Тарғиби илму ҳунар, панду андарзҳои ҳакимона

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ки худ марди донишманду ҳунарманд буд, барои пешрафту камолоти инсон илму ҳунарро зарур мешуморид. Аз ин ҷост, ки дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аҳли илму ҳунар ситоиш карда мешавад. Нақлу ривоятҳое, ки дар бораи шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ, мутафаккири барҷаста Абуалӣ Сино, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон овардааст, пурра фикри болоро тасдиқ менамоянд. Нависанда дар ин нақлу ривоятҳо кору зиндагии ин мардони бузургро моҳирона ба қалам додааст. Восифӣ дар бораи онҳо бо камоли эҳтиром, бо муҳаббату самимияти беандоза сухан меронад. Нависанда ба эҷодиёти Фирдавсӣ ва Сино баҳои ҳаққонӣ ва арзанда медиҳад ва меҳнату заҳмати онҳоро дар ин роҳ қадр менамояд.

Қаҳрамони асосии бисёр ҳикоятҳо, ки дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» оварда шудаанд, маҳз аз ашхоси табақаҳои поёни ҷомеаанд. Масалан, ҳикояти «Ёқут ва Ҳиндухоҷа»-ро мегирем. Мазмуни мухтасари он чунин аст: – Ёқут ва Ҳиндухоҷа ду бародарон буданд, ки халифа Муътасим эшонро харида буд. Ёқутро ба тир андохтан ва Ҳиндухоҷаро ба хат навиштан супурда буданд. Аммо Ёқут майл ба хат навиштан дошт ва Ҳиндухоҷа тир андохтанро нағз медид.

Бинобар ин, устодонашон ҳарчанд кӯшиш менамоянд, меҳнаташон зоеъ рафта, на Ёқут касби тир андохтанро ёд мегираду на Ҳиндухоҷа касби навиштанро. Баъд аз ин халифа ҳар кадомеро барои омӯхтани касби дӯстдоштаашон раҳнамун месозад. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ тамоми хусусиятҳои касби тирандозӣ ва хаттотиро аз худ менамоянд ва дар рӯзгор чунон машҳур ва маъруф мешаванд, ки ҳама аз кору ҳунари онҳо ба ҳайрат меоянд. Намоиши ҳунарнамоиҳои ин ҳар ду бародар асоси ҳикоятро ташкил намуда, онро доманадор кардааст.

Бояд гуфт, ки ғояи асосии ҳикоятро тарғиби илму ҳунаромӯзӣ ташкил медиҳад. Маҳз бо меҳнату машаққати зиёд Ёқут ва Ҳиндухоҷа ҳунар омӯхта, соҳиби номи баланд шуданд.

Қаҳрамонони асосии ҳикоят намояндагони табақаи поёнии ҷамъият буда, маҳз бо меҳнати ҳалол, бо азобу машаққати беандоза ҳунар омӯхтаанд ва шахсони пешқадам, ҳунарманд ва нафърасони халқ гардидаанд, ки ҳатто халифа муҳтоҷи ҳунари онҳо мебошад.

Восифӣ ҳикояти мазкурро дар маҷлиси Султон нақл мекунад. Он рӯз дар он маҷлис намояндаи ду аҳли ҳунар – Мавлоно Ҷалолуддин Юсуфи Наққош, Мавлоно Обиди Хаттот низ иштирок доштанд. Онҳо ба аҳли маҷлис намунае аз эҷодиёти худро пешкаш намуда буданд. Дар сурати кашидаи Юсуфи Наққош сайёде акс ёфта буд, ки палангеро бо найза мезанад. Расм хеле зебо ва табиӣ кашида шуда буд ва аҳли маҷлис ба кори ӯ таҳсину офарин мегӯянд. Восифӣ ҳам ба ваҷд омада менависад:

Ба рӯзгори ту суратгарони ҳафт иқлим

Қаламшикаставу дар сурати ту ҳайронанд!

Мавлоно Обиди Хаттот қитъаоти як гурӯҳ шоиронро бо хатти ниҳоят зебо ба қалам оварда, онро ба аҳли маҷлис мебахшад. Азбаски дар замони пеш чопхона набуд, асарҳо дастӣ навишта мешуданд, ба касби хаттотӣ аҳаммияти калон дода мешуд. Ба қадри хаттотон ва меҳнати пурмашаққати онҳо мерасиданд. Инак, дар назди подшоҳ намояндаи ду навъ санъат – наққошӣ ва хаттотӣ, ки онҳо низ монанди Ёқут ва Ҳиндухоҷа аз аҳли ҳунаранд, истодаанд. Восифӣ дар ин ҷо ҳам аз маврид истифода бурда, барои ба қадри ҳунармандон расидани подшоҳ ҳикояти «Ёқут ва Ҳиндухоҷа»-ро нақл мекунад.

Ба ин восита нависанда агар, аз як тараф, ҳомию мададгор будани худро нисбат ба мардуми одии ҳалолкору дилсоф нишон дода бошад, аз тарафи дигар роҳҳои мушкилеро, ки санъаткорони ҳақиқӣ тай мекарданд, хотирнишон сохтааст. Восифӣ воқеан дуруст таъкид менамояд, ки барои ба мақсад расидан аз ҳама хубтараш боҳиммат шудан ва аз сидқи дил меҳнат кардан зарур аст:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар он сурат ҳаёту зиндагии ӯ шоду хуррам гузашта, аз касе маломат намешунавад.

Восифӣ инсони ҳунарманду меҳнаткашро инсони комил ҳисоб мекунад. Он касоне, ки бо фиребу найранг аз ҳисоби мардуми меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд, лоиқи номи бошарафи инсони ҳақиқӣ нестанд, мегӯяд нависанда ва ба онҳо нафрат дорад.

Нависанда дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба муқобили зоҳирпарастӣ мебарояд, ки ин масъала дар замони Восифӣ ниҳоят муҳим буда, дар сабзиши инсони поку некусиришт монеаи калоне ҳисоб мешуд. Одамоне буданд, ки фақат ба ороиши худ машғул шуда, аз донишу ҳунар бебаҳра буданд. Масалан, Восифӣ дар як ҷойи асараш танороии Қозӣ Низомиддинро ба тариқи зайл овардааст: «Ва он аммомаро печ дар печ ончунон бузург сохтӣ, ки чархи барин. Нафосати ҷомаҳояш ба масобае буд, ки ҳар гоҳ худро бадон либосҳои фохир биёростӣ,худро садри маҳкамаи дорулқазои фалак пиндоштӣ».

Ин касалӣ табақаи болоии ҷамъияти Ҳироти онрӯзаро фаро гирифта буд. Дар он рӯзгор ба шахс аз рӯйи либос, аз рӯйи намуди зоҳирӣ баҳо медоданд. Шахсе, ки либосҳои фохир медошт, марди донишманд ҳисоб мешуд. Ҳатто бештари онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо ин роҳ ба мартабае расанд.

Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Қозӣ Ҷодак, Амир Арғун, Ҳофизи Меросӣ ва боз бисёр персонажҳои дигар вомехӯранд, ки саллаҳои калон-калон баста, ҷомаҳои фохир мепӯшидаанд, ришҳои дароз мемондаанд, вале аз ақлу дониш орӣ будаанд. Ба чунин шахсон Восифӣ нафрат дошт ва онҳоро дар асараш мазаммат кардааст.

Восифӣ нишон доданӣ шудааст, ки зоҳирбинӣ, танороӣ ба пешрафти ҷамъият халал мерасонад. Ба ақидаи нависанда ба инсон аз рӯйи донишу қобилият, аз рӯйи ҳунар бояд баҳо дод. Ба корҳои давлатӣ шахсонро на аз рӯйи саллаю ҷома, балки аз рӯйи дониш ва ҳунарашон таъйин кардан лозим аст.

Дар баробари ин нависанда зимни бисёр ҳодисаҳои рӯзгор ашхоси хубсириштро мадҳу ситоиш кардааст. Нависанда орзу доштааст, ки одамон ҳамеша росткору ростқавлу покахлоқ, ба ҳамдигар мададгору дӯст бошанд:

Аз ростист ҷои алиф дар миёни ҷон,

Вов аз каҷӣ ҳамеша бувад дар миёни хун.

Дар байни соҳибмансабони дарбори Убайдуллохон низоъ, зиддият, душманӣ ва кинаю адоват ба дараҷаи олӣ мерасад. Мири Араб аз Саброн ба Бухоро омада, бо роҳҳои гуногун дар байни онҳо сулҳ ва дӯстӣ барқарор мекунад. Вай дар поёни суҳбати худ бо онҳо шоҳбайти машҳури Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро овардааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Зеро, ба ақидаи нависанда, ҷангу ҷидол дар байни ҳамин навъ ашхос боиси вайронии мамлакат ва хонахароб шудани халқи бечора мегардад. Аз ин рӯ, тифоқ гардидани онҳо барои ободии кишвар кумак хоҳад расонид.

Восифӣ дар бисёр ҷойи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дӯстию бародариро тараннум менамояд. Нависанда ашхосеро, ки барои молу чиз шуда бо касе дӯстӣ мекунанд ва дар мавридҳои тангдастӣ аз дӯсти худ канорҷӯйӣ менамоянд, мазаммати сахт кардааст. Восифӣ барои исботи фикри боло аз ҳаёти худ саргузаштеро нақл менамояд, ки аз таъқиби сафавиён бо чанд дӯсташ гурезон шуда, ба хонаи ёрони ҷониашон барои пинҳон шудан рафтанӣ мешаванд: «Дувоздаҳ кас ба хотир расид. Мутаваҷҷеҳи эшон шудем. Баъзе рӯ пинҳон карданд ва баъзе узр гуфтанд». Пас фикрашро бо суханони Саъдии бузург ҷамъбаст мекунад:

Дӯст машмор, он ки дар неъмат занад

Лофи ёрию бародархондагӣ.

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Восифӣ марди ҷаҳонгаштаю бисёрдида, марди суҳбаторо ва шахси фозил аст. Вай дар ҳар як анҷумани шоирону фозилон гули сари сабад будааст. Нависанда тарзи сухан гуфтан ва одоби онро хеле хуб медонистааст. Восифӣ он касонеро, ки одоби сухан гуфтанро риоя намекунанд, сахт танқид кардааст.

Восифӣ мегӯяд, ки ҳар як баду неке, ки ба сари инсон меояд, пеш аз ҳама ба забони ӯ вобаста аст. Бинобар ин, агар ту он суханро надонӣ, беҳтар аст, ки чизе нагӯйӣ: «Чун туро нест воқифӣ, чӣ беҳ зи хомӯшист».

Дигар, ҳар як суханвар бояд кӯшиш кунад, ки суханаш бамаънӣ бошаду мухтасар:

Лоф аз сухани чу дур тавон зад,

Он хишт бувад, ки пур тавон зад.

Ғайр аз ин, Восифӣ дар бисёр ҷойи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» хотирнишон мекунад, ки бо ашхоси нодон сухан кардан нашояд. Зеро чунонки халқ мегӯяд: «Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар – ҷавҳарӣ». Баръакс, бояд кӯшиш кард, ки бо шахсони аз худ донотар ҳамнишин бошӣ.

Ҳамнишини ту аз ту беҳ бояд,

То туро ақлу дониш афзояд.