Дар девонҳои Амир Хусрав пас аз ғазал қасида мақоми арзанда дорад. Чунонки пажӯҳишгарони эҷодиёти адиб муайян кардаанд, Хусрав беш аз 300 қасида иншо намудааст, ки дар панҷ девони ӯ ба тарзи мухталиф омадаанд. Масалан, дар девони аввал камтар ва девони сеюм, ки давраи ҷавонӣ («Ғуррат-ул-камол») буд, бештар ба ин жанри адабӣ майл намудааст.Маҳз дар ҳамин давраи ҳаёташ дар дарбори султонҳои Ҳинд мақому манзалаташ бештар буд ва худ дар дил хоҳиши мадҳи онҳоро дошт. Аз тарафи дигар, дар муборизаю ҳарбҳои султонҳо иштирок кард ва он чизе ки дид, саъю талош варзид, ки он ҳодисаю воқеаҳоро либоси бадеӣ бипӯшонад ва ононро мадҳу ситоиш намояд. Аз ин рӯ аксарияти қасидаҳои Амир Хусрав ҷанбаи таърихӣ доранд ва барои муайян намудани ҳаёти сиёсии ҳамонасраи Ҳинд, дар баробари достонҳои таърихиаш, ба таърихнигорони имрӯза маводи пурарзиш дода метавонанд.
1 Нафир – сурнай, шайпур
2 Анвоъ – навъҳо
Дар баробари ин Амир Хусрав дар мавзуъҳои пандуахлоқӣ, фалсафӣ-ирфонӣ қасидаҳои бисёр дорад.
Дар асрҳои баъдӣ баъзе қасидаҳои Хусрав дар байни хоссу ом шуҳрати калон пайдо карданд ва боиси пайравӣ ва татаббӯи адибони бузурги асрҳои пасин, аз ҷумла Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва дигарон гардиданд. Масалан, ба қасидаи «Дарёи аброр»-и шоир пайравӣ намуда, Ҷомӣ қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» ва Навоӣ қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-ро иншо кардаанд.
Амир Хусрав дар ин жанри шеърӣ дасти тавоно ва фикри расо доштааст ва мазмуну мундариҷаи қасидаи Хусрав ба ин ду шоири бузург писанд афтода, ҷавоби шоиста гуфтанд ва дурри маънӣ суфтанд. Қасидаи «Наёбӣ» аз лиҳози мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ хеле баланд аст, ки дар ин ҷо таҳлили онро зарур медонем. Қасидаи «Наёбӣ» дар поёни рӯзгори шоир иншо шудааст. Зеро чунин қасидаро касе гуфта метавонад, ки таҷрибаю маҳорати комил дошта бошад, гармию сардӣ, ширинию талхӣ, баландию пастии рӯзгорро дар давоми умраш дида бошад. Ҳамин тавр, дар қасида афкори ахлоқӣ, танқидӣ ва сиёсию иҷтимоии Амир Хусрав ҷамъбаст гардидаанд. Номи қасида «Наёбӣ» ба мазмуни он пайванди ногусастанӣ дорад. Аз тарафи дигар, он дар қасида ҳамчун радиф омадааст: Матлаи он қасида чунин аст:
Дар даҳр яке ёри вафодор наёбӣ,
Дар боғи ҷаҳон як гули бехор наёбӣ.
Ҳамин тавр, Хусрав қасидаро аз шикоят оғоз кардааст. Ӯ ба чунин хулоса омадааст, ки дар ин замона дӯсти вафодор, ёри ғамхору меҳрубонро пайдо кардан муҳол аст.
Амир Хусрав умри хешро дар дарбори султонҳои Ҳинд гузаронида ва аз ин ҷиҳат рафтору кирдори аҳли дарборро хеле хуб медонист. Илова бар ин, аз авзои аҳли ҷоҳу мансаб, ки ба дарбор додугирифт ва рафтуомад доштанд, хуб огоҳ буд. Бинобар ин мегӯяд:
1. Султон ҳама рӯз ар ҳазён гӯяду камош,
Таҳсин куниву рухсати инкор наёбӣ.
2. Осудадило, маънии марҳам нашиносӣ,
То суҳбати мардони дилафгор наёбӣ.
3. Ҳар кунҷнишине қадами сидқ надорад,
Сиддиқваше дар буни ин ғор наёбӣ,
4. Он ҷо, ки бувад ҷаҳл, ба таъриф чӣ ҳоҷат?
Нуқсони харе нест, гар афсор1 наёбӣ.
Шоир таъкид менамояд, ки султон ба ҷуз суханони беҳуда, яъне ҳазёнгӯйӣ, кори хайре ба манфиати раият намекунад. Ашхоси аз ин огоҳ ҷуз хомӯшӣ илоҷи дигар надоранд, ки ман ҳам аз ҷумлаи онҳо ҳастам. Боз ноилоҷ кору рафтори ононро таърифу таҳсин менамоям.
Дар байти дувум ба садрнишинон, ашхоси доро хитоб карда мегӯяд, ки шумо дили осуда, яъне ҳаёти осуда доред, аз зиндагии беғаразона воқиф нестед, дарди дили онҳоро намедонед. Дар байти сеюм мантиқан боз ҳамин маъниро тақвият бахшида, афсӯс мехӯрад, ки дар ин ғор, дар ин кунҷи узлат (шояд дарбори султон бошад) ашхоси ғамхор (содиқаш)-ро ёфтан муҳол аст. Бинобар ин, дар байти чорум фикрашро ҷамъбаст намуда, Хусрав афсӯс мехӯрад, ки дар дарбор, ки бунёдаш аз ҷаҳл аст, ҳамин зайл хоҳад буд ва ин маконро мадҳу ситоиш кардан ҳоҷат надорад. Агар сарвар ва роҳбар ҷоҳил ё хар бошад, сару афсораш чандон ороста бикунӣ, ҳамон хар аст.
Дар ҷойи дигар шоир ба ин гуна ашхос ёдрас мекунад, ки ба хотири ба биҳишт рафтану аз оби ҳавзи Кавсар нӯшиданат намоз бихонию тоату ибодат бикунӣ ва дили халқро реш бигардонӣ, ҳаргиз ба мурод нарасӣ:
1 Афсор – нухтаи хару асп
1. Гар савму намозат зи пайи ҷаннату наҳр аст,
Ё Раб, ки ту он ҷаннату анҳор1 наёбӣ.
2. В-ар бими Худо нест, туро бим зи нор аст,
Ё Раб, ки халос аз дараку кор наёбӣ!
3. Чашми ғазаболуди ту дар дӯзаху хулд аст,
Тарсам, ки бад-ин дида ту дидор наёбӣ.
Дар байти дуюм шоир таъкид менамояд, ки, эй нокасон, шумо бандагони Худоро аз дӯзаху азобҳои он метарсонед. Вале худи шумо ба хотири ба ҷаннату хулд рафтанатон рӯзаю намоз мегиред. Шумо аз тарси азоби дӯзах ин корро мекунед, дилатон пок нест. Бинобар ин шумо ҳаргиз ба мурод намерасед ва ҳаргиз ба биҳишт нахоҳед рафт.
Амир Хусрав ба шоҳону ҳокимон, ба қозию сӯфиён ва дигар соҳибмансабони замонааш гӯшзад менамояд, ки роҳи Ҳақро пеша бисозед, халқро озору ранҷ надиҳед, зеро халқ, раият, ашхоси мазлуму бечора мисли сарви биҳишт росткору ростқавланд:
Бо халқ маҷӯ он, ки шуд озод зи дунё,
К-он сарви биҳишт аст, зи гулзор наёбӣ.
Дар ин қасида Хусрав ҳамчун ифодакунандаи ақидаҳои пешқадам баромад карда, аҳли ҷоҳу мансабро ба инсофу адолат, ба накукорию растагорӣ ҳидоят намудааст.
1 Анҳор – наҳрҳо, рӯдҳо
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Давраи тифлӣ ва ҷавонии Амир Хусрав чӣ хел гузашт?
2. Чӣ мусибат ба сари хонаводаи Хусрав омад?
3. Ба дарбори султони Ҳинд ба чӣ хотир шоирро даъват намуданд?
4. Дар дарбор шоир ба кадом корҳо машғул буд?
5. Хусрав дар бораи модари хеш чӣ гуфтааст?
6. Чаро шоирро Деҳлавӣ мегӯянд?
7. Дар бораи миқдори абёти худ Хусрав чӣ мегӯяд?
8. Хусрав аз кадом ҷиҳат ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намуд?
9. Достонҳои дар мавзуъҳои таърихӣ иншокардаи шоир дорои кадом хусусиятҳо ҳастанд?
10. Мавзуи қасидаҳои Хусравро гӯед.
11. Ҷомӣ ба кадом қасидаи Амир Хусрав ҷавоб гуфтааст?
12. Мавзуъҳои ғазалиёти шоирро гӯед ва бо мисолҳо фаҳмонед.
13. Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» бо кадом хусусиятҳояш аз достонҳои ишқии шоирони гузашта фарқ дорад? Мақсади Хусрав аз эҷоди ин достон дар чист?
14. Амир Хусрав нисбати дину мазҳабҳо чӣ андеша дошт?
15. Чаро Хусрави Деҳлавиро Амир Хусрав мегӯянд? Ин унвонро кай ва кадом султони Ҳинд ба ӯ дод?
16. Таъсири эҷодиёти Хусравро ба адабиёти пасини форсу тоҷик дар чӣ мебинед?
ТЕСТҲО
1) Амир Хусрав чанд «Хамса» эҷод кардааст?
а) 1.
б) 3.
в) 5.
2) Қаҳрамони асосии достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» кист?
а) Дувалронӣ.
б) Хизрхон.
в) Султон.
3) Амир Хусрав дар кадом шаҳр таваллуд ёфтааст?
а) Лоҳур.
б) Патёла.
в) Деҳлӣ.