Рӯзгори Саъдӣ

Дар шеър се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд ки «ло набия баъдӣ».

Авсофу1 қасидаву ғазалро –

Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ.

Чорбоғи боҳашамате дар канори шаҳри Шероз қомат афрохта. Гирдогирдашро девори баланд иҳота карда. Аз пешорӯйи Шероз дарвозаи дутабақаи хушсохти устодони гулдасти Нишопур бо сад арзандагӣ истода. Чорбоғ ҳам ободу дарахтони боровараш гувоҳи онанд, ки умри 30-40-сола дорад. Чун ба он ворид мегардед, нахуст пеши назаратон роҳрави хушсохти мармарин намоён мегардад ва аз ду тарафи он гулгаштҳои ранг ба ранг, ки аз анвои гулҳои гуногун ороста шудаанд, чун арӯсони зебои рангинқабо бо камоли меҳр ояндагонро пазироӣ мекунад. Хиёбони гулрез шуморо ба сӯйи сарҳавз раҳнамун месозад. Гирдогирди сарҳавзро бед, маҷнунбедҳо, дарахтони сарву шамшод чун ангуштарин печондаанд. Рада-рада дарахтони зардолу, себ, шафтолу, анҷиру анор, тут, хурмо, себу нашпотӣ бо сари хам меҳмононро қабул менамоянд. Дар зеру болои дарахтон парандагон, мурғони хушхон нағмасароӣ мекунанд. Товусҳои хушхиром бо як ҷаҳон шоистагӣ парҳои хешро кушода болу пар мезананд. Ҳамаи ин бозори мурғонро пеши назар меоварад ва аз тамошои ин манзара ҳузуру ҳаловат метавон бурд.

Марди миёнарӯ, миёнқад, ки риши мошу биринҷаш ӯро хеле зеб медод, мурғонро дон мепошид. Пас аз анҷоми кораш боз ба сарҳавз, болои кат қадам ниҳод ва боз товусқалам ба даст гирифт ва омодаи нигоштан гардид.

1 Авсоф – васфҳо

Ин мард шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, яке аз адибони адабиёти классикии тоҷику форс буд.

Ӯ соли 1184 дар шаҳри Шероз дар оилаи амалдори дарбори Саъд ибни Зангӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар Шероз гирифта, соҳиби хатту савод мегардад. Падар мебинад, ки шавқу рағбати фарзанд ба хондану илмомӯзӣ хеле зиёд аст, барои Муслиҳиддини ҷавон тамоми шароитро муҳайё мегардонад.

Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,

Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Аммо дар ҳамин айём падари Саъдӣ вафот мекунад ва аз марги бемаҳали падар нолон мегардад ва бо дард мегӯяд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,

Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.

Пас аз ин аҳволи хонавода куллан тағйир ёфта, бори зиндагӣ ба сари бародари бузурги Саъдӣ меафтад. Ӯ хонданро тарк намуда, барои пайдо кардани қути лоямути аҳли хонадон дукон мекушояду ба савдо мепардозад. Саъдии хурдсол ба умеди таҳсилро давом додан роҳи пойтахти хулафои араб – шаҳри Бағдодро пеш мегирад. Ҳамин тавр, дар мадрасаи «Низомия» пеши донишмандони бузург таҳсилро оғоз намуд. Мадрасаи «Низомия» бисёр шуҳрат пайдо карда буд. Аз ин рӯ ба ин мадраса аз тамоми кишварҳо толибилмон барои таҳсил меомаданд ва аз донишмандони риштаҳои гуногуни илму фан дониш мегирифтанд. Дар мадрасаи «Низомия» китобхонаи бузурге бо дастгирии вазири хирадманд ва соҳибмақоми Салчуқиён Низомулмулки Тӯсӣ (1017 – 1092) бунёд шуда буд, ки дар он китобҳои зиёд ба забонҳои арабӣ, форсӣ, лотинӣ, туркӣ, ибрӣ, санскрит, чинӣ ва ғайра гулчин шуда буданд. Бунёдгузори мадраса ҳам Низомулмулки Тӯсӣ будааст. Сарчашмаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ёд кардаанд, бештари баҳс, ҷамъомад ва анҷумани уламову удабо, толибилмону омӯзгорон дар китобхона ва саҳнаву толорҳои мадраса баргузор мегардиданд.

Дар баҳсу талошҳои уламо толибилмон иштирок мекарданд ва файз мебардоштанд.

Саъдӣ ҳам кӯлвори маърифати хешро аз шунидаву дидааш пурбор кард ва чанд соли тӯлонӣ аз ин гулистон гули маънӣ бичид. Ӯ яке аз шогирдони пешқадами мадраса маҳсуб мешуд ва барои ҳамин идрорпулӣ (маош ё мукофотпулӣ) мегирифт.

Дар солҳои пасин дар баҳсу мунозираи уламо на ҳамчун толибилм ё ҳамчун шогирд иштирок мекард, балки ҳамрадифи эшон буд. Суол мешуниду посух медод ва хеш ҳам масъалае ба муҳокима мегузошт ва посухи ононро мешуниду радду бадал мекард. Ҳамин тавр, уламо, ки борҳо донишу фазилати Саъдиро диданд, эҳсос карданд ва ба ӯ рухсатномаи хатми мадрасаро доданд.