§ 25. ҲУҚУҚИ МУТТАҲИДШАВӢ

1. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ: мафҳум, аҳаммият. Ҳуқуқи муҳимми сиёсӣ, ки ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ муносибати бевосита дорад, ҳуқуқи ба ҳар кас кафолатдодашудаи муттаҳидшавӣ бо фарогирии ҳуқуқи таъсис додани иттифоқҳои касаба барои ҳимояи манфиатҳои худ мебошад. Ин ҳуқуқ, ки, ҳамчунин, чун озодии иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо маъруф аст, ба шаҳрвандон имконияти истифодаи шаклҳои гуногуни фаъолияти якҷояи ташкилӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои худ баҳри амалисозии ин ё он вазифаҳоро медиҳад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба инкишофи фаъолияти сиёсӣ ва худ- фаъолиятии шаҳрвандон мусоидат мекунанд, бинобар ин, амалисозии ҳуқуқи озодона ва соҳибихтиёрона таъсис додани иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ кафолати ташаккулёбии давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ принсипи плюрализми сиёсиро таҷассум карда, ба муътадилии вазъи сиёсӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Плюрализм (аз лот. peurallis – бисёр) принсипи ифодакунандаи гуногунрангии сиёсӣ ва идеологӣ, имконияти дар ҷомеа озодона арзи вуҷуд кардани ақидаҳои гуногуни сиёсӣ, муассисаҳо, идеологияҳо, ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҳадафҳо ва барномаҳои гуногун мебошад.

Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ имконияти маҳдуд накардани ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби қувваҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва шахсиятҳои алоҳида, бо роҳи изҳори иродаи аксарият ба вақти муайяне додани ҳокимиятро ба онҳое фароҳам меорад, ки ба онҳо бовар доранд.

Ҳуқуқи муттаҳидшавии шаҳрвандон ҳуқуқи таъсис додан, дар асоси ихтиёрӣ ширкат варзидан дар таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва муваффақ шудан ба ҳадафҳои умумӣ, ҳуқуқи ихтиёрӣ дохил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз дохилшавӣ ба онҳо, ҳамчунин ихтиёрӣ ва бемамониат баромадан аз иттиҳодияҳои ҷамъиятиро фарогир аст. Дохилшавӣ ва баромадан аз иттиҳодияҳо танҳо ба хоҳиш ва иродаи шаҳрвандон вобаста аст.

Мутобиқи моддаи 20-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба ҳар кас озодии ассотсиатсияҳо кафолат дода мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳидшавӣ кафолат медиҳад.

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Моддаи 28-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ва кафолатҳои он, ҳамчунин тартиби таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” (соли 1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизби сиёсӣ” (соли 1998) ва дигар санадҳои меъёрӣ-қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешавад.

Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ мутлақ нест, вай ба манфиатҳои амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатӣ ва маънавиятҳои аҳолӣ ё ҳимояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсони дигар метавонад маҳдуд карда шавад. Қонунгузории мамлакат барои аз ин ҳуқуқҳо истифода кардани ашхосе, ки навъҳои муайяни фаъолияти касбиро ба ҷо меоранд, масалан, онҳое, ки ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ва милиса дохиланд, метавонад маҳдудиятҳо ҷорӣ намояд.

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонунгузории мамлакати мо фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро кафолат медиҳад. Мутобиқи моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси раванди гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд”. Давлат дар фаъолияташон ба онҳо имкониятҳои баробар медиҳад.

Дар асоси моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилоти занон, собиқадорон, маъюбон, ҷавонон ва кӯдакон иттиҳодияҳои илмӣ, техникӣ, маданӣ-маърифатӣ, варзишӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, фондҳо, ассотсиатсияҳо, кумитаҳо ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ эътироф мешаванд.

Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мисол оред.

Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ҳизбҳое мутааллиқанд, ки ҳадафашон соҳиб шудан ба ҳокимият аст.

Ҳизбҳо бояд манфиатҳои гурӯҳҳо ва табақаҳои муайяни аҳолиро ифода ва ҳимоя кунанд. Инқилоби буржуазӣ барои пайдошавии ҳизбҳои зиёд такон бахшид.

Ҳизби сиёсӣ иттиҳодияи ҷамъиятиест, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тавассути ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон, ҳамчунин, амалисозии ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Ҳизбҳои сиёсии ҳозира манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни аҳолиро ифода мекунанд; онҳоро ба узвият ва ҷонибдории худ ҷалб мекунанд; барои қисми муайяни ҷомеа барномаи сиёсии ҷолиб таҳия карда, дар мубориза барои ҳокимият ширкат меварзанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 28-и Конститутсия ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд, моҳият (характер)-и демократӣ, динӣ ва атеистидошта бошанд. Тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" дар мамлакати мо танҳо ҳизб- ҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ созмон ёфта метавонанд. Онҳо аз ҷониби шаҳрвандон озодона, бе ягон рухсат, дар анҷумани (конференсия, ҷамъомад) муассисон бо қабул кардани Оиннома ва ташкил намудани мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб созмон меёбанд.

Ҳизби сиёсӣ дар қаламрави мамлакати мо бояд аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад. Барои гузаштан аз қайди давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ рӯйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони ҷонибдорро, ки сокинони аксар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошанд, пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон амал кардани ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз ҷумла сохторҳои онҳо манъ аст.

Феълан дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунанд: Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикис- тон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” узвият ба ҳизби сиёсӣ танҳо бо баёни озодонаи иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст. Шаҳрвандоне узви ҳизби сиёсӣ шуда метавонанд, ки синнашон ба 18 расидааст.

Дар сурати аз ҷониби ҳизби сиёсӣ вайрон карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз мамлакатҳои хориҷӣ кумакҳои иқтисодию сиёсӣ гирифтани онҳо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ кардани фаъолияти ғайриқонунӣ огоҳинома мебароранд. Агар ҳизб дар муҳлати даҳ рӯз талаботро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати шаш моҳ метавонад қатъ карда шавад. Дар ҳолатҳои қатъиян муайянкардаи қонун пурра қатъ кардани фаъолияти ҳизб мумкин аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ чист? Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ барои шаҳрвандон чӣ аҳаммият дорад?
  2. Зери мафҳуми “плюрализми сиёсӣ” чиро мефаҳманд?
  3. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии таҳкимбахшандаи ҳуқуқи муттаҳидшавиро номбар кунед.
  4. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ чист?
  5. Мисоли зеринро аз таҷрибаи судии Британияи Кабир бодиққат хонда, ба савол ҷавоб гӯед: “Маъмурияти яке аз роҳҳои оҳан гурӯҳи калони кормандонро аз кор озод кард. Сабаби ин ҳол бо вуҷуди мавҷудияти фишори кордиҳандагон аз ҷониби онҳо рад карда шудани узвият ба иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён гардид. Суд парвандаро баррасӣ намуда, қайд кард, ки аз кор озод кардан ё таҳдиди коргар баҳри бе ризқу рӯзӣ мондани ӯ ва аҳли оилааш шакли вазнини маҷбурсозӣ баҳри узвият ба иттифоқи касаба аст. Суд ба хулосае омад, ки чунин маҷбуркунӣ худи табиати муттаҳидшавии озоду ихтиёриро маҳв месозад”. Ба андешаи шумо, оё дар ин ҳолат ҳуқуқи муттаҳидшавӣ вайрон карда шуд?
  6. Ҳизби сиёсӣ чист? Ҳизбҳои сиёсӣ аз дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо чӣ фарқ мекунанд?
  7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чандсолагӣ узви ҳизби сиёсӣ шудан мумкин аст?

Реклама