§ 37. ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ

1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил. Ҳуқуқи ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқи муҳимтарини фарҳангӣ мебошад.

Дар моддаи 26-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: «Ҳар як инсон ҳуқуқи таҳсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва миёна бепул бояд бошад. Таълими техникӣ ва касбӣ бояд дастрасӣ ҳамагон бошад. Таҳсили олӣ бояд мувофиқи қобилияти ҳар кас ба ҳама як хел дастрас бошад». Ва баъд: “Мақсади таълим бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, афзоиши эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ба андешаи шумо, чаро амалисозии ҳуқуқи таҳсил ба рушди маънавии ҷомеа вобаста аст?

Давлат вазифадор аст, ки:

а) дар асоси баробарҳуқуқӣ таҳсили ибтидоиро дастрас ва ҳатмию ройгон гардонад, таҳсилоти миёна ва олии касбиро дастраси ҳамагон созад;

б) дар ҳамаи муассисаҳои олӣ сатҳу сифати баробари таълимро таъмин намояд;

в) гирифтани таҳсилот ва такмили онро эҳтиром намояд, тайёр кардани омӯзгорони ояндаро таъмин кунад.

Одам бори аввал дар синни 6-7-солагӣ қадам ба остонаи муассиса ниҳода, ба амалисозии ҳуқуқи худ ба таҳсил шурӯъ менамояд. Ҳуқуқи таҳсил дар Тоҷикистон бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии таҳсил ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 41-и Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафолати таҳсил ҳамчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» соли (2004) дода шудааст: «Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад».

Шаҳрванд ҳақ дорад шакли муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилро интихоб намояд. Шаклҳои таҳсил рӯзона, шабона, ғоибона, бо танаффус ва экстернет мешаванд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ба ҳар кас имконият медиҳанд, ки ройгон таҳсил кунад. Ҳар кас, сарфи назар аз вазъи моддии худ, метавонад дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ гирад.

2. Шаклҳои гирифтани таҳсилот. Бо мақсади таъмини ҳуқуқи таҳсил давлат навъҳои зерини таълимро кафолат медиҳад:

  1. Таълими тарбияи томактабӣ.
  2. Таҳсилоти умумӣ. Таҳсилоти умумӣ аз се зина иборат аст: зинаи ибтидоӣ (синфҳои 1-4); зинаи умумии асосӣ (синфҳои 5-9); зинаи миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11).

Баъди хатми муассисаи таҳсилоти умумӣ ва муассисаи миёна шаҳрванд ҳақ дорад таҳсилро давом диҳад.

  1. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
  2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ. Шаҳрванд имконият дорад, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (техникумҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, муассисаҳои миёнаи касбӣ) дониш гирад.
  3. Таҳсилоти олии касбӣ. Таҳсилоти олии касбӣ тавассути донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба онҳо баробар дода мешавад. Таҳсили шаҳрвандон дар ин муассисаҳо дар асосӣ озмун ройгон ё бо қарордод (пулакӣ) таъмин мегардад.
  4. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ. Ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олӣ касбӣ инкишоф диҳанд. Таҳсили мазкур тавассути магистратура, аспирантура, докторантураҳое, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият доранд, амалӣ мегардад.

Ҳуқуқи таҳсил ба одам ҳамчунин имконияти гирифтани таҳсилоти иловагиро медиҳад. Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ соҳиб шуда метавонад.

Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳои иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон, донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад.

  1. Таҳсилоти махсус барои ашхосе, ки имкониятҳои маҳдуд дошта, ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд ва гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин карда мешавад. Муассисаҳои таълимии махсус дар шакли муассиса-интернатҳо, муассисаҳои махсуси таълимӣ ва синфҳои махсус ташкил мегарданд.

3. Ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокдорони раванди таълим. Тарбиягирандагон, хонандагон ва донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуқуқҳо доранд: дониш андӯзанд ва малакаҳои заруриро аз бар кунанд; шаклҳо, муҳлатҳои таҳсил, ихтисос, барномаҳои инфиродии машғулиятҳои беруназсинфиро интихоб намоянд, аз заминаҳои истеҳсолӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва маишӣ ройгон ё ба таври имтиёзнок истифода кунанд; ба сабабҳои асоснок таҳсилро дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ қатъ кунанд, мувофиқи ихтисоси гирифтаашон таҳсилро давом диҳанд; худро аз амалҳои кормандони маъмурӣ, педагогӣ ва дигар кормандон, ки шаъну эътибор, нуфуз ва эҳтиромро паст мезананд, ҳифз намоянд.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои муррабиён ва омӯзгорон: ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмин кардани шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос, пеш бурдани таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озодонаи шаклҳо, методҳо ва усулҳои таълими муваффақона, рухсатиҳои илмӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра, иштирок дар идоракунии муассисаҳои таълимӣ.

Омӯзгорон вазифадоранд, ки аз ҷониби хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён аз бар кардан ва иҷро намудани барномаҳои таълимӣ ва илмиро таъмин кунанд, хонандагонро тибқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи эҳтироми волидайн, одамони калонсол, ҳамсолон, риояи қоидаҳои талабагӣ тарбия намоянд, онҳоро аз амалҳои зӯроваронаи ҷисмонӣ ҳимоя кунанд, сатҳи маърифатнокии худро такмил дода, ба дараҷаҳои баландӣ касбӣ ноил гарданд.

Ҳуқуқҳои волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд: барои фарзандони ноболиғи худ интихоб кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, шакли таҳсил, иштирок кардан дар корҳои мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ; муроҷиат кардан ба мақомоти давлатии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълим ва тарбия; ҳимоя кардани манфиатҳои кӯдакон вобаста ба таълим ва тарбия; тарбия кардани кӯдакон дар рӯҳи инсондӯстдорӣ, меҳнатдӯстӣ, накукорӣ, раҳму шафқат, эҳтироми аъзои оила ва дигарон. Волидайн дар сурати иҷро накардани ҳуқуқ ва вазифаҳои худ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳуқуқи таҳсил чӣ маъно дорад?
  2. Ба андешаи шумо, оё шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа ҳуқуқи таҳсил доранд?
  3. Кадом ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳанд?
  4. Шаклҳо ва зинаҳои таҳсилро номбар кунед.
  5. Дар кадом муассисаи таълимӣ таҳсилоти махсус гирифтан мумкин аст?
  6. Иштирокдорони раванди таълимро номбар кунед. Онҳо чӣ гуна ҳуқуқ ва вазифаҳо доранд?
  7. Шумо дар бораи таълим кадом зарбулмасал, мақол ва гуфторҳои халқиро медонед?

Реклама