Созмони Милали Муттаҳид: таърихи ташаккулёбӣ ва принсипҳои фаъолият. Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти байналмилалии универсалии соли 1945 бо мақсадҳои зерин таъсисёфта мебошад: дастгири сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; андешидани тадбирҳои пурсамари дастаҷамъона барои пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳо ба сулҳ; бо роҳи мусолимматомез ҳал кардани баҳсҳои байналхақӣ; рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо; амалисозии ҳамкориҳо дар ҳалли проблемаҳои байналмилалии характери иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дошта; дастгирӣ ва инкишоф додани эҳтиром ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии ҳамагон, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин ва ғайра (моддаи 1-и Оинномаи СММ).
Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) бо ташаббуси Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир таъсис ёфтааст. Дар Конференсияи Қрим (соли 1945) дар бораи таъсиси ташкилоти умумии байналмилалӣ барои нигаҳдории суҳл ва амният қарор қабул карда шуд.
Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид. Оинномаи СММ дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ нахустин қарордоди байналхалқиест, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон асос гузошт. Нуктаҳои асосии Оинномаи СММ аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Британияи Кабир ва Чин таҳия гардиданд. Матни ниҳоии Оинномаи СММ дар конференсияи Милали Муттаҳид дар Сан-Франсиско бо иштироки намояндагони 50 давлат мувофиқа карда шуд ва имзои он 26-уми июни соли 1945 ба вуқӯъ пайваст. Оиннома бояд аз ҷониби давлатҳои ба он имзогузошта тасдиқ (ратификатсия) карда мешуд. Муқаррар гардид, ки Оиннома баъди ба маҳфузият супурдани тасдиқномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса, ки мақоми аъзои доимии Шӯрои амниятро соҳиб гардиданд, ҳукми амал пайдо мекунад. Оиннома 24-уми октябри соли 1945 ҳукми амал пайдо кард ва имрӯз санаи таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мегардад.
Оинномаи СММ аз дебоча, 19 боб ва 111 модда иборат аст. Қисми ҷудонопазири Оинномаи СММ Статути Суди байналхалқӣ мебошад. СММ давлатҳоро вазифадор мекунад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро бо мақсадҳои ёрӣ расонидан ба “эҳтирому риояи умумии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин ва ғайра вусъат бахшанд”.
Оинномаи СММ самтҳои асосии рушд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҳуқуқи муосири байналмилалӣ муайян менамояд. Зимнан, талаботи Оинномаи СММ бобати риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба ҳамаи давлатҳо тааллуқ дорад. Оинномаи СММ ҳамаи давлатҳои аъзои СММ-ро вазифадор менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо СММ бо мақсади муваффақ шудан ба эҳтирому риояи ҳамагонии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, бе ягон истисно, кӯшишҳои якҷоя ва мустиқилона кунанд.
Принсипҳои асосии фаъолияти СММ дар моддаи 2-и Оинномаи СММ таҳким ёфтаанд. Онҳо чунинанд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви СММ. Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ташкилоти бонуфузи байналмилалие чун Созмони Милали Муттаҳид гардид. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви СММ, бо муассисаҳои махсуси СММ муваффақона ҳамкорӣ мекунад. Таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо аз ҷониби СММ ҳамчун роҳнамои амалиёт тавсия шудааст. Мамлакати мо ҳамаи санадҳои байналмилалии оид ба ҳуқуқи инсонро имзо карда, онҳоро дар ҳаёт фаъолона татбиқ менамояд.
Мақомоти асосии СММ. Мақомоти асосии СММ инҳоянд: Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои Амният, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Шӯрои васоят, Суди байналмилалӣ ва Котибот.
Ассамблеяи Генералӣ. Аъзои Ассамблеяи Генералӣ ҳамаи аъзои Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешаванд ва ҳар узви СММ дар Ассамблеяи Генералӣ на бештар аз 5 намоянда дорад.
Ассамблеяи Генералӣ буҷети СММ-ро баррасӣ ва тасдиқ мекунад. Вай аъзои ғайридоимии Шӯрои Амният, аъзои Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро интихоб менамояд, мақомоти ёридиҳанда ташкил мекунад, масъалаҳои қабул ба узвияти СММ ва аз он хориҷ кардан, боздошти амалисозии ҳуқуқ ва имтиёзҳои аъзои СММ-ро ҳаллу фасл карда, Муншии умумиро таъйин менамояд.
Ассамблеяи Генералӣ кумитаҳо ва комиссияҳои чи доимӣ ва чи муваққатӣ амалкунанда таъсис дода, фаъолияти худро тавассути онҳо амалӣ месозад.
Корҳои Ассамблеяи Генералӣ оид ба масъалаҳои муҳим бо овоздиҳии аксарият – аз се ду ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ иштирокдоштаи Ассамблея қабул мешаванд. Ба чунин масъалаҳо, аз ҷумла, инҳо мансубанд: даровардани тағйирот ба Оиннома, интихоби аъзои ғайридоимии Шӯрои Амният, интихоби аъзои Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра. Оид ба масъалаҳои дигар қарорҳо бо овоздиҳии одии аксарият қабул мешаванд.
Шӯрои Амният. Давлатҳои аъзои СММ барои таъмини амалҳои фаврӣ ва пурсамар ба зиммаи он масъулияти асосиро баҳри нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ вогузоштаанд. Шӯрои Амният аз 15 давлати аъзо иборат буда, 5-тои онҳо аъзои доимӣ ва 10-тояшон ғайридоими мебошанд ва аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ интихоб карда мешаванд. Аъзои доимии Шӯрои Амният: Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса. Дар айни замон ҷойи Иттиҳоди Шӯравиро дар Шӯрои Амният Федератсияи Русия ишғол менамояд.
Аъзои ғайридоимии Шӯрои Амният ба муҳлати ду сол интихоб мешаванд. Ҳамасола панҷ давлат аз нав интихоб мегарданд. Мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ (соли 1963) ҷойи аъзои ғайридоимӣ чунин тақсим мешавад: аз Африқо ва Осиё – 5 аъзо, аз Аврупои Шарқӣ – 1, аз Амрикои Лотинӣ – 2, аз Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо – 2 ҷой.
Шӯрои Амният ваколатдор аст, ки ҳама гуна баҳс ва ҳама гуна вазъияти ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таҳдидкунандаро тафтиш кунад. Вай мавҷудияти ҳама гуна таҳдид ба сулҳ, ҳама гуна ҳодисаҳои вайрон кардани сулҳро муайян сохта, тавсияҳо медиҳад ё қарор мекунад, ки барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сулҳу амнияти байналмилалӣ чӣ гуна чораҳо дидан лозим аст. Ба ибораи дигар, ҳамаи масъалаҳои марбут ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба салоҳияти Шӯрои Амният тааллуқ доранд. Мутобиқи моддаи 25-и Оинномаи СММ аъзои СММ ба зиммаи худ уҳдадорӣ гирифтаанд, ки ба қарорҳои Шӯрои Амният итоат карда, онҳоро иҷро намоянд. Қарори Шӯрои Амният бо роҳи овоздиҳӣ қабул мешавад. Қарорҳои Шӯрои Амният вақте қабулшуда маҳсуб мегарданд, ки ба ҷонибдории онҳо нуҳ аъзо, бо фарогирии овозҳои аъзои доимӣ, овоз диҳанд. Агар ҳатто як узви доимӣ зид овоз диҳад, қарор қабулнагардида ҳисоб намешавад. Чунин ҳуқуқи аъзои доимии Шӯрои Амниятро ҳуқуқи вето (ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардан) меноманд.
Вето (аз лот. veto – манъ мекунам) – санади боздоранда ё роҳнадиҳанда ба қувваи амал пайдо кардани ягон мақомот.
Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ. Ин шӯро аз ҷумлаи мақомоти асосии СММ буда, аз 54 давлати аъзои СММ иборат аст, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ба муҳлати се сол интихоб гардида, сеяки онҳо ҳар сол аз нав интихоб карда мешаванд.
Вазифаҳои асосии ин мақомот ёрӣ кардан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, шуғли пурраи аҳолӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва маориф, эҳтиром ва риояи ҳамагонии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама мебошад.
Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ-ро амалӣ гардонда, миёнрави робитаи онҳо ба СММ аст.
Ин мақомот ваколатдор аст, ки тадқиқот гузаронида, оид ба масъалаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои инсон маърӯзаҳо тайёр кунад, аз рӯйи онҳо ба СММ, Ассамблеяи Генералӣ ва ташкилоти махсусгардонидашудаи манфиатдор тавсияҳо манзур намояд.
Шӯрои васоят. Мутобиқи Оинномаи СММ Шӯрои васоят вазифаҳои СММ-ро оид ба муносибат ба қаламравҳое, ки бо низоми байналмилалии васоят фаро гирифта шуда буданд, амалӣ месохт. Дар айни замон ба сабаби додани истиқлолият ба ҳамаи қаламравҳои таҳти васоят қарордошта зарурат ба чунин мақомот аз байн рафтааст.
Суди байналмилалии СММ. Ин мақомоти асосии судии СММ, ки тибқи Статут амал менамояд, қисми ҷудонопазири Оинномаи СММ-ро ташкил медиҳад. Аъзои судро Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Амният интихоб мекунанд. Муҳлати ваколати аъзои суд 9 сол бо имконпазирии аз нав интихоб кардан мебошад.
Суд, чун қоида, дар ҳайати пурра ҷамъомад мегузаронад. Салоҳияти суд аз ҳалли баҳсҳои байни давлатҳо, қабули хулосаҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ иборат аст. Мутобиқи Оинномаи СММ чунин хулосаҳоро Ассамблеяи Генералӣ ё Шӯрои Амният, ҳамчунин, дигар мақомоти СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда талаб мекунанд.
Котиботи СММ. Котиботи СММ аз Муншии умумӣ ва кормандоне, ки барои СММ метавонанд зарур бошанд, иборат аст.
Муншии умумӣ шахси асосии мансабдори маъмурии СММ мебошад. Ваколати асосии ӯ аз амалӣ гардонидани фаъолияти иҷрокунандагию фармоишӣ иборат буда, бо татбиқи қарорҳои Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои Амният, инчунин, дигар мақомоти СММ вобаста мебошад. Ба ӯ ҳуқуқ дода шудааст ҳамаи масъалаҳоеро, ки ба андешааш метавонанд ба нигаҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ таҳдид намоянд, ба маълумоти Шӯрои Амният расонад. Ӯ дар ҷамъомадҳои Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои Амният, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дигар мақомоти СММ ширкат меварзад, ғайр аз ин, дар конференсияҳо ва машваратҳои байналмилалӣ иштирок мекунад.
Нақши СММ дар ҷаҳони ҳозира. Дар асри ХХI СММ кӯшишҳо дорад, ки эҳтироми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон воқеӣ гардад. Ин аз якчанд ҳолатҳо бармеояд:
Якум, эҳтироми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби давлат, ҷомеа, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин ашхоси алоҳида гарави эҳтироми ҳар фард, эътирофи шаъну эътибори инсонии ӯ аст. Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон гарави дарки аҳаммиятнокӣ, сифатҳои инфиродӣ, қобилиятнокӣ ва манфиатбахшии худ дар ҷомеа аст. Мутобиқан ба ин аз ҷониби одами алоҳида чунин эҳтиром нисбат ба ашхоси дигар, ҷомеа ва давлат низ бояд зоҳир гардад.
Дуюм, ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон бояд дар ҳама ҷо риоя карда шаванд. Ин аз талаботи Оинномаи СММ бармеояд. Риояи ҳуқуқҳои инсон маънои додани имкониятҳои амал кардан мутобиқи ҳуқуқҳои додашуда, яъне амалисозии имкониятҳои дар қонунгузорӣ таҳкимёфтаро дорад.
Сеюм, таъмини ҳамаҷонибаи амалисозии ҳуқуқҳои инсон.
Аммо бо сабабҳои гуногуни объективию субъективӣ ба давлат муяссар намешавад, ки амалишавии ин ҳуқуқҳоро таъмин кунад. Бинобар ин, давлат вазифаҳои худро, ки аз Оинномаи СММ бармеоянд, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ на ҳамеша иҷро карда метавонад. Ба ин сабаб СММ сиёсати паҳн кардани таҷрибаҳои пешқадаму мусбатро дар соҳаи амалисозии ҳуқуқҳои инсон ба амал мебарорад.
Чорум, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон. Ин маънии содагардонии усул ба воситаҳои ҳифз, ҳамчунин пурзӯр кардани назоратро ба риояи ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби СММ дорад. Дар чунин шароит ҳама гуна ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқ аз ҷониби чи субъектҳо ва чи давлат аксуламали сазовор медиҳад. Аксуламали манфӣ ба ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ба амалҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда оварда мерасонад.
1. Кадом принсипҳои асосии СММ-ро медонед?
2. Мақомоти асосии СММ-ро номбар кунед.
Реклама