Ҳаёти илмӣ ва маданӣ

Бо сабабҳои маълум, яъне истило ва куштори лашкари Чингизиёну Темуриён, водиҳои зархезу ҳосилхези Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, боғу бӯстон, кишту зироати мардум зарари калоне дид. Шаҳрҳову деҳаҳои сернуфузу обод ба хок яксон гардиданд. Масоҷиду мадорис оташ гирифт. Аҳли илму адаб ба кишварҳои дигар ҷилои ватан карданд. Як қисм дар ватан монда, дар куштор ва қатли ом ҷон ба Ҳақ супориданд. Файласуф ва шоири тавоно Шайх Аттори Нишопурӣ аз дасти муғулон ба қатл расид. Азбаски Чингизиён аз аҳли савод набуданд, пас аз фатҳи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва дигар кишварҳо барои ободии кишвар ва ривоҷу равнақи илму фарҳанг накӯшиданд, саъю талош наварзиданд. Барои онҳо фарқ надошт, ки ин шахс олим аст ё золим. Бо вуҷуди ин, дар охирҳои салтанати Темур Мовароуннаҳр, аз ҷумла шаҳрҳои Самарқанд, Шаҳри Сабз, Бухоро обод гардиданд. Темур барои обод кардани ин шаҳрҳо садҳо шаҳру деҳоти дигарро вайрону валангор кар да, аҳли ҳунарро оварда, дар Самарқанд масоҷиду мадорис ва кӯшкҳои осмонбӯс бунёд кард.

Ҳаёти илмӣ дар ин асрҳо бештар дар Эрон, Туркия, Ҳинд ва баъдтар дар Самарқанду Бухоро ҳам ривоҷ ёфт. Махсусан, илми таърихнигорӣ хеле пеш рафт. Темури Ланг ба ҳар кишваре, ки лашкар мекашид, таърихнигорон ва дигар намояндагони илму адаб ҳамроҳаш буданд.

Онҳо хоҳу нохоҳ музаффариятҳои Темур, куштор, қатлу ғорати ин сарлашкари мутаассибро мадҳу ситоиш мекарданд. Яке аз ҳамин гуна таърихнигорон Низомуддини Шомӣ буд. Ӯ дар асари худ «Зафарномаи Темурӣ» хунхориву ҷаллодии Темурро васфу ситоиш кардааст. Низомуддин пас аз марги Темур соли 1404 вафот кардааст. Инчунин, асарҳои таърихии Рашидуддини Фазлуллоҳ «Ҷомеъ-ут-таворих», Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой», Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида», Шаҳобуддин Вассофи Шерозӣ «Таърихи Вассоф» ва ғайра нигошта шудаанд. Таърихнигорон низ аз назари худ ба ҳодисоту воқеоти ин асрҳо ва ин ду хонадони хунрези ҷаллод баҳо додаанд.

Дар ин асрҳо илмҳои риёзиёт, фалсафа, нуҷум, ҳандаса ва тиб ривоҷ ёфтанд. Асарҳои Насируддини Тӯсӣ, Хоҷа Афзалуддини Кошонӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Шамсуддин Муҳаммади Омулӣ, Абулқодири Мароғӣ, Наҷмиддини Самарқандӣ, Ибни Нафиси Қаршигӣ ва дигарон чароғи илму ирфонро дар ин асрҳо фурӯзон нигоҳ доштанд. Вале бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки дар пешрафти илму адаби ин асрҳо хизмати Насируддини Тӯсӣ хеле зиёд аст. Ӯ дар Шероз мактаби хешро ташкил ва сарварӣ намуд. Уламои илмҳои дақиқ кулли илмҳоро тақсимбандӣ намудаанд. Аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ дар асари худ «Ақсом-ул-ҳикмат» илми ҳикматро ба 45 бахш қисмат намудааст. Асарҳои дигари ӯ оид ба илмҳои калом, фалсафа, нуҷум, ахлоқ, адаб аз дониши васеи ин олими забардаст гувоҳӣ медиҳанд.

Дар илми мусиқӣ ва ба меъёр овардани 12 мақом хизмати олимони мусиқишинос Сайфуддини Балхӣ, Яҳё ибни Аҳмади Кошӣ, Шамсуддини Омулӣ, Абулқодири Мароғиро ёд кардан шоиста мебошад.

Илмҳои сегонаи адаб низ дар ин асрҳо хеле пеш рафтанд. Бахусус асарҳои Насируддини Тӯсӣ, Сироҷуддини Хоразмӣ, Ҷалолуддини Хатиби Қазвинӣ, Саъдуддини Тафтозонӣ ва Шамси Қайси Розӣ пурмуҳтаво буда, бисёр масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намудаанд. Танҳо ёд кардани «Ал-муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ кофист. Шамси Қайс асарҳои арӯзиёни пешин ва илми қофияву санъатҳои адабиро омӯхта, мизони ягонаи илмии онҳоро аниқ гардонд ва ба як маром овард. Аҳаммияти муҳимми ин асар боз дар он аст, ки бисёр шеърҳои шоирони бузурги пешин танҳо дар асари ӯ боқӣ мондаанд. Инчунин Шамси Қайси Розӣ илми қофия, санъатҳои бадеӣ ва арӯзро аз нигоҳи мантиқӣ ҳаллу баррасӣ намудааст.

Илми ахлоқ низ дар ин асрҳо пойдор монд. Бахусус «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Захоир-ул-мулук»-и Сайидалии Ҳамадониро метавон ёд кард.

Илми фарҳангшиносӣ низ ранги тоза гирифт. Асари Абунасри Фароҳӣ «Нисоб-ус-сибён» барои шогирдони макотибу мадорис иншо шуда, дар омӯхтани арӯз, қофия ва санъатҳои бадеӣ ба толибилмон кумаки хуби амалӣ расонид. Луғатномаҳои «Сурох-ул-луғат»-и Ҷавхори Форобӣ, «Мухтасар-ус-саҳҳоф»-и Зайнуддини Розӣ, «Шарафномаи мунирӣ»-и Иброҳим Қавоми Фаррухӣ ва ғайра иншо шудаанд.