мебошад. Ҳуқуқҳои инсон ва давлати ҳуқуқбунёд зуҳуроти бо ҳам вобастаанд ва яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Конститутсияҳои бисёр давлатҳои демократии замони ҳозира ғояҳои давлати ҳуқуқбунёдро таҳким бахшидаанд. Тибқи моддаи 1-и Конститутсия “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Давлат ба худ уҳдадориҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро мегирад.

3. Принсипи тақсимшавии ҳокимият ва таъмини ҳуқуқҳои инсон. Фаъолияти мақомоти давлати ҳуқуқбунёд ба принсипи тақсимшавии ҳокимият ба рукнҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ асос меёбад. Бе амалишавии принсипи мазкур дар амал ҷорӣ кардани риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ғайриимкон аст. Таърих бисёр мисолҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ, муттаҳидсозии он дар дасти як одам ва ё мақомоти давлатиро медонад, ки ногузир ба беқонунӣ ва вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон оварда расонидаанд.

Дар ҷаҳони имрӯза принсипи тақсимоти ҳокимиятҳо маънои таъмини баробарвазнии ҳамаи рукнҳои ҳокимиятро дорад. Ҳар рукни ҳокимият функсияҳои қатъиян муайянкардаи қонунро ба ҷо оварда, намегузорад, ки рукни дигар аз доираи салоҳиятҳои худ берун баромада, ҳуқуқҳои инсонро поймол созад. Сардори давлат қонунҳои зиддиҳуқуқии ҳокимияти қонунбарорро имзо намекунад, ташкилу фаъолияти ҳокимияти иҷроия зери назорати ҳокимияти қонунбарор аст, ҳокимияти қонунбарор ва сардори ҳокимияти иҷроия дар ташкили ҳокимияти судӣ иштирок мекунанд.

Бо мақсади санҷиши мундариҷаи ҳуқуқии қонунҳо ва давлати ҳуқуқбунёд назорати судии конститутсионӣ амалӣ мегардад, ки функсияҳои онро дар давлатҳои гуногун судҳои олӣ, судҳои конс- титутсионӣ ё шӯроҳои конститутсионӣ (давлат) ба ҷо меоранд. Ҳамаи санадҳои қонунгузории мавриди истифодаи мақомоти ҳокимият бояд ба талаботи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мутобиқат кунанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънӣ, ҳадаф ва мундариҷаи санадҳои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян мекунанд.

Мувофиқи моддаи 9-и Конститутсия, ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипи тақсимоти он ба ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ асос ёфтааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Давлати ҳуқуқбунёд чист?
  2. Унсурҳо ва аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёдро номбар кунед.
  3. Робитаи байниҳамдигарии давлати ҳуқуқбунёд бо ҳуқуқҳои инсон дар чӣ ифода меёбад?
  4. Чаро принсипи тақсими ҳокимиятҳо ба қонунбарор, иҷроия ва судӣ яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд аст?

Реклама